Дар факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва таҷлили 147 солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳми устод Садриддин Айнӣ дар ташаккули илми муосири тоҷик” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар устодону олимон ва донишҷӯёни факултет, аз ҷумла профессор Тағаймуродов Р. , дотсентон Аҳмадов С., Салимиён О., Худоёрзода Р., Маҳмадалиева М., Назаров М., Муродов А., Чиллаев С., Шарипов С., ва дигарон ширкати фаъол доштанд. Зимни суҳбату суханронӣ устодон Тағаймуродов Р., Худоёрзода Р. , Маҳмадалиева М. ва дигар аҳли нишаст перомуни нақши устод Айнӣ дар таҳқиқи масоили гуногуни таърих ва филологияи тоҷик андешаронӣ намуда, аз хидматҳои беназир ва нақши муассири устод дар рушди илми забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таҳким ёдовар шуданд.


