Дар факултети таърих ва ҳуқуқ дарси намунавии Мирзоев Ғолибшо Шарифович, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “САРНАВИШТИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ҲУКУМАТИ ҒАЗНАВИЁН” баргузор гардид.
Омӯзгор дарсро бо истифода аз адабиёту сарчашмаҳои нодири таърихӣ, усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ гузаронид, ки барои донишҷӯён ва иштирокдорон бисёр ҷолиби таваҷҷуҳ буд.
Дар дарси мазкур сардори гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дотсент Гулов Қ.М., декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Баҳодуров Б.Ф. ва дигар мудирону омузгорон аз як қатор факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки устод дар дарсҳои худ бо такя ба маҳорату малакаҳои баланди касбии худ талаботи замони муосир ва донишҷӯёни мактаби олиро қонеъ мекунонад.
Ҳамаи иштирокдорон аз дарси устод таассуротҳои баланди касбӣ бардоштанд.
Дар охир устодоне, ки дар дарси мазкур ширкат варзиданд ба муҳокима баромада ба устод барои чунин як дарси хуб миннатдорӣ баён намуданд.



