Шуруъ аз нимаи дуюми асри ХХ ҳаллу фасли муаммоҳои экологӣ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, коршиносону олимон қарор гирифтааст, яъне ин қазияи башарӣ аз ҳамаи кишварҳо дар якҷоягӣ амал карданро тақозо мекунад. Зеро солимиву бехатарии ҷомеаи башарӣ ва сифати ҳаёти инсон ба муҳити зисти солим сахт марбут аст. Проблемаҳои экологӣ силсилаи ҳалқаи занҷиреро мемонанд, ки бо ҳамдигар пайвандии ногусастанӣ доранд. Коршиносону муҳаққиқон пайдоиши проблемаҳои кологиро ба омили антропогенӣ нисбат медиҳанд. Яъне, аксар бар он назар ҳастанд, ки афзоиши бемайлони аҳолӣ ба вайроншавии мувозинати табиӣ сабабгор мешавад.
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»