Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ – назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оғоз гардид.
Ректори донишгоҳ иброз намуд, ки баъди касби Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илму таҳқиқотро аз ҷумлаи омилҳои муҳимми рушди ҷомеа ва донишмандону муҳаққиқонро захираи асосиву тиллоӣ дониста, ҷиҳати тавсеаву таҳким ва беҳтар намудани фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии кормандони соҳаи мазкур тадбирҳои судмандро андешида, амалӣ намудаанд. Аз ин рӯ, нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои Тоҷикистони азизамон ниҳоят бузург аст.
Дар идомаи суханронӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ қайд намудан, ки аз ҷониби омӯзгорону унвонҷӯён дар се моҳаи аввали соли 2025-ум, 12 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои худро дар шуроҳои диссертатсионӣ бо муваффақият дифоъ намуда, 4 нафар омӯзгорони дигар рӯзҳои ҳимояашон муайян шудаанд.
Сипас, Ҷумъабой Сафаров, доктори илмҳои физика-математика, профессор дар мавзуи “Татбиқи математика дар илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ”, Аламшо Пиров, доктори илмҳои фалсафа, дотсент дар мавзуи “Мақом ва ҷойгоҳи маърифат дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ”, Бекмурод Наимов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва идораи сайёҳӣ дар мавзуи “Иқтисодиёти рақамӣ ва афзалиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муҳаббат Маҳмадалиева номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон дар соҳаи илм” ва Шоҳрух Тағаймуродиён, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Симои Аноҳито-эзадбонуи об дар асотир ва сарчашмаҳои қадим” маъруза намуданд.
Маврид ба ёдоварист, конференсияи мазкур рӯзҳо 17-18 апрели соли 2025 доир гардида, ҷаласаҳои бахшҳо дар 45 кафедра доир шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.



