Воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз институтҳои муҳимтарини ҷомеа ба шумор рафта, қудрат доранд, ки ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии мардуми ҳар кишвар таъсири мусбӣ ё манфӣ дошта бошанд.
Бахусус дар раванди ҷаҳонишавӣ муборизаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, ҳар як давлат идеологияи худро ба воситаи васоити ахбори омма ва технологияи иттилоотӣ тарғибу ташвиқ менамояд. Нақши журналистон низ дар ҳама ҳолатҳо дар ҷомеа хеле калон буда, онҳо ҳамчун намояндагони ВАО метавонанд дар пешбурди идеологияи давлатҳо дар сафи аввал қарор гиранд.
Албатта идеологияҳо мухталиф ҳастанд ва журналистон низ на ҳама вақт маводи беғаразонаро ба ҷомеа пешниҳод мекунанд. Дар ин бора муҳаққиқони соҳаи журналистикаи тоҷик Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов дар китоби худ чунин навиштаанд: «Аҳли башар рӯзноманигоронро барои он эҳтиром менамоянд, ки онҳо аксаран хабарҳоро софдилона ҷамъ оварда, паҳн мекунанд. Дар акси он рӯзноманигороне, ки ба ҳар гуна хабарҳои безаминаву бардурӯғ даст мезананд, одамонро ба кӯчаи сарбаста ворид ва ба ин васила гумроҳ менамоянд, сахт мазаммат мешаванд. Аз ин рӯ, иқдоми нолоиқ танҳо ба муққадастарин сарват ”ҳуқуқи инсон истифода шуданаш боиси носолимии авзои рӯзгор ва билохира сабаби барҳам задани низоми ҷомеа мегардад”.
Албатта дар кишвари мо низ пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ВАО дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд ва ВАО – и мустақил дар миёни мардум обрӯ ва нуфузи бештар пайдо намуда, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти зиёде дар соҳаи журналистика ба назар мерасид. Дар ин давраи гузариш аз як идеология ба идеологияи дигар ВАО – и давлатӣ дигаргунии азиме паси сар намуда, бо бӯҳрони сахти сиёсӣ, иқтисодиву маънавӣ рӯ ба рӯ гардид.
Дар кишвар ихтилофи гурӯҳҳои мухталиф ба вуҷуд омада, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва мардум аз ҷумла рӯзноманигорони зиёде ҷони худро аз даст доданд, қисми дигар ба ҳар тараф гуреза шуданд. Ин рӯйдоди манфӣ ба матбуоти маҳаллӣ ва минтақавӣ аз ҳама зиёд таъсир расонида, рӯзномаҳои давлатӣ ҳатто муддати муайяне аз фаъолият боз монданд. Дар ин бора муҳаққиқон Қурбонов Н.Б., Қурбонов Г.Б. дар мақолаи худ чунин нигоштаанд: «Мусаллам аст, ки ҷомеаи муосири мо даҳшати ҷанги ҳамватаниро аз сар гузаронидааст. Ин омил низ ба сатҳ ва ҳолати маънавию фарҳангии ҷомеа бетаъсир набуда, то як давраи муайян осори он дар руҳия, кирдору рафтор ва маънавиёти мардум боқӣ хоҳад монд. Дар раванди пуртуғёни ҷаҳонишавӣбарои он, ки миллат ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ дуруст муаррифӣ гардида, муваффақиятҳо ба даст оварад ва субот дар ҷомеа барқарор бимонад, пеш аз ҳама тақвият додани ҳувияти миллӣ ва дар ин асос муайян намудани ғояи миллӣ ва рушди он зарур аст. Бахусус васоити ахбори омма (ВАО) метавонад дар ин ҷода саҳми беандоза ва мондагори худро ба ҷо оварад».
Аслан матбуоти миллии мо ҳам мисли дигар ВАО дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рисолати худро ба ҷо оварда, рӯзноманигорон заҳмат ба харҷ медоданд, ки то андозае барои мардум ҳифзи истиқлолияти миллӣ, таъмини сулҳу субот, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди забони давлатӣ, эҳё намудани фарҳанги миллӣ, ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавононро тарғибу ташвиқ намоянд. Ягона рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», ки ҳанӯз 2 сентябри соли 1931 ҳамчун нашрияи маҳаллӣ бо номи «Бадахшони сурх» таъсис гардида, баъдтар номи «Бадахшони советӣ» ва дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Бадахшон” фаъолият менамояд, дар саҳифаҳои худ ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию фарҳангии мардуми ин минтақаи дурдастро дар ҳамаи давраҳои муайяни зиёда аз 90 сола инъикос менамояд. Ҳайати эҷодии хеле қавии ин рӯзнома дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сиёсати давлату ҳукуматро барои мардум тарғиб намуда, ин минбарри идеологиро барои ба эътидол овардани вазъият, ташвиқи сулҳу субот дар кишвар, ба ватан баргардондани гурезаҳо, мубориза зидди маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои дар он вақт барои ҷомеа муҳим истифода барад.
Ҳанӯз аз соли 1992 дар саҳифаи ин рӯзнома «Изҳороти Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқ, аз ҷониби раисон Шаҳбозов Ғарибшоҳ ва Шодавлатов Шодавлат ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Раҳмонов Эмомалӣ, ба Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Абдуллоҷонов А, ба Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Зуҳуров С. З, ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Салимов Ё дар саҳифаи аввали рӯзномаи «Бадахшон» № 59(9470) аз 18 декабри соли 1992 нашр гардид, ки дар он гуфта мешавад: «Вазъияти рӯзҳои охири шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он тамоми бадахшониёнро ба изтироб оварда, Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи Бадахшонро водор намуд, ки ба шумо чунин изҳор намоем: Мо ҳукумати феълии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра эътироф намуда, умедворем, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба мусибати халқи тоҷик хотима гузошта, баҳри ба эътидол овардани вазъият ва таъмини амнияти тамоми шаҳрвандон новобаста ба мансубияти маҳал кафолат медиҳад.
Имрӯз он чиз мусаллам аст, ки сарчашмаи тамоми бадбахтиҳои миллати тоҷик дар маҳалгароӣ буда, хавфи нобудшавии давлати тоҷикон беш аз пеш таҳдид мекунад ва ин набояд ягон фарди ҷумҳуриро бетараф гузорад. Баъди ин изҳорот боз дар шумораи дигари рӯзномаи «Бадахшон»дар саҳифаи якум таҳти рақами 58 (9469) аз 11 декабри соли 1992 «Изҳороти Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои ҶМБ ба Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон» нашр гардид, ки дар он гуфта мешавад: «Вазъияти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як сокини Бадахшонзаминро бетараф гузошта наметавонад. Мардуми Бадахшон иқдоми сулҳҷӯёнаи иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро ҷонибдорӣ намуда, ба он бо чашми умед нигарон буд ва боварӣ дошт, ки он ба ин ҷанги бемақсади бародаркушӣ хотима мебахшаду миллати азияткашидаи тоҷик аз вартаи нестӣ халос ёфта, ба ҳаёти осоишта қадам мезанад. Вале баъди додани оши оштӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ким – кадом қувваи паси пардагие, ки манфиатдори бесарусомонӣ дар Тоҷикистони азизамон буд, оташи ҷангро аз нав аланга зад. Воқеаҳои рӯзҳои охир моро водор сохтанд, ки бо чунин мазмун ба Шумо изҳор намоем, то ки пеши роҳи фоҷиаи миллӣ гирифта шавад. Имрӯз ҳар як мақоми давлатӣ, ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд дар пешгирии ҷанги бародаркушию аз байнравии давлати тоҷикон саҳмгузор бошад.
Мо ҳама вақт ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ дар Ватани маҳбубамон – давлати тозабунёди Тоҷикистон будем ва ба ин иқдоми худ то ба охир содиқ мемонем».
Дар ин изҳорот инчунин дар бораи паҳн гардидани ҳар гуна овозаҳо бардурӯғ ва ҳақиқат надоштани онҳо, афзудани теъдоди гурезагон, барқарор намудани роҳи мошингард ҳамчун ягона воситаи алоқа бо маркази ҷумҳурӣ, аз муҳосираи иқтисодӣ баровардани Бадахшон, кумаки башардӯстона ва ба эътидол овардани вазъият сухан меравад. Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бадахшон» дар он замон, дар бораи аҳволи гурезаҳо ва ба ҷойҳои муқимӣ баргардондани онҳо мақолаҳои зиёд нашр гардиданд.
Мақолаҳо бо номи «Ғами фирориёнро ки мехӯрад?»(муаллифаш Сатригул Акимбекова, сокини ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон, рӯзномаи «Бадахшон» №60(9471), 25 декабри соли 1992, саҳ 1), «Ситоди хайрхоҳон» (муаллифаш Н. Шоҳинбодов, мухбири рӯзнома, «Бадахшон» № 60(9471), 25 декабри соли 1992, саҳ 1), «Чӣ ҳол дорӣ, фирорӣ?» (мусоҳибаи Имомназари Ҳақназар, рӯзномаи «Бадахшон» №51(9462) аз 23 октябри соли 1992, саҳ 1), «Беженцы возвращаются» (мақолаи Хоҷамир Қурбонбеков, «Бадахшон» №36 (9606) аз 25 августи соли 1995, саҳ. 1 ) нашр гардида, барои дастгирӣ ва ба ҷои муқимӣ баргардонидани гурезагон маълумот медоданд.
Хушбахтона 27 июни соли 1997 бо ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот барқарор шуд ва рӯзи 27 июн расман Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ рӯзномаи «Бадахшон» маводҳои мухталифро дар жанрҳои гуногун нашр мекард ва дар рӯзнома рубрикаҳои «Ваҳдати миллӣ-дастоварди таърихӣ», «Иншоотҳои ҷашнӣ», «Афкор», «Дар мавзӯи рӯз», «Панди рӯзгор», «Ифтихор аз Ваҳдат» ва ғайра кушода шуданд. Ҳар сол сол дарарафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ шумораҳои махсус ва шумораҳои идонаи рӯзномаи «Бадахшон» нашр мегарданд, ки хабару мақолаҳои ҷолиб, шеърҳо, мусоҳибаву гузоришҳо, хроникаҳо ва дигар маводҳои хонданибобро дар бар мегирифтанд.
Масалан рӯзномаи «Бадахшон», ки 26 июни соли 2002 таҳти рақами 26 (9895) нашр гардидааст, аз чор саҳифа иборат буда, ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст ва дар саҳифаи аввал аз болои шиносномаи рӯзнома сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ваҳдат ва якдилии халқ бақои миллату давлати мост» нашр шудааст: Ин шумора азбаски шумораи ҷашнӣ ба ҳисоб меравад, бо ранги сабз чоп шудааст ва он вақт ҳанӯз рӯзномаҳо бо технологияи рақамӣ нашр намегардиданд, аз ин сабаб дар ин рӯзнома сурат тамоман мавҷуд нест.
Дар саҳифаи якум номаи табрикотии раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов ба ифтихори Рӯзи Ваҳдат ва як хабар бо номи «Ба шарафи ҷашн» (муаллиф надорад) ва як мақолаи ҳаҷман калон, ки давомаш дар саҳифаи дуюм аст бо номи «Мо барои васл кардан омадем» (муаллифаш М. Шаҳбозов – раиси шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ, профессор) ҷой дода шудааст. Инчунин дар ин саҳифа очерки сафарии мухбири рӯзнома Раънои Мубориз бо номи «Мурғоб ” ноҳияи Ваҳдатобод» нашр гардидааст, ки он ҳам ҳаҷман хеле калон буда, давомаш дар саҳифаи дуюм низ дарҷ шудааст.
Дар саҳифаи дуюми ин шумора мусоҳибае бо номи «Ваҳдат ба мо чи дод?», мавҷуд аст, ки дар оғозаш чунин навишта шудааст: «Дар арафаи ҷашнгирии панҷсолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мухбирамон бо сиёсатшинос, иштирокчии музокироти тоҷикон баҳри баргардонидани сулҳу ваҳдат ба Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков ҳамсӯҳбат гашт.» Номи муаллифи мусоҳиба навишта нашудааст.
Дар саҳифаҳои дуюм ва сеюми ин рӯзнома, ки он бо формати калон, яъне А 2 нашр шудааст, хабару мақолаҳои дигар бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ чоп шудаанд: «Рушди мо дар ваҳдати воқеӣ аст»- муаллифаш М. Рӯзадоров устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, «Пойдевори ваҳдат сулҳу салоҳ буд»- муаллифаш Гулподшо Хайлобеков, корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ваҳдат шаҳди умедҳост» муаллифаш Давлатёр Бекназаров – раиси шаҳри Хоруғ. Дар ин шумора дар саҳифаи сеюм шеърҳои шоир Акбар Абдулло дар васфи ватану ваҳдат нашр гардидаанд ва ин шумораи рӯзнома хеле ҷолибу пурмазмун мебошад.
Дар шумораи дигари рӯзнома таҳти №40 (10415) аз 19 октябри соли 2012 дар саҳифаи якум хабари калонҳаҷм бо номи «Конференсияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» дар саҳифаи якум нашр гардид, ки муаллифаш Шобаҳор Шохуморов мебошад. Дар ин хабар дар бораи баргузор гардидани ин чорабинӣ ва теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ, Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ ва ҳизбҳои дигар, ҳайати комиссия ва қабул гардидани муроҷиатнома маълумот дода шудааст. Дар саҳифаи дуюми ин шумора «Муроҷиатномаи иштирокдорони конференсияи чоруми Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ ба мардуми шарифи Бадахшон» нашр шудааст.
Дар он дар бораи аҳамияти таърихии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва ҳадафҳои он дар таъмину таҳкиму сулҳу ваҳдат, пойдории ҷовидонаи пояҳои давлату давлатдорӣ, ба таври васеъ густурда намудани арзишҳои ҷомеаи демократӣ, баланд бардоштани арзишҳои волои миллӣ, худшиносӣ, дар асоси он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини волоияти қонун сухан меравад. Дар муроҷиатнома омадааст, ки давраи нави таърихи Тоҷикистон барои созандагию бунёдкорӣ, эҳёгарӣ, болоравии шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, баланд бардоштани мақоми забони давлатии тоҷикӣ, тибқи қонуну қоидаҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ шароити мусоид фароҳам оварда, зӯровариро ҳамчун воситаи расидан ба мақсад маҳкум карда, сиёсати сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллиро пеш гирифт.
Дар охири муроҷиатнома омадааст: «Аминем, ки зери парчами Ваҳдат, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона меҳнат мекунем ва Тоҷикистони худро дар ояндаи наздик ба яке аз давлатҳои аҳолаиаш зиндагии хуррамона доштаи олам табдил медиҳем».
Масалан дар моҳи июни соли 2010, ки он вақт вазифаи сармуҳарририи ин рӯзномаро узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷонибеки Қозибек ба ӯҳда дошт,ба хотири ҷашни Ваҳдати миллӣ ду шумораро, яке бо теъдоди 12 саҳифа ва дигаре 8 саҳифагӣ нашр намуд, ки яке нашри махсус буда, дар коғази аълосифат дар чопхонаи «Шарқи Озод» ранга нашр гардидааст. Дар ин шуморае, ки дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд нашр гардид ва ҳамчун нашри махсус аст, дар саҳифаи якум акси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо формати калон ҷой дода шудааст ва дар зери ин акс ду хат шеър оварда шудааст:
Як нафас имони ман бе Тоҷикистон нест, нест,
Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Дар паҳлӯи ин акс сафаарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ аз соли 1993 то соли 2008 ҷой дода шудааст. Ин шумора аз 12 саҳифа иборат буда, хабару мақолаҳои ҷолибро дар бар мегирад. Саҳифаи даҳуми ин шумора шеърҳои «Ваҳдат нигини мост»-и Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд, «Нури Ваҳдат»-шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, «Пайки Ваҳдат»-и шоира Рудобаи Мукаррам, «Шукри Ваҳдат»-и шоир Алидоди Чароғабдол, «Ваҳдат»-и шоир Саъдоншоҳи Ҷанобалишо чоп шудаанд. Ҳар як саҳифа аз боло бо шеър дар васфи Ваҳдати миллӣ оғоз мешавад ва тарзи ороиш ва ҷойгиршавии аксҳо хеле диққатҷалбкунанда мебошад.
Дар зарфи бисту ҳашт соли Ваҳдати миллӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, матбуоти кишвар, бахусус рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ҳамеша ва пеш аз ҳама баҳри он кӯшиданд, ки тавассути каломи чопӣ моҳияту аҳамияти иттиҳоду ваҳдатро ба мардуми кишвар фаҳмонанд, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандонро густариш дода, симои Тоҷикистони соҳибистиқлол, таърих, фарҳангу тамаддуни беш аз панҷҳазорсола, имкониятҳои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, захираҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро баҳри бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро тавассути воситаҳои ахбори омма муаррифӣ кунанд.
С. Донаёрова,
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»