Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо медали “30-солагии ҲХДТ” қадрдонӣ гардид.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо медали “30-солагии ҲХДТ” сарфароз гардонида шуд.
Аз номи ҳайати омӯзгорони донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро барои сазовар гардиданашон таҳният мегӯем.

