Муносибатҳои Тоҷикистону Россия аз гузаштаи дур сарчашма гирифта, ин робитаҳо дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сатҳу сифати беҳтару хубтареро касб намудаанд. Робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия дар марҳилаи навин аз 8-уми апрели соли 1992 роҳандозӣ шудаанд, ки он нахустин солҳои соҳибистиқлолии ду давлати ба ҳам дӯсту бародар мебошад.
24-майи соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нахустин сафари расмӣ ба пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Маскав рафтанд.
Дар доираи ин сафар рӯзи 25-май Аҳдномаи дӯстию ҳамкорӣ ва ҳамёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Аҳдномаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи ҳарбӣ ва ду созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои марзбонии Федератсияи Россия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид, ки онҳо нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар марҳилаи нави давлатдорӣ мебошанд. Моҳи апрели соли 1999, ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия, дар шаҳри Москва Аҳднома дар бораи ҳамкорию иттифоқчигии ба асри бисту як нигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба имзо расид.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил дар сиёсати байналхалқиаш азм дорад, ки ҳамкорию муносибатҳояшро бо кишварҳои хориҷа ва талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад. Дар замина бояд робитаҳои баробару тарафайн бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба нақша гирифта шаванд.
Сарфи назар аз он ки дар сиёсати байналмилалии мо «дарҳои кушода» эълон шудааст, барои роҳандозии муносибат бо кишварҳое, ки таърихан робита дорем, афзалиятро қоил ҳастем. Аз замони соҳибистиқлол гаштан Тоҷикистон эълон кард, ки муносибатҳо, қабл аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар доираи ҷомеаи муштаракулманофеъ, хусусан бо Россия, таҳким бахшида мешавад. Дар сиёсати стратегии мо ҳамкорӣ бо давлатҳои дигари бузурги ҷаҳон низ мавқеи калон дорад. Муносибати Тоҷикистон дар давоми беш аз даҳ сол қонеъкунанда набуданд.
Ҳарчанд ки Тоҷикистон дар ин маврид талошҳое дошт, аммо дар мавриди амалӣ кардани созишҳои имзошуда иқдоми ҷиддие анҷом дода намешуд. Ба назар мерасид, ки бо назардошти амали гаштани меъёрҳои демократӣ, равандҳои глобализатсионӣ Россия дигар ба ҳимояи манфиатҳояш дар минтақа эҳтиёҷ надорад. Лекин таҳаввулоти сиёсию низомӣ ва иқтисодии минбаъдаи ҷаҳон Россияро ба он водор намуд, ки ба ин масъала бархӯрди тоза намояд. Ҷумҳурии мо дар давоми ин солҳо кӯшиш бар он намуд, ки бо Россия ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ дар бахшҳои сиёсию низомӣ, фарҳангию иқтисодӣ робитаҳои мутақобилаи судмандро ба роҳ монда, дар бобати мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир дар фаъолияти созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ ҳамкорӣ намояд.
Имрӯз заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии Тоҷикистону Россияро зиёда аз 270 санад танзим менамоянд, ки дар раванди рушду тавсеяи ҳамгироию шарикии стратегии ду давлат мақоми шоиста доранд.
Таҳлили вазъ ва ҳолати робитаҳо, аз ҷумла натиҷаҳои мулоқоту музокироти сершумори дуҷонибаю бисёрҷонибаи сатҳу зинаҳои гуногун, пеш аз ҳама, сатҳи олии сиёсӣ собит месозанд, ки дар даҳсолаи аввали рушди мустақили Тоҷикистону Россия масоили сиёсӣ, амниятӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мақоми марказӣ дошта, баъдан соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноату истеҳсолот, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму техника, фарҳангу маориф, муҳоҷират ва ҳамкории байни минтақаву вилоятҳои ҳамдигар низ дар меҳвари муносибатҳои байнидавлатӣ қарор гирифтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии худ дар Вашингтон дар донишгоҳи Хаткинск махсусан қайд намуд: «Мо сиёсати дарҳои кушодро баргузидаем ва бо ҳамаи мамлакатҳо ҳамкорӣ хоҳем кард ва, албатта, Россия ҳамеша шарики стратегии мо буд ва хоҳад монд».
Ба рушди муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Россия моҳи октябри соли 2004 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон заминаҳои боэътимод гузошта шуда, 16 октябр дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин созишномаҳо дар бораи иштироки Россия дар сохтмони НБО, танзими муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишварҳои ҳамдигар ва чанд санади байниҳукуматии ҷанбаҳои ҳарбидошта ба имзо расид ва дар низоми муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия марҳалаи нав оғоз гардид.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани НБО Сангтуда-1 дар таърихи 31-июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва он замон Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев пурарзиштарин самараи санадҳои моҳи октябри соли 2004 имзошуда ва ҳамон вақт бузургтарин лоиҳаи сармоягузории Россия дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор мерафт.
Намунаи олии муштаракоту шарикии бесобиқаю дӯстонаи Тоҷикистону Россия ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки то соли 2005 сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷониби марзбонони Россия муҳофизат мешуд. Тирамоҳи соли 2005 ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон дар масофаи 1344 км аз ҷониби Неруҳои марзбонии Россия ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор карда шуд.
Ба идомаи бобарор ва рушду тавсияи бештару хубтари муносибатҳои дуҷониба ҳамчунин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон 2-юми августи соли 2008 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия рӯзҳои 21-23 октябри соли 2009 такони тоза бахшида, барои ба даст овардани мувофиқаҳои нав доир ба иштироки ҷониби Россия дар бунёди як силсила марказҳои фарҳангӣ дар пойтахтҳои ҳамдигар, дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намудани филиалҳои ДДМ ба номи Михаил Ломоносов, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва ва Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) замина гузоштанд. Дар баробари ин, гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон Донишгоҳи Славиянии Россияву Тоҷикистон ва шумораи зиёди дигари муассисаҳои таълимию забономӯзии русӣ амал мекунанд, ки дар тақвияти муносибатҳои ду давлат дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо нақши муассир доранд. Имрӯз аз Тоҷикистон шумораи зиёди ҷавонон дар макотиби олии Федератсияи Россия таҳсили илм дошта, мутахассисони соҳаҳои гуногун такмили ихтисос менамоянд ва ба бозомӯзию пешбурди корҳои илмӣ машғул мебошанд.
Шоир, нависанда ва драматург Тимур Қосимович Зулфиқоров яке аз шахсиятҳои маъруфи адабиёти Россия ба ҳисоб меравад. Вай муаллифи зиёда аз даҳ китобҳои баландғояи бадеӣ дар бораи Амир Темур, Иван Грозний, Хоҷа Насируддин, Умари Хайём мебошад. Мутахассисон асари ӯ «Притчи дервиша Ходжа Зулфиқор»-ро аз ҷиҳати мазмун ба «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Дон Кихот»-и Сервантес баробар медонанд. Новеллаҳои ӯ «Тайтабубу», «Охота Царя Бахром Гур Сасаниде», «Смерть Пушкина» -ро ҳамчун асарҳои ҷовидонаи асри ХХ эътироф намудаанд.
Дар олами фарҳанги Россия Фаррух Рӯзиматов чун ситораи дурахшон ҳаводорони зиёд дорад. Консерти ӯ дар саҳнаҳои театрҳои машҳури Рим, Токио, Ню-Йорк, Париж, Вена, Лондон иди бузурги санъатро мемонад.
Ходимони фарҳанги тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Иттиҳоди Шуравӣ Зебо Аминзода, синамогари маъруф Давлат Худоназаров ҳоло дар Москва истиқомат доранд.
Дар васоити ахбори омма низ ҳамватанони мо саҳми худро мегузоранд. Саидқосим Ҷалолов мухбири махсуси рӯзномаи «Труд», Алишер Хоҷаев мухбири телевизиони ҷамъиятии Россия, Рустам Нарзиқулов директори генералии «Независимая газета», Акрам Муртазоев сармуҳаррири «Новая газета» ва дигарон дар фазои иттилоотии Россия фаъолият доштанд ва доранд.
Як намунаи олии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия ин баргузории рӯзҳо ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар мебошад. Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се маротиба – солҳои 2005, 2011 ва 2015 ва рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба солҳои 2004, 2010 ва 2014 баргузор гардиданд.
Бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи пурғановат ва фарҳанги асили мардумони тоҷику рус 6-уми октябри соли 2005 рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия баргузор шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок намуданд.
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки барои густариши ҳамкории фарҳангӣ дар соҳаҳои мусиқӣ, театр, китобхонаҳо, осорхонаҳо, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шароитҳои муносиб фароҳам оварда шуда, иштироки дуҷониба дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ ва фестивал-озмунҳо идома меёбанд.
Раёсати шаҳри Маскав чилу ҳашт ҷамъиятро дар бар мегирад. «Маълум аст, ки бори нахуст пас аз соҳиб ба истиқлолият шудан рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия доир гардид. Дар он қариб дусад нафар ҳунармандон иштирок карданд.
Ҳайат бисёр бонуфуз буд ва барнома хубу ҷолибу мукаммал. Ҳама намудҳои ҳунарро дар бар мегирифт. Рақсу хор, шашмақом, фалак, эстрада, композитсияи адабӣ ва ғайра дар барнома ҷой доштанд. Ва ҳама дар сатҳи баланд иҷро шуданд. Дар Театри калони Москва рӯзи аввали кушодашавии он ба пуррагӣ пешкаш гардид. Ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок доштанд. Барномаро бисёр хуб пазируфтанд».
Дар баробари намоиши ҳунару санъати воло ва фарҳанги асили тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳамчунин 17-уми августи соли 2006 дар майдони бузурги назди пойгоҳи баҳрии шаҳри Сочии Федератсияи Россия намоишгоҳи бошукӯҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва сарони дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз он дидан карданд.
Вобаста ба ҳунару санъати воло ва фарҳанги асили тоҷик Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин чунин ибрози андеша намудааст. «Муаррихон ва ҳуқуқшиносони Россия махсусияти ташаккулёбии давлатдории Шумо ва анъанаҳои онро, ки як ҷузъи таърихи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи тамаддуни умумибашарӣ маҳсуб меёбад, омӯхта ва аз бар намудаанд ва комилан табиист, ки фиристодагони ин фарҳанги бузургро, ки решаҳояш ба қаъри асрҳо мерасад, ин ҷо дар Маскав бо мароқи зиёд истиқбол мегиранд».
Дурнамоии сиёсати хориҷии кишварро Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод намуд: «Дар марҳалаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона ба ҳама давлатҳои ҷаҳон аст».
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуда буданд: «Мо ба инкишофи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия таваҷҷуҳи хосса дорем. Зеро онҳо таърихи бою қадима доранд».
Моҳи октябри соли 2012 иловатан барои идома ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Россия иқдоми навбатӣ пеш гирифта шуд. Дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия В. Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 санади наву муҳимми ҳакорӣ ба имзо расид, ки онҳо Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Руссия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум миёни вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошад.
Бояд таъкид кард, ки дар солҳои баъдӣ робитаҳои мустақими минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Россия бо вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон рӯ ба густариш оварда, дар айни замон беш аз 70 субъекти Федератсияи Россия бо минтақаҳои Тоҷикистон бевосита дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамкорӣ доранд.
Тоҷикистону Россияро дар баробари муносибатҳои дӯстонаи стратегӣ, ҳамчунин ҳамбастагию ҳамгироӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар чорчубаи СММ, ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар ниҳодҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ мепайвандад ва ҳарду давлат дар бештари масоили умдаи ҷаҳонӣ мавқеву назари ягона доранд. Роҳбарияти сатҳи олии ду давлат дар баробари анҷоми сафарҳои расмиву давлатӣ, маротибаҳои зиёд ба кишварҳои ҳамдигар бо сафарҳои корӣ ташриф оварда, дар чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва суҳбату мулоқотҳои созанда дар доираи баргузории ин ҳамоишу нишастҳо иштирок намудаанд.
Аз ҷумла 16-уми апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Зимни сафари худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба рушди густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо, ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу усулҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки «мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем».
Вохӯриҳои сатҳи олии дуҷониба ҳамчунин дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, зимни баргузории чорабиниҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ баргузор шудаанд. Тоҷикистону Россия дар баробари пешбурди робитаҳои хуби сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамчунин дар ҳалли умдатарин масоили глобалӣ ҳамкории неку созанда доранд. Имрӯз ду кишвари дӯсту бародар дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дошта, дар раванди пойдории сулҳу оромӣ ва амнияту бехатарии минтақа саҳми арзанда мегузоранд.
Умуман, дар ҳар суҳбату вохӯриҳои сатҳу зинаҳои гуногун ва масъалаи рушду тавсеаи бештару хубтари ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар сатҳи иқтисоду тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, илму техника, маорифу фарҳанг ва муҳоҷират аҳамияти бештар зоҳир гардида, пояҳои қарордодию ҳуқуқии шарикии стратегии ду давлат таҳким бахшида мешаванд. Зеро, ду мардум ва ду давлат умумиятҳои зиёди фарҳангӣ, манфиатҳои муштараки сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ доранд, ки бар пояи принсипҳои эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ дорои аҳамияти бузург ва ҳаётан муҳим мебошанд.
Ҷ. Абдуллоев,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав