Дар таърихи рушди пахтакории Тоҷикистон бисёр масъалаҳои тасодуфиинонавишта мавҷуданд. Барои мисол, дар асноду мадорики Ҳизби коммунисти мамлакат омада буд, ки боясти ҷумҳурӣ то солҳои 1960 – 1961 то 1 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ намояд. Аммо ба далоили мухталиф ин барнома иҷро нашуд. Яъне ин худ мавзуи як кори дигари таҳқиқотӣ аст, муҳаққиқон мушаххас кунанд, ки чаро ин барнома иҷро нашуд ва иллату сабабҳои иҷро нашудани он дар чӣ буд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор ва Москва (ҳозира н. Ҳамадонӣ) пешбинӣ шуда буд, ки24 ҳазор гектар замин азхуд карда шавад.
Ҳизби коммунист тамоми чораҳои заруриро меандешиданд, ки маъракаи муҳоҷиркунӣ ва таъсиси хоҷагиҳои нав дар заминҳои тоза ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, сари вақт ва бе каму кост анҷом дода шавад. Воқеият ҳамин тавр буд, ин маърака сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда хеле хуб ҷараён гирифт ва бомуваффақият ба нуқтаи ниҳоии хеш расид. Аммо дар ин муддат ин роҳ он қадар ҳам тахту ҳамвор набуд ва каму костиҳои зиёде дошта ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешуд.
Дар маҷмуъ, низоми давлати Иттиҳоди Шуравӣ шумурда ва ҳисобшуда маҳсуб меёфт ва тамоми корҳое, ки дар сартосари ватани паҳновари Шуравӣ сурат мегирифт, рӯйи барнома ва риволи мушаххасу дақиқ сурат мегирифт ва аз ин рӯ мунҷар ба муваффақият мешуд. Давлати абарқудрати Шуравӣ ба идеологияи коммунистӣ- марксистӣ такя мекард ва давлати коргарону деҳқонон маҳсуб меёфт ва касе, ки кор мекард ва заҳмат мекашид, қадру манзалаташ пеши дастгоҳи давлатӣ ва давлатмардони он хеле боло буд. Агар дар ин мақта, ки баҳсро каме рӯйи риволи давлатдорӣ ва низоми корҳо оғоз кардаем, суҳбатро идома диҳем, гуфтан ҷоиз аст, ки аз назари рушди иқтисодӣ солиёна рушди он то 12 – 13 фоизи солонаро ташкил медодааст, ки мо дар таърихи чанд даҳсолаи охир қарни ХХ ва ХХI чунин нишондиҳандаҳоро надоштем.
Пас агар ин тавр аст, тасмимҳо дуруст буданд. Ин андешаҳо моро ба он водор мекунад, ки рӯйи андешаи ҳоким ва ё андешаи давлатӣ фикр кунем ва тариқу наҳваи коргирӣ аз онро бояд ҷустуҷӯ карда пайдо кунем. Албатта, ин масир бояд масире бошад, ки бар зарари ҷонибдорони андешаҳои дигар набошад. Акнун ба андешаи мо вақти он расидааст, ки бо дарки масъулият ва таҳлили амиқи ҳаводиси дунёи феълӣ ва чанд даҳсолаи ахир ворид сиёсатҳои байналмилалӣ шуда, аз мавқеъ ва мақому манзалати хеш дифоъ кунем. Ин гурези иҷмолие, буд, ба андешаи мо барои тақвияти кор ва ифшои мавқеи мо кӯмак ва мусоидат хоҳад кард.
Акнун боз сари матлаби хеш баргашта масъалаи муҳоҷиркунӣ ва обёрии заминҳои боир дар вилояти Кӯлоб бурду бохтҳои онро идома хоҳем дод.
Колхози «20 – солагии Тоҷикистон» соли 1949 дар мавзеи Чӯбек таъсис дода шуд, ки ба ин макон аҳолиро аз мавзеъҳои Сарихосор, Ховалинг ва Балҷувон кӯчонида буданд, инчунин дар ин макон колхози ба номи «Фрунзе» низ таъсис дода шуд.
Як нуктаро дар ҳамин ҷо зикр кардан ба маврид аст, ки дар солҳои 50 -уми асри гузашта чунин қароре қабул карда шуда буд, ки аз манотиқи кӯҳистон тамоми мардум ба водиҳо кӯчонида шаванд, яъне мавзеъҳои кӯҳистон бояд комилан тахлия мешуданд.
Соли 1950 ба ноҳияи Чӯбек бо даъвати ҳукумати кишвар барои аз худкунии заминҳои навкорам аввалин муҳоҷирон аз ноҳияҳои баландкӯҳи Ховалинг ва Балҷувон омаданд. Бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардида, муҳоҷирон садҳо гектар заминҳои туғайзорро азхуд намуданд. Дар зиёда аз 5 ҳазор гектар заминҳои навкорам майдонҳои пахтазор, обчакорӣ, боғот ва ангурзор паҳн гардида буданд.
Мутобиқ ба ахбори санадҳои идорӣ ва ҳизби соли 1951 аксари аҳолии деҳоти Даштиҷум ва Шурообод ба ноҳияи Чӯбек кӯчонида шуданд ва дар маҳал соли 1952 онҳо колхози ба номи Булганинро ташкил доданд. Ва ба ҳамин тартиб пас аз муҳоҷир кардани аҳолӣ аз деҳаҳои гуногуни кӯҳистони тоҷик соли 1951 совхози «Метантуғай» таъсис дода шуд.
Ба заминҳои нав дар вилояти Кӯлоб аз тамоми навоҳии ҷумҳурӣ муҳоҷирон оварда мешуданд, албатта тибқи нақшаи муайяне ин корҳо анҷом дода мешуд. Як нуктаро мехостам дар ҳамин ҷо қайд кунам, ки як ҳусни замони Шуравӣ ин буд, ки тамоми корҳо ва фаъолияту амалиёти дастандаркорон рӯйи ривол, нақша ва барномаҳои вижа пиёда мешуд.
Барои мисол, нақшаи кӯчонидан аз вилояти Ленинобод ба вилояти Кӯлоб барои соли 1953 бо шумораи 600 хонавода тартиб дода шуд ва дар асл 676 хонаводакӯчонида шуд.
Яъне кӯчонидани аҳолӣ аз навоҳии кӯҳистон ба заминҳои нави вилояти Кӯлоб ҳамон тавре қаблан ёдовар шудем мутобиқ ба нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда идома дошт ва сол то сол авҷи нав касб мекард.
Аз ин рӯ, агар нақшаи кӯчонидани 1300 хонаводаро барои вилояти Кӯлоб дар назар гирифта бошанд, дар асл 1518 хонавода кӯчонида шуданд.
Мутобиқ ба гуфтаҳо муҳоҷирони солҳои 1953 – 1956 кохозҳои ба номи «Коммунизм» ва «Москва»-ро дар ноҳияи Восеъ ташкил додаанд. Албатта, он вақт ин ноҳия номи Колхозободро дошт.
Бахше дигари муҳоҷирон аз ноҳияҳои Шурообод ва Даштиҷум дар ноҳияи Чӯбек колхозҳои «Правда» (1951), «Дружба» (1954), ба номи Ленин (1956), ба номи Киров (соли 1956) ва совхози ба номи С. Турдиев (соли 1959)-ро таъсис доданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳангоми суҳбат бо муҳоҷир аз деҳаи Мулёби ноҳияи Даштиҷум Шамсов Мадисо, аён гардид, ки ҳамдеҳагони онҳоро соли 1950 аввал ба деҳаи Чордара, сонӣ ба деҳаи Гулистони хоҷагии «Правда» кучонида оварданд. Дар деҳа чор хонаи лойин буду халос. Танҳо бо меҳнати пурсамар ва якҷояи муҳоҷирон рӯзона барои азхудкунии заминҳои туқайзор мерафтанду, бегоҳӣ то як нисфи шаб барои худашон хонаҳои лойин месохтанд. Ҳамин тарз то тирамоҳи ҳамон сол қариб ҳамаи муҳоҷирон соҳиби хонаҳои болопӯш гардиданд.
Ҳамон тавре аз асноди идорӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳо бармеояд дар байни солҳои 1953-1960 ба вилояти Кӯлоб 17218 хонавода бо теъдоди 19296 нафар кӯчонида шуданд. Ин теъдод неруи қобили меҳнат 14473 нафарро ташкил медоданд.
Кӯчонидани аҳолӣ ба заминҳои тахту ҳамвору васеи вилояти Кулоб корҳои кишоварзиро хеле авҷ дода ва боиси тавлиди зиёди маҳсулоти кишоварзӣ шуд, ҳамаи ин ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекард.
Як чизе, ки боси хушнудӣ ва масаррат дар ин масир ин буд, ки дастандаркорон барои анҷом корҳо бо васоили техникӣ таваҷҷуҳи калон медоданд ва дар баробари меҳнати дастӣ, ки дар аввоили ташкили Иттиҳоди Шуравӣ хеле зиёд буд, дар солҳои 50 ”уми қарни бист бештар васоити техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд, яъне солҳои 50-уми қарни ХХ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ 3704 адад трактор мавҷуд буд, ки ин баробари 14,2 ҳазор қувваи асп буд.
Як нуктаи хеле муҳимро дар раванди муҳоҷир кардан ва ба заминҳои нав кӯчонидани одамон зикр карданием, ки дастандаркорон ва онҳое, ки он замонҳо дар равнди ин маърака қарор доштанд, ба масоил ин тавр назар мекарданд, ки ҳар чи воҳид, хоҷагӣ ва хонавода бузургтар бошад, ҳамон қадар кор осон мешавад ва натиҷаҳо низ назаррас хоҳанд буд.
Аз ин рӯ, дар собиқ давлати абарқудрати Шуравӣ дунболи бузург кардани тамоми муассисаю идораҳо мерафтанд, то ба натиҷаҳои назррасе ноил гарданд. Ба назари мо, вақте мо ин қазияро аз замони худ нигоҳ мекунем ва ба риштаи таҳқиқ мекашем ин дуруст аст, чунки бавежа дар соҳаи кишоварзӣ ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас амри муҳол аст. Ба хотири он ки риволи корҳо чунин аст, ки дар аксари маворид натиҷаи ниҳоии кор ба омилҳои субъективӣ вобастааст, яъне ба вазъи боду ҳаво. Агар ҳаво хуб биёяд, ҳосил хуб мешавад, вагар не, натиҷаҳо нохуб мешаванд.
Дар чунин ҳолат барномарезию пайрезӣ ва нақшакашиҳо бебунёд мешаванд. Аз ин рӯ, дастандаркарони вақт дунболи воҳидҳои ҳаҷиму бузурги кишоварзӣ мегаштанд, ки ин воҳид захираи зиёд дошта бошад ва дар марҳилаҳои мураккаб битавонад ҷуброни хисорот намояд. Аз ин зовия, санаи 12 апрели соли 1955 бо қарори Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва КМ ҲК роҷеъ ба таъсиси совхозҳои нави чорводорӣ дар мамлакат дар вилояти Кӯлоб дар заминаи воҳидҳои кишоварзии мавҷуд аз ҳисоби онҳое, ки ба ин манотиқ кӯчонида шуда буданд, совхози хеле калоне таъсис дода шуд.
Аз ин рӯ, ҳамаи корҳое, ки он замон иҷро шуда буданд ва имрӯз низ мо баъзеи он корҳоро анҷом дода истодаем, ба мисли обёрии заминҳои ташналаби ноҳияи Данғара, бунёди неругоҳи барқии обии Роғун ва боз даҳҳо тарҳҳои дигар аз он замон сарчашма мегиранд.
Садбарги Исо,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав