Имрӯзҳо дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” миёни омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” мусобиқаи варзишӣ ҳамарӯза миёни дастаҳо баргузор гардида истодааст.
Ин навбат, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ аз ҷараёни бозӣ дидан намуд.
Зикр кард, ки Раёсати донишгоҳ ба хотири солимии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” байни омӯзгоронону дишҷӯёни донишгоҳ таъсис дода шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” аз 23-юми апрел то 23-юми майи идома меёбад.



