Зери ни унвон дар литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ озмуни ҳарбӣ-ватандӯстии “Ватанпарвар – 2025” доир шуд.
Дар озмуни мазкур Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Давлятов Саидраҳмон, муовини раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори шаҳри Бохтар, Сангов Мадумар, раиси Кумитаи шаҳрии ташкилоти ҷамъияти мададгории шаҳри Бохтар, Нориён Зарина, директори Литсей ва хатмкунандагони литсей иштирок доштанд.
Маврид ба ёдоварист, ки озмуни мазкур аз руи се номинатсия: -“Рассоми беҳтарин”;
-“Иншои беҳтарин”;
– “Машқи сафороӣ” иборат буд.
Мақсад аз баргузории озмунҳои ҳарбӣ-ватанпарварӣ, дар замири насли наврас бедор намудани ҳуввияти миллӣ ва иродаи қавӣ дар ҳифзи марзу бумӣ Ватан мебошад.



