Имрӯз, 24 апрели соли равон гурӯҳи корӣ иборат аз Мирзозода М.Ш.-мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети молиявию иқтисодӣ ва Боев С.Г.- мудири кафедраи методикаи таълими факултети техникӣ ва технологии ДДБ ба номи Носири Хусрав, тибқи супориши роҳбарияти донишгоҳ Маркази таълимии касбомӯзии ноҳияи Хуросонро мавриди санҷиш қарор гирифт. Санҷиш аз руи нақшаи пешакӣ тартибдодашуда гузаронида шуд.
Назари санҷиш маълум кард, ки гирду атрофи бинои таълимии марказ ободу зебо гардонида, саҳни онро дарахтҳои соядиҳанда ва гулбуттаҳо бо шукуфтанҳо ва сабзазорҳо оро додаанд.
Синфхонаҳои касбомӯзӣ бо майли баланд ҷиҳати омӯзиш омода гардида, дар синфхонаи таълимии дӯзандагӣ мошинаҳои касбии дӯзандагӣ, дар синфхонаҳои кафшергарӣ, дуредгарӣ, барқию газӣ асбобу анҷомҳои таълимӣ, дастгоҳҳои дуредгарӣ, челонгарӣ, тарошкорӣ ва бофандагӣ насб шудаанд, ки аз ҳолати омодабошии марказ барои таълимдиҳии касбомӯзон далолат медиҳанд.
Курси омӯзишӣ муддати як моҳро дар бар гирифта, баъд аз ба итмом расидан касбомӯзон бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда таъмин карда мешаванд.


