Маълум аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва нооромиҳои Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ, сиёсисозиҳо мушкилоти ба вуҷуд омадаро тезонд. Ин ҳодиса вобастагии Тоҷикистонро ба минтақаҳои ҷаҳон ва ҷанбаҳои гуногуни зиндагии иҷтимоӣ на танҳо ба вуҷуд овард, балки тавсеа бахшид. Дар ин раванд суннатҳои амалӣ ва зеҳнии ҷомеа, ки аз пешрафта ва ақибмонда ба ҳам меомад, тадриҷан дигаргун шуд. Дар ин ҳол ҷаҳонишавӣ чун падидаи сирфан иқтисодӣ ба назар наомада, балки тамоми ҷанбаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии зиндагии сокинони кишварро фаро мегирифт, ки реша дар таърих ва анъанаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дорад.
Аслан, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири бисёрҷанбаи онро ҳанӯз дар остонаи даҳсолагии Истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона таҳлил намуда, аз ҷумла таъкид доштааст: «Дар сарҳади қутбҳои гуногуни ҷаҳони бисёрҷабҳа қарор гирифта, Тоҷикистон имрӯз барои қабули таъсири онҳо, ки бешубҳа дар асоси эҳёи мероси маданию фарҳангӣ натиҷаи некбинона медиҳад, кушодааст.
Глобализатсиякунонӣ халқҳоро ба системаи нави ташаккули навгониҳои сайёра ҷалб карда, набояд ба якхелгардонӣ барад. Ҳатто агар ягон кас кӯшиш намояд, ки онро чун ҷаҳони арзишҳои гуногун фаҳмад ва ба ҳамин шакл болои дигарон бор кунад. Маънии бузурги маънавиёт дар башардӯстии он, дар симои худро молик будан вобаста буда, ба фаҳмиши амиқи монанд набудан ба дигарон нисбат дорад. Маънавиёти мо ба монанд набудани ҳамсояҳои наздику нисбатан дур: қирғизҳо, хитоиҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, ҳиндуҳо, россиягиҳо, аврупоиҳо, амрикоиҳо ва бисёр дигарон муносибати эҳтиёткорона дорад… Мо бояд ҳамеша одамон ва ҷамъияти дигарро, ки аз мо фарқ карда, кореро фаҳмида анҷом медиҳанд ва маҳорату фаҳмиши моро ғанӣ мегардонанд, қадрдонӣ намоем».
Минбаъд дар ҷараёни ҳамгироиҳо бо таҳаввулоти ҷаҳонишавӣ ва таъсири он барои амалӣ гардидани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон нишондоди зикрнамудаи роҳбари давлат нақши калидӣ бозида, барои таъсирпазирӣ аз равандҳои ҷаҳонишавӣ паҳлуҳои мусбат ва манфии он ба эътибор гирифта шудааст.
Зимнан бояд гуфт, ки зуҳури раванди ҷаҳонишавӣ ба маънои имрӯза дар садаи шонздаҳ сар шуда, дар солҳои навадуми асри ХХ бо гуфтугӯҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дар амалияи робитаҳои халқҳову давлатҳо ҷойгоҳ ва нақши хосеро ифо намудааст. Дар ин равиш, албатта, таъсири пешомадҳои муфиди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон бетаъсир набуд. Ин раванд пешинаи таърихие дошт, ки имрӯзро ба гузашта пайваста, ҷанбаи ибратпазириро дар амал ва кирдори мардум, бахусус сиёсатмадорон афзоиш медод. Чунончи, сиёсатшиноси тоҷик Г. Зокиров навиштааст: «Аз нимаи дуюми солҳои 60-уми асри ХХ, ки сулҳи умум зери хатар монда буд, рӯоварӣ ба масъалаи инкишофи глобалии олам баланд гардид. Бисёр муҳаққиқон соли 1968-ро «гардиши бузург» медонанд, ки дар саросари ҷаҳон эътирози аҳли ҷомеа ба муқобили бесалоҳитии ҳукуматҳои миллӣ, роҳбарони давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ оиди танзим ё муқаррар намудани самтҳои асосии инкишофи глобалии олам баланд гардид».
Ба ин тартиб, аввалан, яке аз далелҳои таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон дар давраи нави давлатдорӣ натиҷаи мусбати ҷаҳонишавӣ бошад, дувум, вуқуи таҳаввулоти раванди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар солҳои ахир аст. Бахусус дар ин солҳо вазъи буҳронӣ ва мушкилофар заминасози воқеии таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон ба мушкилоти ҷаҳонишавӣ гардида, омили аслии бавуҷудоии ташаббусҳои байналмилалии кишвар ва роҳбарияти он дар он ба шумор меравад. Ҳам дар замони нооромиҳову вазъиятҳои буҳронӣ, ҳам дар солҳои баъд роҳбарияти мамлакат ба ҳодисаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, ки ҳалли ҳаматарафаи он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ алоқаманд аст, бетаваҷҷуҳ набуд. Ба ифодаи дақиқтар, яке аз омилҳои асосии зуҳури ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дарк ва шинохти мушкилоти ҷаҳонишавӣ дар зинаи хоси шаклгирии равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ мебошад.
Роҳбарияти давлат саривақт ба мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ, ки ҷузъи мушкилоти ҷаҳонишавӣ аст, таваҷҷуҳ карда, барои ҳалли он нахуст аломатҳои онро муайян ва мушаххас намудаанд, сониян, дақиқ карда шудааст, ки масъалаи ҳалли мушкилоти ҷойдошта бе ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ бесамар аст. Ин тартиби ташхис гувоҳи воқеиятшиносӣ, хирадварзӣ ва ояндабинии Тоҷикистон, бахусус роҳбари давлат мебошад. Ташаббусҳои роҳбари давлат ба ҳалли мушкилоте равона гардидааст, ки ба талаботҳои зер ҷавобгӯ мебошанд:
онҳо хусусияти умумибашарӣ дошта, на фақат манфиатҳои тоҷикон, балки ҳамсояҳо, гурӯҳи ашхоси алоҳида ва дар маҷмуъ ҷомеаи ҷаҳониро низ ифода мекунанд;
омӯзиш ва ҳалли ин мушкилот ёрии дастаҷамъии башарӣ, аз ҷумла халқҳову кишварҳои гуногун, созмонҳои ҷамъиятии сатҳи ҷаҳониро тақозо мекунад;
ҳал нагардидани мушкилоти мавҷуда на фақат амният ва осудагии мардуми Тоҷикистонро ба хатар мувоҷеҳ мекунад, балки барои ҳамсояҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ судманд нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дурнамои пешрафти кишвар ва вазъи душвори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давраи аввали истиқлолияти мамлакатро пеши назар оварда, бо назардошти раванди ҷаҳонии сиёсати давлатдорӣ ва масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ба ироа ва ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ иқдом кардаанд, ки бесобиқа аст. Ин иқдом зери таъсири раванди мусбати ҷаҳонишавӣ ба миён омад ва ниҳоят анҷом ҳам гирифт, ки танҳо ба манфиати Тоҷикистон набуд.
Дар ин марҳила барои роҳбари давлат ва сиёсати давлатдории ӯ, ки зери таъсири ҷараёни ҷаҳонишавӣ қарор дошт, чаҳор раванди ҷаҳонишавӣ муҳим будааст:
1. Рақобати солим миёни қудратҳое, ки дар шинохти манфиатҳои умумимиллии тоҷикон ва гурӯҳҳои мухолифин ҳар кадоме мавқеи худро доранд.
2. Ҷустуҷӯи роҳҳои самаровари муколама ва ҳамгироӣ.
3. Ба эътибор гирифтани манфиатҳои моддиву идеологӣ.
4. Ҷустуҷӯи роҳҳо ва имкониятҳои нав дар роҳи ҳалли мушкилоти сиёсӣ.
Ҳақиқати бебаҳс аст, ки фурӯпошии Иттифоқи Шуравӣ, мустақил гардидани ҷумҳуриҳои Шуравӣ ва ниҳоят нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни қаламрави мазкур, аз ҷумла Тоҷикистон, зери таъсири равандҳои носолими ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба амал омад ва оқибатҳои ҷуброннопазир дошт. Мутаассифона, бо сабабҳои воқеӣ ҳукумати вақти кишвар дар пешгирии кашмакашҳои сиёсии солҳои навадум таъсири мусбат гузошта натавонист. Дар ин давраи ҳассос мухолифатҳои ҷанги сард, ки аз солҳои панҷоҳум сар шуда, дар солҳои навадум ба авҷ расиданд, мақоми давлатро ҳамчун таъминкунандаи низому амният поин бурд.
Ба далели рақобати ҷаҳониву минтақавӣ барои дастёбӣ ба манфиатҳои ҷаҳонии худ роҳбарияти давр натавонист ба пешгирии ҷанги эҳтимолӣ мутаваҷҷеҳ шавад ва ин беэътиноӣ дар натиҷа фоҷеаҳоеро барои мардум ва низоми давлатдорӣ ба бор овард.
Дар солҳои баъдӣ бо таъсири баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳое расид, ки ҳам ба манфиати кишвар ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Аз ҷумла, зери таъсири ҷанбаи сиёсӣ Тоҷикистон ба баҳси аз байн бурдани силоҳи байналмилалӣ, яъне пешниҳодҳое барои ҳазфи тамоми неруҳои мусаллаҳ ва ҷангафзорҳо, таҳти назорати як низоми идораи байналмилалӣ, густариши нуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳои мухталиф ва тавсеаи ҳокимият ва иқтидори он, низоми навини ҷаҳонӣ (the new world order) пайваста, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгироии қобили мулоҳиза дошт.
Таъсири ҷанбаи иҷтимоӣ дар он зоҳир мешуд, ки Тоҷикистон дар ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ «барои беҳбуди беҳдошти ҷаҳонӣ, арзаи ҷаҳонии ғизо мабоҳиси марбут ба фақр ва далоили он дар иртибот бо буъди иҷтимоии ҷаҳонӣ шудан» ҳамгироии бардавом дошт ва раванди мазкур ба вазъи иҷтимоии кишвар бетаъсир набуд.
Ҷанбаи фарҳангии ҷаҳонӣ шудан, ки боиси тавсеаи фарҳанги ҷаҳонӣ ва ғанӣ гардидани фарҳанги маҳаллӣ ва минтақавӣ мегардад, дар ин раванд низ таъсиргузор буд. Ин ҷиҳат ҳам омили таҳкими низоми ҷаҳонӣ ва ҳам арсаи набардҳои маънавию ахлоқӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамеша аз омилҳои мусбати таъсиргузор истиқбол кардааст. Дар ин замина барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ низ тадбирҳои судманд андешида шудаанд, ки ба шиносондани фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Таъсири ҷанбаи иқтисодию тиҷоратии ҷаҳонӣ шудан «дар раванди байналмилалӣ шудани тиҷорат ва бозаргонӣ, ҳокимияти иқтисоди либерал ва системаи бозори озод дар саросари ҷаҳон, ассимилятсияи иқтисодҳои мухталиф бо ҳамдигар, талошҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (WTO) зоҳир гардида, заминаро барои рушди иқтисоди кишвар ба вуҷуд овард, ки он тамоюли инкишофи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар масири ҷаҳонӣ шудан аст».
Донишмандон масоили муҳити зистро низ «ваҷҳи ҷаҳонӣ шудан» дониста, «гарм шудани ҷаҳон», «сурох шудани қабати азон», «ҷангалзудоӣ» ё «ҷангалкушӣ» ва олудагии обу ҳаворо ваҷҳи дигари ин раванд арзёбӣ мекунанд, ки таъсири он ба шаклгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон чашмрас аст.
Илова ба омилҳои зикршуда, омилҳои дигари таъсиргузор ва ангезаҳои ҷаҳонӣ шудан мавҷуданд. Аз ҷумла:
а) иртибот;
б) Созмони Милали Муттаҳид
в) Созмонҳои ҷаҳонӣ ва иқдомоти онҳо.
Омили иртибот аз ҷумлаи василаҳои таъсиргузор дар раванди ҷаҳонӣ шудан буда, «дунёи Ғарб» бо фановарии бартари иртибототӣ дар садади ҷаҳонисозии арзишҳои худ аст. Дар ин замина иртиботот воситаи тарғиб ва дарёфти ақоид буда, Ҳ. Лосвел (Harold Lasswell) онро чунин маънидод кардааст: Чӣ касе? (Who?), чӣ мегӯяд? (Says What?), дар кадом шабака (In What Channel?), ба чӣ касе? (To Whom?) ва бо чӣ таъсире? (With What Effect?). Пайравони ин раванд аз дунёи пешрафтаи Ғарб буда, он барои Тоҷикистон таъсироти манфӣ низ дорад. Ин сухан ба маънии инкори таъсироти мусбати ҷаҳонишавӣ нест, балки дар такя ба сиёсати огоҳонаи Ҳукумати кишвар эҳтимоли паёмадҳои зиёновар доштани онро ёдрас мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба он чи ки гуфта шуд, таъсироти мусбат ва манфии ин равандро дар такя ба воқеиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ёдрас менамоем.
Таъсироти мусбати ин равандро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди технологӣ, имкони дастрасии осонтар ба шохаҳои илм ва манбаъҳои илмӣ, эҷоди фазои рақобат барои афзоиш ва тавсеаи истифодабарӣ бар асари рақобати ҷаҳонӣ, имконоти ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва дар натиҷаи афзоиши истеҳсолот ва ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо, афзоиши ҷаҳонгардӣ ва монанди инҳо мушаххасан дидан мумкин аст.
Дар ин замина таъсири манфии ин ҷараёнро ба тариқи зер метавон гурӯҳбандӣ кард:
– ҷаҳонӣ шудан дар сурати вазъи ноустувори иқтисодӣ мавқеи кишварро дар рақобатҳо бо давлатҳои нерӯманд поин мебарад;
– нобаробариҳо ва беадолатиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар заминаҳои иҷтимоӣ тақвият ёфта, афзун мегардад;
– ба инкишофи табиии фарҳанги миллӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ зиён мерасад;
– муҳити зист зери таъсири истифодаи технологияи зараррасон зиён дида, олуда мегардад;
– истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ таҳти таъсироти ҳамсонӣ аз муҳити беруна ва ғайримиллӣ осеб мебинад.
Тоҷикистон паёмадҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавиро ба эътибор гирифта, дар ин замина стратегияи хоси худро дар роҳи таъсирпазирӣ ва баҳрабардорӣ аз ин раванд таҳия намуд, ки манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллиро ба эътибор гирифтааст. Стратегияи мазкур ҷараёнҳо ва омилҳои асосии бавуҷудоии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро муайян ва мушаххас карда, роҳро барои сиёсати дурбинонаи Ҳукумат ҳамвор намуд.
Чунон ки зикр шуд, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, асосан зери таъсири заминаҳо ва омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ шакл гирифта, ҳангоми тасмимгирӣ дар роҳи пешниҳод ва иҷрои он хусусиятҳои зерини онҳо дар назар дошта шудааст:
– хислатҳои умумиҷаҳонӣ, ки манфиатҳои тамоми кишварҳо, халқҳои ҷаҳон ва давлати Тоҷикистону мардуми онро ба ҳисоб мегирад;
– ба пешрафти имрӯза ва ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд;
– ҳолати ташаккул ва таҳаввули ин раванд монеи бавуҷудоии мушкилот намегардад;
– дар амалисозии ин ташаббусҳо хислати комплексӣ ва системавии онҳо меъёри амал ва ҳамгироӣ аст;
– иҷрои онҳо ба роҳандозии тадбирҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ниёз дорад.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар замина ва зери таъсири паёмадҳои ҷаҳонишавӣ шакл гирифта, паҳлуҳои гуногуни мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосирро дар бар мегирад ва бевосита ба вазъи ҷаҳони муосир алоқаманд аст. Бавуҷудоии силсилаи хатару ситезаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, монанди бархурди тамаддунҳо, терроризми байналмилалӣ, экстремизми мазҳабӣ, ҷинояткории трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир на фақат ба амнияти низоми мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқию гуманитарии ҷаҳонӣ хатар эҷод мекард, балки дар маҷмуъ ба сулҳу суботи сайёра ва давлатҳои ҷудогона низ зиён дошт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти он ки аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун нест ва бо қисме аз онҳо, аз қабили терроризми байналмилалӣ, мушкилоти экологӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бархурд дорад, ҳам ибтикорҳои ҷомеаи ҷаҳониро оид ба масоили глобалӣ собитқадамона пайгирӣ кард, ҳам худ бо иқдомоти муҳими сатҳи ҷаҳонӣ дар роҳи пешгирии мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузошт.
Дар ин замина яке аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси созмони байналмилалии универсиалӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва таъмини ҳамқадамии он бо рушди босуръати дунёи муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ алоқаманд буд, ки дар суханронии ӯ ҳанӯз моҳи октябри соли 1997 дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба масъалаи ислоҳоти СММ ироа гардид. Дар ин росто роҳбари давлати тоҷикон дар робита ба ислоҳоти СММ андешаҳои худро борҳо баён намудааст, ки нуктаҳои зайлро дар бар мегиранд:
– муносибати воқеъбинона ба ислоҳоти СММ бо роҳи бештар таваҷҷуҳ кардан ба ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳим, риояи тавозуни оқилонаи навҷӯиҳо ва таҳкими усулҳое, ки самараашонро нишон додаанд;
– афзудани аъзоёни доимии Шурои амнияти СММ, аз ҷумла аз ҳисоби намояндагони кишварҳои рушдёбанда дар асоси интихоби бонавбат;
– иштироки фаъолонаи СММ дар таъмини тараққиёти босуботи кишварҳои дорои иқтисодиёти гузаранда, аз ҷумла дар рафъи оқибатҳои манфии иҷтимоии давраи мазкур;
– таҳким бахшидани нақши СММ дар ҷодаи расондани кӯмаки байналхалқӣ ба ҳамгироии давлатҳои транзитӣ ба системаҳои ҷаҳонии иқтисодию тиҷоратӣ.
Пешниҳоди тадбирҳо барои ҳифзи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон заминагузори ташаббусҳои фарогири кишвар буда, аз ҷумла пешниҳодҳои зерин ифодакунандаи мавқеи ислоҳотхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи беҳбуд бахшидан ба вазъи ҷаҳон ва минтақа мебошад:
1. Қабули аҳдномаи муштараки умумиҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм, эътироф намудани терроризм ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафҳои сиёсӣ.
2. Пешбинӣ намудани ҷазо нисбати давлатҳое, ки аз терроризм пуштибонӣ зоҳир менамоянд.
3. Аз ҷониби давлатҳои мутараққӣ таҳия ва роҳандозӣ намудани барномаҳои фарогири кӯмаки иқтисодию иҷтимоӣ ва технологию иттилоотӣ ба кишварҳои олами сеюм.
4. Таъсис додани Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти сарпарастии СММ.
5. Баланд бардоштани нақши ҳамоҳангсози Интерпол дар мубориза бар зидди терроризм.
6. Ташкил намудани маъхази умумии маълумот ва шабакаи муштараки иттилоотӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм.
Фаъолияти амалии мақомоти раҳбарии Тоҷикистонро дар ин замина минбаъд ташаббусҳои бевоситаи он, ки зери таъсири ҷараёни ҷаҳонишавӣ шакл гирифтааст, мушаххас месозад. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар алоқамандӣ ба хусусияти фаромилӣ доштани терроризм мубориза ба муқобили онро бидуни талошҳои муштараки мақомот ва ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ ғайриимкон дониста, дар ин замина ҳанӯз соли 1995 Президенти кишвар дар Иҷлосияи 56-уми Маҷмааи Умумии СММ изҳор дошта буд, ки «неруҳои сулҳовари Созмони Милали Муттаҳид дар сурати ҳамкории он бо созмонҳои минтақавӣ метавонад ба маротиб афзоиш ёбанд ва пеш аз ҳама, дар роҳи пешгирӣ, хомӯш кардан ва танзими ихтилофоти низомӣ, мубориза алайҳи терроризм, зуҳуроти радикалии равияҳои мухталифи бунёдгаро хизмат кунанд».
Дар доираи ҳамин гуна талошҳои роҳбари давлат ва ҳамгироии кишварҳои дигар соли 2010 Стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ дар Осиёи Марказӣ қабул гардид ва ҳоло ҷумҳурӣ дар таҳияи нақшаи муштараки амалҳо оид ба татбиқи он нақши фаъол дорад. Дар ин замина саҳми Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти ҷойдошта дар ҳалли низои Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инкишофи захираҳои инсонӣ, масъалаҳои истифодаи захираҳои обӣ, дастгирии кишварҳои ақибмонда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони онҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, дастгирии соҳаи тандурустӣ, маориф ва ғайра бузург мебошад.
Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба ҷараёни воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон ва минтақа дар ҳалли мушкилоти дигар, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир нақши калидӣ дошта, омили муҳокимаи ин масъала дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир» (Душанбе, 1999) ва чорабиниҳои дигар, мисли ҷаласаи 58-уми Маҷмааи Умумии СММ (соли 2003), имзои Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекусорҳои онҳо (17-уми июни соли 2004), ташкили Маркази Созмони Ҳамкории Шанхай бар зидди гардиши маводи мухаддир (Ҳамоиши сарони давлатҳои СҲШ, соли 2008, Душанбе) таҳияи Барномаи муштараки мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳти сарварии СММ ва Соли байналмилалии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эълон намудани соли 2011 (моҳи майи соли 2009, Душанбе) гардид.
Масъалаи озуқа ва инкишофи захираҳои инсонӣ низ аз ибтидо дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дошта, роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мулоқоти сарони ҳукуматҳои ҷаҳон бахшида ба масъалаи озуқа гуфта буд: «Масъалаи пурратар қонеъ гардондани эҳтиёҷоти мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба об барои обёрии замин ва бо мақсади бо маводи хӯрока таъмин кардани аҳолӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳалли силсилаи проблеммаҳои гидроэнергетикиро тақозо менамояд. Зеро дарёҳое, ки ба баҳри Арал мерезанд, аз қаламрави Тоҷикистон сар мешаванд». Дар матни ин мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти кӯли Сарезро ба миён гузошта, таъкид карда буд, ки истифодаи мақсадноки оби ин кӯл ба «масъалаи барҳам додани гуруснагӣ, камбизоатӣ ва рафъи таҳдиди камбуди озуқа дар миқёси ҷаҳон» мусоидат менамояд.
Дар ин раванд дар асоси пешниҳодҳои Тоҷикистон қабул шудани қатъномаҳои СММ оид ба эълон намудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ниҳоят соли 2025 – Соли ҳифзи пиряхҳо ва ҳамчунин 21 март – Рӯзи ҳифзи пиряхҳо аз ибтикороти муҳим ва таъсиргузор буда, дар асоси ду ташаббуси аввал Дабири кулли СММ Шурои машваратӣ оид ба захираҳои об ва беҳдоштро таъсис дод. Дар доираи ин иқдомҳо дар асоси Қатъномаи Маҷмааи Умумиии СММ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои он дар Душанбе чорабиниҳои зиёде, аз ҷумла Форуми байналмилалии оби тоза (августи соли 2003), Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромиллӣ (30-уми майи соли 2005), Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008) ва ғайра баргузор гардиданд.
Пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина масъалаҳои муҳими зайлро низ фаро гирифта, дар ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузор мебошад.
1. Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август – 4 сентябри соли 2009 дар шаҳри Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген 7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.
2. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим – таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Бо назардошти ин Президенти Тоҷикистон таҷдиди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро ҳамчун василаи таъмини амну субот ба миён гузошт. Вобаста ба ин дар дарёи Панҷ пайи ҳам панҷ пули хурду бузург сохта шуданд, ки дар ҳалли мушкилоти сокинони наздисарҳадӣ нақши муҳим дорад.
3. Идомаи ташаббусҳои сарвари давлат натиҷааш ин буд, ки соли 2013 -Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри соли 2010) эълон гардид. Дар заминаи ин ташаббус 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид, ки дар натиҷа як силсила санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд.
4. Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об буда, ифодагари саъйю талошҳои Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонишавӣ мебошад.
Ҳамин тавр, мутахассисон таъсири ҷаҳонишавиро дар се ҳолат бештар дониста, ба ин натиҷа расидаанд, ки он «мамлакатҳоро ба ҳамдигар бисёр наздик мекунад: аввал дар рафту омади осон байни мамлакатҳо, дувум пайдо шудани техника ва технологияи нав (дар мисоли телевизиони моҳвораӣ, интернет ва воситаҳои дигар) ва сеюм сиёсати давлатҳо, ки имрӯз аз ҳама муҳимтар гардидааст». Профессор И.Усмонов дар ин замина сиёсати давлатҳоро ба ҳам вобаста дониста, аз ҷумла таъкид менамояд, ки «…ниҳоят мавқеи динҳо ва мазҳабҳо дар ин замон ё барои ҳимоя намудан ё барои вайрон кардани дигаре мустаҳкамтар шуданд, ки ин низ таъсири худро мерасонад. Ҳамаи инҳо раванди таъсири ҷаҳонишавии фарҳангу сиёсату зиндагиро ба вуҷуд овардаанд. Наворе, ки шумо дар телевизион мебинед, нохост ба шумо писанд мешаваду ба он пайравӣ мекунед, ё баръакс ягон чизи бадро мебинеду ба он бо нафрат менигаред. Ҳамаи ин раванди ҷаҳонишавианд».
Умуман, ҷаҳонишавӣ бурд ҳам дораду бохт ҳам, таъсири он ба маданияти миллӣ ҳам судовар асту ҳам зиёновар. Дар сурати огоҳ набудан ва ба меъёр риоя накардан миллат зарар мебинад, ҳар гоҳе ахлоқи миллӣ поядор набошад, расму оини бегона ҳувияти миллиро фурӯ мебарад. Дар ин ҳол зиёиёни миллат, аҳли илму эҷод бояд дар ҳифзи суннатҳои миллӣ ва муаррифии онҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшиш намоянд.
Сафарзода Хуршед,
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода