Баъди аз ҳам пош хӯрдани давлати Шуравӣ системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Мутахассисони зиёди аз дигар кишварҳои Иттифоқи Шуравӣ омада, ки дар сохтмони неругоҳҳои Варзоб, Сарбанд, Қайроққум, Шаршара, Марказӣ, Норак, Бойғозӣ фаъолият ва роҳбарӣ менамуданд, аз Тоҷикистон фирор карданд. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилии мамлакат бошад, мутахассисони тоҷикро низ пароканда карда, боиси қатъ гардидани сохтмонҳои неругоҳҳо дар Тоҷикистон гардид.
Хушбахтона, ба мамлакати азизи мо Истиқлолият насиб гардид ва ҷомеаи давлати ҳуқуқбнёду демократии мо оҳиста-оҳиста он харобиҳоеро, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буданд, бартараф намуда, ҷумҳурӣ рӯ ба ободиву беҳбудӣ овард. Ҳамин тариқ, Сарвари муаззами мамлакат аз нахустин айёми Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ истиқлолияти энергетии кишварро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод ва нахуст таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаи энергетикии мамлакатро ба идомаи сохтмонҳои нотамоми неругоҳҳои барқи обӣ ҷалб намуд.
Сохтмони неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” пеш аз Истиқлоли Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ҳанӯз 4-уми апрели соли 1980 бо фармони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Сангтӯда-1” ташкил ёфт ва ба корҳои ташкилӣ-ҳуҷҷатнигорӣ шуруъ кард. Дар хабари Агентии иттилоотии Тоҷик ТА 11 октябри соли 1983 бо номи “ГЭС-и ҳафтуми Вахш” чунин оварда шудааст: “Боз як стансия – ин дафъа стансияи ҳафтуми Сангтӯда ба силсилаи стансияҳои электрии обии Вахш дохил мешавад. Ба ин муносибат дар ин ҷо митинг барпо гардид, ки он ба гузоштани санги аввалини таҳкурсии ГЭС-и оянда бахшида шуд”.
Дурнамои сотмони ин неругоҳ, чи хеле ки аз мулоҳизаҳои кормандони васоити ахбори омма бармеояд, басо гуногунпаҳлу ва умедворкунанда буд. Маълум мешавад, ки ин неругоҳ дар байни неругоҳҳои Бойғозӣ ва Сарбанд бунёд мешавад ва баробари ба хоҷагии халқ додани як миллион киловатт неруи барқ барои обёрӣ кардани қариб бист ҳазор га заминҳои бекорхобидаи мамлакат шароит фароҳам меоварад. Лоиҳаи ин неругоҳро лоиҳакашони шуъбаи осиёмиёнагии Институти умумииттифоқии лоиҳакашии “Гидропроэкт”-и ба номи С. Я. Жук тайёр кардаанд, ки мувофиқи он ин неругоҳ заминҳои зиёдеро зери об намемонад. Баъди ба итмом расидани сохтмони неругоҳи Бойғозӣ кор дар неругоҳи Сангтӯда оғоз гардид ва баҳори соли 1986 аввалин гурӯҳҳои роҳсозон, бинокорон ва сохтмончиён ба ин ҷо омада, бо азму иродаи қавӣ омодаи фаъолият шуданд. Нависанда ва рӯзноманигор Н. Ёдгорӣ дар мақолаи “Сангтӯда-1” – аз оғоз то имрӯз” ҳолати аз неруноҳи Бойғозӣ ба сохтмони Сангтӯда рахти сафар бастани сохтмончиёнро басо мароқовар баён намудааст: “Баъди меҳнати 20-сола, 4 ноябри соли 1986 туннели 14-километраи Данғара ба истифода дода шуд. Ҳафтае нагузашта бинокорон техникаву таҷҳизоти худро қатор намуда, хаймаҳои коргариро ба мошинҳо бор карда, равон шуданд ҷониби Сангтӯда. Дар мошини сарқофила чунин катиба сабт буд: “Туннели Данғараро сохтем, неругоҳи Сангтӯдаро низ месозем”.
Мутаассифона, бар асари аз ҳам пош хӯрдани давлати Шуравӣ ва дар Тоҷикистон сар задани ҷанги шаҳрвандӣ вазъи сиёсии кишвари моро ба душворӣ овард ва ин ҳолати ногувор боис шуд, ки сохтмончиёни хориҷӣ ва дохилӣ пароканда шаванд ва рафти сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-1” қатъ гардад.
Бо барқароршавии Истиқлолияти Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сохтмони неругоҳҳо аз нав бардошта шуд ва худи Президенти мамлакат сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-1”-ро дар маркази диққат қарор дод. Дар ин вазъият соли 1996 Президенти кишвар ба сокинони мамлакат муроҷиат намуда, чунин мегӯянд: “Неругоҳи бақии Сангтӯдаро то соли 2000-ум ба истифода дода, барои истиқлолияти энергетикии мамлакат заминаи устувор мегузорем!”.
Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба ҳамаи сокинони кишвар ва ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард. Аз ҷумла, дар қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба фонди сохтмони ГЭС-и Сангтӯда гузаронидани маблағе, ки барои пардохти хароҷоти вакилони халқи ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти вакилии онҳо дар соли 1996 пешбинӣ шудааст: “Ҷавобан ба Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии умумихалқии сохтмони ГЭС-и Сангтӯда Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Маблағе, ки ҷиҳати пардохти хароҷоти вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти депутатии онҳо дар соли 1996 ҷудо карда мешавад, ба Фонди сохтмони ГЭС-и Сангтӯда гузаронида шавад.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов.
Ш. Душанбе, 2-юми феврали соли 1996”.
Бо ин ҳама кӯшишу ғайрат ва ҳамраъии Ҳукумати Тоҷикистон ва аҳолии мамлакат масъалаи маблағ аз мушкилоти асосӣ боқӣ мондан гирифт. Рӯзноманигор А. Бердизода бо роҳбари сохтмони истгоҳи барқии обии Сангтӯда ва роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб Б. Пираков мусоҳиба мекунад ва дар он масъалаи нарасидани маблағ баррасӣ мешавад. Мусоҳиб Б. Пираков ба саволи мухбир “оид ба мушкилот, бурду бохт ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот медодед” чунин ҷавоб медиҳад: “Ҳама мардуми Тоҷикистон хитоби муҳтарам Э. Ш. Раҳмоновро хуш пазируфтанд. Аз рӯзҳои нахустини муроҷиат дар сохтмони Сангтӯда кор ҷӯш зад. Ҳар коре, ки аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон зарур буд, амалӣ шуда истодааст. Вале мушкилоти асосӣ маблағ аст”.
Ин аст ки Сарвари муаззами давлат роҳи ҳарчи тезтар ба кор андохтани неругоҳи Сангтӯдаро ба мулоҳиза гирифта, аз хориҷи мамлакат дастрас кардани маблағи даркориро зарур шумурд. Моҳи октябри соли 2004 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия Созишнома дар бораи бунёди сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-1” ба имзо расид. Мувофиқи Созишнома Ҳукумати Федкратсияи Россия ба ин неругоҳ 250 миллион долари амрикоӣ маблағ ҷудо кард, ки инро ширкати “РАО ЕЭС Россия” ба зимма гирифт.
15 апрели соли 2005 ба муносибати гузоштани хишти аввал дар неругоҳи “Сантӯда-1” ҷамъомади тантанавӣ шуда гузашт. Дар ин рӯз меҳмонони зиёде аз Федератсияи Россия дар Сангтӯда қарор доштанд ва якҷоя ин воқеаи таърихиро истиқбол намуданд. Дар ин ҷамъомад сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов ва сардори ширкати “РАО ЕЭС-и Россия”, раиси Шурои электроэнергетики ИДМ Анатолий Чубайс ба пойдевори неругоҳи “Сангтӯда-1” бетони аввалинро рехтанд ва ин корро баригадаи Тоҷ Қодиров ба анҷом расонид. 15 декабри соли 2006 дар вазъияти тантанавӣ пеши дарёи Вахш баста шуд.
20 январи соли 2008 аввалин агрегати неругоҳи “Сангтӯда-1” ба кор даромад. Дар ин ҷамъомади идона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини сарвазири Россия Сергей Наришкин иштирок намуда, тугмаи аввалро худи Сарвари давлат пахш менамояд.
Ҳамин тавр, 1 июли соли 2008 агрегати дуюм, 5 ноябри ҳамон сол агрегати сеюм ва моҳи феврали соли 2009 агрегати чорум ба кор андохта шуданд. То имрӯз неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” бо маром қувваи барқи сабз истеҳсол карда истодааст.
Дар баробари сохтмони неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар дарёи Вахш масъалаи сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-2” ба миён омад. Мувофиқи иттилои М. Амиршоҳӣ, ибтидои моҳи январи соли 2005 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Ҳотамӣ дар мавриди бунёди неругоҳи “Сангтӯда-2” шартнома ба имзо расид. Баъди ба имзо расидани шартномаи дуҷонибаи сатҳи олӣ мутахассисони ду мамлакат бо ҳам вохӯриҳо гузаронида, шарту шароитҳои сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-2”-ро ба ҷо оварданд. Дар сафари кории мутахассисони Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон тамоми паҳлуҳои иқтисодӣ ва сармоягузории ин муоҳида муҳокима шуда, амиқу дақиқ гардид.
11 июни соли 2005 шартномаи корӣ ба имзо расид, ки мувофиқи он миёни ду кишвар тезондани оғози сохтмон, фароҳам овардани имтиёзҳои молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ки ин ба беҳдошти вазъи иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намуд.
20 феврали соли 2006 дар мавзеи Қазонгузари деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ, вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Алхоҷ Муҳаммад Исмоилхон бахшида ба оғози бунёди неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” митинги тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ин ҷамъомади идона Сарвари давлат меҳмонон ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ин муносибат табрик намуда, оид ба саҳми неругоҳи барқи обии “Сангтуда-2” дар ҳаёти ҷомеа ва минтақа суханронӣ намуданд: “Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” яке аз зинаҳои муҳим дар силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш мебошад, ки бунёду истифодабарии он ҳанӯз аз неругоҳи бузурги барқи Норак ибтидо ёфта буд. Ва имрӯз бо саъю ҳиммати дӯстони арҷманди эронии мо хиштҳои нахустини пойдевори неругоҳи барқи “Сангтӯда-2” гузошта мешаванд.
Иқтидори ин неругоҳ мутобиқи лоиҳа 220 мегаватт буда, дар он ду агрегат, ки ҳар кадомаш 110 мегаватт иқтидор дорад, васл мегардад. Чунин иқтидор имкон медиҳад соле дар маҷмуъ 930 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кунем, ки ин барои ҳалли мушкилоти камчинии барқ дар мамлакат ва ҳатто минтақа мусоидат менамояд ва қисми дигараш ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода мешавад”.
Инчунин дар ин ҷамъомад вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суханронӣ намуданд ва иқдоми наҷибу дурандешонаи Сарвари Тоҷикистонро дар соҳаи энергетика, роҳсозӣ ва ҳамкорӣ дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ ва омили таҳкимбахши дӯстии таърихии халқҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон маънидод карданд.
5 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуди Аҳмади Нажод агрегати аввали неругоҳи “Сангтӯда-2” ба истифода дода шуд.
Моҳи сентябри соли 2014 навбати дуюми неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” мавриди истифода қарор гирифт. Бояд қайд намуд, ки маросими кушодашавии ин навбати неругоҳ аз кушодашавии дигар неругоҳҳо тафовут дошт. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод ва он ба рӯзҳои ҳамоиши давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омад. Тугмаи агрегати неругоҳро сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон аз Қасри Миллати Тоҷикистон пахш намуданд ва дар шабакаҳои телевизионӣ ин чорабинӣ ба таври мустақим ҳам аз мавзеи Сангтӯда ва ҳам аз Қасри Миллат намоиш дода шуд.
Ҳамин тариқ, бунёди неругоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» чун аввалин неругоҳҳои даврони истиқлол ба замони душвори ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Маҳз бо талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин ду неругоҳ давлатҳои Россия ва Эрон саҳмгузорӣ карданд. Неругоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» дар нигоҳ доштани мутахассисони ҳирфаии соҳаи энергетика дар ҷумҳурии мо мусоидат намуда, барои сохтмони тақдирсози неругоҳи «Роғун» заминаи боэътимод гузоштанд.
Кучарова Н.А.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»