25 апрели соли 2025 дар “Кохи Сурӯш” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Олими сол» ва «Магистранти сол» бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони ниҳодҳои дахлдор, иштирокчиёну ғолибони озмунҳои болозикр ва дигар кормандони соҳаи маориф ва илм баргузор гардид.
Дар ибтидо вазири маориф ва илм аз дастовардҳои вазорат дар самти илм ёдовар шуда, қайд кард, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Олими сол”, “Магистранти сол” ва дигар озмунҳои илмӣ барои рушди илми тоҷик омили таъсиррасон ба ҳисоб мераванд. Вазорати маориф ва илм пайваста ҷиҳати таъмини шароит ва дастгирии раванди таҳқиқоти бунёдӣ, кашфиёту ихтирооти илмӣ ва истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти мардум, ба талаботи замон ва стандартҳои илми ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Сипас ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Олими сол” ва “Магистранти сол” бо гирифтани диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни донишҷўён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 25 муассисаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтирооти донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (PhD)-ро дар ҳаҷми 187 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотӣ пешниҳод намуданд.
Дар озмунҳои “Магистранти сол” аз 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 20 кори озмунӣ ва “Олими сол” миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 23 муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 80 ҳуҷҷат аз рӯйи 10 равия пешниҳод гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.
Аз ҷумла дар озмуни “Муҳаққиқ ва ихтирокори ҷавон”:
Раҷабов Яҳё, донишҷӯи курси 5 факултет химия ва биология ғолиби ҷойи аввал;
Тохтарова Юлдузхон, магистранти курси 2 факултети химия ва биология, ғолиби ҷойи аввал;
Сироҷиддинов Афзалшо, магистранти курси 2 факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ғолиби ҷои дуюм дониста шуданд.
Дар ин баробар профессор Комилӣ Абдулҳай, дар ОЗМУНИ “Олими сол” ғолиби ҷойи аввал гардид.
Ҳамчунин Чиллаев Суҳроб, директори Маркази “Мавлоношиносӣ” бо нишони сарисинагии Аълочии маориф сарфароз гардид.
Ятимон Парвиз, декани факултети химия ва биология,
Пиров Ғаффоров, ҷонишини декани факултети химия ва биология оид ба илм ва инноватсия барои роҳбарӣ ба донишҷӯ ва магистрантони ғолиб бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.



