Имрӯз дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” миёни омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” даври аввали мусобиқа доир шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид.
Зимни суханронӣ муовини ректор иброз намуд, ки қабул гардидани пешниҳоди кишвари мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад, боиси ифтихори кулли ҷавонони кишвар аст.
“Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба расман эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳонии Футбол», таъкид намуданд, ки «Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад”, – афзуд Ҳамдамзода Хурсанд Акбар.
Сипас, Маҳмадкарим Шарифов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор дошт, ки ҳамасола дар асоси нақшаи корӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар робита ба ин, Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав ба хотири солимии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” байни омӯзгоронону дишҷӯёни донишгоҳ таъсис дода шудааст. Бинобар ин, пешниҳоди “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” дурандешона ва беҳтарин иқдоми наҷиб буда, ба рушди футболи тоҷик мусоидат менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” аз 23-юми апрел то 23-юми майи идома карда, беҳтаринҳо муайян ва бо мукофоти таъсисдодаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мешаванд.



