Имрӯз, 26-уми апрели соли 2025 як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Шоу- барномаи телевизионии “Дунё пур аз ҷавонист”-и телевизиони “Сафина” иштирок намуда, роҷеъ ба имконияту шароит ва фаъолияту таҳсил дар донишгоҳ андешаронӣ карданд.
Ҳамчунин зимни сабти барнома ба фаъолияти сохторҳои донишгоҳ таваҷҷуҳ карда шуда, аз дастоварду комёбиҳои ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯён маълумот пешниҳод карда шуд.
Иштироки устодону донишҷӯён дар сабти чунин барномаҳо иқдоми хеле хуб мебошад, ки ба пешниҳоди иттилооти саҳеҳ дар хусуси дастовардҳо доир ба самтҳои гуногуни донишгоҳ равона гардида, ба пешрафти кори таълиму тарбия ва илму таҳқиқот мусоидат мекунад.



