Сафарнома ҳамчун жанри куҳанбунёд дар публитсистикаи тоҷик мавқеи босазо дорад. Муҳаққиқон пайдоиши сафарномаро ба дарозои таърих мансуб ва «Сафарнома»-и Носири Хусрави Қубодиёниро яке аз аввалин сафарномаҳо дар адабиёти тоҷику форс донистаанд, ки дуруст аст. Носири Хусрав дар «Сафариома» сафари ҳафтсолаи худро дар мамлакатҳои Шарқи Наздик тасвир менамояд.
Вай кӯшиш кардааст, ки дар бораи ҳар як ҷойи дидааш маълумотҳои тоза ва мукаммал диҳад. Дар сафарнома ҳам дар бораи роҳҳо, ҳам дар бораи андозаи қалъаҳои шаҳр ва ҳам дар бораи молҳое, ки ба шаҳрҳои гуногун бароварда мешуданд, сухан меравад. Носири Хусрав бисёр шахсони вохӯрдаи худро зикр намуда, аксар вақт онҳоро мухтасар ва хеле моҳирона тавсиф мекунад. Чунончи, ӯ шоири машҳури табрезӣ Қатрон ва мутафаккири пешқадами араб Абулаъло Маариро ҳамин тавр тавсиф намудааст.
Доир ба сафарнома ва сафарноманигорӣ муҳаққиқон ақидаҳои гуногун иброз намудаанд. Аз ҷумла, доир ба «Сафарнома»-и Носири Хусрав А. Эделман, И. Қосимов, А. Абдуллоев, Р. Мусулмонқулов, Ҳ. Муҳибов, А. Саъдуллоев, С. Табаров, Н. Бозорзода ва дигарон андешаҳои мухталиф ироа намудаанд. Ақидаи муҳаққиқону олимони тоҷик нисбат ба жанри сафарнома низ гуногун аст. Агар баъзе муҳаққиқон жанри сафарномаро бо дигар жанрҳо, аз ҷумла очерк монанд намуда, дар байни онҳо фарқ нагузошта бошанд, қисми дигари муҳаққиқон сафарномаро жанри мустақил ба қалам додаанд.
Профессор Раҳими Мусулмониён дар китоби «Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ» дар мавриди гурӯҳбандии жанрҳои адабиёт сафарномаро ба гурӯҳи махсуси жанрҳо дохил мекунад ва хусусиятҳои жанриашро нишон медиҳад.
Сафарнома жанри мустақили публитсистика буда, се навъ дорад: рӯзномаи сафар, қайдҳои сафар ва лавҳаи сафар.
Дар сафарнома тасвир ва инъикоси ҳаматарафаи ҳодисаю воқеа маҳдуд нест, зеро интихоби мавзую лаҳзаҳои ҷолибу пураҳамияти ҳодисаю воқеаҳо ба муаллифи сафарнома вобаста аст.
Давраи минбаъдаи рушду такомули жанри сафарнома охири асри XIX ва ибтидои асри XX аст. Минбаъд, он бо номҳои гуногун, вале аз нигоҳи жанр маҳсули сафар ё сафарнома ба майдони мутолеот ворид гардид, ки намунаи барҷастаи он – «Мунтахаб-ут-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон, «Савонеҳ-ал-масолик ва фаросих-ал-мамолик»-и Қорӣ Раҳматуллои Возеҳ, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким, «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир, «Таърихи ҳумоюн»-и Гулшанӣ ва даҳҳои дигар мебошанд. Дар ин сафарномаҳо, ки дар шакли китоб дастрасанд, муаллифон аз ҳодисаю воқеаҳои ҷолиб ва нави мушоҳиданамудаашон ҳикоят кардаанд. Мо аминем, ки муаллифони зикргардида аз сафарномаҳои замони гузашта, минҷумла «Сафарнома»-и Носири Хусрав огоҳ буданд ва ё онро хондаанд.
Дар замони шӯравӣ жанри сафарнома инкишоф ёфта, бештар дар маҷаллаҳо нашр шудааст, вале рӯзномаҳо ҳам гоҳ-гоҳ сафарнома интишор мекарданд. Дар ин росто, хидмати маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро махсус таъкид кардан мехоҳем. Теъдоди сафарномаҳое, ки дар саҳифаҳои маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудаанду мешаванд, хеле зиёданд. Дар ин росто, «Чумчаи урфӣ»-и И. Зиёдонис ва В. Каротич (С.Ш. – 1973. – № 4. – С. 49-72), «Хеле дур аз Варшава»”-и Я. Дзярновская (С.Ш. – 1971. – №6. – С. 107-110), «Сафари Австралия»-и А. Қаҳҳоров (Ш.С. – 1960. – № 8. – С. 64-71), «Сафар кардан, ҷаҳон дидан» (Шарқи сурх. – 1957. – № 12. – С. 25-42, – 1958. – № 1. – С. 52-61), «Аз Сталинобод то ба Киев» (Ш.С. – 1959. – № 5. – С. 34-44. – № 6. – С. 10-20; – № 7. – С. 24-50), «Аҷоиботи сафар» (Ш.С. – 1961-1963), «Сафари Кӯлоб»-и Ҷалол Икромӣ (Ш.С. – 1952. – № 1. – С. 95-109), «Хотироти сафари Ҳиндустон»-и М. Осимӣ (С.Ш. – 1989. – № 4. – С. 72-81), «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии С. Айнӣ» (Ш.С. – 1950. – № 3. – С. 2-11) ва «Шонздаҳ рӯз дар Афғонистон»-и С. Улуғзода (Ш.С. – 1959. – № 11. – С. 28-41), «Рӯзномаи ҳафтаи адабиёти тоҷик дар Украина»-и М. Шукуров ва А. Сайфуллоев (Ш.С. – 1962. – №7. – С. 42-56) ва ғайраро зикр кардан мумкин аст.
Сафарномаҳои зикршуда дар давраҳои гуногун чоп шудаанд. Онҳо лабрези ҳодисаю воқеаҳои ҷолибанд. Ҳар як муаллиф вобаста ба завқу диди худ, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии хеш лаҳзаҳои ҷолибу диданӣ ва кашфношудаи сафарро ба килки тасвир кашидааст.
Баъд аз истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйи чоп омадани нашрияҳои гуногун сафарнома низ дар радифи жанрҳои дигари публитсистика яке аз жанрҳои фаъол гардид, ки, ба андешаи мо, ин маҳсули истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро истиқлолият на танҳо дар рушду шукуфоии кишвари азизамон заминаҳои мусоид фароҳам овард, балки роҳи муҳаққиқону равшанфикрону сайёҳони тоҷикро ба мамолики хориҷ кушод. Акнун имконият пайдо шуд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бемамоният ба хориҷи кишвар сафар намуда, аз пешрафту дастовардҳои онҳо воқиф гардад ва ҷолибтарин лаҳзаҳои сафарро, ки худаш бевосита мушоҳида кардааст, рӯйи сафҳа орад ва ба хонандаи ҳамватанаш пешкаш созад. Ва, баръакс, хориҷиён низ ба кишвари мо ташриф оварда, аз манзараҳои дилфиребу нотакрори он лаззат мебаранд ва бо таассуроти нек ба кишвари хеш бармегарданд.
Сафарнома жанрест, ки имконияти бойи таҷассум намудани ҳодисаю воқеаҳоро дорад. Он ҳодисаю воқеа, навгониҳою дастовардҳоро дар миқёси калон, зинда, бо факту рақамҳои зиёд таҷассум месозад.
Бояд гуфт, ки дастовардҳои истиқлолият бо ҳар роҳу восита инъикос мегарданд:
1. Сафарҳои кориву нақшавии сарвари давлат ба гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшад.
2. Рӯшанфикрону қаламбадастони кишвар дастовардҳои истиқлолиятро ҳаматарафа, рангоранг таҷассум месозанд.
3. Хориҷиёне, ки ба Тоҷикистон меоянд, таассуроти сафарашонро дар ВАО қисмат мекунанд.
Ҳар се гурӯҳи зикршуда аз дастовардҳои беназири истиқлолияти Тоҷикистон, аз рушду нумуи назарраси он, табиати фусункор ва ҳодисаву воқеаҳои ҷолиби диққати кишвар сухан ба миён меоранд. Сайёҳон кӯшиш мекунанд, ки ҷолибтарин лаҳзаҳои сафарро, ки ба хонандаи ҳамватанашон аён нест, ба риштаи тасвир кашанд.
Дар сафарнома тасвир ва инъикоси ҳаматарафаи ҳодисаю воқеа маҳдуд нест, зеро интихоби мавзую лаҳзаҳои ҷолибу пураҳамияти ҳодисаю воқеаҳо ба муаллифи сафарнома ё сайёҳ вобаста аст.
Истифодаи жанри сафарнома дар матбуоти даврӣ, хусусан ҳафтаномаҳо дар тӯли солҳои истиқлолият бештар гаштааст. Аз ин нигоҳ, ҳафтаномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «СССР», «Фараж», «Тоҷикистон», “Нигоҳ”, “Миллат”, “Паёми Душанбе”, “Минбари халқ” пешдастӣ доранд. Қариб дар ҳамаи сафарномаҳои матбуоти даврӣ хусусиятҳои жанрии сафарнома то андозае риоя гардидааст. Қироати онҳо ба хонандаи тоҷик як ҷаҳон маърифат мебахшад ва диққати онҳоро бо ҷойҳои таърихӣ, мавзею макон, масоили гуногун ва паҳлуҳои дигари сафар мекашад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ, баробари боз шудани дарҳои мустаҳкаму фӯлодин ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Тоҷикистон ба сайёҳони хориҷӣ ва хориҷиён, таъсиси матбуоти озоду мустақил сафарнома рушду нумуъ ёфта, саҳифаҳои матбуоти давриро рангин сохт. Рӯзноманигорону сайёҳон аз сафарҳои хеш таассуроташонро дар матбуоти даврӣ ба диққати хонанда пешкаш мекарданд. Масалан, Нуралӣ Давлат «Дили тоҷику эронӣ муҳаббатгоҳи Ҳофиз шуд» (Фараж. – 2008. – 3 июл), А. Умариён «Ҳама ҷойи Эрон саройи ман аст» (Фараж. – 2008. – 22 май), С. Юсуфӣ «Панҷ рӯз бо сафири Бритониё» (Миллат. – 2008. – 23 октябр), З. Давлат «Дар паҳлӯйи «Саманд»-и иронӣ ва «Рахш»-и тоҷикӣ» (Миллат. – 2008. – 4 декабр), Т. Расулзода «Салом, азизам Эрон!» (Нигоҳ. – 2008. – 12 июн), С. Суннатӣ «Ду ҳафта дар Озарбойҷон» (Ҷавонони Тоҷикистон. – 2008. – 10 июл), Диловар С. «Мурғоб он қадар ҳам дур нест» (Адабиёт ва санъат. – 2013. – 12 декабр), Ҳамдампур Ш. «Бадахшон: Роҳ сӯи диёри домани гардун» (Тоҷикистон. – 2013. – 20 июн), Раҳим Х. «Зиёрати қадамҷои А.С. Пушкин» (Адабиёт ва санъат. – 2013. –14 феврал, 30 май), Саидмурод М., Азизов Ҳ. «Муаррифии осоишгоҳҳо дар Туркманистон» (Ҷавонони Тоҷикистон. – 2013. – 10 октябр), Давлат Р. «Аксҳое, ки бар Кобул ҳукумат мекунанд» (Миллат. – 2013. – 18 декабр), Идизод И. «Дар Амрико чӣ мегӯянд?» (Тоҷикистон. – 2013. – 28 ноябр), Озарахш Толиб Карим «Навбаҳори Шероз» (Адабиёт ва санъат. – 2013. – 11 июл), Юсуфӣ Ю. «Китоби Теҳрону гулоби Кошон» (Озодагон. – 2013. – 19 июн), Раҳнавард Ф. «Амрико – «Зомбистон» (Нигоҳ. – 2013. – 29 май), Ҷумъа М. «Як рӯз дар роҳи Душанбе-Чаноқ» (Фараж. – 2014. – 5 феврал), Ваҳҳобзода Р. «Сафари ҳамболи орзуҳо» (Адабиёт ва санъат. – 2018. – 2 август), Мақсудов Б. «Дар домани дамованд» (Адабиёт ва санъат. – 2018. – 26 май), Муродӣ М., Қутбиддин Б. «Биё, ба Ишкошим меравем» (Фараж. – 2018. – 5 сентябр), Муродӣ М., Қутбиддин Б. «Афсонаҳои «Боми Ҷаҳон»» (Фараж. – 2018. – 17 октябр), Асозода С. «Сайри Хуҷандшаҳр ё худ, сафаре бо «мошини вақт»…» (Фараж. – 2019. – 7 август), Муҳиддинов С. «Бадахшон – нигини ангуштари табиат» (Адабиёт ва санъат. – 2019. – 6 ноябр), Самад А. «Зиёрати оромгоҳи Пайрав» (Адабиёт ва санъат. – 2019. – 16 май), Раҳмон Ҳ. «Шеъри Турсунзода дар лаб, меҳри Турсунзода дар дил …» (Адабиёт ва санъат. – 2019. – 23 май), Наризиқул М. «Сафарномаи Бухоро» (Адабиёт ва санъат. – 2020. – 23 январ), Озар «Чилдухтарон» (Адабиёт ва санъат. – 2021. – 8 июл) ва ғайра аз ин зумранд.
Сафарномаҳои матбуоти даврии тоҷик хеле рангорангу гуногунмазмунанд. Онҳо шаклан ва мазмунан ҳам тағйир ёфтаанд. Гувоҳи ин рубрикаҳои онҳост: сафарнома, сафардида, сафаргуфта, сафароварда, раҳовард, раҳоварди сафар, маҳсули сафар, қайдҳои сафар, очерки сафарӣ, ҷаҳонгардӣ, саёҳат, муҳоҷират, туризм, таассурот ва ғайра. Худи ҳамин рубрикаҳо ҳам гувоҳи онанд, ки сафарнома рушду нумуъ ёфта, доираи мавзуъҳо ва мавзеъҳояш низ васеъ гардидааст.
Таъкид кардан мехоҳем, ки хусусияти умда ва фарқунандаи сафарнома дар он аст, ки дар сафарнома мавзуйи сафар, хатти ҳаракати сафар, мавқеи муаллиф ва мавзею маконҳои ҷолибу диққатрабо муҳим мебошанд, зеро бе ин қисмҳо сафарнома мукаммал буда наметавонад. Таассуроти сафар бояд ҷолиб, нав, диққатҷалбкунанда тасвир ёбад, ки ин ба ҳунари нигоранда марбут мебошад.
Сафарнома дар аксар ҳолат ифшогари мавзею маконҳои нав, одамони ҳунарманду муъҷизаофар, табиати фусункору аз назарҳо ниҳон ва ғайра буда, онҳоро муаллиф манзури хонандаи ноогоҳ месозад ва ба хонанда шавқу шӯр мебахшад. Хонанда орзу мекунад, ки агар имкон даст диҳад, он ҷойҳоро рафта бо чашми худ бубинад. Бедор кардани завқу шавқи хонанда аз рафти сафар ва бахшидани таассуроти накӯ, ҳамзамон, ҳамсафари хеш гардондани хонанда аз рисолати нигоранда ва жанри сафарнома ба шумор меравад, ки ин масъулият бар дӯши муаллиф гузошта мешавад.
Дар ин росто, сафар ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддас ва мавзеъҳои фусункор диди нав, маҳорати баланди нигорандагӣ талаб мекунад, ки тасвири муваффақонаи онҳо ба хонанда ҳаловат мебахшад.
Аз баррасии мухтасари сафарномаҳои матбуоти тоҷик дар тӯли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба назар мерасад, ки сафарнома ҳамчун жанри публитсистика дар инъикоси дастовардҳои истиқлолият нақши хеле бузург мебозад. Маҳз истиқлолияти ҷумҳурӣ буд, ки имкониятҳои жанри сафарнома бештар зуҳур кард. Акнун он таҳаввул ёфта, дар байни жанрҳои публитсистика мақоми хосса пайдо намуд ва дар сафи жанрҳои фаъолу серистеъмол қарор гирифт ва хонандаи ноогоҳи тоҷикро бо арзишмандтарин лаҳзаҳои сафар ошно месозад. Ҳоло матбуоти тоҷикро бе жанри сафарнома тасаввур кардан душвор аст, зеро маҳсули сафари сайёҳонро аз он беҳтару хубтар жанре инъикос карда наметавонад.
Омӯзиши жанри сафарнома дар давраҳои гуногун моро ба чунин хулоса овард:
1. Сафарнома жанри публитсистӣ буда, таърихи қадима дорад.
2. «Сафарнома»-и Н. Хусрав ва ин қабил навиштаҳо дар жанри сафарнома эҷод шудаанд.
3. Дар замони истиқлол сафарнома таҳаввул ёфта, тағйироти шакливу мундариҷавӣ дидааст, ки баёнгари он рубрикаҳои мухталифи он мебошад.
Азбаски жанри сафарнома ба толибилмони макотиби олии кишвар ҳаматарафа муаррифӣ нагаштаасту дар барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ворид нашудааст, чанд пешниҳоди мушаххас ироа медорем:
1. Сафарнома дар барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ дар радифи жанрҳои публитсистӣ-бедеӣ (баъди очерк ва лавҳа) дохил карда шавад.
2. Дар шуъбаву факултаҳои журналистика сафарнома ҳамчун жанри маъмули журналистика таълим дода шавад.
3. Намунаҳои беҳтарини сафарномаҳои адибону публитсистон ва рӯзноманигорон дар шакли маҷмуаи сафарномаҳо ба нашр расонида шавад.
Н. Бозорзода,
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»