Баъди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият дар кишвар тағйир ёфт. Ин вазъ ба сохтор ва кори Кумитаи садо ва симо низ бетаъсир намонд. Агар аз ин пеш «…раиси ҷумҳурии вақти Тоҷикистон ба телевизиюн парвое надошт…. Фишори мухолифон ба телевизиюн зиёд буд ва табиист ки андешаҳои онҳо бештар пахш мешуд», акнун, миёни роҳбари нави ҳукумат ва воситаҳои абори омма, махсусан Кумитаи телевизион ва радио робитаи зич барқарор гардид.
Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пайи қадамҳои устувор дар роҳи расидан ба сулҳ пайваста бо журналистон дар ҳамкорӣ қарор дошт. Тавассути ВАО баромаду даъватҳо намуда, тавонист аввалан, журналистони созанда, баъдан тавассути онҳо ҷомеаро атрофи худ ҷамъ намояду ба ҳадафи ягона – сулҳу оромӣ равона гардад. Эмомалӣ Раҳмонро дар тамоми сафарҳои дохилу хориҷ журналистон ҳамроҳӣ карда, амалҳои сулҳпарваронаашро пайваста инъикос менамуданд, ки ин эътимоду боварии ҷомеаро ба роҳбари ҷавон бештар менамуд.
Охири соли 1992 баъди таъини Бобоҷон Икромов – мутахассиси соҳаи телевиион ба вазифаи Раиси Ширкати давлатии садо ва симо вазъ тағйир ёфт.
Телевизиони «Тоҷикистон» мавқеи ҳукуматро дастгирӣ мекард. Чун ЭмомалӣРаҳмон масъалаи баргардонидани гурезагонро яке аз масъалаҳои муҳимми давр меҳисобид, Телевизиони «Тоҷикистон» низ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ зоҳир менамуд. Эмомалӣ Раҳмон бо дарки қудрати сухан ва таъсиргузории ВАО пайваста бо онҳо, махсусан, бо телевизион ва радио дар иртибот буда, барои анҷоми корҳои муҳим ин дастгоҳҳои пурқудрати идеологиро ҷалб менамуд, ки самараш имрӯзҳо аён аст. Чунончи, «Барномаи «Во ғарибӣ…» дар доираи амалишавии ниятҳои неки Ҳукумати кишвар ва комиссияи махсус барои баргардонидани гурезаҳо аз Давлати Исломии Афғонистон бо ибтикори Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Ин барномаро муҳаррир Шералӣ Мустафоқулов ва наворбардор Анвар Ғайбуллоев бевосита аз хоки Афғонистон сабт мекарданд.» Барномаи «Во, ғарибӣ» аз барномаҳои машҳуру сербинанда ва нишонраси замон буд, ки барои баргардонидани гурезагон нақши бориз гузошта тавонист.
Баъди бартараф шудани масъалаи гурезагон, аз соли 1994 инҷониб, масъалаи ваҳдату иттиҳод ва сарҷамъӣ мавзуи асосии барномаҳои телевизионӣ гардид.
Журналисти ботаҷриба Шералӣ Мустафоқулов чанд маротиба шоҳиди бевоситаи ҷанфидоиҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гардида, баъди расидан ба оромиву осудагӣ барнома ва филмномаҳои таҳлилӣ таҳия менамуд, ки тарғибгари сулҳу ваҳдат, иттиҳоду якдигарфаҳмӣ ва ҳамчунин, равшангари сафҳаҳои таърихи тоҷикон ҳисобидан мумкин аст. Дар тамоми ин намоишҳои телевизионӣ ЭмомалӣРаҳмон чун қаҳрамони сулҳофар дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Барномаи «Аз блокноти журналист» (соли 1997), ки аз ҷараёни ба имзо расидани созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳия гардидааст, тамоми заҳмату талоши роҳбари давлатро дар роҳи расидан ба ин рӯзи фараҳ инъикос менамояд. Ба ҷуз ин барнома, собиқадори телевизион Сайидмурод Хоҷазод аз чанд барномаҳои он даврон чун «Ҳукумат», «Минбар», «Сарқонуни мо», «Муколама», «Изтироб», «Қонун ва ҷомеа», «Меҳмонони Тоҷикистон», «Самараи Ваҳдат», «Меваҳои ҳамбастагӣ», «Ваҳдат», «Марзи муқаддас», «Ваҳдат – Наҷоти миллат» ёдоварӣ мешавад, ки маҳз пайгири мавзуи боло мебошанд.
Баъди ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» яке аз вазифаҳои муҳимми Комиссияи оштии миллӣ ин ба мардум фаҳмонидани моҳияти созишнома ва аз мафкураи ҷомеа дур кардани образи душман, муаррифии аппозитсия ҳамчун яке аз ҷонибдорони сулҳ дониста мешуд. Дар ин кор низ телевизион воситаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Бо ин мақсад соли 1997 барномаи «Ваҳдат» таҳия ва пешниҳоди бинандагон гардонида шуд. Муаллиф ва суҳбаторо муҳаққиқ, публитсист Иброҳим Усмонов. буд, ки ҳамзамон раисии Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба уҳда дошт. Барнома тӯли як сол идома ёфта, моҳе 2 маротиба пешниҳод мегардид. Дар барнома намояндагони ҳукумат, намояндагони мухолифин ва Созмони милали муттаҳид иштирок карда, моҳияти созишномаро мефаҳмониданд. Ҳамчунин, роҳи пешгирифтаи роҳбари давлатро барои расидан ба сулҳ роҳи дурусту ягона барои наҷоти миллат ва суботи доимӣ медонистанд.
Барномаи «Афкор», ки соли 1999 то 2001-ум моҳе ду маротиба тавассути Телевизиони Тоҷикистон пахш мегардид, дар бедории миллӣ, фаҳмонидани арзиши сулҳу ваҳдат нақш гузоштааст. Ин барномаи аз ҷониби муҳаққиқ ва журналист Сангин Гулов дар жанри суҳбат таҳия гардидааст. Дар он ходимони илму сиёсат Кароматулло Олимов, Сайфулло Сафаров, Ниёз Мирзоев, Абдуқодир Маниёзов ва дигарон аз паҳлуҳои гуногун моҳият ва арзиши сулҳу ваҳдат сухан ронда, иттиҳоду сарҷамиро дар атрофи Сарвари давлат тарғиб намудаанд.
Ба ғайр аз барномаҳои номубарда, бахшида ба 10-солагии Истиқлолоияти давлатӣ чанд барномаву филмҳои дигари диданӣ низ таҳия гардида, аз 10-соли мушкилӣ, талош, ҷонфидоӣ барои расидан ба рӯзҳои оромӣ нақл мекарданд. Аз ҷумла дар «Даҳ қадами устувор», ки аз даҳ қисмат идорат буд, аз тамоми дастовардҳои кишвар ва ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон сухан мерафт. Филми «Шуълае баъд аз ғуруб» (2001) бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва ҷонфидоиҳои Сарвари давлат барои расидан ба сулҳ; силсилабарномаи «Вақт довар аст», ки аз соли 2012 дар ҷашнҳои давлативу миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Иҷлосияи тақдирсоз бо истифода аз наворҳои бойгонӣтаърихи начандон дури тоҷиконро варақгардон мешуд. Собиқадори телевизион Рафоат Абдусаломова дар китоби худ аз чанд барномаву филмҳои телевизионӣ аз қабили «Эҳё ва рушд», «Шуълае баъд аз ғуруб», «Рӯ ба хуршед», «Гуфтугӯйи мустақими телевизионӣ», «Тоҷикистон» ва ғайра ёдовар шудааст.
Нақши Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар инъикоси раванди сулҳофарӣ ва талошҳои бевоситаи Пешвои миллат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тавассути телевизион муҳим аст. Шарҳу тавзеҳ ва баромаду гузоришҳои пайвастаи роҳбари хадамот Сайидзода Зафар Шералӣ тавассути Телевизиони «Тоҷикистон», аз як ҷониб, мардумро бо иттилои саҳеҳу саривақтӣ бархӯрдон кардан бошад, аз ҷониби дигар, боиси оромӣ ҷомеа ва бо умеду боварӣнигаристан ба ояндаи нек водор менамуд.
Номбурда аз 15-уми ноябри соли 1995 ба ин вазифа таъин шуда бошад ҳам, аммо қаблан, дар вазифаҳои дигар низ пайваста тавассути телевизион баромадҳои судманд менамуд. Дар он давр миёни кишварҳои ИДМ Зафар Сайидзода фаъолтарин котиби матбуотӣ ҳисобида мешуд, ки бо дониши баланди сиёсӣ ҷомеаро бо забонҳои русиву тоҷикӣ аз фаъолияти президенти кишвар ва вазъи ҳукумат огоҳ менамуд. Он замони нооромӣ на ҳар кас ин масъулиятро ба уҳда мегирифт ва на ҳар кас аз уҳдаи он мебаромад. Дар баромадҳои З. Сайидзода таҳлилу шарҳ низ мушоҳида мегардад, ки барои хотирҷамъии ҷомеа мусоидат намуда, ҳамчунин, эътимоди оммаро ба ҳукумат ва талошҳои сулҳпарваронаи сарвари давлат бештар менамуд.
Дар умум, тамоми барномаҳои Телевизиони «Тоҷикистон» дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди сулҳофарӣ тарғибгари сиёсати давлату ҳукумат ва бевосита, сиёсати хирадмандонаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат буда, барои таъмини фазои иттилоотии кишвар имрӯзҳо низ ҳамаҷониба саъю талош мекунанд, ки ин ҳам аз шароитҳои мавҷуда ва дастгириҳо ҳукумати кишвар бармеояд.
М. Сафарзода,
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»