Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодӣ маҳфили навбатии “Бонкирон”- и назди кафедраи фаъолияти бонкӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил Б. Раҳмонова, менеҷери тиҷоратӣ ва Ш. Сангов, мутахасиси тиҷорати чаканаи ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” дар шаҳри Бохтар дар мавзуи “Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва афзалиятҳои он” баромад намуданд.
Инчунин дар маҳфил маърӯзаи омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ Ф. Хайрзода, дар мавзуи “Таърихи қарзӣ, зарурият ва моҳияти он” ва Н. Маҷидова, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси кори бонкӣ дар мавзуи “Раванди қарздиҳӣ дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон” шунида шуд.

