«Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт-матбуоти давлатӣ ё мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти давлатӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». Эмомалӣ Раҳмон
Матбуоти тоҷик, журналистикаи тоҷик баъди ишғоли Осиёи Миёна аз ҷониби Россия пайдо шуд. Дар Россия аввалин газетаҳо дастӣ бо номи «Варақаҳои иттилоотӣ» ба табъ мерасиданд. Нахустин газета дар давраи Пётри 1, соли 1702 чоп шуд ва он «Ведомости» унвон дошт. Дар зумраи аввалин нашрияҳо «Туркестанские ведомости», «Русский Туркестан», «Самарқанд» (аввалин мақолаҳои Маев, Бартольд, Андреев)ҳам буданд. Дар паҳлуи матбуоти русӣ дар ин қаламрав матбуоти миллӣ низ ба миён омад, ки вай бо забонҳои тоҷикӣ, тоторӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ чоп мешуд. Р¢знома ва маæалла³ои æадидон ба вуæуд омад. Ба ин гурӯҳ нашрияҳои «Оина», «Т¢рон», «Хуршед», «Туҷҷор», «Шуҳрат», «Азия», Наæот», «Иршод», «Ваµт» ҳам дохил мешуданд, ки матни тоҷикии онҳо шеър буд.
Зарурати омӯзиши забони русӣ дар байни ҷавонони пешқадами кишвари тоинқилобиамон дар осори рангину пурмуҳтавои маорифпарварони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, аморати Бухоро ба тариқи возеҳу саҳеҳ инъикос ёфта, душвориҳо ва дастовардҳои он нишон дода шудааст. Вале моҳияти ин масъалаи ҳаётан муҳим ва зарурати онро на ҳамаи аҳди ҷамнияти асри ХIХ.-ибтидои асри XX кишвари, мо мефаҳмиданд, балки онро танҳо равшанфикроне, ки дар рӯҳияи афкори озодихоҳӣ, рушду тараққӣ, ободиву бунёдкорӣ ва дӯстии байни халқҳо парвариш ёфтаанд, беҳтару бештар дарк карда метавонистанд. Дар воқеъ, намояндагони синфи ҳукмрон, рӯҳониёни иртиҷоӣ ва ҷаҳолатпарасти асримиёнагӣ бар зидди қувваҳои солиму пешқадами замони нав беамон мубориза мебурданд. Хусусан пайвастани Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, сарзамини тоҷикон ба Русия, ба ҷиҳатҳои манфии ин ҳодисаи таърихӣ нигоҳ накарда, минбаъд дар рӯзгори мардуми маҳаллӣ дигаргуниҳои куллӣ ба бор овард. Бо вуҷуди он, дар татбиқи ин нақшаҳои дурандешона надонистани забони русӣ монеаи асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Намояндагони маорифпарварони бузурги точик Аҳмади Дониш (1827-1897), Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1865-1919), Сиддиқии Аҷзӣ (1864-1927), Тошхӯҷаи Асирӣ (1864-1915), Садриддин Айнӣ (1878-1954), Мирзо Сироҷи Бухороӣ (1877-1914), Абдуррауфи Фитрат (1886- 1947)’, Содиқхоҷаи Гулшанӣ (1861-1909) дар осори рангини худ доир ба масъалаҳои мубраму тақдирсози замони нав, хусусан омӯхтани забонҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ фикру ақидаҳои ҷолибу ояндасоз баён кардаанд, ки онҳо имрӯз дар даврони истиқлолият ҳам аҳамияти илмиву амалиашонро гум накардаанд. Сардафтари маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш се маротиба ба Русия (Петербург) сафар намуда, ба пешрафти тисодиву фарҳангии ин мамлакат, ки нисбат ба аморати Бухоро фарқи куллии ҳайратовар дошт, рағбат ва шавқу ҳаваси бештар пайдо карда буд. Зимнан бо одамони пешқадами рус улфатӣ ва қаробат пайдо намуда, аз он ҷо дар қатори ҳиссиёту таассуроти мусбати замон ҳамроҳи худ кураи арз (глобус)-ро ба тариқи армуғон ба Бухоро овардааст. Ин ниятҳои нек ба пешрафту тараққиёт ва ояндаи дурахшони кишвари мо нигаронида шудаанд. Воқеан дар роҳи амалӣ намудани талаботи маънавӣ ва ботинии мутафаккир ва инчунин боз ҳам наздику қарин гаштан бо халқи рус ва маданияти он надонистани забони русӣ ба ӯ халал мерасонд. Аз ин боис, вай ҳарчанд омӯхтани забони русиро ошкоро тарғиб накардааст, бо ҳасрату надомати бепоён дар бораи забони русиро надонистани худ сухан рондааст. Вале дар матбуоти даврӣ дар ин хусус борҳо ақидаи ғалат интишор ёфтааст. Чунончи, иддае, навиштаавд, ки “Аҳмади Дониш донандаи хуби забони русӣ ба шумор мерафт”. Ин ақидаи беасос аз куҷо пайдо шудааст? Зеро таҳқиқи олимон ва гуфтаҳои худи Аҳмади Дониш ин фикрро комилан рад мекунанд. Худи Аҳмади Дониш навишта буд: “Мо хайф, ки лафзи он (забони русӣ)- ро намедонем”. Мутафаккир дар “Наводир- ул-вақоеъ” ҳикоя кардааст, ки ӯ рӯзе дар Петербург, шаби зимистон, муддати дароз роҳро гум карда, дар фойтун мегашт ва ба фойтунчӣ ҷои истиқомати худро фаҳмонада наметавонист. Пас аз оворагии зиёде ӯ миршабро дучор омадааст, миршаб ҷои истиқомати сафири Бухороро фаҳмонда медиҳад.
Журналистика дар баробари рушду такомули муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Русия бо Осиёи Марказӣ, ки дар ибтидои асри XX боз ҳам авҷу нумӯъ карда, бо номи “Бедории Осиё” маълум аст, дар ин давраи нави таърихӣ масъалаи муносибат ба забон ва адабиёти рус комилан тағйирёфта, аз орзу ва нияти омӯхтани забони русӣ ба кори амалӣ, яъне тарҷума кардани адабиёти бадеӣ гузашт. Аз рӯи баъзе санадҳо, дар охири асри XIX нахустин шахсе, ки аз байни маорифпарварони тоҷик забони русиро ба тариқи худомӯзӣ ва минбаъд дар курси махсуси адабиёти рус омӯхта, аз бар намудааст, шоири маорифпарвари тоҷик Сайидаҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ ба шумор мерафт.
Минбаъд сафи чунин худомӯзони забони русӣ тадриҷан афзоиш ёфтанд, ки перомуни он санаду бурҳонҳо кам нестанд. Масалан, дар бораи забони русиро ба тариқи худомӯзӣ ва бо ёрии муаллимони рус омӯхтани худ (соли 1901) муаллифи китоби сафарномаи «Туҳафи аҳли Бухоро» Мирзо Сироҷи Ҳаким дар тарҷумаи холаш қайд кардааст: «Баъд аз як сол пеши як нафар муаллими русидон шурӯъ ба хондан ва навиштани забони русӣ намуда, дар муддати шаш моҳ хондан ва навиштани хати русиро балад шудам. Рӯзҳо бинобар доду ситоди саррофӣ бо рус ҳаматарафа саволу ҷавоб мешудам. Пас аз он дар яке аз мактабҳои русӣ, ки тоза дар Бухоро мафтӯҳ шуд, дохил шуда, як сол таҳсили лисон, риёзӣ, ҷуғрофӣ намудам, атғаби шабҳо дарс мегирифтам ва бар аксари рӯзнмаҳои русӣ обуна (муштарӣ) гардидам».
Забони русиро омӯхтани Сиддиқии Аҷзӣ ва Мирзо Сироҷ тақрибан дар солҳои 1895- 1901 воқеъ гардидааст. Аз ахбори рӯзномаи «Туркистон вилоятини газети» дар соли 1899 дар бораи тарҷумаи «Қиссаи моҳигар ва моҳии тилло»-и А.С.Пушкин ба забони туркӣ ва баъд ба забони мусулмонӣ» (яъне тоҷикӣ), ки ба Аҷзӣ нисбат дода шудааст, маълум мегардад, ки зиёиёни тараққипарвари тоҷик на танҳо бо омӯхтани забони русӣ, балки бо тарҷумаи шеърҳо аз Крилов ва ҳикояҳои аз Л.Толстой дар маҷмӯаи «Ҷомеъ- ул-ҳикоёт» овардаи муаллими мактаби усули ҷадид Абдуқодири Шакурии Самарқандӣ, ба Аҷзӣ нисбат дода шудани он тарҷумаҳо, «Гинел»-И Гоголро пеш аз инқилоб тарҷума кардани Аҷзӣ низ пурра тасдиқ менамояд.
Робитаи журналистика бо илмҳои дигар-таърих, адабиёт,забон, фарҳанг, равоншиносӣ, информатика, маркетинг ва ғайраҳо рушд ёфта, дар омӯзиши забони русӣ аҳамияти муҳим доранд. Фаъолияти маорифпарварон дар тарҷумаи адабиёти бадеии рус кори хайр буд. Дар ин раванд журналистика саҳми калон гукзаштааст.
Онҳо дар мисоли худашон мардумро ба омӯхтани забон, адабиёт ва маданияти тараққипарвару демократии рус тарғиб мекарданд, то ки раванди маданиятнокии мардуми маҳаллӣ ва инчунин бо ин роҳу усул каробат ва ба ҳам омадани онҳоро бо халқи рус ва дигар халқҳои Русия таъмин намоянд. Вале дар сари роҳи ин кори наҷъиб душманони хавфнок ва ҷиддӣ-рӯҳониёни иртиҷоӣ ва кӯҳнапарастони чоҳил меистоданд. Онҳо ҳар гуна кори наву тақдирсоз, аз ҷумла, омӯхтани забони русиро гуноҳ ва куфр мешумориданд, тарғибкунавдагони забону адабиёти русро кофир эълон мекарданд. Бо вуҷуди он, маорифпарварони тоҷик мардумро ба роҳи ҳақ ва ҳаётан муҳим тарғиб менамуданд. Чунончи, Сиддиқии Аҷзӣ дар асараш «Анҷумани арвоҳ» ин матлабро чунин ифода кардааст:
Чӣ тирсам аз маломатшову такфир,
Чӣ ғам, ки нораво созано таҳқир?!
Даридам пардаи ғафлат ҷаҳонро,
Намудам чист дунё мардумонро.
Муаррихи маъруфи тоҷик, академик З.Раҷабов доир ба авҷ гирифтани чунин ноадолатиҳо – ҷаҳолат ва ифротгароӣ сухан ронда, бо таассуф қайд кардааст, ки маҳз дар солои 70-90-уми асри XIX дар шароити муҳити феодалӣ, ҳурофот ва зулму истибдоди ваҳшиёнаи амир синфҳои ҳукмрон ва рӯҳониёни мусулмон нисбат ба тамоми дастовардҳои илмию техникӣ ва маданияти халқи рус кинаву адоват паҳн мекарданд. Аммо дар омӯзиши забони русӣ журналистика саҳми калон гузаштааст.
Маорифпарварони тоҷик, аз ҷумла Аҳмади Дониш, ифодагари идеяҳои пешқадами замони худ буд. Масалан, Аҳмади Дониш тарафдори паҳн намудани илму маърифат ва навгониҳои илмиву техникии русу аврупоӣ буда, ба масъалаҳои омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ диққати зиёд медод, ба омӯзиши забони русӣ шавқу ҳаваси беандоза бузург зоҳир мекард ва ҳамватанони худро таклиф менамуд, ки ин забонро ёд гиранд, моҳияти онро дуруст азбар намоянд. Вай ба Русия ва маданият, адабиёт, забон, таърихи рус бо камоли майл ва эътиқоди комил назар меандӯхт.
Мавсуф таассуроти сафарҳояшро дар бораи Русия ва маданияти халқи рус дар асарҳояш бо қаноатмандии бузург тавсиф намудааст. Вай бахшида ба Петербург асари назмии калонҳачме иншо кардааст, ки онро ба забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ тарҷума карда, ба доираи васеи хонавдагон пешниҳод намуда буданд.
Аҳмади Дониш дар асарҳои худ нисбат ба Русия, халқи рус ва маданияти он ҳусну таваҷҷухи хосса доштани худро ифода намуда, ҳамватанони худро бо ҳаёти кишвари Руссия, хулқу атвор, зисту зиндагӣ ва маданияти пешқадами рус шинос мекард. Аҳмади Дониш бо боварӣ таъкид кардааст, ки «гарчанде русҳо аз ҷиҳати миллат ва дин аз мо фарқ дошта бошанд ҳам, вале онҳо дар дӯстӣ, самимият ва дар инсонӣ аз мо баланд меистанд».
Аҳмади Дониш се маротиба ба Петербург сафар карда, аснои мулоқоташ бо русҳо фаҳмид, ки забони русиро омӯхтан ҳатмӣ ва зарур аст. Ӯаз забони русиро надонистанаш гила карда, мегӯяд, ки мо бо имову ишора ба ҳамсӯҳбатамон фаҳмонидем, ки «хайф ки мо лафзи (забони) русиро намедонем».
Мутафаккир аз надонистани забони русӣ бо афсӯс ва надомат қайд мекунад, ки «агар маро андак вуқуфе ба истилоҳӣ онҳо будӣ, ин миқдор кори ман ба таҳлука наанҷомидӣ».
Мутафаккири бузург ба бухориён зарурати донистани забони русиро такроран қайд мекунад ва мегӯяд: «Оре, сахт ҳолатест, ки касе дар миёни ҷамъ афтад, ки ба забони онҳо воқиф набувад, бисёр дар тааб ва таҳлука афтад. Аз ин ҷиҳат дар дабистони низомия аз ҳамаи забонҳо таламмуз мекунанд (меомӯзанд), вуқуф бар истилоҳи ҳар тоифаро аз мавоҷиб медонанд». Бо вуҷуди ин, Аҳмади Дониш тасдиқ мекунад, ки ба омӯхтани забони русӣ фурсат ёфта наметавонист.
Амалан дар осори мутафаккир тарғибу ташвиқи омӯзиши забони русӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Аҳмади Дониш паст будани савияи мадании уламои аморатро бо ҳасрату надомат таъкид кардааст. Онҳое, ки ба моҳияти ҳодисаҳои олам сарфаҳм намерафтанд, худро аҳди илм – уламо вонамуд мекарданд, дар амал бошад, онҳо аз фаҳмиши илми ҳақиқӣ фарсаҳҳо дур буданд.
Мутафаккир зимни баррасии рушди тиҷорату саноат ва илму фарҳанги кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Русия, мардуми Бухороро ба омӯзиши илму маьрифат тарғибу ташвиқ карда, доираи ҳаёти воқеии маҳдуди шахшудаи замони феодалии аморатро бо далелҳои раднопазир фош менамояд. Вай аз боздид ва сафарҳояш. ба давлатҳои хусусан Русия қиёс мекунад, ки дар он ҷо одамони соҳибмаълумот обрӯву эътибори баланд доранд ва ҳол он ки «дар диёри мо аҳли ҳунарро сағир ва кабир душман медоранд, фалоҷарам маротиби аҳли фазли ин диёр дар назари ман хурд ва хор даромад». Дар ин робита, Аҳмади Дониш бо маданияти пешқадами рус, дастовардҳои сохти сармоядорӣ, хусусан роҳи оҳан, тилфону тилгроф, техникаву нақлиёт, илмҳои гуногун: кимиё, металлургия ва амсоли он комилан ҷонибдор аст.
Яке аз масъалаҳои рӯзмарра ва муҳими замони нави сармоядорӣ аз он иборат буд, ки кадрҳои босавод ва боихтисос омода карда шаванд. Зеро хусусияти хоси ҷомеаи феодалӣ аз он иборат аст, ки дар он муҳандис нест, ҳаким нест, табиб нест, ҷарроҳ нест ва як шахсе, ки бо илму ҳунари замона шинос бошад, нест». Воқеан мутахассисони дархӯрди замонро дар Бухоро ва Туркистон тайёр кардан ғайриимкон буд, танҳо ба беруни мамлакат талаба фиристодан зарур буд. Дар он вақт ба Русия ва Аврупо ба таҳсил фиристодан ҳам аз лиҳози забон ва ҳам дин душворӣ дошт.
Кишварҳои мусумонӣ, аз қабили Афғонистон, Эрон ва Арабистон ба монанди Аморати Бухоро худашон муҳтоҷи мутахассисон буданд. Дар он замон ба Туркия барои таҳсил фиристодани талабаҳо анъана гашта буд. Инчунин на танҳо аз Тотористон, Русия, балки Аврупо муаллимонро ба ин ҷо даъват мекарданд. Агар қаҳрамони асари «Мунозира»-и Фитрат аз Истамбул муаллим оварданро таклиф карда бошад, пас қаҳрамони асари дигараш «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» духтуру муаллимро аз Петербург ва Аврупо даъват намуда, аз ҷавонони бухороӣ тайёркардани муаллиму духтури замони навро ба миён гузоштааст, ки шоистаи таҳсин аст: «Ҳукумати Бухоро… аз Петербург ва ё аз шаҳрҳои бузурги Фарангистон муаллимхои донишманд биёрад, аз тарафи дигар, ҷавонони борушду закитабъи бухороиро дар Аврупо фиристода, илми тиб хононад».
Тазаккури он ҷоиз аст, ки чунин муносибатро дар осори дигар маорифпарварони тоҷик низ дида метавонем. Ҳамин минвол, аз санаду бӯҳронҳои матраҳгашта комилан аён мегарданд, ки Аҳмади Дониш ба омӯхтани забонҳое, ки дар шароити Бухоро зарур буданд, хусусан ба омӯзиши забони русӣ бисёр ташвиқ мекард. Вай дар ҳикояи марди Ҳоҷӣ аз забони худ: «Оре, сахт ҳолатест, ки дар миёни ҷамъе афтад, ба забони онҳо воқиф набувад, бисёр дар тааб ва таҳлука афтад», – гуён нақд мекунад, ки надонистани забони русӣ чӣ қадар боиси саргардонӣ ва ранҷи ӯ шуда буд. Дар худи ҳамин ҳикоя нақл мекунад, шудааст, ки «…дар дабиристони низомия аз ҳамаи забонҳо таламмуз мекунанд ва вуқуф бар истилоҳи ҳар тоифаро аз мавоҷиб медонанд ва бо афсӯс ба он мушоира мекунад, ки дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили забонҳои дигар ҷорӣ нест. Аҳмади Дониш худ ба донишандӯзӣ, азхудкунии илмҳои гуногун ва касбу ҳунарҳои мухталиф дар байни зиёиёни он замон намунаи ибрат буд.
Аз ин боис, мутафаккир дар «Наводир-ул-вауоеъ» зарурати омӯзиши забони русӣ ва манфиати он баҳри он рӯзҳо ва фардоро таъкид мекунад. Ҳамзамон ахбори маъхазҳо далолат мекунанд., ки намояндагони пешқадами ҷавонони тоҷик ба омӯхтани забон ва адабиёти рус, маданияти мутараққии он рағбати калон доштанд.
Масалан, яке аз ҷавонони боистеъдоди Бухоро Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат баробари дар мактаби кӯҳна ва сипас дар Мадраса таҳсил намуданаш, маълумоти худро асосан ба воситаи худомӯзӣ такмил медод. Аз рӯи ахбори С.Айнӣ, Ҳайрат забони русиро низ меомӯхт. Инчунин Ҳайрат хайрхори маданияти пешқадами рус буд. Вай аз уламои мутаассиби Бухорои амирӣ натарсида, дар шеърҳояш ибораҳои русӣ, аз қабили «фойтун», «вагон», «истанса», «билет» ва амсоли инҳоро ба таври васеъ кор мефармуд. Вай дар осораш навгониҳои илмиву техникии замони сармоядориро, аз ҷумла, аз бартарии нақлиёти роҳи оҳан, қулай будани мусофират ба воситаи роҳи оҳан ва дигар навигариҳои илму техникаи рус бо ифтихор сухан рондааст.
Дар ҳақиқат ҳам Ҳайрат яке аз ашхоси пешқадами Бухорои он замон буда, аз зумраи шогирдони Аҳмади Дониш ва устоди Садридцин Айнӣ дар соҳаи шоирӣ ба шумор мерафт. Баъдан ба дасти Ҳайрат рӯзномаҳои форсии Ҳиндустон ва Миср мерасиданд, ки ӯ бо онҳо С.Айниро низ шинос мекард ва тавассути ин рӯзномаҳоонҳо аз аҳволи дунё каму беш огаҳӣ меёфтанд. Зимнан санадҳо шаҳодат медиҳанд, ки Сайидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ яке аз ходимони тараққипарвари илму маданияти ибтидои асри XX ба шумор меравад. Ӯ барвақт забони русиро аз худ карда, матбуоти даврии пешқадами русро дар аслаш мутолиа менамуд. Ӯ ба Русия сафар карда, асарҳои мутафаккирони рус Л.Н. Толстой ва И.В. Гоголро дӯст медошт. Ӯ бори аввал «Шинел» ном асари Гоголро тарҷума кардааст.
Инчунин ба забонҳои тоҷикӣ, озарӣ ва арабӣ суханронӣ карда метавонист. Ҳамзамон Аҷзӣ дар осори ранганаш бештар интишор ва паҳн намудани забони русӣ, маданияти пешқадами онро тарафдорӣ мекард. Аз рӯи андешаҳои Аҷзӣ, танҳо тавассути омӯзиши забони русӣ бо маданияти Аврупо шинос шуда, пешрафти илмиву техники ва дигаргуниҳои нави он замонро азбар намудан мумкин аст.
Воқеан аз ҷавонони пешқадами Аморати Бухоро чандин нафарро ном бурдан метавон, ки онҳо на танҳо дар омӯзиши илми замони худ ва азбар намудани дастовардҳои пешқадами замон дастболо буданд, балки дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони русӣ низ пешсаф буданд. Масалан, рафтору кирдор ва кӯшишу заҳмат ва талошҳои яке аз ҷавонони пешқадам ва соҳибистеъдоди кишвари мо Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ, ки Ӯ минбаъд бо тахаллуси Гулшанӣ машҳур мегардад, шоистаи таъкид аст. Содиқхоҷаи ҷавон ба роҳи пурпечутоби омӯхтаниилмҳои гуногуни замони худ пардохта, аз илмҳои роиҷи замонааш бархӯрдор мегардад. Ба ғайр аз ин, аз рӯи маълумоти тазкираҳои адабӣ, ӯ «аз ҳама бештар илми ҷуғрофиёро дӯст медошт, инчунин ҳикоягӯб, таърихдон ва ширинзабон буд…».
Ховаршиноси маъруф А.Алимардонов дар асоси таҳқиқу омӯзишисарчашмаҳои таърихӣ ба хулосае омадааст, ки «Гулшанӣ бештар ба илмҳои таърих ва ҷуғрофия таваҷҷуҳ доштааст». Чунин хислати наҷиби таърихдонӣ ва ҷуғрофиёшиносӣ ба Саидхоҷаи Гулшанӣ имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик дар эҷоди як асари пурмуҳтаво ва хонданбоб ноил гардад. Маъхазҳои таърихии он давр собит мекунанд, ки Саидхоҷаи Гулшанӣ яке аз беҳтарин донандагони забони русӣ ба шумор мерафт. Маорифпарварону мутафаккирони он замон ба дараҷаи кофӣ омӯхтани забони русиро аз беҳтарин фазилатҳои ӯ донистаанд. Масалан, устод с. Айнй қайд кардааст, ки Савдхоҷа «дар бобати азхуд кардани забони русӣ дар байни толибилмони мадрасаҳои Бухоро нахустин шахс ба шумор мерафт». Абатта, ба Саидхоҷаи Гулшанӣ дар омӯхтани забони русӣ таъсири пурфайз ва ҳидояти бемонанди алломаи замон Аҳмад Маҳдуми Дониш аз ҳама зиёдтар ба назар мерасад.
Вай ҳамчун ҳамгузару ҳамақидаи Аҳмади Дониш борҳо аз машварату сӯҳбат ва зиёрати ӯ мушарраф шуда, аз таҷрибаву малака, илму маърифати ӯ баҳрабардорӣ намудаанд. Бесабаб С.Айнӣ изҳори ақида накардааст, ки Савдхоҷа Гулшанӣ «…ҳафтае чанд маротиба ба сӯҳбати ӯ» (Аҳмади Дониш), мушарраф мегашту Аҳмад маҳдум ӯро ба омӯхтани забони русӣ ташвиқ кардааст ва дар ин миён сабабе пайдо шудааст, ки ӯ ба омӯхтани ин забон комёб гардад.
Бино бар маълумоти маъхазҳои илмиву адабӣ, дар азхуд намудани забони русӣ ба Саидхоҷа Гулшанӣ ду омили асосӣ мусоидат намудааст: агар аз як тараф, ҳидояти Аҳмади Дониш ба забономӯзии ӯ сабаб гардида бошад, аз ҷониби дигар, дар он айём ба омӯхтани забони русӣ шароити мусоид фароҳам омада буд. Аз рӯи иттилои С.Айнӣ дар «Ёддоштҳо», Содиқхоҷа ҳар сол дар Самарқанд ба манзили тағояш моҳе чанд меҳмон шуда, бештар вақти худро ба омӯзиши забони русӣ сарф мекард.
Дар натиҷаи чунин кӯшишу заҳмат ва такоппӯйҳо Содиқхоҷа забони русиро ба дараҷаи кофӣ азбар месозад, ки ба ҳавли Садри Зиё, дар қаламрави Бухоро шахсе набуд, забони русиро ба дараҷаи у азхуд карда бошад. Садриддин Айнӣ ба мисли дигар мутафаккирони пешқадами даврони худ ҳанӯз аз ҷавонӣ ба таассуби динӣ ва таъқиби сохти амирӣ дар Бухоро нигоҳ накарда, пинҳонӣ ба омӯзиши забони русӣ кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад, то бо фарҳанги халқи рус шинос гардад. Вай ҳангоми дар мадрасаи Мири Араб таҳсил карданаш ба омӯзиши забони русӣ мепардозад. Устод С. Айнй дар «Ёддоштҳо» аз душворӣ ва роҳу усулҳои омӯхтани забони русӣ дар байни толибилмони мадрасаҳои Бухоро бо мамнуният ҳарф задааст.
Мувофиқи маълумоти ӯ, ҳамсояи ҳуҷрагии вай Пирак ба Садриддини ҷавон пинҳонӣибораву калимаҳои русиро меомӯхт. Гарчанде Пирак забони русиро хеле бад медонист, калимаҳои ҷудогонаи русиро аз Мулло Туроб навишта мегирифт. Мулло Туроб ҳам талабаи Мадраса буда, барои омӯзиши калимаҳои русӣ пинҳонӣ ба Самарқанд мерафт, Аксари талабагони мадрасаҳо, аз ҷумла Пирак, Мулло Туроб, Садриддин Айнии ҷавон ва дигарон ба омӯзиши забони русӣ, ки рӯҳониёни ҷоҳил ва бадбахт онҳоро таҳқир мекарданд, шавқу ҳаваси беандоза доштанд. Садриддин Айнй дар «Ёддоштҳо»-и худ қайд кардааст, ки рӯзе ӯ аз Пирак мепурсад:
«- Ту гапҳои русиро аз куҷо меёбӣ?
– Мулло Туроб ҳаст-ку, -мегӯяд ӯ, -ана ҳамин кас ба Самарқанд рафту омад дорад. Дар он ҷо урусҳо бисёр будаанд. Вай дар як дафтарча чанд гапи урусиро навишта гирифта будааст, ман ҳамин гапҳоро аз дафтари ӯ бардошта гирифтам. Ба ӯмегӯям, ки ин дафъа бисёртар гап ёфта, бо маъниҳояш навишта биёрад. Баъд ман аз вай навишта мегирам ва ба ту медиҳам.
– Бисёр хуб, -гуфтам ман.
Пирак як сукути авдешамавдона карда, боз ба гап даромад:
– Гапҳои урусӣ навишта гирифтани маро мабодо ба касе нагӯӣ. Муллоҳо ганда, агар шунаванд, одамро хафа мекунанд». Аз иқтибоси болоӣ дида мешавад, ки дар Бухоро барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид мавҷуд набуд ва таъқибу фишор ҳам хеле зиёд ба назар мерасид. Вале ба ин нигоҳ накарда, намояндаи пешқадами халқи тоҷик ва дигар мардуми Осиёи Марказӣ ба фарҳанги мардуми рус майлу рағбати беандоза бузург доштанд ва омӯзиши забони русиро идома медоданд.
Маърифатпарварони ибтидои асри XX омӯхтани забони русӣ ва дар мактабҳои русӣ хонданро роҳи ягонаи ба фарҳангу тамаддуни рус ва Аврупо наздик шудан медонистанд. Масалан, Сиддиқии Аҷзӣ танҳо дар мактабҳои русии он замон мавҷуд будани ҳама гуна шароити мусоидро дар роҳи азбар кардани илму маърифат бо қаноатмандӣ қайд кардааст. Инчунин дигар маорифпарварони тоҷик ин матлабро гаштаю баргашта таъкид намуда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони русиро ташвиқ намудаанд:
Бихонӣ дар макотибҳои русӣ,
Шавб алломаи машҳури Дӯст!
Биёмузад ба ту илму тиҷорат,
Зи илми ихтироъу тибби тиҷорат….. .
Хулоса, маорифпарварони тоҷик мактабҳои русии тоинқилобиро ҷои асосии омӯхтани илму ҳунар ва забони русиро воситаи ба мақсад расидан донистаанд, ки аз он фоида ҳасту ҳеҷ гоҳ зарару зиён нест. Аҷзӣ аз забон ва маданияти рус гирифтани на танҳо ғизои маънавӣ, балки боигариву фаровонии моддиро низ таъкид карда, онро бо ифодаи «кисаи зар», ки маҷозан ба маънои бахту осоиштагӣ ва саодат омадааст, баён намудааст:
Забони рус бахшад кисаи зар,
Нахонӣ, пеши рӯят бастаӣ дар.
Хулоса аз ин иборат, ки дар омӯзиши забони русӣ дар Аморати Бухоро азтарафи маорифпарварони тоҷик ВАО, журналистика, робитаи журналистика бо илмҳои дигар-таърих, адабиёт,забон, фарҳанг, равоншиносӣ, информатика, маркетинг ва ғайраҳо нақши бузург гузаштааст.
С. Эркаев,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
А. Ниятбекова,
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»