Имрӯз бахшида ба рӯзи байналмилалии “Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ семинари ҷумҳуриявӣ зери унвони “Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таҷассумгари тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик” доир карда шуд.
Дар семинари ҷумҳуриявӣ омӯзгорони донишгоҳ, С. Раҷабализода, омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва А. Сироҷиддинов, мутахассиси шуъбаи кадрҳои доншгоҳ иштирок намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Агенти бахшида ба “Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон карда шуда буд, ки омӯзгорони донишгоҳ дар ин озмун бо гирифтани ҷойҳои ифтихори сарфароз гардиданд.


