Имрӯз дар доираи корҳои ободонӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Абдулмаҷид Муъминзод, раиси шаҳри Бохтар, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ аз ҷараёни корҳои сохтмонии хобгоҳи донишгоҳ дидан намуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол беш аз 90 фоизи корҳо ба анҷом расида, ташкили корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулкорӣ дар ҳудуди бино бомаром идома дорад.
Хобгоҳи донишҷӯён тибқи лоиҳаи иншоот аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии сохтмони он 5810 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ин иншоот аз 153 ҳуҷра иборат буда, барои 459 нафар донишҷӯ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи протоколи тендерии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пеш бурдани корҳои сохтмонӣ ҶДММ «Шайх Ҳусейн» пудратчии асосӣ муайян гардида, дорои иҷозатномаи сохтмонӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мебошад.
Хобгоҳи мазкур дар минтақаи Дӯстии халқҳо 40/Б бунёд шуда аз таҳхона – 721,30 м2 (толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаи курси тақвият додани маҳорати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, анбори нигоҳдории маводҳои хобгоҳ), ошёнаи якум – 704,03 м2, ошёнаи дуюм – 704,03 м2, ошёни 3,4-ум – дар якҷоягӣ 1463,34 м2 ва ошёнаҳои 5,6,7 дар якҷоягӣ – 2189,55 м2, ки масоҳати умумии -5810 м2-ро ташкил медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, ки бунёди иншооти мазкур, ба мақсади фарогирии донишҷӯён дар минтақаи Дӯстии халқҳо буда, метавонад эҳтиёҷоти донишҷӯёнро бартараф намуда, мушкилоти саривақт ҳозиршавии донишҷӯёнро ба машғулиятҳо осон мегардонад.
Инчунин, раиси вилоят аз варзишгоҳи донишгоҳ, ки миёни омӯзгорони факултетҳо мусобиқаи Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол ҷараён дошт, боздид намдуда, бо омӯзгорон суҳбат намуданд.



