Асосгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ғайр аз очеркҳои таърихии “Исёни Муқаннаъ”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Қасидаи ҷанг ва зафар” мақолаҳои зиёди публитсистӣ таълиф кардааст. Онҳо аҳаммияти калони ватандӯстӣ дошта, дар онҳо сужет ва дигар жанрҳои фолклорӣ ба таври васеъ истифода шудаанд.
Дар ин бора Воҳид Асрорӣ менависад: “С. Айнӣ афсонаро ҳамчун шакли ифодаи мазмун, ҳамчун воситаи фошкунандаи хусусият ва нишондиҳандаи симои персонаж бо камоли санъаткорӣ истифода мебарад. Масусан афсонаи “Деви ҳафтсар”-ро чунон устокорона ва бамавқеъ истифода бурдааст, ки дар тасвири ваҳшонияти фашизми Германия, дар муқоисакунӣ ва тасвири оммафаҳми халқӣ беҳтар аз ин приём нахоҳад буд”.
С. Айнӣ дар мақолаи “Деви ҳафтсар” мегӯяд: “Дар вақтҳои хурдсолиам ман ба шуг (матал) ва афсонашунавӣ бисёр ҳавас доштам. Дар ҳамсоягии мо як кампири ҳаштодсола буд, ки дар афсонагӯӣ монанд надошт. Назар ба қавли кампир дар замони қадим дар миёнаҷои ободиҳои дунё “Кӯҳи Қоф” ном як кӯҳи бисёр калони баланд будааст. Дар он ҷо Деви ҳафтсар ном як дев ҳукмронӣ мекардааст. Он дев чунон ки аз номаш маълум аст, ҳафт сар доштааст.
Сари якумаш монанди хуки ёбоӣ, ки гуроз меноманд, будааст. Аммо даҳону забони бисёре доштааст, ки ба ҳар кас гап мезадааст: ба баъзеҳо бо дӯғу пӯписа ва бо баъзеҳо ба забони хуш ва дӯстдорӣ. Аз ҳар даҳони ӯ чор дандони ашки саркаҷ ба қадри як оршин дароз шуда баромадагӣ будааст.
Ҳар касе аз дӯғу пӯписаи ӯ тарсида ба ӯ таслим шавад ё ин ки ба гапҳои ширини ҳилакоронаи ӯ фирефта шуда ба ӯ наздик ва ром гардад, бо дандонҳои ашки худ шиками он касро дарронда мехӯрдааст.
Сари дуюми дев ба сияҳгӯш ном ҷонвари дарранда монанд будааст, аммо аз сиёҳгӯш фарқаш дар ин будааст, ки ҳар вақт аз даҳони худ заҳр ва оташ пошида, дунёро ва одамҳоро мекуштааст.
Сари сеюмаш ба гург монанд будааст, аммо аз гург фарқаш дар ин будааст, ки аз сар то пой дар бадани ӯ ба ҷои мӯй дандонҳои ашк баромада будааст. Дандонҳои ашки ӯ бисёр дароз буда, баъзеҳояш ба табар ва баъзеҳояш ба соскан монанд будааст. Ин сар одамҳоро бо ашки сосканмонанди худ банд карда гирифта, бо ашки табармонанди худ тиккаю пора карда мехӯрдааст.
Сари чоруми дев ба шакли каркадан буда, монанди каркадан дар болои бинии худ як шохи бисёр дарози нӯгтез доштааст. Ин сар одамҳоро панҷ-панҷ, даҳ-даҳ бо шохи худ халонда гирифта, бардошта мегаштааст. Бадани одамҳо, ки дар шохи ӯ пӯсида, лухсида, фасод шуда мерафтааст, рост ба даҳони ӯ медаромадаанд. Ғизои ин сар аз ҳамин фасодҳо будааст.
Сари панҷуми дев калхотмонанд буда, дар бадани ӯ ба ҷои пар ва чанголи тез найза, шамшер ва ханҷар барин яроқҳои буррандаю дарранда рӯида будааст. Ин сар одамҳоро бо ин яроқҳои худ кушта ва дарронда мехӯрдааст.
Сари шашум ба шакли фил буда, хартуми бисёр дарозе доштааст. Ин сар одамҳоро бо хартуми худ печонда гирифта мехӯрдааст. Ин сар ба бачагон бисёртар душман буда, дар як ҳуҷум садҳо бачагони хурдсолро ба хартуми худ печонда гирифта, нохоида фурӯ мебурдааст.
Сари ҳафтум монанди бӯқаламун будааст, ки соате сад бор бо рангҳои гуногун метофтааст. Ин сар ҳам сердаҳон буда, дандонҳояш монанди пуфакҳои обдуздак будаанд ва ҳар кадоми ин пуфакҳо бо як хел ранги обакӣ пур будааст. Сари ҳафтумаш аз даҳонҳои пуфакмонанди худ рангҳо пошида одамҳо, чизҳо ва воқеаҳоро ҳам рангҳои гуногун дода метавонистааст. Ин сар бо ин ҳунари худ ба сари якум бисёр маъқул будааст, чунки гапҳои дурӯғи фиребгаронаи сари якумро ба ранги матлуби ӯ ранг карда, рост барин карда мебаровардааст.
Деви Ҳафтсар як рӯз худ ба худ гуфт, ки ман бо ин яроқҳо-бо ин сарҳоям бояд дар тамоми рӯи дунё ҳоким шавам. Лекин ба ин мақсади ман одамизод монеъ аст. Бинобар ин бояд аввал тухми одамизодро нест кунам.
Деви Ҳафтсар бо ин мақсад аввал ҳар одамизодеро, ки дар Кӯҳи Қоф ба дасташ афтод, кушта хӯрд ва баъд аз он ба атрофи он кӯҳ ҳуҷум овард. Ӯ ҳамаи сарҳояшро ба кор дароварда одамҳоро гурӯҳ-гурӯҳ мекушт, месӯхт ва мехӯрд. Бисёр одамон ва бачагонро зинда нохоида фурӯ мебурд. Ӯ одамҳо, ҳарҳо, деҳаҳо, китобҳо ва дигарҳоро ҳам сӯхта нобуд кард.
Баъд аз он ки атрофи Кӯҳи Қоф бо ҳамаи аҳолиаш аз тарафи Деви Ҳафтсар нобуд карда шуда, дигар чизе хӯрданӣ ва сӯхтани намонд, ӯ қасди Ҷангали Мозандарон кард.
Ҷангали Мозандарон яке аз ободтарин ҷойҳои рӯйи дунё буда, дар вай неъматҳои алвон ва боигариҳои гуногун фаровон буд. Деви Ҳафтсар худ ба худ гуфт: “Агар ин ҷангалро ба даст дароварда одамҳоеро, ки ба ин ҷо соҳибанд, нест кунам, дигар дар дунё касе намемонад, ки муқобили ман барояд”.
Деви Ҳафтсар бо ин мақсад як шаб дуздвор якбора ба Ҷангали Мозандарон ҳуҷум овард, як қисми он Ҷангалро сӯхт, як қисмашро хӯрд ва дарахтони хордорро нохоида фурӯ бурдан гирифт.
Ҷангали Мозандарон ба Рустами Достон нигоҳ мекард. Рустами Достон вақте ки ба заминаш ҳуҷум кардани Деви Ҳафтсараро шунид, як наъра кашид. Рахш овози ӯро шунида, даррав ба пеши ӯ ҳозир шуд. Рустами Достон ба Рахши барқҷавлони худ савор шуда ба муқобили Деви Ҳафтсар ба майдон баромад. Рустами Достон ҳар гуна ҳамлаи Деви Ҳафтсарро ба худи ӯ мегардонд ва бо гурзи обурзмонанди ба ҳар кадом сари ӯ, ки рост ояд мекӯфт, бо шамшер гарданҳои ӯро мезад, бо ханҷар синаи ӯро чок мекард, бо найза шиками ӯро медарронд ва бо тир сар то пои бадани ӯро ғалбермонанд сӯрох-сӯрох мекард …
Оқибат Деви Ҳафтсар ба ин гуна ҳамлаҳои паёпайи марговар тоб наёварда, суст шуда афтод. Аз шиками даридаи ӯ дарахтони хордори Ҷангали Мозандарон баромадан гирифтанд ва аз паси дарахтон одамҳое, ки Деви Ҳафтсар онҳоро зиндаву зор фурӯ бурда буд ва “ҳазм кардам” гуфта гумон мекард, баромаданд. Одамҳо аз сари нав ҷон гирифта, ба танаи маҷрӯҳгаштаи Деви Ҳафтсар ҳуҷум оварданд ва дар як лаҳза ӯро пора-пора намуда нест карданд. Рустами Достон дар ин сафараш то Кӯҳи Қоф рафт, он кӯҳро аз авлоди Деви Ҳафтсар пок кард ва ҳокимияти он ҷоро ба авлоди одамони Кӯҳи Қоф, ки Деви Ҳафтсар дар аввали ҳуҷуми худ падарони онҳоро кушта хӯрда буд, супурда, ба мамлакати худ бозгашт ва ба муроду мақсадаш расид.
Акнун аз ин афсона равшан тасаввур кардан мумкин аст, ки С. Айнӣ ба воситаи Деви Ҳафтсар мехоҳад симои фашизми Германияро нишон диҳад. Чунон ки дидем, Деви Ҳафтсар душмани қаттоли инсон ва бадбахтию вабоест, ки ба инсоният талафот меоварад. С. Айнӣ образи афсонавиро, ки барои нишон додани кирдори зишту пур аз қабоҳат, ҷаллодию ваҳшигарии фашистон хеле мувофиқ ва айни муддаост, дар мавриди худ ёфта моҳирона тасвир намудааст, ки беҳтар аз ин тамсил ва монандкунии таъсирбахшеро нишон додан амри маҳол аст. Барои оммаи халқ нисбат ба дигар приёмҳои тасвир ин приёми интихобкардаи С. Айнӣ, яъне душмани қадимии афсонавии халқи тоҷикро дар симои фашизм нишон додан, боиси муваффиқиятнок баромадани мақола гардидааст. Агар мо тамоми хислатҳои Деви Ҳафтсарро (ҳар сарро як-як) аз назар гузаронем, симои сардорҳои Германияи фашистӣ: Гитлер, Геринг, Гиммлер, Геббелс ва ғайраҳо ҳамчун одамхӯрони ким-чӣ хел махлуқоти ваҳшӣ намудор мегарданд ва барои аз ин вабои башарият наҷот ёфтани одам бояд миёни баста, зидди онҳо ба муборизи барояд.
С. Айнӣ ба воситаи тасвири образи афсонавии Деви Ҳафтсар тавонистааст, ки моҳияти фисқу фасоди ҷамъияти капитаслистии асри бистумро фош карда партояд ва хатари марговару фалокати ба сари одамият омадаро нишон диҳад. Нависанда дар симои фашизм ҳақиқатан образи афсонавиро дида мегӯяд: “Мо мисли он Деви Ҳафтсари афсонавиро дар ҳақиқат-дар зиндагӣ, дар шахсияти фашизм дидем”.
Ба муқобили ин образи манфии Деви Ҳафтсар образи мусбати халқӣ, паҳлавони дӯстдоштаи асрҳо Рустами Достонро мегузорад. Дар симои Рустами мағлубнашаванда С. Айнӣ халқи советӣ ва армияи онро тасвир намуда, қаҳрамонӣ ва паҳлавонии онро ба ин восита нишон медиҳад, ки ин приём ҳам беҳтарин буда, рӯҳӣ халқии мақоларо таъмин намудааст. Рустам дар таърихи халқи тоҷик дар мудофиаи Ватан, дар ҷангҳои зидди истилогарон ҳамеша образи рӯҳбаландкунанда ва ибратбахш буд, ки нависандаи тоҷик наметавонист, алалхусус, ба муқобили Деви Ҳафтсар ӯро ба ҷанг нахезонад. Боварии С. Айнӣ ба ғалабаи халқи советӣ ва армияи он водор мекард, ки Рустами мағлубнашавандаро ба ҷойи халқу армияи ватани худ гузорад ва фашизмро дар шакли Деви Ҳафтсар нишон диҳад.
Аз ин рӯ С.Айнӣ дар охири мақолаи худ мегӯяд: “Тақдири Деви Ҳафтсари ҳақиқӣ-фашизм, аз тақдири Деви Ҳафтсари афсонагӣ дигар нахоҳад шуд. Дар натиҷаи зарбаҳои марговари Рустами Достони ҳақиқӣ-халқи советӣ ва Армияи Сурхи ӯ, ҳам бо зарбаҳои халқи мазлум, ки ӯ поймол кардааст, маҳв хоҳад шуд”.
С. Айнӣ ин фикру андешаҳои устувори худро дар мақолаи дигари “Шерзод”, ки дар айни рӯзҳот барои мамлакати мо хеле сахти замони ҷанг навиштааст, инкишоф ва қувват дода, мардумро ба ғалаба ва ояндаи нек рӯҳбаланд менамояд. Дар мақолаи мазкур ҳам барои оммафаҳми бадеӣ карда фашмондани ғояи асараш ба образи мафҳумҳои фолклорӣ муроҷиат карда, ягонагии Аомия ва халқи советиро нишон медиҳад. Чунон ки гуфта шуд, мақоларо “Шерзод” номидааст, яъне “зодаи шер” ё “фарзанди шер”. Шерзод-ин Армияи Сурх аст, ки ӯро халқ таваллуд кардааст. С. Айнӣ менависад: “… Аз он пеш ба монанди ин бача дар миёни бачаҳои навзод дида нашуда буд. Дуруст аст, ки дар афсонаҳои халқӣ зоида шудани баъзе қаҳрамонони афсонагӣ ба тарзи зоида шудани ин бачаи мо тасвир карда мешуд, лекин он гуна ҳикояҳо воқеаҳои халқӣ набуда, чизҳое буданд, ки онҳоро хаёлҳои халқҳо сохта бароварда буданд. Чунки халқ барои дафъ кардани душмани худ ва ниқор кашидан аз вай ба он гуна қаҳрамонҳо муҳтоҷ буд ва ҳамеша он гуна қаҳрамонҳоро орзу мекард ва рафта-рафта ин орзуҳои худро дар хаёли худ таҷассум кунонда, вайро ба шакли як ҳикояи воқеӣ сохта мебаровард …”.
Чунон ки аз ин порча дида мешавад, Армияи Советӣ дар таърихи ҷамъияти инсонӣ нахустин фарзанди халқ аст, ки халқ асрҳо орзу мекард ва дар афсонаҳо (яъне дар хаёли худ) васф менамуд.
С. Айнӣ дар ин ҷо на фақат пайвастагии узвӣ, ягонагии сиёсӣ маънавии халқу Армияи Советиро нишон медиҳад, балки бо таваллуд шудани қаҳрамонҳои афсонавӣ муқоиса карда, дар бораи ба вуҷуд омадани образҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, заминаҳои пайдоиши онҳо, роҳҳои инкишоф ва твшвккул ёфтани афсонаҳо мулоҳизаҳои назариявӣ-таърихии худро баён кардааст.
Мақолаи дигари С. Айнӣ, ки аз маҳсули эҷодии замони Ҷанги Бузурги Ватанист, “Хари бедум” мебошад. Нависанда дар ин асари худ байти зеринро ба сифати эпиграф овардааст:
Мискин харак орзуи дум кард,
Наёфта дум, ду гӯш гум кард.
Чунон ки малум аст, ин байт хулосаи афсонаи халқиест, ки он афсона дар байни мардум машҳур мебошад. С. Айнӣ дар сужети афсона тағйироте дароварда, мувофиқи мавзуи фелетони худ аз нав кор карда, гуфтан мумкин аст, ки варианти худро ба вуҷуд овардааст. Ин чунин маъно надорад, ки афсона аз нав сохта шудааст. С. Айнӣ танҳо сюжетро такмил медиҳад ва ду образи асосӣ Хар ва Гургро, ки тамсилӣ мебошанд, дар заминаи ғояи фелетон барҷастатар менамояд. С. Айнӣ нақл мекунад:
“Будааст, набудааст як Хари бедум будааст, вай аз бедумии худ ҳамеша дар ҳасрату алам будаст. Вай медидааст, ки ҳамаи ҳамҷинсонаш думҳои назаррабое доранд. Аспҳо, шерҳо, палангҳо, гургҳо ва рӯбоҳҳо ҳам дум доранд. Танҳо ӯ-бечора, дум надорад. Ин ҳолат оташи рашку ҳасадро дар дили ӯ шуълавар карда, дуд аз димоғаш мебаровардааст.
Аммо чӣ кунад, ки ҳеҷ чора нест: бо табиат ҷанг карда наметавонад, ки чаро ба ӯ дум надодааст, ё ки дум бозор надорад, ки ҷорӯб барин як дум харида гирифта ба зери сағрии худ бандад ва дар дунё номи “Хари ҷорӯбдум”-ро бардошта фахр карда гардад.
Хар аз ин аламу андӯҳ аз хобу хӯр мондааст, дар чарогоҳи худ ба он шӯра ва шибба ва явшону шубоғе ҳам, ки табиат ба вай муфт дода будааст, ҳеҷ рағбату ҳавасаш намондааст. Оқибат кораш ба дараҷае расидааст, ки дар гӯшаи чарогоҳо худаш ду гӯшашро лав, сарашро хам ва чашмонашро нимпӯш карда, ғарқи дунёи андешаву хаёл мегаштааст.
“Оҳ дум! Воҳ дум! Чи гуна чизи хушнавои дилрабо ҳастӣ! Оқибат ман дар орзуи ту ҷон медиҳам!”-ҳамеша вирди забони ин Хари бедум ҳамин суханҳо будаст.
Дар наздикии чарогоҳи ин Хар як Гурги тезчанголи ашкдандон будааст. Ин Гург ҳамеша шикор карда хӯрдани мурғони фарбеҳи пурнақшу нигор, кабкҳои хушрафтори кӯҳсор, оҳувони сиёҳчашми фарбеҳканор ва гӯсфандони пурчарбуи думбадорро орзу мекардааст.
Лекин дар бешае ки ин ҳама шикорҳои хуши дилкаш будаанд, шерҳо, палангҳо ҳам будаанд, ки Гурги хунхор аз тарси онҳо ба тарафи он шикорҳо чанголи хунрези худро тозонда ва дандони тези худро ёзонда наметавонистааст. Ин Гург мехостааст, ки ба худ ҷӯра ва шарике ёбад, ки бо ёрии ӯ ба муқобили шерон ва палангон ҷангида, он шикорҳои иштиҳооварро нӯши ҷон кунад.
Ин Гург ба умеди ёфтани чунин шарик тамоми гӯша ва бешаҳои рӯйи дунёро гардида, ба дили ҳар касе даст андохта дидааст. Аммо ҳеҷ ҷондоре ёфт нашудааст, ки барои ба даст даромадани ин мақсади золимонаи Гург ба ӯ дасти ёрӣ кунад. Бо ҳамаи ин Гург аз ҷустуҷӯй боз наистода дар пайи ёфтани шарик давидан гирифтааст. Охир гурги шарикҷӯянда ба чарогоҳи Хари бедум рост омада, ӯро ба шарикии худ муносиб ёфт. Гург дар дили худ гуфт: “Ҳарчанд ин Хар қуввати дурусте надошта бошад ҳам, як чорпои на он қадар хурд аст, ҳеҷ набошад дар вақти лозим шудан ягон гӯсфандро лағат зада афтонда метавонад ва агар ин кор ҳам аз дасташ наояд, ҳеҷ набошад, дар пеши аҳли дунё гуфта метавонам, ки ман ҳам шарик дорам. Фақат ин аҳмақро ба шарикии худ розӣ карда, ба доми худ кашиданам даркор аст”.
Гург бар болои хунрезу хунхор буданаш хеле ҳилагар ҳам буд, бинобар ин дар рӯ ба рӯйи Хар аз дур истода, ба ӯ сар хам карда салом дод. Хар, ки Гургро дид, хӯсид ва хост, ки гурезад. Аммо Гурги рӯҳшиноси ҳилагар ба ӯ наздик нашуда бо нармовозӣ ва ширинсуханӣ гуфт:
-Дӯстам! Аз ман нахӯс ва рам накун. Ман он душмание, ки ба ту доштам, кайҳо партофтаам. Бечорагии туро дида, ба ту раҳмам омад. Ҳозир, ки ман рӯҳпажмурда ва баданлоғари туро дидам, хостам, ки аз ту ҳолпурсӣ кунам. Ту чаро ин қадар бемадору дар хаёлу андеша гирифтор шудӣ? Дарди худро ба ман гӯй, шояд ки аз тарафи ман ба ту ягон ёрӣ расад.
Хари бедум дид, ки дар ҳақиқат ҳам аз ваҷоҳати гург нисбат ба худаш аломати ҳуҷуме нест, дарду алами худ ва ҳасрату андӯҳҳои бедумиашро ба вай кушода дод. Гург дар дили худ “Инро ба дом афтондам” гуфт ва ба Хари бедум нигоҳ карда хитоб кард:
-Аз бедумӣ ғам хӯрдан дуруст нест, агар ту ба ман дӯсти содиқ шавӣ, ман ба ту як дум ёфта диҳам, ки дар дунё ҳеҷ хар он гуна дум надошта бошад!
Хар сарашро, ки аз ғояти андӯҳу алам дер боз ҳам буд, рост карду аз хурсандӣ лабонашро капча занонда ва гӯшҳояшро афшонда ба Гург ҷавоб дод:
-Агар ту ҳақиқатан ҳам ба ман дум ёфта доданро ба гардан гирӣ, аз гуфту фармони ту намебароям ва агар ту маро якумр савор шуда гардӣ ҳам, шонаамро намеҷунбонам.
-Ин тавр бошад, рухсат деҳ, ки ба пеши ту наздик шавам ва дасти туро фушурда бо ҳам аҳду паймони мустаҳкам кунем, – гуфт Гург.
Аҳдномаи дӯстӣ навишта, ҳар ду даст монданд, ки ин аҳднома аз ду модда иборат буд: Гург ба гардан гирифт, ки ба Хар як думи кори калон ёфта диҳад, Хар ӯҳдадор шуд, ки аз гуфту фармони Гург набарояд.
Ҳар ду дӯст-Гургу Хар ба роҳ даромаданд. Дар роҳ Гург ба Хари бедум савор шудан гирифт, то ки аз пиёдагардӣ монда шуда, дар вақти аз пеш баромадани шикор камқувватӣ ва бемадорӣ накашад. Ин ду дӯст ба як бешаи бисёр васее даромаданд, ки дар он ҷо шикорҳои гуногун буданд. Гург ба шикоркунӣ сар кард, мурғон ва харгӯшони дар ғафлат мондаро дошта хӯрдан гирифт. Дар ҳамин вақт аз як гӯшаи ин беша як Паланг ва як Шер намоён шуданд. Хар инҳоро дида хост, ки Гургро танҳо партофта худаш ҷуфтак зада гурезад. Аммо Гург ба вай роҳ надод ва дар зери деги тамаъи ӯ оташ монданӣ шуда, Шеру Палангро ба вай нишон дода гуфт:
-Думи кадоми онҳоро мехоҳӣ?
Хар фикру хаёл карда ба Гург ҷавоб дод:
-Кадомаш, ки осонтар ба даст дарояд, барои ман басандааст.
-Ҳар дуяшро ба даст медарорем, кадомашро ки ту писандӣ-аз они ту мешавад. Фақат дар вақти шикор тарсро ба худ роҳ надода, истодагарӣ кардани ту лозим аст, то ки онҳо маро танҳо дида, ба ман далер нашаванд.
Хари бедум қабул кард. Гург вайро савор шуда, ба муқобили Шеру Паланг рафтан гирифт. Вақте ки инҳо ба онҳо наздик шуданд, онҳо (Шеру Паланг) ба инҳо ҳамла оварданд. Гург дид, ки ҳарифи майдони Шеру Паланг шуда наметавонад, пас оҳистекак аз сағрии Хар фаромада, роҳи гурезро пеш гирифт. Хар то мехост гурезад, Паланг як гӯшашро ва Шер гӯши дигарашро чанг зада канда гирифтанд.
Хари мискини бедум гӯшҳояшро дар пайи орзӯи дум аз даст дода, бо сару рӯйи хуншор дар гурез афтода аз пайи Гург медавид ва гоҳо фарёд карда, ба ӯ овоз медод:
-Магар дӯстӣ ҳамин аст! Магар аҳду паймоне, ки дар байни худ баста будем, ҳамин буд?! Ҳеҷ набошад оҳистатар гурез, ки ман роҳи гурези худро гум карда, ба дасти Шеру Паланг наафтам!
Аммо Гург ба тарафи хари бедум баргашта нигоҳе ҳам накард:
-Агар зинда монданро хоҳӣ, то ҷон дорӣ аз дунболи ман гурез ва дар ин вақти даҳшатнок аз ман умеди ёрӣ накун!-гуфт ва гурези худро давом кунондан гирифт.
Гург чунон дар тарс афтода буд, ки роҳро аз чоҳ фарқ намекард ва дар роҳ дар як чоҳи бетак рост омада ба он афтод ва беному нишон рафт. Хар ҳам, ки умеди халосии худро дар роҳи ӯ медид, аз дунболи ӯ тозон ва гурезон рафта дар ҳамон ҷо фурӯ рафт”.
С. Айнӣ дар хулосаи фелетони худ сужети афсонаро маънидод карда чунин навиштааст: “Саркардаи Германияи фашистӣ Гитлер гургсифат Хари бедум-Муссолиниро аҳмақ карда, ба назари вай Тунис ва Мисрро ҷилва дод ва дар натиҷа Италияи фашистӣ дар орзуи дум на танҳо гӯшҳои худро аз даст дод, балки аз дунболи Германияи фашистӣ рафта, дар чоҳи бе таг афтод”.
Мо дар ин мақолаи худ баъзе паҳлуҳои публитсистии С. Айниро дар солҳои 1941-1945 таҳлил ва равшан кардем. Таҳлили пурраи он яке аз вазифаҳои асосии ояндаи адабиётшиносӣ ва рӯзноманигории тоҷик аст.
Икромов И., Икромова М., Ватанов Ш.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»
Все реакции:
3