Рушди аксарияти кишварҳои ҷаҳон аз ҷалби сайёҳони ватаниву хориҷӣ вобастагии зиёд дорад. Тавре муҳаққиқ Н.В. Пивоварова навиштааст: «Сайёҳӣ бе рафту омад, бе гузариши ҳудудӣ ва сайру саёҳат, ки аз давраҳои қадим одамон ба он эҳтиёҷ доштанд, номумкин аст.
Тавре ки сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ҳатто то давраи мо саёҳат дар ҳудуди гузаштагони халқи тоҷик падидаи маъмул будааст». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари таъмини рушди босуботи бахшу соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба барқарор намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ин замина Қонуну Барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Бо мақсади татбиқисанадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби шаҳрвандони дохилу хориҷи мамлакат тадбирҳои зиёде андешида шудаанд, ки дар раванди инъикосу баррасии он нақши воситаҳои ахбори омма назаррас мебошад.
Журналистика ҳамчун ниҳоди бузурги иттилоотӣ дар инъикоси тамоми бахшу соҳаҳо, бавижа имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ нақши арзишманд дорад. Ҳамин аст, ки мавқеи он дар ҷомеа рӯз то рӯз бештар мегардад.
Чунончӣ М.Ф. Ненашев менависад: «Воқеияти таблиғот барои он лозим аст, ки он василаи аз байн бурдани тафриқа байни сухан ва кор буда, ба воситаҳои ахбори омма эътимод ва бовариро меафзояд. Имрӯз яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа барқароркунии боварии ҷомеа ба таблиғот аст».
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим буда, дар муаррифӣ ва пешрафти дигар соҳаҳо мусоидат мекунад. Қайд намудан зарур аст, ки дар тамоми Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ” Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ба вазъи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ мегардад. Дар суханрониҳои Сарвари давлат дар баробари пешрафти соҳаи сайёҳӣ мушкилоти мавҷуда низ баррасӣ мегардад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри дар соли 2022 дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Чунончӣ дар Паём зикр гардида буд: «Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад. «Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад».
Масъалагузориҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат оид ба соҳаи сайёҳӣ ва бозтоби он дар матбуоти даврӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои рӯзмарраи кори таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт агарчӣ баъзе рисолаву мақола ва таълифоти илмӣ ба вуҷуд омада бошад ҳам, онҳо кам ва паҳлуҳои соҳаро пурра дар бар намегиранд. Аз ин рӯ, таҳқиқи мавзуи мазкур рӯзмарра мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар таърихи 28 декабри соли 2023 дар баробари таҳлили дигар бахшу соҳаҳо ба соҳаи сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ намуда, зикр доштанд, ки: «Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Вале таъкид менамоям, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд».
Воситаҳои ахбори омма ҷиҳати иҷрои ин ҳама супоришҳо ва инъикоси масъалаҳои соҳа маводи журналистӣ таҳия менамоянд, ки онҳо фарогири паҳлуҳои соҳаи сайёҳӣ мебошанд. Ба таъбири профессор М. Муродов: «Нақш ва таъсири матбуот дар кора гардидани орзуву омоли мардум, сарфаҳм рафтан ба ҳастии маънавии шахс ва халқ басо нишонрас аст». Маводи журналистӣ ба афкори омма таъсири амиқ мерасонад.
Дар шароити мураккабу печидаи буҳрони иқтисодӣ рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сокинони хориҷӣ ба кишвар ҳамчун василаи муаррифӣ ва таҳким бахшидани иқтидори иқтисодӣ пазируфта шудааст. Воситаҳои ахбори омма дар муаррифии имконияҳои сайёҳӣ нақши калон доранд. Яке аз расонаҳои хабарии кишвар нашрияи «Ҷумҳурият» мебошад, ки дар саҳифаҳои он пайваста матолиби ба соҳаи сайёҳӣ алоқаманд нашр мешавад.
Дар нашрияи мазкур намояндагони касбу кори гуногун, аҳолӣ ва сайёҳони хориҷӣ таассуроту нуктаҳои дар зеҳнашон оид ба вазъи соҳаи сайёӣ бавуҷудомадаро дар шаклҳои гуногун баён намудаанд. Нуралӣ Нурзод зимни омӯзиш ва таҳқиқоти зиёд дар мақолае зери унвони «Тоҷикистон. Қаламрави таърихии рушди сайёҳӣ» ба хулосае меояд, ки сарзамини тоҷикон макони таърихии сайёҳӣ мебошад. Ба ин сарзамини аҷдодӣ миллионҳо сайёҳон омада, бо таассуроту хотираҳои фаровон ба кишварҳои худ баргаштаанд.
Чунончӣ дар мақола мехонем: «Воқеан ҷуғрофиёи Тоҷикистони имрӯза дар гузашта низ яке аз қитъаҳои асосӣ ва меҳварии Шоҳроҳи бузурги абрешим буда, хати ҳаракати аксари сайёҳону мусофирон аз манотиқи мухталифи кишвари мо мегузашт. Мавҷудияти ахбори муҳим дар китобҳои «Бобурнома»-и Бобур Мирзо, «Рӯзномаи сафар ба Самарқанд»-и Руи Гонсалес де Клавихо, «Тоҷ-ут-таворих»-и Амир Абдураҳмонхон, «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир ва амсоли ин аз бозгӯи ҳақиқати ин амр ба шумор меравад». Дарвоқеъ, сарзамини ниёгонамон маҳз бо табиати зебо, обҳои мусаффо, таъриху фарҳанги пурғановат, расму оинҳо, тарзи рӯзгордорӣ, шуғл ва дигар воситаҳои таъсирпазир диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Маводи дигар, ки дар саҳифаи нашрияи «Ҷумҳурият» зери унвони «Сайёҳии корӣ ” воситаи пешбурди саноати сайёҳӣ» аз ҷониби Шаҳноз Қурбон рӯйи чоп омадааст боиси таваҷҷуҳи мо гардид. Муаллиф дар мавод аз вазъи соҳаи сайёҳӣ ва аҳаммияти рушд бахшидани он ҳарф зада, таъкид мекунад, ки он пешрафи соҳаи боиси таҳким ёфтани иқтисоди миллӣ мегардад. «Қаблан миқдори сафарҳои кории байналмилалӣ дар як сол тақрибан ним миллион буда, тибқи пешгӯиҳо, соли 2020 ин рақам се баробар афзуда, ба 1,6 миллиард сафар хоҳад расид. Таносубан, гардиши асъор ҳам афзоиш ёфта, ба андешаи коршиносон, ҳудудан 2 триллион доллари ИМА-ро ташкил едиҳад». Тавре маълум мегардад, рушди соҳаи сайёҳӣ пеш аз ҳама воситаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ мегардад.
Сайёҳӣ аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятнок буда, дар баробари даромади иқтисодӣ дар муаррифии таъриху фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ ба ҷаҳониён нақши калон дорад. Соҳаи мазкур солҳои охир дар кишвар рушд намуда, дар баробари беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа садҳо нафар сокинони кишвар аз ин ҳисоб зиндагии худро беҳтар менамоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи сайёҳӣ пайваста дастуру супоришҳо медиҳанд, ки ҷиҳати рушди соҳаисайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои татбиқи босамари санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Барномаву Консепсияҳо аз имкониятҳои мавҷуда истифода кунанд. Чунончӣ зимни ироаи Паёми навбатӣ ҳам ба ин паҳлуи масъала таваҷҷуҳ намуда, зикр дошта буданд: «Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур аст, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.
Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад».
Дар Паёмҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ҳамеша баррасӣ мегардад, ки ин аз аҳамияти рӯзмарра доштани соҳа дар шароити бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ва таъмину устувории иқтисодӣ миллӣ дарак медиҳад.
С. Шарипов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
Н. Ғаниева,
Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (шаҳри Левакант)