Имрӯз дар факултети техналогияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот (факултети Информатика) мизи мудаввари илмӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ», баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Дустмурод Ҳасанов, декани факултет оғоз гардид.
Сипас, Ибрагимов Одилҷон, мудири кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва шабакаҳои алоқа дар мавзуи “Периметр ва масоҳати росткунҷа”, Кароматулло Ҳабибуллозода, номзади илмҳои педагогӣ оид ба мафҳуми барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда дар раванди таълим бо истифода аз компонентҳои забони Delphi ва Ҳукмиддин Маҳмадалиев, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика дар мавзуи “Компилятор ва интерпретатор” маърӯза намуданд.



