Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 17.04.2025, басти якум дар факултети математика толори 3, соати 10:00 дарси кушоди мудири кафедраи алгебра ва геометрия н.и.ф.м. Миратов Сафархон Қудратович дар гурӯҳи 101, ихтисоси математика (фаъолияти илмию педагогӣ) аз фанни таҳлили математикӣ (шакли машғулият амалӣ), дар мавзуи «Хосиятҳои асосии интегралҳои муайян» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулият иштирок намоянд.