Воқеан, дар рангорангӣ ва бозгӯи масъалаҳои муҳимми рӯз барои идораҳои рӯзномаҳо маводи публитсистӣ мавқеи муайянкунанда доранд, аз ҷумла ҳамаи таълифоти журналистӣ аз хабар сар карда, то мақолаю мухбирнома, ки дар онҳо воқеаву ҳодисот ва далелҳое инъикос мешаванд, барои зиндагии инсонҳо аҳаммият дошта, масъалаҳои мубрамро баррасӣ ва масъалагузорӣ мекунанд. Низоми жанрии маводи публитсистӣ бо таъсири баъзе омилҳо, ба мисли навъ ва сатҳи нашрия, махсусиятҳои аудиторияи он, даврияти нашрия ва ҳайати эҷодии редаксия, ҳамзамон сатҳи касбияти рӯзноманигор, манфиатҳои эҷодии ӯ, дарки нақши жанр ва хусусиятҳои он ташаккул меёбад.
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»