Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба навъҳои соҳаи сайёҳӣ бахусус сайёҳии кӯҳӣ дар мамлакат диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки: «Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст. Вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад». Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Дар шароити рушди босуръати илму техника ва гузариши соҳаҳои афлалиятноки мамлакат бахусус соҳаҳи сайёҳӣ ба иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия, ҳамзамон тарғибу инъикоси масзеъҳои сайёҳии дохилӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳимро касб намудааст.
Махсусан қайд намудан мумкин аст, ки дар самти тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ ва инъикосу баррасии масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ махсусан сайёҳии кӯҳӣ нақши ВАО, бахусус матбуоти даврӣ арзанда аст. Қобили зикр аст, ки пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Ватани маҳбубамон мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Сайёҳати куҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ ба шумор меравад, зеро кишвар бо куҳҳои баланд ва манзараҳои табии зебояш машҳури оламиён гардидааст. Тоҷикистон дорои чандин қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ мебошад, ки таваҷҷӯҳи куҳнавардонро аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ҷалб мекунад.
Дар ҳудуди кишвар қаторкуҳои машҳур аз қабили Помир, Ҳисор ва Зарафшон ҷойгир шудаанд, ки барои сайёҳати куҳӣ ва куҳнавардӣ имкониятҳоифаровон фароҳам меоранд. Куҳнавардӣ дар мамлакат на танҳо як намуди варзиш ё сайёҳат, балки воситаи шиносоӣ бо табиати нодири кишвар мебошад. Бояд гуфт, кияке аз кӯҳҳои номдор ва қуллаи баландтарин дар Осиёи Миёна „ ин қуллаи Исмоили Сомонӣ ба ҳисоб рафта, соли 2014 маҷаллаи «Forbes» онро ба руйхати 14 макони ғайриоддии собиқ кишварҳои шуравӣ, инчунин маҷаллаи «Топ – 100» кӯҳҳои Помирро ба рӯйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд. Дар айни замон куҳнавардӣ ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш эътироф шуда, ҳар сол ҳаводорони зиёде пайдо мекунад. Сайёҳии куҳӣ ва куҳнавардӣ як қадами муҳим барои барқарор намудани тарзи ҳаёти солим гардидааст. Инак ин намуди сайёҳӣ дар баробари варзиши касбии соҳа бо маром рушд карда ба яке аз машғулиятҳои дустдоштаи миллионҳо нафар мардуми сайёра дониста мешавад.
Сайёҳии кӯҳӣ яке аз навъҳои ҷолиб, серталабот ва ояндадори соҳа маҳсуб ёфта, солҳои охир афзалияти бештар касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кофии рушди сайёҳии кӯҳӣ дошта, метавонад дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 дарсадро кӯҳсор ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нисфи ҳудуди кишвар дар баландии беш аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр) нуқтаи баландтарини он маҳсуб меёбад. Барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир шуда, дар он кӯҳнавардон аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Украина, Германия, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Франсия, Шведсия, Дания ва Австрия ширкатмеварзанд.
Кӯҳҳои баланд, пиряхҳои бузург, кӯлҳои зиёд, ҳайвоноту наботот, обҳои минералию нарзании хунуку гарм, ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ, манзараҳои зебо, ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ барои сайёҳии кӯҳӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Кӯҳнавардӣ, шухпаймоӣ, рафтинг, пиёдагардӣ дар кӯҳҳо аз бахшҳои афзалиятноки сайёҳии кӯҳӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд. Аксари сайёҳон маҳз ба хотири боздид аз кӯҳҳои сар ба фалак ва зебогиҳои табиат ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Дар баробари ин гуфтан мумкин аст, ки дар қатори 10 давлати ҷолибтарин барои тамошои сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, ба 10 роҳи зеботарини дунё ворид намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ ворид шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид дохил шудани ҷумҳурӣ далели дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ мебошанд.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат чунин ташаббусҳои созандаро идома дода, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, инчунин бунёди инфрасохтори таҳсилӣ барои омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ мегарданд.
Онҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойи кори холӣ нигаронида шудаанд».
Дар ин баробар гуфтам мумкин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди он тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуданд. Дар пайи он сохтмони як қатор иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар Тоҷикистон якчанд стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешаванд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Дар асоси Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Дар соли 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда хоҳад шуд. «Саҳми сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ назаррас буда, сайёҳӣ ҳамчун меҳвари таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳру минтақаҳои дурдасти мамлакат нақши муҳим дорад. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, имтиёзҳои махсуси андозию гумрукӣ ба рушди инфрасохтори сарироҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, маҷмааҳои сайёҳӣ мақсаднок равона шуда, инчунин шароит ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ барои ташаккулёбӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқлим ва табиати беназир мебошанд, фароҳам оварда шудааст. Муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфтааст ва ҷойҳои кори таъсисдодашуда ташаккул ёфтани табақаи миёнаи аҳолиро дар деҳот таъмин мекунанд».
Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки ҳиссаи шуғлнокии аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ бояд то соли 2030-ум 10,0 фоизро аз шумораи умумии аҳолии машғули кор ташкил диҳад ва дар ин замина саҳми соҳаи сайёҳӣ дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то ба 8,0 фоиз расад. Дар айни замон, мувофиқи маълумоти фаврӣ (пешакӣ) ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ташаккули ММД-и кишвар ба 2,8 фоиз расидааст ва ин нишондиҳанда сол аз сол
афзоиш меёбад.
Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти муҳим доштани рушди соҳаи сайёҳии кӯҳӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекор мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки нақши Воситаҳои ахбори омма дар пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ватанӣ ва ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Ватани маҳбубамон мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Азиззода Баҳриддин,
сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»