Шоми 16 апрели соли равон дар толори китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ аз ҷониби садорати факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ “Викторина”- и саволу ҷавоб баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, мудирони кафедра, созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Баргузории чунин викторинаҳо тибқи нақша бо усули факултет бо факултет доир карда мешавад.
Ғолибони викторинаҳо аз ҷониби ҳайати комиссия муайян гардида, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.



