Дар асари публитсистӣ образ на маҳсули тахайюли рангин ё фантазияи нависанда, балки шахси воқеӣ мебошад. Он ба факти воқеӣ иртибот дошта, ба ҳодисаву воқеаҳое, ки дар замону макони муайян ба амал меоянд, вобаста аст. Симои ӯ дар заминаи чунин ҳодисаю воқеаҳо ташаккулу таҷассум меёбад. Мақсаду мароми нависанда ҳам бо ёрии чунин образҳо ифода гардида, андешаи созандагиву бунёдкорӣ маҳз ба воситаи тасвири симои эшон, аз тарзи муносибат, масъулиятшиносиву садоқатмандии онҳо ба кор талқин карда мешавад.
Қаҳрамони асари «Қаҳрамони нурофарон» Муҳаббат Шарифов марди арсаи меҳнат ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Неруи созандагиашро барои ободии Ватан сарф менамояд. Дар симои Муҳаббат Шарифов нависанда коргари одиеро тасвир намудааст, ки якҷоя бо бунёди нерӯгоҳи Норак ба камол мерасад. Ҳарчанд дар ҳайати аъзои экспедитсияи ҷустуҷӯйӣ ба фаъолият шуруъ намудани қаҳрамони асар ҳодисаи тасодуфӣ мебошад, чунин тасодуф тақдири қаҳрамонро тамоман дигар мекунад. Ӯ на ин ки ҳунар меомӯзад, балки маҳорати худро инкишофу сайқал дода, то ба дараҷаи устоди касби бетонрезӣ мерасад ва ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф мегардад. Дар оғози асар Муҳаббат Шарифов ба назари хонанда ҳамчун ҷавоне, ки нав мактабро хатм карда, ба корҳои муқаррарии деҳот машғул аст, падидор мегардад. Оғози корҳои экспедитсионӣ барои бунёди нерӯгоҳи Норак тақдири ӯро дигаргун менамояд. Қисмати минбаъдаи ӯ бо нерӯгоҳҳои Нораку Бойғозӣ ва баъдан бо нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пайванд мегардад. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ба хотири боз ҳам такмил додани маҳорати худ ғоибона дар техникуми энергетикии шаҳри Норак таҳсил менамояд.
Аз фасли дуюми асар симои қаҳрамон ҳамчун шахси кордону ташаббускор ва ташкилотчӣ зоҳир мегардад. Ба роҳ мондани тарзи нави ташкили кор, ташкил намудани ҳамкориву робитаҳои хуби мутақобила бо корхонаҳои таъминотчии маҳсулот, аз ҷумла бо Комбинати хонасозии Орҷоникидзеобод, корхонаҳои таъминоти техникии шаҳрҳои Харкови Украина ва Свердловски Россия на танҳо ба пешрафти кор боис мегардад, балки имкон фароҳам меорад, ки пешқадамону ғолибони мусобиқа ҳавасманд гарданду суръати сохтмон авҷи тоза гирад. Ҳарчанд чунин тарзи ташкили кор бо маслиҳату нишондоди котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Норак Павел Иванович Горбачёв ба амал меояд, ташаббускори бевоситаи амалӣ гардидани он Муҳаббат Шарифов ба ҳисоб меравад. Кордониву ташаббускории қаҳрамон, пеш аз ҳама, натиҷаи кӯшишу масъулистшиносӣ худи ӯ маҳсуб меёбад.
Дар натиҷаи чунин кӯшишу масъулиятшиносӣ рехтани нахустин маҳсулоти бетонӣ бар пояи бинои нерӯгоҳи азим маҳз ба Муҳаббат Шарифов бовар карда мешавад, сарварии бригадаи бетонрезон ба зиммаи ӯ вогузор мегардад. Ҳатто вақте ки вакили мардумӣ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб мегардад, дархост (наказ)-ҳои интихобкунандагонро масъулиятшиносона иҷро карда, барои беҳбудии тарзи ҳаёти интихобкунандагон саъю талош менамояд. Ба ибораи дигар, вакили мардум дар парлумон буданро низ на кибру ғурури барзиёд, балки масъулияти ҷиддӣ меҳисобад.
Ба кор муносибати ҷиддӣ ва бо зердастону тобеонаш муомилаи самимона дорад, бо ҳар роҳу восита эшонро ба кор дилграму ҳавасманд менамояд. Кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар кори ба зиммаи бригада гузошташуда саривақт, бо ҳавсалаю масъулияти зиёд ва бо сифати баланду мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида анҷом дода шавад, зеро хуб дарк менамояд, ки устувории «кохи нур»-и бунёдшаванда ва бардавомии фаъолияти он ба заҳмати ӯву аҳли бригадааш вобастагии зиёд дорад.
Ба тарбияи коргарони ҷавон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. На танҳо аз кору фаъолият, балки аз зиндагии шахсии эшон низ ҳамеша бохабар мебошад, зеро медонад, ки пешрафти кори кормандон ва садоқати эшон ба меҳнат аз бисёр ҷиҳат ба зиндагии осудаву сатҳи баланди таъминоти иҷтимоии эшон вобаста аст. Аз ин рӯ барои бартараф кардани камбудиву нирасоиҳое, ки дар зиндагии оилавии кормандони бригада ба амал меояд, саъю талош менамояд.
Муаббат Шарифов дар натиҷаи меҳнати ҳалол, масъулиятшиносӣ ва тарзи ташкили дурусти кор дар байни ҳамкорон соҳиби обрӯю эътибор ва дар назди роҳбарият ба боварӣ сазовор гардидааст. Роҳбарияти сохтмони нерӯгоҳ ба масъулиятшиносиву чашмикордони ӯ эътимоди зиёд дорад. Борҳо қадр гардидани заҳмати ӯ ва аъзои бригадааш, аз ҷумла, бо автомашинаи сабукрави тамғаи «ГАЗ-24» мукофотонида шудан ва мушарраф гардидан ба унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гувоҳи эътимоду боварии баланди роҳбарияти сохтмон нисбат ба ӯ мебошад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар Норак ба нерӯгоҳи Бойғозӣ сафарбар шудани бригадаи бетонрезони Муҳаббат Шарифов, вакили анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва анҷумани XXVI Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ интихоб гардидану аз номи бинокорони нерӯгоҳи Бойғозӣ сухан кардани ӯ низ далели дигари бовариву эътимод ба ӯву бригадааш ба ҳисоб меравад.
Ӯ марди кордон аст. Дар бунёди иншоотои гидроэнергетикӣ таҷрибаи кофӣ андӯхтааст. Дар ташкили кор маҳорати баланд дорад. Аз ин рӯ дар замони истиқлолият низ таҷрибаю фаъолияти кории Муҳаббат Шарифов барин собиқадори меҳнат аз мадди назарҳо дур намемонад, балки ӯ ба сохтмони навбати дуюми нерӯгоҳи барқию обии Помир-1 даъват карда гардида, барои бунёди ин нерӯгоҳ, ки дар шароити баландкӯҳ сохта шуда, бо вижагиҳои махсуси муҳандисию техникиаш аз нерӯгоҳҳои қаблӣ фарқ мекард, ҳиссаи сазовор мегузорад. Ба ибораи дигар, масъулини сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ таҷрибаи бойи ӯро ҳам дар бунёди чунин иншоотҳо ва ҳам дар тарбияи сохмончиёни ҷавон самаранок истифода бурдан мехоҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки баъди бунёди нерӯгоҳи Помир-1 ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «ТАДЭС» даъват карда шуда, ҳамроҳи ҷигарбандаш Шералӣ дар бунёди ду нерӯгоҳи барқию обӣ дар мавзеи Зидии ноҳияи Варзоб, дар сохмони дарвозаҳои калони Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шӯрчасойи Ёвон иштирок менамояд. Бо оғози дубораи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба бунёди ин кохи нур ҷалб карда мешавад.
Дар баробари фаъолияти пурсамар дар кор Муҳаббат Шарифов дар зиндагӣ низ шахси муваффақ аст. Соҳиби оилаи обод, зиндагии осуда ва фарзандони ботарбия будани қаҳрамон аз фасли «Муҳандис мешавад»-и асар ба назари хонанда аён мегардад. Ҳосили умри ӯву ҳамсараш Ойгул фарзандон мебошанд, ки шумораи онҳо 11 нафар аст. Зану шавҳар барои пешбурди бори зиндагӣ ҳамеша ба маслиҳату машварати ҳамдигар эҳтиёҷ доранд. Аз рӯйи мақоли халқии «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ» намеояд амал мекунанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки қисми зиёди фарзандон соҳибмаълумот гардида, дар зиндагӣ роҳи худро интихоб кардаанд. Дар фаъолияти ҳаётӣ монанди падар масъулиятшиносу меҳнатдӯст мебошанд. Се нафар аз писаронаш аз пайи падар рафта, касби ӯро давом медиҳанд ва дар бунёди иншоотҳои энергетикии ҷумҳурӣ самаранок заҳмат мекашанд. Худи Муҳаббат Шарифов, ки дар бунёди иншоотҳои энергетикӣ саҳми арзанда гузоштаасту тамоми баракати зиндагиашро дар ҳамин мебинад, орзу дорад, ки фарзанди даҳумаш муҳандиси соҳаи энергетика шавад ва барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Муҳаббат Шарифов на танҳо шахси пуркору масъулиятшинос, балки хайрхоҳу нектинат аст. Ба ҳар кор бо назари нек менигарад. Азму иродааш дар иҷрои ҳар кор қавӣ буда, дар ботини ӯ хастанопазирӣ эҳсос мегардад. Ҳарчанд синну солаш ба ҷойе расидааст, ҳанӯз аз кор дилмонда нест. Аз авҷи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ниҳоят қаноатманд ва бесаброна интизори идома ёфтани бунёдкориҳо дар нерӯгоҳи азими Роғун мебошад. На танҳо дар бунёди ин кохи нур низ саҳм гузоштан мехоҳад, балки дилпур аст, ки фарзандону шогирдонаш дар оянда кори ӯро ба таври шоиста давом хоҳанд дод.
Хулоса, метавон гуфт, ки дар тасвири нависанда Муҳаббат Шарифов марди арсаи меҳнат ва созандагиву бунёдкорӣ, шахси кордону ташаббускор, ташкилотчӣ ва масъулиятшиносу нектинат ба қалам дода шуда, сарфи назар аз гузашти синну сол ҳанӯз бо кори худ бо дилгармии зиёд, балки бо меҳру муҳаббати беандоза муносибат менамояд.
М. Ҷумъазода,
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотиВазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»