Маҳфили навбатии “Тарҷумон”- и назди кафедраи рӯзноманигорӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Роҳбари маҳфил Шарипова Меҳрангез оиди раванди забономӯзӣ ва тарҷумонӣ ибрози ақида намуда, донистани забонҳои хориҷиро дар замони кунунӣ шарт ва зурур шуморид.
Сипас, мудири кафедра Шарипов Сангинмурод дар бораи фаъолияти донишҷӯен ба маҳфилҳои тарҷумонӣ сухан намуда, оид ба таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудани давлату ҳукумат нисбати забономӯзӣ андешаронӣ кард.
Дар махфил маърӯзаи илмии донишчӯёни ихтисоси журналист – тарҷумон Ибрагимова Сабрина ва Талбизода Юсуф дар мавзуи “Саҳми олимони тоҷик дар рушди тарҷумашиносӣ” шунида шуд.
Инчунин донишҷӯен бо забонҳои русӣ ва англисӣ шеърҳо қироат намуданд.
Дар охири ҳамоиш хатмкунандагони ихтисоси журналист -тарчумон аз рафти омӯхтани дарсҳои назариявии худ ва коромӯзӣ дар телевизион ва радио байни ҳамдигар бо забонҳои русӣ ва англисӣ муколама пешниҳод намуданд. музокираҳо байни иштирокдорони махфил бо забонҳои гуногун сурат гирифт.
Дар рафти ҳамоиш дотсенти кафедра Маҳкамзода Дилором ва номзади илмҳои филологӣ Маҳмадалиева Муҳаббат ба иштирокдорони маҳфил барои сафарбар шудан ба кадрҳои тахассусӣ ва ба мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва чаҳонбинии сиёсӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро таъкид намуданд.


