Се сол аст, ки донишҷӯён ва ҳамкорон аз дидори чеҳраи нурониву шунидани сухани пандомӯзи муаллим Табарӣ Саидмурод Кабут, инсони нексиришту фарзонаи илму маърифат, маҳруманд.
Устод Табарӣ Саидмурод Кабут шахсияти камназир ва намунаи мардонагӣ, вафо ба рисолати омӯзгорӣ ва садоқат ба шогирдон буд. Бо як ҷаҳон эҳтиром ва муҳаббати беинтиҳо ба илму дониш ӯ парваришгари маънавияти шогирдон буд. Қалбаш аз меҳр пур буд ва суханонаш илҳомбахш.
Ӯ баробари таълиму тарбия, роҳнамои донишҷӯёни ҷӯёи маърифату дониш ва дастгири ҳамешагии онҳо буд. Бе ҳеҷ интизорию даъво, бе ҳеҷ дудилагӣ дасти ёрӣ дароз мекард, роҳ нишон медод ва бо қалби кушода аз пешрафти шогирдон шод мешуд.
Имрӯз, ки аз даргузашти Саидмурод Табарӣ расо се сол сипарӣ шуд, дасти дуо мебардорем ва бо ифтихор мегӯем: дӯстону ҳампешаҳо ва шогирдонат ҳанӯз бо ёди ту зиндагӣ доранд. Насли нав ҳанӯз ҳам аз ту, ки намоди хоксорӣ, меҳрубонӣ, устуворӣ ва садоқат ба касбу рисолат будӣ, меомӯзад.
Ёдат ба хайр, рӯҳи покат шоду маконат ҷаннат бод!
Бознашр аз саҳифаи устод Носирҷон Маъмурзода