Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ бахши таҳлили иқтисодӣ ва аудит конференсияи илмӣ – назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Роҳбари бахш – Зувайдуллозода Ганҷина буда, дар мавзуи “Рушди иҷтимоӣ аҳмият ва нақши он дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳо дар маҷмӯъ” ва дотсент Шодиён Бурҳониддин дар мавзуи “Хусусиятҳои ташкил ва гузаронидани аудити молиявӣ дар сохтори давлатӣ” маърӯза намуданд.
Инчунин, омӯзгорон Ҷ. Ибрагимов, дар мавзуи “Танзими меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти аудиторӣ омӯзгор”, А. Исмоилзода, дар мавзуи “Усулҳои назоратӣ ва тафтишотӣ дар шароити гуногуншаклии моликият” ва донишҷӯён Холмирзоев Мирзобек, дар мавзуи “Асосҳои ташкили назорат дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Насимҷони Ҳасанзода дар мавзуи “Роҳҳои ташкили механизмҳои назоратӣ давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.


