ВАО ва махсусан матбуот яке аз рукнҳои асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таблиғу тарғиби сиёсати ҳукумат, инъикоси воқеаву ҳодисаҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа заминаи муҳим фароҳам меоварад. Матолиби нашрияҳо ҷомеаро бо маънавиёт таъмин месозад ва дар ҳаллу фасли мушкилоти он мусоидат менамояд.
Дар бораи махсусияти ВАО дар ҷомеа Пешвои муаззами миллат фармудаанд: «Дар ҳақиқат матбуотва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд».
Бояд зикр кард,ки бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об „ барои рушди устувор», (солҳои 2018-2028) ва эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуда, бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид расмият пайдо кард, обрӯ ва мавқеи Пешвои миллати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд.
Маврид ба ёдоварист, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар дар меҳвари паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024, шаҳри Душанбе қайд намуданд, ки «Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард».
Пешниҳоди навбатии Пешвои миллатро дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қатъномаи «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфт. Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.
Воқеият аст, ки Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ҷой гирифта, истеҳсолкунандаи неруи тағйирёбии иқлим қарор гирифта, обшавии онҳо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Маҳз бо ҳамин сабаб «Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин ҳушдор медиҳанд».
Масъалаҳои умумиҷаҳонии пешниҳоднамудаи сарвари давлат дар ВАО, хоса саҳифаҳои матбуоти даврӣ мавриди инъикоси васеъ қарор гирифт. Мо бозтоби яке аз ин масъалаҳоро дар саҳифаҳои нашрияи «Фурӯғ»-и ДДБ ба номи носири Хусрав мавриди баррасӣ қарор додем. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар нашрия бо мақсади инъикоси масъалаи мазкур рубрикаи махсус таҳти унвони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуда, маводи омӯзгорону донишҷӯён рӯи чоп омадаанд.
Маводи Суҳроб Юсупов, омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва МТГ, факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ таҳти унвони «Аҳамияти захираҳои пиряхӣ ва ҳифзи онҳо» дар шумораи № 25 (551) аз 4-уми ноябри соли 2024 ба нашр расидааст.
Муаллиф дар матлаби хеш оид ба аҳамияти пиряхҳо баён медорад, ки «Пиряхҳо барои таъмини устувории манбаъҳои об, муҳити зист ва пешгирӣ аз оқибатҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим аҳамияти бузург доранд. Пиряхҳо ҳамчун сарчашмаҳои калони обӣ, барои ташаккулёбии дарёҳо нақши муҳим мебозанд ва барои экосистемаҳои табиӣ ва инсонҳо манбаи асосии об ба шумор мераванд. Вале бо гармшавии глобалии иқлим, пиряхҳо бо суръати баланд об мешаванд, ки ин метавонад ба фалокатҳои экологӣ ва иҷтимоии башарият оварда расонад».
Воқеъан, пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии оби тоза дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо пиряхҳо неъмати асосӣ ҳисобида мешаванд. Муаллиф дар идомаи мақола барои ҳифзи пиряхҳо, амалишавии як қатор тадбирҳоро муҳим мешуморид: «Коҳиши партови газҳои гулхонаӣ, гармшавии глобалӣ яке аз сабабҳои асосии обшавии пиряхҳост. Кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ тавассути гузариш ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва истифодаи самараноки энергия метавонад ин равандро суст кунад; Назорати доимии пиряхҳо ва омӯзиши тағйироти онҳо барои пешгӯӣ ва омодагӣ ба пайомадҳои зишти эҳтимолии экологӣ муҳим аст; Низоми пиряхҳо бо муҳити зисти атроф алоқаманд аст. Муҳофизат ва нигоҳдории ҷангалҳо, буттазорҳо ва минтақаҳои зисти табиии ҳайвонот метавонад дар ҳифзи пиряхҳо кумак расонанд;
Таълими аҳолӣ дар бораи аҳамияти пиряхҳо ва таъсири обшавии онҳо ба ҳаёт, дар маҷмӯъ, барои ташвиқи амалҳои масъулона ва эҳтиёткорона муҳим аст».
Воқеан, тадбирҳои пешниҳоднамудаи муаллиф метавонанд то андозае дар пешгирии оқибатҳои ногувори нобудшавии пиряхҳо ва ҳифзи ин сарватҳои бебаҳои табиӣ мусоидат намоянд.
Дар шумораи рақами 29 (555) нашрия аз 18-уми декабри соли 2024 гузориш дар бораи баргузории озмуни «Расми беҳтарин ва мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Пиряхҳо – манбаи асосии оби ширин дар сайёра» ба нашр расидааст. Дар гузориши мазкур зикр шудааст: «Санаи 10-уми декабри соли равон миёни донишҷӯёни факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмун баргузор гардид, ки дар асоси нақша ” чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии ташаббуси панҷуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани «Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳандозӣ шуд».
Муаллифи гузориш иброз медорад, ки донишҷӯён тибқи муқаррароти озмун расми беҳтарин ва мақолаи беҳтарин омода карда, пешкаши аъзои ҳакамон намуданд. Дар мусаввараҳои пешниҳодгардида, ҳифзи пиряхҳо, тоза нигоҳ доштани оби нушокӣ, эҳтиром намудани набототу ҳайвонот, экосистемаи сайёра таҷассум ёфта буданд. Дар мақолаҳои таълифнамудаи донишҷӯён довталабони озмун, асосан ҳолати кунунии сайёра, нигоҳ доштани манбаи оби Тоҷикистон, бахусус пиряхҳоро зикр намудаанд, ки ҳамовозии устодону донишҷӯёни ДДБ-ро нисбати ташаббусҳои Пешвои миллат собит месозад.
Дар шумораи рақами 3 (559) аз 5-уми феврали соли 2025 мақолаи донишҷӯи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ Меҳриддин Мамадшоев таҳти унвони «Моҳияти ҳифзи пиряхҳо» ба нашр расида, дар он иброз гардидааст, ки «Дар ҷаҳони муосир дар байни муаммоҳои экологӣ яке аз масоили онро обшавии пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза ташкил медиҳад. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасола роҷеъ ба ҳифзи муҳити зист ва ҳолати экологии сайёра зиёда аз 55 маротиба масъалагузориҳо гардидааст, ки аз ин нишондод бештар аз 10 дастур ва ҳадафҳои пешгузошташударо ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи захираҳои обӣ бо назардошти ҳифзи пиряхҳо ташкил менамояд».
Тавре ба назар мерасад, муаллифи мақола дар бораи саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташаббусҳо дар самти ҳифзи захираҳои обӣ бо назардошти ҳифзи пиряхҳо дар давраи Истиқлоли давлатӣ сухан ронда, муҳим будани масъалаи ҳифзи пиряхҳоро таъкид мекунад.
Нашрия дар шумораи рақами 9 (535) аз 29-уми марти соли 2024 аз баргузории мизи мудаввар ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо бахшида дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуда, гузориш пешниҳод намудааст.
Дар гузориш зикр шудааст, ки дар мизи мудаввар Файзиддин Қувватов, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география бо маъруза баромад намуд. Зимни суханронӣ Ф.Қувватов дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвари Тоҷикистон, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, хоҷагиҳои мамнӯъи шикорӣ, мамнӯъгоҳҳои биосферавӣ, боғҳои табиӣ, ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонӣ, минтақаҳои курортӣ ва табобатию беҳдоштӣ
ба иштирокдорон маълумот дод.
Инчунин, тариқи маҷозӣ (онлайн) А. Қодиров- директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои навини АМИТ дар мавзуи “Энергияи барқароршаванда: масъалаҳо ва тамоюли рушд” баромад намуд. Дар ҷараёни мизи мудаввар иброз гардид, ки «21-уми март муайян гардидани «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро ин р ӯз мардуми шарифи
Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони «Ҳавзаи Наврӯз» Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муайян шудани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад».
Бояд гуфт, ки пешбинӣ гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз, нигоҳдошт ва аҳаммияти муҳим доштани пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи обии сайёраи замин равона гардидааст. Дар шумораи рақами 2 (558) аз 23-уми январи соли 2025 нашрия мақолаи Ф. Хайрзода, омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкиро бо номи «Пиряхҳо ” манбаи об ва ҳаёти инсон» интишор намуда, оид ба масъалаҳои обу иқлим ёдовар шудааст. Аз ҷумла дар мақола дарҷ гардидааст, ки «Обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд ва мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, ба ҳаёти ҳаррӯзаи инсонҳо дигаргунӣ ворид менамояд. Обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии иқлим, зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Пиряхҳо дар баробари обтаъминкунии дарёҳо, инчунин дар танзими ҷараёни табиии дарёҳо нақши муҳим мебозанд».
Муаллифи мақола инчунин қайд намудааст, ки кишвари мо дорои захираҳои зиёди обҳои мусаффо, қуллаҳои сар ба фалаккашидаву барфпӯш, шаршараю дарёҳои хурӯшон, кӯлҳои ҷаззобу дилрабо ва чашмаҳои нодиру шифобахш мебошад ва муаллиф ба натиҷае мерасад,ки ҳифзи онҳо вазифаи ҳамагон аст. Дар ҳақиқат, аз ҷиҳати захираҳои об дар Осиёи Марказӣ Ватани мо дар ҷои аввал қарор дорад. Зиёда аз 60 фоизи захираи оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди ҷумҳурии мо ташаккул меёбанд.
Дар шумораи рақами 29 (555) нашрия аз 29-уми декабри соли 2024 мақолаи С. Расулов, омӯзгори факултети химия-биология таҳти унвони «Ташаббусҳо баҳри ҳифзи пиряхҳо» ба нашр расидааст. Дар мақола муаллиф оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри ҳифзи пиряхҳо андешаронӣ намуда, нуқтаи назари мутахассисони соҳаро қайд мекунад ва иброз медорад: «Коршиносон ташаббусҳои Президенти кишварро дар мавриди ҳифзи пиряхҳо саривақтӣ ва муҳим шуморида, таъкид менамоянд, ки ин ташаббусҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд».
Мақолаи корманди рӯзнома Хайрулло Саъдуллоев бо номи «Ҳифзи пиряхҳо – мушкилоти муосир» дар шумораи рақами 7(563) нашрия аз 12-уми марти соли 2025 интишор шуда, дар он оид ба муҳиммияти қабули ташаббусҳои Пешвои миллат ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чунин қайд шудааст: «Қабули ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрую эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзуъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд. Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошу заҳматҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст».
Бояд иброз дошт, ки рӯзномаи донишгоҳӣ дар бораи пиряхҳо ҳамчун сарвати гаронбаҳо ва манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ барои аҳолии сайёра, пешниҳод гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади бартараф кардани проблемаҳои мавҷудаи глобалӣ ва ҳифзи оби тоза, пазируфта шудани пешниҳоди кишвари мо оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21 ”уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, пешгому ташаббускор будани тоҷикон дар баробари пешбурди ҳаёти босуботи худ дар ҳалли мушкилоти мардумони дигар кишварҳо ба василаи маводҳои нашршуда ба хонандаи худ иттилоъ расонидааст.
Метавон ба ин натиҷа расид, ки нашрияи соҳавии «Фурӯғ»-и ДДБ ба номи Носири Хусрав дар инъикоси муҳимтарин масоил, аз қабили ташаббусу пешниҳодҳои Пешвои миллат дар самти обу «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21 ”уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», баргузории мизҳои мудаввар, озмуни «Расми беҳтарин» ва дигар чорабиниҳо дар муассиса ба масъалаи мазкур рисолати хешро ҳамчун ҷузъи ВАО-и кишвар ба қадри тавоноӣ ба иҷро расонидааст.
Инчунин дар маводҳои ба нашр расонидаи нашрия дар бораи хабар дода шудааст, ки баёнгари рисолати иттилоърасонии нашрия мебошад. Маводҳои нашрнамудаи нашрияи «Фурӯғ» собит месозад, ки коллективи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф, ташвиқу тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаву чашмрас дошта, баҳри татбиқи иқдомҳои мазкур, сафарбарсозии олимону муҳаққиқон баҳри омӯзишу пажӯҳиши масоили марбут ба обу иқлим ва обшавии пиряхҳо корҳои судмандеро роҳандозӣ намудаанд.
Р. Қурбонова,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»