Дигаргуншавии муҳити зист ва таъсиррасониҳои инсон ба он аз ҷумлаи мушкилоти муҳимми ҷаҳонӣ буда, аз ҳар кадоми мо дар ин самт муносибати хоссаро тақозо менамояд. Муҳаққиқону коршиносони соҳа барои ҳифзи муҳити зист роҳу усулҳои гуногунро пешниҳод менамоянд, ки яке аз ин омилҳо шинонидани дарахтони мевадиҳандаву сарсабз ва гулу буттаҳои гуногун мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати фаъолу ташаббускор дар самти ҳифзи муҳити зист дар минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ” Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр доштанд, ки: «Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт.
Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд». Чунин муносибат агар аз як сӯй ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуда бошад, аз сӯйи дигар чун василаи муҳим дар ҳифзи муҳити зист бетаъсир набудаанд.
Имрӯз дар кишвар беш аз 30 иттиҳодия, ҷамъияту ширкатҳо, марказу гурӯҳҳои давлатию хусусӣ, аз ҷумла «Малҳам», «Зумрад», «Лочин», «ЭкоВахш», «Ҷавонони Ҷануб», «Пайванди ҷавонон», «Маркази экологӣ», «Сафина», «Патрулҳои сабз», «Ҷавонони асри ХХI» ва ғайра дар самти ҳифзи муҳити зист фаъолияти пурсамар доранд. Фаъолияту ташабусҳои созандаи онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ инъикоси ҳамаҷонибаи худро меёбанд, ки ин пеш аз ҳама ба боло рафтани донишҳои экологии сокинон ва саҳм гузоштанашон дар сарсабзу хуррамгардонӣ мусоидат мекунад. Ба таъбири муҳаққиқи соҳа Ҷ. Яқубов «Бо ташаббуси иттиҳодияи ҷамъиятии «Малҳам»-и ноҳияи Носири Хусрав соли 2006 дар мавзеъи шӯразамин ба дарозии 8 км зиёда аз 6000 ниҳоли сафедор шинонида шуд».
Бояд қайд намуд, ки баланд бардоштани донишҳои экологӣ ва дар ин замина саҳм гузоштан дар ҳифзи муҳити зист аз масъалаҳои дигари замони муосир мебошад, ки дар ин ҷода нақши воситаҳои ахбори омма хеле назаррас мебошад. Имрӯзҳо ВАО баҳри ҳифзи муҳити зист ва пешгирии таъсипазириҳои манфӣ ба табиат дар баробари дигар намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ фаъолияти пурсамар доранд. Идораи рӯзномаи «Хатлон» дар баробари дигар масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба мавзуи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла сарсабзу хуррамгардонии табиаттаваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин замина аз ҷониби журналистон, мутахассисону намояндагони соҳаҳои алоҳида пайваста маводу таълифоти гуногунжанр рӯйи нашр меоянд. Аксари навиштаҳои ин матнҳо дар доираи жанрҳои хабар, мақола ва эссе мебошанд. Барои таҳқиқи ин масъала шумораҳои соли 2020-умро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додем. Давоми сол дар саҳифаҳои рӯзномаи «Хатлон» оид ба роҳҳои муҳофизати табиат, аз ҷумла шинонидани гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабз, ки яке аз омилҳои асосии ҳифзи табиат мебошад, зиёда аз 40 мавод рӯйи нашр омадаанд, ки аҳамияти бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва маърифатӣ доранд.
Аз ҷумла, маводҳои Давлатова Р. «Ба шаклдарории навдаҳои дарахтон» (Хатлон, 7 январи соли 2020, №3 (3239), Изатшоҳи Мансур Табибони ободгар (Хатлон, 3 январи соли 2020, №2 (3238), Шиносоии раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Левакант (Хатлон, 7 январи соли 2020, №3 (3239), Муродов М. Ҳифзи ҷангал ” вазифаи умум (Хатлон, 7 январи соли 2020, №3 (3239), Сафарзода Ш. Ҳашари умумишаҳрӣ (Хатлон, 14 январи соли 2020, №5 (3241), Ҳангомаи Исмат «Сайри гули лола» як рукни наврӯзи оламафрӯз аст (Хатлон, 17 январи соли 2020, №6 (3242), Боғи ботаникӣ узви иттиҳодияи байналмилалии боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растанӣ шуд (Хатлон, 17 январи соли 2020, №6 (3242), Собиров Б. Давраи босамари кишти юнучқа (Хатлон, 21 январи соли 2020, №7 (3243), Сафарзода Ш. Ярмарка – фурӯши ниҳол дар Кӯлоб (Хатлон, 14 феврали соли 2020, №12 (3248), Ҷамолиддини Сайфиддин Хуш касе, ки боғ бунёд мекунад (Хатлон, 14 феврали соли 2020, №12 (3248), Боймуроод С. Боғи раиси Миралӣ (Хатлон, 24 марти соли 2020, №19 (3255) ва ғайра диққати моро бештар ҷалб намуданд. Баъзе аз ин маводҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Дар маводи «Табибони ободгар», ки муаллифи он сокини ноҳияи Кӯшониён Изатшоҳи Мансур мебошад, аслан мушоҳидаҳои худро ҳамчун яке аз сокинони фаъоли вилоят дар раванди корҳои созандагӣ, махсусан дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист баён намудааст. Мавсуф бевосита шоҳиди рафти ниҳолшинонии кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Бохтар гардида, дидаҳояшро рӯйи матн овардааст. Чунончӣ дар мавод зикр гаштааст: «Як шиноси наздикам дар ин беморхона бистарӣ шуд. Дар арафаи Соли нав ба аёдаташ рафтам. Вақти вориди беморхона шудан аввал ободониву бунёдкориҳо ба чашм мерасад. Рӯйи ҳавлӣ ва гирду атрофи беморхона манзараҳои баҳорро мемонад. Аз дастони ободгари табибон ин ҷо гулрезу сабзапӯш шудааст. Кормандони тиб дастаҷамъона ба ҳашар баромада, ба нармкунии бехи дарахтон, ниҳолу гулшинонӣ, сафедкунии дарахтон машғул буданд. Аз ободкориҳо ва сохтмони биноҳои иловагӣ табъи кас болида мегардад».
Ҳамасола бо мақсади сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист ва ба ин васила саҳмгузорӣ дар пешгирии гармшавии иқлим ва хушксолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ин самт тадбирҳои муҳимму саривақтӣ андешида мешаванд. Дар ин замина баҳри таъмини хоҷагиҳо ва аҳолӣ бо дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ таъсис ёфтаву фаъолияти пурсамар доранд. Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Хатлон» бошад маводҳое низ нашр мегарданд, ки аз фаъолияти чунин хоҷагиҳо иттилоъ дода мешавад. Дар маводи хабарии «Шиносоии раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Левакант» ин масъала инъикоси васеи худро ёфтааст. Чунончӣ: «Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 2 январи соли ҷорӣ аз хоҷагии ниҳолпарварии «Пайванд», воқеъ дар шаҳри Левакант, боздид намуд.
Роҳбари хоҷагии мазкур Қиёмиддин Муъминов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки майдони умумии хоҷагӣ аз 1,29 гектар иборат буда, 0,5 гектари он боғи модарӣ ва замини боқимонда макони ниҳолпарварӣ аст. Зикр гардид, ки дар ин мавзеъ зиёда аз 8,5 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаи пайвандӣ барои фурӯш омода шудааст, ки 2200 бехи он ниҳолҳои амрикоӣ мебошанд». Хонанда ҳангоми мутолиаи мавод натанҳо аз рафти сафари кории раиси вилояти Хатлон, балки омилҳои дигари парвариши дарахтону ба ин васила саҳм гузоштан дар сарсабзии диёр маълумот мегирад.
Солҳои охир дар натиҷаи рушди ҳамаҷонибаи соҳа боғпарварону кишоварзон имкон пайдо намуданд, ки парваришу нигоҳубини дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ ва гуллу буттаҳоро дуруст ба роҳ монда, натиҷаҳои баландро соҳиб гарданд. Чунин муносибат дар мавод дар мисоли фаъолияти боғпарварии Қиёмиддин Муъминов ҳамаҷониба шарҳ ёфтааст: «Боғпарвар Қиёмиддин Муъминов дар ин боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла себҳои фуҷ, голден делишес, зардолуҳои навъи маҳаллӣ, зардолуҳои навъи «Паттерсон», «Кастлбрайт», «Рабада», «Лорна», олуи навъи «Блекс-сплиндер», бодоми навъи «Нон-парел», шафтолуҳои навъи «Квин-крист», «Флорида-принс», «Флорида грант», «Тропик биюти», «Ангелус» парвариш карда мешавад. Роҳбари хоҷагии ниҳолпарварӣ ҳамчунин майдони наверо барои шинонидани 25 ҳазор бех ниҳоли пайвандӣ омода кардааст. Барои мавсими соли 2021 хоҷагии ниҳолпарварии «Пайванд» 8 ҳазор бех ниҳолҳои анвои амрикоиро пайванд кардааст».
Муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ имкон медиҳад, ки дар садҳо ҳазор гектар заминҳо дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ ва гуллу буттаҳо шинонида шуда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат карда шавад. Инъикоси ҳамаҷонибаи рафти шиносоии раиси вилояти Хатлон бо хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Левакант дар мавод таҷассум ёфтааст, ки ин аз соҳибтаҷриба будани кормандони идораи рӯзномаи «Хатлон» дарак медиҳад. Ҳамчунин дар маводи пешниҳодшуда фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии «Абдукарим» низ шарҳ ёфтааст, ки хонанда метавонад аз он маълумоти заруриро дастрас намояд. Тавре дар матн омадааст: «Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафари кории худ ба шаҳри Левакант, ҳамчунин, аз хоҷагии ниҳолпарварии «Абдукарим» дидан намуд.
Майдони умумии хоҷагии мазкур 2,04 гектар буда, дар 58 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш мешаванд. Роҳбари хоҷагии мазкур Хӯҷамурод Шомуродов ба раиси вилоят маълумот дод, ки дар ин мавзеъ, аз ҷумла 10 ҳазор бех гелос, 15 ҳазор бех олу, 8 ҳазор бех нок, 5 ҳазор бех чормағз, 12 ҳазор бех шафтолу ва 30 ҳазор бех арчаи ҳамешасабз парвариш мешавад. Дар назди хоҷагии ниҳолпарварии «Абдукарим», инчунин, як гармхонаи лимӯпарварӣ ва як гармхонаи гулпарварӣ амал мекунад, ки дар он 30 ҳазор бех гули садбарг, 20 ҳазор бех гули карамшакл ва ҳазор бех палма парвариш меёбад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба роҳбарону кормандони хоҷагии ниҳолпарварии «Абдукарим» зикр намуданд, ки масъулони умури ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Левакант метавонанд гулу гулбуттаҳо ва ниҳолонро аз хоҷагии мазкур дастрас намоянд».
Дар шароити кунунӣ бисёре аз созмону ташкилотҳои бонуфуз ва кишварҳои фаъоли ҳимоятгари табиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз дуруст истифода нашудани заминҳои обию ҳосилхез бонги изтироб мезананд. Ҳарчанд ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳазорон бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шаванд ҳам, аммо дар муқоиса ба шумораи одамон онҳо кам мебошанд. «Дар роҳҳои марказии баъзе шаҳрҳо дарахту гул ба назар намерасанд. Ин ҳам аз паст будани маърифати аҳолӣ дарак медиҳад. Гузашта аз ин сиҳатии омма чандон қаноатбахш нест. Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои манфии таъсир ба саломатии аҳолӣ омили экологӣ мебошад». Тазаккур бояд дод, ки яке аз омилҳои муҳиму асосӣ дар ин самт ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ аз чигунагии парвариши дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ вобаста мебошад. Имрӯз баҳри сарсабзу хуррамгардони муҳити зист тадбирҳои мушаххасе аз ҷониби давлату ҳукумат ва сохторҳои марбута рӯйи кор гирифта мешаванд.
Ҳамасола дар асоси нақша-чорабиниҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони дарахтони гуногуни мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо дар хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёд карда мешаванд, ки албатта ин омил аз василаҳои асосии таъмини ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад. Дар маводи «Ҳифзи ҷангал ” вазифаи умум», ки аз ҷониби Маҳмадулло Муродов, мутахассиси кадрии муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара омода шудааст, ин ҳолатро бараъло дидан мумкин аст. «Ҷангал ҳам мисли сарватҳои дигари табиӣ ба манфиати ҷомеа истифода бурда мешавад. Ҷангал дар заминҳои бедарахти фонди ҷангал ба манзури дарахтзоркунии бештари масоҳат, пешгирии фарсоиши хок ва беҳсозии вазъи экологӣ бунёд карда мешавад.
Нақши ҷангалро барои рушди иқтисодиёт, беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани некуаҳволии халқ муҳим арзёбӣ метавон кард. Ҷангалзорҳо чун ҷойи зисти ҳайвонот ва парандагон нақши муҳим бозида, тамоми сол ҳайвоноту парандаҳоро бо хӯрок ва макони зист таъмин мекунад». Мақсад ва ҳадафи асосии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳифзи муҳити зист, таъмини гуногунии биологӣ, пешгирии паёмадҳои нохуши экологӣ, саҳмгузорӣ дар сарсабзии сартосарӣ ва амсоли ин мебошад. Имрӯз ин ду ниҳоди давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист фаъолона саҳмгузорӣ менамоянд.
Ҳифзи ҷангалзорҳо пеш аз ҳама ба таъмини осудаҳолии зиндагии сокинон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани донишҳои экологии сокинон дар ин самт аз ҳадафҳои муҳимми давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар маводи интишоршуда, моҳияти ин ҳама ҳадафҳо ба таври мушаххас ифода ёфта, хонандаро дар самти ҳифзи муҳити зист тарбияву роҳнамоӣ мекунад. «Аз рӯи моҳияти хоҷагӣ бешазорро «тиллои сабз» ва ҷангалзорро «корхонаи оксигенҳосилкунӣ ва манбаи саломатӣ» ном мебаранд.
Ҷангалзор манбаи ҳар гуна меваҳои хушк ва гиёҳҳои шифобахш буда, дар хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Ҷангалзор суръати ҳаракати шамолро суст карда, заминро аз эрозия муҳофизат менамояд. Дар бобати обнигоҳдорӣ низ аҳамияти калон дошта, буттазору алафҳои он нишебиҳои кӯҳҳоро аз шуста бурдани об муҳофизат карда, заминро хуб нигоҳ медоранд. Муҳофизати ҷангал вазифаи муҳими давлатӣ бошад ҳам, вале ёрии мардум ва мактаббачагон дар ин ҷода басо муҳим аст.
Албатта, дарахтро бурида партофтан осон аст, аммо барои шинонидану сабзонидани як дарахт муддати хеле дуру дароз лозим меояд. Чаронидани чорво дар ҷангалзор ба сарсабзию нашъунамои набототи ҷангал, аз он ҷумла, хушк намудани ниҳолҳои ҷавон, ҷиҳати аз нав бунёд шудани ҷангал халал мерасонад. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара аз панҷ минтақаи ҷангал: «Хушдилон», «Исмоили Сомонӣ», «Навобод», «Данғара» ва «Себистон» иборат аст. Айни ҳол, минтақаҳои ҷангалро 35 нафар кормандон муҳофизат ва нигоҳубин мекунанд». Муаллифи мавод, ки худ бевосита мутахассиси соҳа асту ҳамарӯза бо муносибати гуногуни одамон рӯ ба рӯ мегардад, аз ҳамагон даъват мекунад, ки бояд дар ҳифзи муҳити зист, хусусан ҷангалу бешазорҳо саҳмгузор бошанд. Муносибату масъулиятшиносии аҳолӣ имкон медиҳанд, ки мо дар самти ҳифзи муҳити зист ташаббусҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда, ба мақсадҳои дар пешгузошта ноил гардем.
Инчунин дар мавод тадбирҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара, ки бевосита ба ҳифзи муҳити зист тааллуқ доранд, баён шудааст. «Роҳбарияти хоҷагӣ ба мақсади эмин нигоҳ доштани набототу ҳайвонот дар фасли зимистони солҳои 2019-2020 ва тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара байни мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17-18 вохӯриву суҳбатҳо гузарониданд. Инчунин, гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара байни мардуми дигар деҳаҳои дар ҳудуди ҷангал ҷойгиршуда ва мактаббачагон дар назар аст.
Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара тасмим гирифтанд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнати арзанда ва бунёдкориҳо сазовор пешвоз мегиранд. Истифода аз ин фурсат, ба аҳолӣ муроҷиат карда хоҳиш мекунем, ки аз ҳолатҳои худсарона буридани дарахтони ҷангал худдорӣ намуда, барои васеъ ва ғанӣ намудани ҷангал ва рушду нумуи ин соҳаи муҳим саҳми муносиб гузоранд». ВАО, аз ҷумла Идораи рӯзномаи «Хатлон» дар инъикос ва баррасии масъалаи роҳу усулҳои баланд бардоштани донишҳои экологӣ, хосса ҳифзи муҳити зист нақши арзишманд дорад.
С. Мирзомуродов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав