Нуров Умархон Алихонович 22 апрели соли 1959 дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Солҳои 1976-1977 коргари савхози ноҳияи Ҷалоллидини Балхӣ. Соли 1977-1978 шунавандаи шӯъбаи тайёрии факултети химияи Донишгоҳи милли Тоҷикистон. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси муаллими химия хатм кард. Солҳои 1983-1994 дар МТМУ № 10-и ноҳияи Кӯшониён ба ҳайси муаллими химия кор кардааст.
Аз моҳи сентябри соли 1994-2011 омӯзгор,саромӯзгор, мудири кафедра, ҷониши декан оид ба таълими факултети химия-биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият кардааст. Моҳи феврали соли 2004 дар мавзӯи “Синтез и превращения производных 1,3,4-тиадиазоло (3,2-а) пиримидина”. (Синтез ва табдилоти ҳосилаҳои 1,3,4-тиадиазоло (3,2-а) пиримидин) рисолаи номзадии худро аз рӯи ихтисоси 02.00.03.-номзади илмҳои химияи органикӣ дар назди Институти кимиё ба номи В.И. Никитини АМИТ зери роҳбарии д.и.х., профессор узви вобастаи АМИТ Куканиев М.А. дифоъ намуд, ҳоло номзади илмҳои химия фаъолият дорад. Дар ин муддат устод Нуров У.А аз 2011 то 2017 декани факултети химия ва биология ва аз соли 2017-2022 мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ фаъолият намудааст.
Муаллифи 2 монография, зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ ва 14 дастури таълимӣ ва дар тартиб додани маҷмӯи барномаҳои таълимии фанҳои химия саҳмгузор аст.
Аз ин рӯ, аҳли шогирдон устод Умархон Алихоновичро ба муносибати 66-умин солгарди баҳори пурфайзу баракати умрашон аз самими қалбҳои саршор ва меҳру вафо, муҳаббату садоқат табрику таҳният намуда, барояшон сиҳатию саломатӣ, чеҳраи хандон, хушбахтӣ, комрониву сарфарозӣ ва дар фаъолияти самараноки меҳнатиашон баҳри гул-гул шукуфии илму маорифи кишвар комёбиҳои беназирро таманно доранд. Дастовардҳои устод Нуров дар илму маорифи донишгоҳ лоиқи таҳсин мебошад.
Шогирдони устод на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он, дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздики дунё фаъолият доранд ва ҳамеша устодро бо некӣ ва ифтихор ном мебаранд. Орзумандем, ки ҳамеша ифтихори илми муосир бошанд.
Хирадмандиву донишмандии устод, маслиҳатҳои оқилона ва падаронаи ӯ, ки онҳоро барои касе дареғ намедорад, ҳазорон ҷавононро ба роҳи ростӣ, илму зиндагӣ ҳидоят намудааст ва аз забони Фирдавсии бузург гуфтанием:
Бо номи накӯ гар бимирам, равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.
АҲЛИ ШОГИРДОН