Самаранокии консепсияи амнияти миллӣ бо инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯз аз рӯз бештару беҳтар гардида, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо низоми озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрванд дастовардҳои фарҳангии тӯли таърих ба даст овардаи миллати тоҷикро рушд медиҳанд. Талаботи амниятии инсон, ки нисбат ба дигар талаботҳояш ҳама вақт диди нав ва усулҳои навро металабад, пайдоишаш ҳанӯз аз тавлиди инсон то охири умр унсури асосӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, тарҳҳои амниятие, ки дар давраи асримиёнагӣ ба мисли «Бораи Бухоро», Қалъа ва ё Диж вуҷуд дошт, дигар дар замони муосир ба кор намеравад.
Асоси ҳар як миллатро, ки фардҳо ташкил медиҳанд, мо аввал масъалаи амнияти ҳувияти фардро дар ҷомеаҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор додаем. Азбаски пайваста мураккабшавии муҳити табиӣ, иҷтимоӣ ва ахборотӣ ба ҳувияти инсони муосир бетаъсир нест, ҳамарӯза дари ҳувияти фарди замонро равандҳои нави иҷтимоӣ – фалсафӣ ба мисли постмодернизм, ҷаҳоншумулӣ, деглобализатсия ва ғ. мекӯбанд. Дар маҷмӯъ, ивазшавии босуръати технологияҳои комунникатсионӣ ва пайдо шудани имкониятҳои нави фишор овардан ба инсон масъалаи ҳувияти фарди миллиро боз ҳам мубрамтар мегардонад.
Агар имкониятҳои фарди муосирро ба инобат гирем, пас на ҳама фардҳои миллӣ ба фишорҳои гирдоби он тоб оварда, ҳувияти хешро нигоҳ дошта метавонанд.
Арзишҳои наве, ки ба вуҷуд омада истодаанд, баъзеашон куллан ба муқобили арзишҳои суннатии тоҷикон баромад менамоянд. Агар ба умқи масъалаи моҳияти инсон фурӯ равем, пас мебинем, ки «Ман» – и инсони муосир, махсусан ҷавонон ва наврасон зиёдтар зери таъсири «Вай» монда, унсурҳои таъсиргузори «Фавқулман»-ро қариб, ки барҳам зада истодаанд. Яъне таҷрибаи андӯхтаи таърихӣ ва дастовардҳояш арзиши хешро аз даст медиҳанд ва ё бо сабаби ба вуҷуд омадани меъёрҳои нави иҷтимоӣ камарзиш мегарданд, ки ба ҳувияти ӯ таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар ин ҳолат ҳувияти инсонро на дар рафтораш, на дар ҷавобҳояш, балки дар мухолифатпазирии нақлии (нарратив) фардии вай ҷӯё бояд шуд.
Адабиётҳои илмиро таҳлил намуда, хулоса кардан мумкин аст, ки ба инсони миллӣ хатарҳои зиёд таҳдид менамоянд, ки якчандтои он таҳдидҳои бунёдӣ ба
ҳувияти инсони миллӣ маҳсуб меёбанд:
1. Дур шудан аз муҳити иҷтимоии наздиктарин, ки дар он ҳувияти миллии фард бояд ташаккул ёбад, мавқеи онро олами виртуалӣ бамаротиб маҳдуд менамояд.
Инқилоби илмҳои техникӣ шурӯъ аз нимаи дуюми асри XX тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониро фаро гирифта, сарҳади давлатҳои миллиро ахбор убур намуда, ба равандҳои ташаккули миллат басо таъсиргузорӣ карда, дар шуури одамон фазои ҷаҳоншумулиро бунёд намудааст. Албатта давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубрамияти ин масъаларо дуруст дарк намуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи телевизионҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба 72 – адад расонида, шумораи сомонаҳо ва ё торномаҳои миллиро зиёд намуданд. Вале нисбат ба навиштаҷот аксарияти мардуми мо ба расм ва видеоҳои тарғибгаронаи иддаи сабукандешу зоҳирпараст бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба қавле ин бозорро гарм месозанд.
Бинобар ин, моро мебояд дар ин самт корҳоро суръати нав бахшида, блогеронеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарбия намоем, ки ҳувияти миллии баланд дошта, урфу одат ва забони миллиро дар сатҳи зарурӣ медонанд. Ва доираи он блогеронеро, ки ба шаъну шарафи миллат латма мезананд, бо ҳар роҳу восита маҳдуд бояд кард;
2. Дур шудан аз анъанаҳои гузаштагони хеш аксарияти инсонҳои муосирро ба «махлуқ»”е мубаддал гардонидааст, ки ахбори паҳнкардаи ВАО, интернет ва ё шабакаҳои иҷтимоиро дуруст ҳазм карда натавонанд, зеро бешак, он манфиати паҳнкунандаро фаро мегирад, на ҷомеаҳои миллиро. Махсусан бо тарғиби постмодернизм инсоният дар замони ҳукмронии интернет қарор гирифта, дур нест, ба «марги инсон» шоҳид шавем. Албатта ин маънои онро дорад, ки бархеҳо ҳастии анъанавии табиӣ – таърихии”инсонро инкор карда, олами маънавию предметии гузаштагони хешро, ки дар заминаи онҳо айни замон зиндагӣ доранд, ба фаромӯшӣ баранд. Аз ин нуқтаи назар, мо айни замон дар муборизаи байни фарҳанги «миллат» ва фарҳанги «космополит» қарор дорем, ки ғолиб омадан дар ин мубориза аз ҳар як фарди баору номуси тоҷик масъулияту садоқати баланди ватандорӣ талаб менамояд;
3. Дур шудан аз арзишҳои исломи асл боиси костагии ҳувият мегардад. Чуноне дар моддаи 26 – и Конститутсияи ҶТ омадааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Ба ҳамагон маълум аст, ки аксарияти мардуми тоҷик зиёда аз ҳазор сол пайрави равияи суннии ҳанафии дини ислом ва шумораи каме шиъаи исмоилия мебошанд. Мусулмонони Осиёи Марказӣ анъанаи бойи давлатсозиро дошта, барои гирифтани таҷрибаи шубҳаноки дигарон таваҷҷуҳу эҳтиёҷ надоранд. Илова бар ин, мазҳаби ҳанафия принсипи таҳаммулпазириро васеъ истифода мебарад. Мактаби тасаввуф ва махсусан нақшбандия (аксарияти мардуми тоҷик пайрави ин мактабанд) бо таҳаммулпазирии худ аз дигарон фарқ мекунад.
Агар таърихи тоҷиконро варақ занем, мо ягон маротиба бар зидди дигарон шамшер накашидаем ва мардуми мо ягон вақт исломи тундгароро дастгирӣ нанамудааст, аммо мутаассифона баъзе бо ном «тоҷикони нав» кӯшиш менамоянд, ки сутуни ҳувияти динии моро бо андешаҳояшон аз ҷояш ҷунбонанд. Манзури мо, аз тарафи баъзе аз ашхос паҳн намудани андешаҳои «салафия», «бародарони пок», «шоҳидони яҳво» (дар Тоҷикистон тарғиби онҳо мувофиқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст) ва ғ. мебошад. Агар ба умқи андешаҳои онҳо назар андозем, мебинем, ки мафҳуми миллат ба маънои имрӯзааш барои онҳо бегона мебошад ва умуман онро эътироф намекунанд. Пас, агар аз болои андешаҳояшон пардаро бардорем, маълум мегардад, ки бо ҳар роҳу восита мардуми тоҷикро ба гумроҳӣ бурда, манфиати кадом як ширкати фаромиллӣ ва ё хоҷагони хориҷиашонро дар Тоҷикистон амалӣ карданӣ мешаванд.
4. Офаридани инсони «оянда» – трансгуманизм, тадқиқотҳои солҳои охир аз тарафи лабораторияҳои баъзе аз давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки олимон аллакай мехоҳанд ба табиати инсон таъсир расонанд. Доир ба ин масъала физики машҳури охири аcри XX ва аввали асри XXI Стивен Хокинг ёдоварӣ мекунад, ки дар ояндаи наздик инсоният метавонад маълумотҳои ДНК ” и фарзандон ва наздикони худро иваз намоянд. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки дорои хотираи рушдёфта, ақли расо, масунияти баланд ва организми дарозумриро таъмин намояд. Моҳиятан волидони сарватманд метавонанд мустақилона бо роҳи таъсир расонидан ба ДНК ҳаёти минбаъдаи фарзандонашро муайян намоянд. Барои инсони имрӯза тавлиди кӯдак бо роҳи бордоркунии сунъӣ (ЭКО) муъҷиза ҳисоб намешавад, зеро бо ин усул аллакай миллионҳо одам дар дунё таваллуд шудаанд, ки дар Тоҷикистон низ чунин марказ бо номи «Насл» солҳост фаъолият мекунад.
Тавассути ин усул бемориҳои ирсии мудовими наслӣ ба фарзанд намегузарад, ки нисбат ба бордоршавии табиӣ бартарӣ пайдо мекунад, зеро генҳои варшикаста интиқол намеёбанд ва тавлидшавии фарзанди солимро кафолат медиҳанд. Усули дигари тавлиди фарзанд истифода бурдани модарҳои донор (модари сурогатӣ) мебошад, ки тухмҳуҷайраҳои шахсони тамоман бегонаро (зану марди дигарро) зани дигар бордор шуда, таваллуд мекунад – ин усул низ дар Тоҷикистон истифода гардидааст.
Усули дигари тавлиди кӯдак – клон ба ҳисоб меравад, ки лабораторияҳои пешрафтаи дунё онро коркард намудаанд ва таҳқиқотҳо дар ин соҳа идома доранд. Таҳқиқоти охирини аҷиб дар ин соҳа трансгуманизм (мафҳуми лотинии trans ” пешоянд, ифодакунандаи гузариш, тағйирёбии инсон) консепсияи фалсафии истифодабарандаи пешравиҳои илму техника баҳри зиёд намудани имкониятҳои ақлӣ ва биологии инсон бо мақсади аз байн бурдани бемориҳо, тез пир шудани организм ва дарозумр кардани он мебошанд.
Трансгуманистон тадқиқотҳои худро босуръат идома дода истодаанд. Дар моҳи марти соли 2023 зиёда аз ҳазор нафар олимону сарватмандони бонуфузи олам пешниҳодеро имзо намуданд, ки дар таърихи башарият беҳамто мебошад, онҳо дар ин ҳуҷҷат талаб намуданд, ки тадқиқотҳо барои зеҳни сунъӣ ақаллан барои шаш моҳ боздошта шаванд. Мақсади ниҳоии трансгуманистон дар он аст, ки мавҷудот ва ё техникаеро (робот) бояд биофаранд, ки имкониятҳои зеҳниаш аз қобилияту маърифати инсони имрӯза зиёдтар бошад, яъне бо ибораи дигар ба кори худованд таъсиргузор гашта истодаанд. То кадом андоза муваффақ мегарданд, вақт нишон медиҳад.
5. Дар натиҷаи зиёд гардидани нуфузи интернет, ҷаҳоншумулӣ ва деглобализатсия нақши идеалҳои миллӣ баҳри ташаккули ҳувияти миллии наврасону ҷавонон аз байн рафта истодаанд. Айни замон дар байни наврасон ҳунармандон ва гурӯҳҳои эстрадие ҳамчун идеал қабул гашта истодаанд, ки ҳувияти ҷинсиашон номуайян ва ё ғайрианъанавӣ мебошад. Масалан, ҳунармандони ҳоливуд Нил Патрик Ҳаррис, Ҷим Парсонс, Джоди Фостер, Эндрю Скотт ва ғайраҳо робитаҳои ғайрианъанавиро пайравӣ мекунанд ва гурӯҳҳои эстрадии BTS, Blackpink, K/DA, Stray kids, Little Big ва ғайраҳо баҳри ҷалб намудани аудиторияи зиёд дар байнашон нафарони дорои муносибатҳои ғайрианъанавиро ҳамроҳ намудаанд ва ин гуна одамонро барои наврасон тарғиб мекунанд.
Албатта ҷомеаи миллии тоҷикон ҷомеаи суннатӣ буда, равияҳои ғайрианъанавиро қабул надоранд, аммо бо ҳар роҳу восита наврасони моро «ҷомеаи капиталистӣ психологияи мардумро дигар карда, майл ба анъаноти ғарбӣ мебарад».
Шашум авҷ гирифтани шаклҳои нави ҳувият дар байни афроди миллӣ ба космополит ва шахси маргиналӣ. Космополитизм (ка. юн. kosmopolitmes -шаҳрванди олам) равияи нав дар фалсафа ба ҳисоб наравад ҳам, дар замони муосир тарафдоронаш хело зиёд гардида истодаанд. Намояндагонаш ба дигарон таълим медиҳанд, ки аз урфу одат, анъана, фаҳанг, дин, ҳисси ватандӯстӣ, даст кашидан аз истиқлолият ва давлати миллиро тарғиб намоянд. Барои миллати тоҷик, махсусан муҳоҷирони мо тарғиби ин андешаҳо хело хатарнок аст, зеро онҳо метавонанд, ки дар шаҳрҳои калон тез ҳазм шуда, тамоми тоҷикияти хешро аз даст диҳанд.
Масъалаи шахси маргиналӣ (кал. лот. margo”канор) низ барои давлатҳои миллӣ мисли Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҳассоситарини фалсафаи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир миллатеро ёфтан ғайриимкон аст, ки бо намояндагони дигар миллатҳо оила барқарор накунанду соҳиби фарзанд нагардида бошанд ва тоҷикон низ истисно нестанд. Фарзандоне, ки падар ё модарашон тоҷик мебошанд, баъзан ба ҳолатҳои ногувор меафтанд, ки худро аз намояндагони миллат канор гирифта, боиси рӯҳафтодагиашон мегардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин масъалаҳо диққати махсус диҳем, зеро баъд аз истиқлолият никоҳи тоҷикони муҳоҷир дар ФР ва дигар давлатҳо хело зиёд гардидааст. Барои баланд бардоштани ҳувияти миллии фарзандони онҳо мо бояд механизмҳои махсусро коркард намоем. Мумкин аст, ки дар байни онҳо олимони варзида, варзишгарони касбӣ мутахассисони сатҳи баланд пайдо гарданд ва миллати тоҷикро дар байни дигар миллатҳо муаррифӣ намоянд.
Дар замони муосир ба давлатҳои миллӣ унсурҳои манфии зиёд таҳдид менамоянд, бинобар ин, вақте расидааст, ки бояд ҳар як фарди бошуури ҷомеаи тоҷик бар зидди ҳама гуна унсурҳои манфии бегона муборизаи беамон баранд. Зеро: «Ҳама гуна сохтор ва низом то ҳамон вақте самаранокии худро нигоҳ дошта метавонад, ки дар худ боварӣ ва эътиқод нисбат ба қонун ва меъёрҳои иҷтимоии ӯро идоракунанда, вайро фаро гирифтаанд».
Сохторҳои марбутаро мебояд дар ин бобат самаранокии кори худро дучанду ҳатто вобаста ба зарурат даҳчанд намоянд. Илава бар ин, яке аз институтҳои асосии таъсиркунанда ба шуури одамон ВАО ба ҳисоб меравад.
Моро мебояд, ки корро дар ин самт ҷоннок намоем ва тавассути барномаҳои илмии таҳлилӣ унсурҳои ҳувияти миллиро дар намояндагони миллати тоҷик устувортар намоем, то ин ки онҳо тавонанд ба хатарҳои замони муосир тобовар бошанд.
Н. Сарфарозова,
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон