Дар замони муосир ВАО дар идораи афкори аҳли ҷомеа нақши муҳиммебозанд. Миёни воситаҳои зиёди таблиғотӣ, филмҳои мустанади этнографӣ ва махсусан филмҳои мустанаде, ки ба мавзуъҳои мероси фарҳангӣ бахшида шудаанд, метавонанд ба таври муассир барои таҳкими ҳувияти миллии фарҳангӣ дар сатҳи ҷомеа замина гузоранд.
Фарҳанг яке аз вижагиҳоест, ки инсонро аз ғайриинсон ҷудо мекунад ва ҳамин чиз боиси тамоизи ӯ аз соири мавҷудоти дигар мегардад. Дарвоқеъ, фарҳанг сабаби комил шудани инсон аст.
Аз нигоҳи аксари муҳаққиқону коршиносон, ироаи таърифи ягонаи «фарҳанг» кори басо мушкил аст, зеро фарҳанг як категорияи мураккаб ва баҳсбарангез аст. Аммо шояд метавон гуфт, ки таърифи классикӣ ва маъруфифарҳанг ҳамонест, ки инсоншинос (антрополог)-и инглис Эдвард Тейлор дар оғози китоби худ оид ба фарҳанги ибтидоӣ овардааст: «Фарҳанг ё тамаддун ин як маҷмӯи бо ҳам омехтаест, ки дониш, дин, ҳунар, ҳуқуқ, ахлоқ, расму оин ва ҳама гуна қобилияту одатҳоеро дар бар мегирад ва инсон ҳамчун узви ҷомеа онро ба даст меорад».
Ба гуфтаи Эрик Эриксон, «ҳувият посух ба ин савол аст: “Ман кистам?”. Дар луғати Оксфорд “ҳувият” ба маънои «чистӣ ва кистии фардёд шудааст. Ҳувият яъне ҷанбаи мушаххаси фард ё гурӯҳе, ҷанбаи мушаххасе, ки дар ман аст ва дар ҳеҷ инсони дигаре нест.
Дар байни навъҳо ва усулҳои гуногуни расонидани иттилоот ба мухотабон тавассути расонаҳо, филми ҳуҷҷатӣ як равиши вижаи муассир ба шумор меравад.
Истилоҳи филми ҳуҷҷатӣ аз калимаи фаронсавии “Documentaire” гирифта шудааст. Калимаи “мустанад” бори аввал аз ҷониби Ҷон Гриерсон барои тавсифи филми “Моана – 1926”, ки аз ҷониби Роберт Флаэрти таҳия шудааст, истифода гардидааст. Ҷон Гриерсон филми ҳуҷҷатиро “тафсири эҷодии воқеият” номидааст. Гриерсон муътақид буд, ки филми ҳуҷҷатӣ метавонад ба унвони як воситаи муассир барои муаррифии фарҳангҳо ва омӯзиши онҳо истифода шавад.
Филмҳои ҳуҷҷатӣ маъмулан бо аксарияти ҷомеа ва оммаи васеъ иртибот барқарор мекунанд ва ин мавзуи ҷолиб ва баҳсбарангезест, ки дар эҳсоси масъулияти иҷтимоии бархе аз таҳиягарони филми мустанад дар назди ҷомеа реша дорад. Ба андешаи Гриерсон, аввалин ва муҳимтарин корбурди филми мустанад он аст, ки вай руҳияи шаҳрвандонро ба таври пурмазмун ба раванди умумии иҷтимоӣ дигаргун месозад. Розентал низ чунин мешуморад, ки корбурди асосии филми мустанад ин аст, ки дар муқоиса бо дигар бахшҳои ВАО амиқтар ва аз нуқтаи назари интиқодӣ бештар ба таҳқиқи саволҳои душвору мураккаб бипардозад.
Комилан мушаххас аст, ки филмҳои мустанад солҳои охир кӯшиш мекунанд, ки як вижагии муҳиму асосӣ дошта бошанд ва он тавоноии ҷалби тамошобинони зиёд доштан аст. Тавлиди филмҳои ҳуҷҷатии шабакаҳои телевизионие, аз қабили History, BBC, National Geographic, Discovery, ZDF дар саросари ҷаҳон тамошобинони зиёде дорад ва истиқболи рӯзафзуни тамошобинон аз онҳо низ баёнгари ин матлаб аст.
Аз назари муҳаққиқону коршиносони соҳа имкониятҳоеро, ки филми мустанади этнографӣ барои расонидани паём ба тамошобин баррасӣ мешаванд, метавон дар 10 банд ҷамъбаст кард.
1. Филми мустанади этнографӣ бар асоси воқеият аст: мисли ҳама филмҳои мустанад, филми ҳуҷҷатии этнографӣ низ дар асоси воқеият таркиб ёфтааст ва ин муҳимтарин тафовут байни филми мустанад ва филми бадеӣ маҳсуб меёбад. Андешаи Ҷон Гриерсон, ки филми мустанадро ҳамчун тафсири эҷодии воқеият таъриф мекунад, қобили қабул ва баҳснопазир аст.
Филми мустанад ростгӯтарин навъи филм аст. Дар филми мустанад тамошобин барои шунидани ҳарфи рост (воқеӣ) ба тамошои асар мешинад ва филми мустанад он замон тамошобини худро аз даст хоҳад дод, агар бинанда эҳсос кунад, ки дар ин филм ба ӯ дурӯғ мегӯянд. Гоҳе мумкин аст, ки филми ҳуҷҷатӣ дуруғ нагуяд, аммо росташро ҳам нагуяд ва ин навъи пешниҳоди ҳақиқат навъе аз дуруғ аст, ки тамошобини огоҳро ҷиҳати дастёбӣ ба ҳақиқат ба самти расонаҳои рақиб ҳидоят мекунад.
2. Ба асноду мадорики муътабар такя мекунад: филми мустанади этнографӣ бо истифода аз асноду мадорики боэътимод муассиртар шуда, барои тамошобин хотирмону арзишманд мегардад.
Дар филми мустанад, агар хоҳем, ки ба бинанда чизеро исбот кунем, бояд он қадар далелу мадорик биёварем, ки ӯ дар асоси далел натиҷаи андешаи моро ҳамчун муаллифи филми мустанад пайдо кунад. Муносибати эмотсионалӣ ба мавзуъ ва адами баёну пешниҳоди далелҳо бинандаро қонеъ намекунад.
3. Нақши омӯзишии филми мустанади этнографӣ: чунон ки маълум аст, яке аз хусусиятҳо ва тафовутҳои филми мустанад аз филми бадеӣ дар он аст, ки нақш ва коркарди омӯзишӣ дар он бартарӣ дорад ва ин таъкид бар омӯзиш ва интиқоли мафҳумҳову иттилоот аст, ки аксар вақт тамошобини махсусро ба худ ҳамроҳ месозад.
Филми ҳуҷҷатӣ дорои як раванди омӯзишӣ буда, бо тафаккур алоқаманд аст. Аз ин рӯ, тамошобинон ҳангоми намоиш метавонанд нафароне бошанд, ки сатҳи огоҳӣ ва иттилооти худро тақвият диҳанд. Умуман, дар филмҳои мустанади таърихию бостоншиносӣ вазифаи омӯзишии онҳо аввалиндараҷа аст. Ин омӯзиш метавонад дар сатҳҳои гуногун ва ба шакли умумӣ ё махсус бошад.
Тафовути дигари филми мустанад аз синамои бадеӣ дар эҷоди фикр ва ифшои он дар зеҳни тамошобин аст. Дар филми бадеӣ ҷанбаи тафреҳӣ бартарӣ дорад, аз ин рӯ ба истилоҳи синамоӣ мухотабони филми ҳуҷҷатӣ фарҳехтагонанд ва касе дар пои филми мустанад менишинад, ки дар ҷустуҷӯи бозёфтҳо ва иттилооти нав аст.
4. Эътимоднокии баланди филмҳои мустанад: филми мустанади этнографӣ, ки аз воқеият сарчашма мегирад, тамошобин бо эътимоди бештаре онро нигоҳмекунад ва ин дар афкори мардум таъсири хоса дорад.
5. Таҳкими сатҳи дониш ва огоҳии тамошобин ба шеваи эстетикӣ: Дар табиати филмҳои мустанади этнографӣ огоҳ шудан аз чизе нуҳуфтааст ва филми мустанад метавонад ин амалро бо як усули зебо ва ба таври эстетикӣ анҷом диҳад. Филми мустанади этнографӣ аз василаҳое мебошад, ки метавонад иттилоот ва огоҳии лозимаро дар ҳавзаи мероси фарҳангию таърихӣ дар ихтиёри ашхоси алоқаманд қарор диҳад. Ин навъи филми мустанад, ба мисли наққошӣ ва ҳунар бояд мардумро омӯзад ва аз аслияти он огоҳ созад.
Мухотабони имрӯза ниёз ба маълумоти навтар ва фардӣ доранд. Филми мустанади этнографӣ метавонад ин вазифаро ба хубӣ иҷро кунад ва маълумоту огоҳии навро, ки аз пажӯҳишҳо ба даст омадааст, бо тасвирҳои зебо ва ба навъе ҳунармандона ба тамошобинон пешкаш намояд.
6. Сабти мероси фарҳангии гузашта: Дар ин росто аксари фаъолони соҳаи ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ бар ин назаранд, ки ба далели афзоиши тағйирот дар замони ҷаҳонишавӣ, зарур аст, ки барои ҳифз ва интиқоли мероси фарҳангии барҷоймонда ба наслҳои дигар дар хусуси онҳо филмҳои ҳуҷҷатӣ гирифта шавад.
Бинобар тағйироти босуръати фарҳанги ҷомеаҳо зарур аст, ки тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла филмҳои ҳуҷҷатии этнографӣ осор ва рӯйдодҳои фарҳангӣ сабт карда шаванд, то ки санаде барои ояндагон ба манзури шинохти саҳеҳ аз ҳувияту гузаштагонашон пешниҳод карда шавад. Бо ин роҳ инсонҳои ҳазораи баъдӣ дар хусуси пешгузаштагони худ ба таври роҳат маълумот мегиранд. Созандагони филмҳои мустанад метавонанд тамоми паҳлуҳо ва нозукиҳои фарҳангиро сабт кунанд ва филми мустанад яке аз тӯлонитарин ва пойдортарин абзор барои сабт ва ҳифзи мероси фарҳангӣ аст.
7. Сабт ва намоиши рӯйдодҳои таърихӣ: ин вижагӣ ба далели ғайри қобили такрор будани бисёре аз воқеиятҳо ва осори таърихӣ дар тули замон аҳамияти зиёде дорад. Аз ин рӯ, филми ҳуҷҷатии этнографӣ дар ҳавзаи фарҳангӣ ба воситаи сабти воқеаҳои такрорнашавандаи таърихӣ аз манфиати зиёде бархурдор аст.
8. Филми мустанади этнографӣ ва табдили он ба хуҷҷат: ин вижагӣ низ ба унвони як шохиси калидӣ дар филми мустанади этнографӣ аст. Зеро агар филми мустанад қодир бошад, ки воқеиятро сабт кунад, бо мурури замон ба таври худкор ба як санади таърихӣ табдил меёбад ва ин хусусият дар ҳеҷ навъи филми дигар ба назар намерасад.
Филми мустанад аз ҳуҷҷат истифода мебарад ва дар ниҳоят худ ба ҳуҷҷати муҳим табдил меёбад. Пас бояд гуфт, ки он чи, ки дар мустанади этнографӣ ба унвони як филм сабт мешавад, метавонад ҳамчун ҳуҷҷат бошад.
Ин навъи филми мустанад имкон дорад, ки сабти ҳодисаву рӯйдодҳои ҷомеа ва осори гузаштаро сабту забт намояд. Шояд баъзе аз ин рӯйдодҳо дар замони кунунӣ ба таври рӯзмарра дида шаванд, аммо барои мисол, 60 соли дигар бахше аз таърих маҳсуб мешавад.
Филми мустанади этнографӣ пас аз таҳияаш бо гузашти замон арзиши дигар ҳам касб мекунад, ки ин ба санади муҳим табдил ёфтани он аст. Яъне худи он филми мустанад як ҷузъи мероси фарҳангӣ ва айни замон ба санади муҳимми фарҳангӣ табдил меёбад.
Масалан, дар филмҳои мустанади бостоншиносӣ ва ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносии марбута таҳиягари филми ҳуҷҷатӣ ҳангоми анҷом додани кор ба сифати намояндаи мардум дар макони бозҷӯӣ ҳузур пайдо намуда, ҳодисаҳову маълумоти заруриро ҷамъоварӣ ва интиқол мекунад. Пас аз анҷоми ҳафриёт ва дарёфти маълумоти дахлдор филми мустанади аз ҷараёни он омодашуда санади муҳимме мегардад, ки дар таърих боқӣ мемонад.
9. Нақд ва ташхису такмили фарҳангӣ: динамизми ҳар фарҳанге нақду полоиш ва зудудани он аз олудагиҳост. Бешубҳа, он фарҳанге устувор хоҳад буд, ки ҳамвора мавриди нақду ташхиси воқеӣ қарор мегирад. Дар ин бобат филми мустанади этнографӣ бо имкониятҳое, ки дар ихтиёр дорад, метавонад нақши созгор дошта бошад.
Агар ба таъриху фарҳанги ҳар кишваре содиқона назар андозем ва аз таърифу ситоиши ноҷову бемавқеъ роҷеъ ба гузаштаи худ даст кашем шоҳиди рушди фарҳанги миллии он кишвар дар сатҳи ҷомеъ хоҳем шуд.
Бори ин масъулияти сангинро як филми ҳуҷҷатӣ оид ба мероси фарҳангӣ бо зебогии ба худ хос метавонад ба душ бикашад.
Филми ҳуҷҷатӣ ба далели он ки дар он унсури воқеият бартарӣ дорад, ҳатто дар навъи хаёлитарини он, ки ба унвони филми мустанади шоирона таъбир мешавад, дар муқоиса ба филми бадеӣ ба тамоми паҳлӯҳои фарҳангии ҷомеа, чӣ мусбат ва чӣ манфӣ, таваҷҷӯҳ карда метавонад.
10. Қобилияти камназири филми мустанади этнографӣ барои ошкорнамоӣ (рӯшангарӣ): филми мустанади этнографӣ метавонад ба воситаи пардохтан ба воқеият ва ироаи асноду далелҳои дахлдор нақши ошкосозиро дар сатҳи ҷомеа бозад. Ин хусусиятест, ки филми бадеӣ наметавонад ба он ноил шавад.
Ҳамин тавр, дар асоси нуктаҳои зикршуда, вобаста ба хусусиятҳо ва имкониятҳои филми мустанади этнографӣ дар воқеъ ин навъи филми мустанад дар замони муосир мақсади фаротар касб кардааст.
Филми ҳуҷҷатии этнографӣ дар мавзуи мероси фарҳангӣ метавонад ба воситаи интиқоли огоҳӣ ва иттилоот ба мухотаб дар заминаи унсурҳои ташкилдиҳандаи мероси фарҳангӣ метавонад бинандаро нисбат ба мавҷудият, чигунагӣ ва соири иттилооти мавриди ниёз бо зебогии ба худ хосу муассир огоҳ созад ва донистану шинохти мероси фарҳангӣ нахустин марҳила аз фароянди ҳувиятсозе дар оянда аст. Чунки дар оғоз бинанда мебоист нисбат ба мавҷудияти ин мафҳумҳо огоҳии кофӣ касб намуда, сипас ба онҳо эҳсоси алоқаманд зоҳир карда ва ба унвони бахше аз ҳувияти худ интихоб кунад.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки филмсозон ва мудирони филмҳои мустанад, ки ба ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ дар ҳар як кишвар таваҷҷуҳ доранд, бояд дар раванди таҳия ва намоиши филмҳои мустанад ба вижагиҳо ва унсурҳои махсус таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то битавонанд ба ҷуз аз офарида ва намоиш додани асарҳои зебою мондагор, инчунин дар роҳи мустаҳкам намудани ҳувияти фарҳангии аҳли ҷомеа низ қадами созгоре гузошта бошанд.
Инчунин, беҳбуди фазои мудирият дар кишварҳо ва аҳамият додан ба ҳавзаҳои мероси фарҳангӣ метавонад барои самараноктар шудани ин раванд таъсири амиқе дошта бошад. Дар сурати таҳқиқи ин стратегияҳо мо шоҳиди ба маротиб боло рафтани сатҳи фарҳангии ҷомеа ва фароҳам овардани замина барои рушду нумӯи фарҳангие хоҳем буд, ки он дар навбати худ асоси рушди тамоми ҷанбаҳои кишварҳоро ташкил медиҳад.
Ҳамон тавре зикр шуд, дар ин матлаб ба шинохту ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳқиқи ҷанбаҳои таъсиргузори филмҳои мустанади этнографӣ дар мавзуи мероси фарҳангӣ нишон дода шуда бар ин ишора шудааст, ки он дар таҳкими ҳувияти фарҳангӣ заминаи мусоиде фароҳам меорад. Аз ин метавон натиҷагирӣ кард, ки агар филми мустанади этнографӣ битавонад тақвияткунандаи ҳувияти фарҳангии ҷомеа бошад пас он метавонад барои рушди фарҳанг дар ҷомеъа низ заминаи боэътимод гузорад.
Муҳсин Раҳимӣ,
Корманди радио ва телевизиони Кувайт
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»