Раванди инъикоси бунёди иншооти роҳи оҳану мошингард, кандани нақб, аҳаммияти бунёди нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ диққати адибону публитсистон, бахсус Нависандагони халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсоро ҷалб намудааст. Профессор Н. Салихов менависад, ки ин адибону публитсистон «…ба сохтмонҳои азим рафта, ё бевосита дар бригадаҳои сохтмончиён меҳнат карда, доир ба корнамоиҳои бунёдкорони иншоотҳои замони нав» маводи ҷолиб эҷод намудаанд.
Маҷмӯаҳои «Қасидаи бародарӣ» ва «Чинор дар Солони» ҳосили сафарҳои мақсадноки адиб ва публитсист Б. Муртазо ба сохтмони азими аср, аз ҷумла БАМ буда, пурра ба мавзӯи сохтмон бахшида шудааст. Дар ин сохтмони умумииттифоқӣ намояндагони тамоми халқҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони қавииродаву бонангу номус фаъолона ва бо меҳнати софдилона дар бунёди ин иншооти аср ҳисса гузоштаанд. Б. Муртазо бо мақсади тасвири қаҳрамонии чунин ҷавонон аз аввалинҳо шуда ба майдони меҳнат рафта, мақолаю репортаж ва очерку қиссаҳои ҳуҷҷатии арзишманд таълиф кардаанд.
Хусусан фаъолияту саргузашти роҳбари гурӯҳи бинокорони Тоҷикистон Раҳматулло Бобобеков (дар очерки «Калиди ганҷи Сибир»), экскваторрон аз ноҳияи Фархор Николай Моисеев (дар очерки «Боли уқоб»), Лутфасайн Ғуломасайнов (дар очерки «Роҳи худро ҷустуҷӯ намо!»), ҷангалбури ҳисорӣ Азизулло Ҳабибов (дар очерки «Зинаҳои рӯзгор»), «Саидхон Абдуллоев (дар очерки «Қадами аввал») хеле диққатҷалбкунанда буда, бо маҳорати баланд эҷод шудаанд. Яке хусусияти очеркҳои публитсист он аст, ки қаҳрамонҳо аз минтақаҳои гуногун буда, дар замири онҳо меҳнатдӯстӣ мақоми шоиста дорад. «Б. Муртазо қаҳрамонони очеркҳои худро аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ – Панҷакенту Айнӣ, Ғарму Қӯрғонтеппа, Кӯлобу Фархор, Истаравшану Хуҷанд, Исфараю Мурғоб, Бешканду Конибодом ҷуставу пайдо намуда», дар кору амал ва симои онҳо беҳтарин хислату характерҳои инсониро ошкору ҷой кардааст.
Ҳангоми мутолиаи очерки «Калиди ганҷи Сибир», ки қаҳрамони марказиаш сардори гурӯҳи бинокорони Тоҷикистон Р. Бобобеков мебошад, хонанда на танҳо аз раванди кори сохтмони шоҳроҳи Байкалу Амур, нақши ҷавонони тоҷик дар ин иншоот, балки аз хислату характер ва фардияти қаҳрамон ба хубӣ ошно мегардад. Очерки мазкур қаҳрамонҳои зиёд надорад ва барои муассиру мукаммал намудани фаъолияти қаҳрамон ҳамкорони ӯ Миралӣ ва Юра, ки амалиётҳои мухталиф доранд, ба намо меоянд. Фаъолияти онҳо дар мавридҳои алоҳида барои кушодани дунёи ботинии қаҳрамони асосии очерк мусоидат кардаанд. Муаллиф зимни инъикоси масъала ҳалли як қатор мушкилотро ба маҳорат ва кордонии Р. Бобобеков тавъам медонад, ки ин ҳам ҷолиби диққат аст.
Очерки «Роҳи худро ҷустуҷӯ намо!», ки қаҳрамононаш Давлатбобои оҳангар, Л. Ғуломасайнов, падараш Ғ.Давлатов, ҷонишини сардори роҳи оҳан ва сохтмону васлгарии 266 А. С. Бурасов, муаллими забон ва адабиёти тоҷик А. Қурбонбеков, роҳсоз С. Азиммамадов мебошанд, зебою шавқангез тасвир шудааст. Муаллиф дар ин очерк як қатор мушкилоти иҷтимоии замони зиндагии худро ба таҳлил гирифта, барои ҳалли он қаҳрамонҳоро ба ҳаракат даровардааст.
Мундариҷаи маҷмӯаи «Чинор дар Солони»-ро шаш асар ташкил медиҳад, ки панҷтои он очерк аст. Очеркҳо аз ҷиҳати мавзӯъ ва муҳтаво ба ҳам қаробат доранд. Мавзӯи асосии тасвироти муаллиф раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти БАМ мебошад. Нигоранда дар ин очеркҳо кору пайкори нафаронеро мавриди тасвир қарор додааст, ки дар ин сохтмони бузурги аср фаъолона ширкат варзида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Ӯ дар шинохти қаҳрамонҳо ва тасвири меҳнати файзбори онҳо бисёр боандеша ва ботаҳаммул муносибат намуда, кӯшиш кардааст, ки тавассути роҳу усулҳои гуногун хислату характери қаҳрамононашро ошкор намояд, часпу талоши онҳоро баҳри бунёдкориҳои кишвар нишон диҳад.
Б. Муртазо бо мақсади ҳаматарафа омӯхтани мавзӯъ, пурра фаро гирифтани фазову макон, хислату рафтор, феълу атвор ва муносибати қаҳрамонон ба мавзею макони ҷараёни корзори сохтмон рафта, чеҳраҳоеро интихоб кардааст, ки воқеан ҳам амалашон, масъулияташон, махсусан маҳорату малакаи кориашон барои тасвиру тавсиф арзанда буда, ибрати дигаронанд.
Қаҳрамонҳои очеркҳои «Гулхани Ния» Руслан Урумов, дӯстонаш Таймуразу Ғиёс, сармуҳандиси роҳи оҳану васлгар ва бинокорӣ В. П. Куликов, роҳбари щуъбаи механиконидаи 143 Виктор В. Волков, «Дар он ҷое, ки рӯди бахт ҷорист» сардори гурӯҳи дуредгарон В. Матвеев, бинокор А. Салимов, қаҳрамонҳои очерки «Чинор дар Солони» В. Нурматов, падараш Раҷаб Шокирович, саринжинери роҳи оҳан В. И. Галактионов, очерки «Мероси падар» А. Қаҳҳоров, дӯстон ва ҳамкоронаш В. Мелников, Ю. Погребной, сардори шуъбаи роҳи оҳан Сайфуллин, сардори гурӯҳи оҳану бетонрезӣ В. Бахрушев аз чунин хислатҳо бархӯрдоранд.
Қаҳрамони асосии очерки «Гулхани Ния» Руслан Урумов дар БАМ вазифаи роҳбари бахши булдозерчиёнро ба дӯш дорад ва онро бо масъулияти баланд ва инсондӯстӣ иҷро менамояд. Симои ин қаҳрамон бо нишон додани лаҳзаҳои сафарҳои мақсаднок ба мавзеи сохтмон, вохӯриву суҳбатҳои ӯ бо зертобеон, масъулияти баланди меҳнатдӯстӣ, феълу рафтори накӯ, нияту мақсади пок ҷило ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки ба сифати қаҳрамон интихоб шудани Р. Урумов тасодуфӣ набудааст. Муаллиф борҳо бо ӯ вохӯрда, аз кору фаъолияташ воқиф гардида, хислатҳои ботиниашро дарк намуда, баъдан ба хулоса омадааст.
Дуруст аст, ки на ҳамеша суҳбати сарироҳӣ, мушоҳидаҳои лаҳзаина барои ошкор намудани симо, амалу рафтори қаҳрамон мусоидат менамоянд. Бисёр воқеаву саҳнаҳо тасодуфан ва ногаҳон ба вуқӯъ мепайванданд, ки бояд ба он баҳои воқеӣ диҳем. Инъикоси фаъолияти қаҳрамони азмаш қавӣ, воқеан ҳам арзанда ва барои ҷомеа манфиатовар ба хонанда таъсири бештаре дошта метавонад. Ин ҳадаф ҳамеша дар мадди назари очеркнавис Б. Муртазо қарор доштааст.
Аз зикри лаҳзаи зиндагӣ ва фаъолияти қаҳрамони марказии ин очерк маълум мешавад, ки ӯ дар ин роҳ шахси тасодуфӣ набуда, дар баробари дорои қобилияти хосаи касбӣ, масъулиятшиносу худогоҳ будан, инсонпарвар аст. Ӯ дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак нақши назаррас дорад. Пеш аз ҳама ӯ ва ҳамкоронаш дарк намудаанд, ки бунёди чунин нерӯгоҳи азим ба ҷомеа аҳамияти бузург дорад, зеро тамоми кору фаъолият ба неруи барқ алоқаманд аст. «Аҳамияти нурӯгоҳи барқи обии Норак барои тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон воқеан ҳам бузург аст. Бо ёрии неруи барқи Вахшрӯд аввалин бор дар ИҶШС истеҳсоли алюминийи дар ваннаҳои пурқудрати электролизӣ ва дар коргоҳҳои анодҳои сӯхта ба роҳ монда шуд». Дар очерк тамоми марҳилаҳои кори сохтмон дар нерӯгоҳи барқии обии Норак, ҳодисаву воқеаҳо, саҳми шахсиятҳо ва кору амали неку масъулиятшиносии онҳо дар назди халқу миллат тасвир шудааст.
Дар замони истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар баҳри сохтмон ва бунёди роҳу пулҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта дар миқёси кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт нақшаву барномаҳои давлатӣ тарҳрезӣ гардид ва корҳои бунёдкорӣ авҷ гирифт. Дар ин самт сохтмони аср – нақби Истиқлол аз муҳимтарини он ба ҳисоб меравад. Аз байни адибон Б. Муртазо аз аввалинҳо шуда, ба омӯзиши раванди кори сохтмонии ин иншоот камари ҳиммат баст, борҳо ба нақб сафар кард, бо ҷараёни корҳо шинос шуд, бо кормандон суҳбатҳо орост ва тарҳи асари ояндаашро мукаммал сохт. Натиҷаҳои омӯзиш дар шакли китоб бо номи «Нақби Истиқлол» рӯи чоп омад, ки аз корнамоиҳои мардони шуҷоатманду далер ва роҳкушоёну фотеҳони нақби Анзоб нақл мекунад. Воқеан, кушодани ин роҳ барои кишвар, ки баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сард шудани муносибати кишварҳои ҳамсоя барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ эҷод шуд, мисли обу ҳаво зарур буд. Президенти кишвар ҳангоми оғози сохтмони нақби мазкур гуфта буд: «Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳро кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд, ки дар байни Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чаҳор фасли сол ба рӯйи мардум кушода бошад. Бигзор падару модарон ва бародарону хоҳарони мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигзор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди туннели Анзоб кӯпруки заррине гардад, ки чун давоми силсилаи шоҳроҳи абрешим қисмати шимоли мамлакатро бо пойтахти он бипайвандад. Бигзор рафтуои мардум аз шарофати роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад».
Ғояи очеркҳои Б. Муртазоро ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам замони муосир дастгирии ҳадафҳои стратегии ҳукумат ташкил медиҳад. Аз ин ҷиҳат онҳо ифодагари вазъи ҷомеа буда, ба бисёре аз масъалаҳо равшанӣ мебахшанд.
Оид ба қиссаи ҳуҷҷатии «Нақби Истиқлол»-и Б. Муртазо дар матбуоти даврӣ тақризҳо, мақолаҳои илмӣ, мусоҳибаҳо ва китобҳои алоҳида интишор шуданд, ки дар муқаддима зикр кардем. «Нақби Истиқлол» аз ҳафт боб «Муҳориба бо Юз», «Меҳргони Зимарғ», «Уқоби кӯҳӣ дастомӯз намешавад», «Роҳ – фарҳанги диёр», «Нанги ватандорӣ», «Дасти дӯст» ва «Достони бародарӣ» иборат мебошад. Ҳар як боб бо ҳам пайвасти мантиқӣ дошта, ҷиҳатҳои муҳимтарини мавзӯи асарро ифода мекунанд. Ба қавли М. Муродов, «Дар интихоби сарлавҳа муаллиф озодтар аст. Унвони бобҳои яку дую се то андозае рамзӣ бошанд ҳам, ифодагари матлаб буда, ба ҷанбаи публитсистии асар тақвият мебахшанд».
Муаллиф барои эҷоди ин асар ҷустуҷӯҳои зиёд намуда, бо мутахассисон оид ба аҳамияти ин сохтмон суҳбатҳо доштааст. Ҳар як ҳодиса ва саҳнаҳо воқеӣ буда, дар тасвири онҳо аз унсурҳои бадеӣ низ истифода шудааст. «Рӯйдодҳо дар «Нақби Истиқлол», – менависад муҳаққиқ Н. Салихов, – дар асоси факту рақамҳо ва падидаҳои воқеӣ ба вуҷуд омадаанд».
Меҳвари асосии ин асарро аҳамияти кушодани нақб, сохтмону бунёди пулҳо ташкил медиҳад. Ин ҳадафро нависанда аз забони қаҳрамони марказӣ Мафтун чунин баён мекунад: «Охир, роҳ бошад, кас ба дидори хешу пайвандон, дӯстон, ҳамқишлоқиҳо, ҳамшаҳриён, ҳамватанон мерасад, ба онҳо наздиктар мешавад. Роҳ бошаду якдигарро зуд-зуд бубинанд, дӯстон дӯсттар мешаванду ошиқон ошиқтар». Саҳнаҳо, воқеаҳо, ки фарогири масъалаҳои иҷтимоианд, дар ин қиссаи ҳуҷҷатӣ зиёд ба назар мерасад. Бо ин гуна саҳнаҳо ва тасвири он адиб хостааст, ки бояд одамони қавипайкар, сарватманд ва соҳибхирад ба дигарон ёрии амалӣ расонанд. Ҷанбаи дигари асари мазкур нишон додани қувваи бузурги дӯстӣ, муттаҳидӣ ва сулҳу ваҳдати комил мебошад, ки дар бобҳои “Роҳ – фарҳанги диёр», «Нанги ватандорӣ», «Дасти дӯст» ва «Достони бародарӣ» хеле муассир ба тасвир гирифта шудааст. “Бародарони ҳамнажоду ҳамкеш ва ҳамтаъриху ҳамфарҳангу бар мо хеш – эрониён дар лаҳзаи ҳассостарини ин сохтмон дастони тавонои худро дароз карда, воқиан ҳам мехоҳанд, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора таҳким биёбад ва рӯзгори мардуми мо ободу фаровон бошад”.
Маҳз ин неру боиси афзудани корҳои бунёдкориву ободониҳо дар кишвар ва умуман сайёра гаштааст. Ба ифодаи Ш. Раҳмон “Бахтиёр Муртазо дар сохтмони Нақби Истиқлол ба ҷуз нишон додани меҳнати душвори тоқатфарсо ба образҳо, ба шахсиятҳои ҷудогонаи таърихӣ, ба онҳое, ки халқу миллатро дӯст медоранд ва барояшон тайёр аст, ки ҷон фидо созанд, то чӣ андоза зодгоҳу Ватанро дӯст доштан, ба шаҳрвандон ҷоннисорона хидмат карданро тарбия менамояд”.
Мундариҷаи асари публитсистии “Нурофарин”-ро “Вопасин умеди растагорӣ”, “Рисолати беназири таърихӣ”, “Оғози барномаи давлатсозӣ”, “Садди сойи Оби Шӯр”, “Оташи қалби инсон”, “Роҳи “Нурафшон”, “Оғози сохтмонро дӯст дорам”, “Бригадаи аввалини нақбканон”, “Пирӯзии муҳандиси тоҷик”, “Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ”, “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ”, “Восифи сарзамини барӯманд ва одамони сарбаланд”, “Ҷавҳари ашъори устод Лоиқ”, “Оҳан механдад”, “Бағали дарё”, “Хориҷиён аз тоҷик меомӯзанад”, “Пайрав”, “Ҳикмати нодир” ва “Шогирди бародар” ташкил медиҳад. Дар ин силсилаочеркҳо адиб ва публитсист Б. Муртазо аз воқеияти иҷтимоӣ ба таври муассир истифода кардааст, ки ин аз маҳорати баланди нигорандагӣ ва донистани қавоиди эҷод дарак медиҳад. Ба ақидаи А. Саъдуллоев, «Воқеият мактаби бузурги маърифати ҳастӣ, тағйир ва ангезаи шуур аст. Дар ҷараёни маърифати воқеият ҳусни тафоҳуми инсон бо олами аз ӯ берун ба амал меояд» ва ин омил дар шинохти ҳақиқати воқеӣ ва бадеӣ табодули афкорро ба вуҷуд меорад. Барои дарки ин ҷанбаи масъала ба баъзе очеркҳои адиб таваҷҷуҳ намудан зарур аст.
Публитсисти воқеънигор дар қиссаи ҳуҷҷатии “Вопасин умеди растагорӣ” дар баробари сабабу омилҳои бавуҷуд омадани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, заҳмату талошҳои журналисти соҳибистеъдоди тоҷик, вакили мардумӣ, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализодаро ба қалам додааст, ки моҳияти онро пеш аз ҳама воқеияти замони муаяйни таърихӣ ташкил медиҳад. Ҳангоме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд, бо дахолати душманони дохиливу хориҷӣ дар кишварамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ омад, ки он ҷони ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳро аз байн бурд. Сокинони кишварамон, бахусус ҷавонони камогоҳ ба сангарҳо ҷудо шуда, ба муқобили ҳамдигар бадгӯиҳо намуда, ҳатто захмиву ба қатл мерасониданд. Аксарияти сиёсатмадорону таърихнигорон ва эҷодкорон кушта шудани Муродуллоҳ Шерализодаро оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон медонанд. Чунончӣ дар ин қиссаи ҳуҷҷатӣ зикр мешавад: “… муассис ва сармуҳаррири нахустини “Садои мардум”, фарзанди покҷавҳар ва садоқатманди халқу Ватан Муродуллоҳ Шерализода ҳангоми анҷоми вазифаи хидматии худ дар ҳавлии Шӯрои Олӣ ҷонашро фидо кард. Ин воқеи мудҳиш панҷуми майи соли ҳазору нуҳсаду ду ба вуқуъ омада буд. Ҳамин санаро оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони азиз ҳисобидаанд”.
Дар қиссаи мазкур публитсист дар баробари чандин ҳодисаву зуҳуроти манфии замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, инчунин раванди музокироти сулҳу ваҳдати сартосарӣ, талошҳои хастагинопазири фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо далелҳои муътамад баён намудааст. “Бо ҳидоятҳои хирадмандона ва дурандешии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ниҳоят душвори ваҳдату ҳамдилӣ, бародарию ҳамбастагӣ қадам ба қадам паймуда шуд. Хусусан аз тарафи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 26 ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон гардид, ки ин воқеаи хеле хурсандибахши ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар мебошад”.
Қиссаи ҳуҷҷатии “Вопасин умеди растагорӣ” фарогири рӯйдодҳои муҳимми миллати тоҷик буда, дар тасвири онҳо публитсисти воқеънигор Б. Муртазо маҳорати баланди эҷодӣ нишон додааст.
Дар очерки “Рисолати беназири таърихӣ” корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу субботи сартосарӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маҳорати баланди эҷодӣ таҷассум ёфтааст. Публитсист асосан дар ин қиссаи ҳуҷҷатӣ хонандаро бо аҳаммияти бунёди нақби Анзоб, ки аз муҳимтарин иншооти замони соҳибистиқлолӣ мебошад, шинос мекунад.
Б. Муртазо барои таъсирнокии сухан ва кушодани моҳияти масъала дар баробари омӯзишу мушоҳида аз асноди воқеӣ дуруст ва бамаврид истифода намудааст, ки ин восита аз омилҳои ҷолибсозии мавод мебошанд. Тавре публитсист дар ин очерк қайд мекунад: “Сарвари давлат бо ғаюрӣ ва ҷасорати хоси худашон сохтмони нақби Анзобро ҳамагӣ ду сол баъди ба имзо расидани санади сулҳи тоҷикон шурӯъ карданд. Дар он айём ҳанӯз иқтисоди ҷумҳурӣ ҳоли заъфе дошт. Васоити техникии аз замони Шӯравӣ мерос монда, чандон муқтадир набуд, нақбканон маошашонро мунтазам намегирифтанд. Вале онҳо ҳам аз самти шимол, ҳам аз самти ҷануби нақб Президенти ҷавони ҷасури мамлакатро дар паҳлуяшон дида, бо ҷӯшу ғайрати бесобиқа заҳмати зиёд мекашиданд, то Ватани азизамон обод бошад. Нақбканон бо дидани Сардори давлат ба ояндаи нек дилпур буданд”.
Дараҷаи тасвири воқеияти иҷтимоӣ аз сатҳи маърифат, завқу салиқа, усул ва тахаюли публитсист вобастагии зиёд дорад, ки ба ин ҷиҳат Б. Муртазо эътибори хоса зоҳир кардааст.
Дар очерки “Оғози барномаи давлатдорӣ” публитсист Б. Муртазо хонандаро бо нақшаву барномаҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асоси онро таъмини сулҳу ваҳдат, барқарор намудани харобаҳои ҷанг, ҳарчи тезтар баргардонидани гӯрезаҳо аз хориҷи кишвар ва дар ин ҷода беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии зиндагии мардум мебошад, шинос менамояд, ки он заминаи воқеияти иҷтимоӣ ифода ёфтааст.
Як бахши дигари маҷмуаи “Нурофарин”-ро кушишу заҳмати шахсони касбу кори гуногун, аз ҷумла Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Сафарзода Хайрулло Амиралӣ, роҳбари кулли сохтмони неругоҳ Савченков Николай Григоревич, бетонрез Намоз Куганов, директори техникии ҷамъият Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода, сармуҳандиси лоиҳаи Неругоҳи Роғун Валентин Дмитрович Новоженин, сармуҳандиси лоиҳаи кории Неругоҳи Роғун Руслан Шокиров, саргеолог Александр Василевич Коров, директори Маркази тадқиқи гидродинамикии Русия, академия Анатолий Игоревич Савич, сардори раёсати лоиҳавӣ Рустам Ҳусайнов, директори техникии ҶСНК “РоғунГЭССстрой” Мурод Саъдуллоев, сардори сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовини Директори пажуҳишгоҳи зилзиласанҷӣ Пӯлод Ясунов, корманди гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ Илҳом Асоев, муҳандис Валерий Ростиславович Мигуренко, роҳбари “Спетсгидроэнергомантаж” Лаврентий Иннокентевич Ким, директори “Тоҷикспестгидроэлектромантаж” Қурбонов Рустам Усмонович, мутахассиси ширкати “Нурафшон” Амрулло Халилов ва чанде дигарон мебошанд, ки дар очеркҳои “Садди сойи Оби Шӯр”, “Оташи қалби инсон”, “Роҳи “Нурафшон”, “Оғози сохтмонро дӯст дорам”, “Бригадаи аввалини нақбканон” ва “Пирӯзии муҳандиси тоҷик” бо ҳақиқатнигорӣ таҷассум ёфтааст. Публитсист Б. Муртазо дар тасвири фаъолияти қаҳрамонҳо, пеш аз ҳама, воқеияти иҷтимоиро ба эътибор гирифтааст. Образҳои мазкур воқеӣ буда, дар макону замони муайян фаъолият намудаанд. “Образи публитсистию бадеӣ, – менависад профессор Муродӣ М., – аз образи сирф бадеӣ аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад.
Аввалан, образи публитсистӣ дар муқоиса ба образи бадеӣ тамоман бофтаи хаёлии нигоранда набуда, он дар доираи вақт ва фазои муайян сохта мешавад. Баъдан, дар образи публитсистӣ мавқеи муаллиф фаҳмо ва муайян аст”. Чунин равиши тасвиргароӣ дар баробари таъмини воқеият, хонандаро бо санаду далелҳои муҳим шинос намуда, ӯро чун шахси фаъол ба таҳрик меорад.
Дар очеркҳои дигари маҷмуаи мазкур, аз ҷумла “Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ”, “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ”, “Восифи сарзамини барӯманд ва одамони сарбаланд” ва “Ҷавҳари ашъори устод Лоиқ” хонанда бо чеҳраҳои маъруфи илму адаб ва эҷоди кишварамон шинос мешавад. Очеркҳои мазкур фарогири саҳнаҳои ҷолибу муассир буда, хонандаро бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ шинос мекунанд, ки онҳо аз ҷониби адиб ва публитсисти воқеънигор Б. Муртазо бо маҳорати баланд эҷод гаштаанд. Ба таъбири муҳаққиқ А. Саъдуллоев “Фаъолмандии иҷтимоии нависанда ба қаробати наздики ӯ бо ҳаёт, широкат дар ҳаллу фасли муаммоҳои рӯзгор, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти рӯхдодҳои тезгузар ва натиҷа гирифта тавонистан аз печидагиҳои иҷтимоию сиёсӣ вобаста аст”.
Ҳамчунин очеркҳои “Оҳан механдад”, “Бағали дарё”, “Хориҷиён аз тоҷик меомӯзанад”, “Пайрав”, “Ҳикмати нодир” ва “Шогирди бародар” низ дар пояи воқеияти иҷтимоӣ эҷод гардидаанд. Таҳлилу баррасии воқеияти иҷтимоӣ ва маҳорати тасвири он дар очеркҳои маҷмуаи “Нурофарин”-и Б. Муртазо моро ба хулосае овард, ки публитсист ба масълаи мазкур бо диду ҷаҳонбинии фаррох тавонистааст, ки аз унсурҳои ҷолибсозии мавод мақсаднок истифода барад.
Яке аз маҷмуаи очеркҳои адиб ва публитсисти воқеънигор Шералӣ Мӯсо “Қадр ва ҷазо” унвон дошта, дар он рӯзгори ибратомӯзу фаъолияти инсонҳои касбу кори гуногун ва дорои хисоили ҳамида дар ҳамоҳангӣ бо масъалаҳои мухталифи ҳаётӣ инъикосу баррасӣ шудааст. Дар маҷмуаи мазкур бисту чор очерк, аз ҷумла “Қатра ба баҳр рехт”, “Вахшро хоб мебинам”, “Ҷӯянда ёбанда бувад”, “Бо нек шинӣ”, “Қуввати дил”. “Қадр ва ҷазо”, “Нону намак”, “Умре дар роҳ”, “Матонати зан”, “Меҳнат шараф аст”, “Пирӯзӣ”, “Мукофот”, “Ташвишҳои ширин”, “Кӯҳнавард”, “Нақши рӯи оҳан”, “Сабақи нахуст”, “То дил метапад”, “Пайраҳаҳои зиндагӣ”, “Роҳати ранҷ”, “Толеъат паст ё дӯстат?”, “Бозгашт”, “Марди некфарҷом”, “Дилро ба дил роҳест” ва “Давр даври ҳалолкор” фароҳам омадааст, ки ҳар кадоме бо ҳам пайванди мантиқию мавзуӣ дошта, бо услубу шеваи хосси баён эҷод шудаанд ва мутолиаи амиқи онҳо ҷаҳони маънавии хонандаро ғанӣ мегардонанд.
Дар китоби “Қадр ва ҷазо”-и адиб ва публитсисти воқеънигор Шералӣ Мӯсо қиссаву очеркҳое фароҳам омадаанд, ки дар маркази он симои инсони меҳнатдӯст ва бунёдкору созанда меистад. Публитсист қаҳрамонҳои очеркҳояшро дар раванди фаъолияти меҳнатӣ ва муносибат ба атрофиён бо маҳорати баланди эҷодӣ ба қалам додааст, ки хонанда зимни он натанҳо аз ҳодисаву равандҳои иҷтимоӣ ва ҷиҳатҳои зоҳирӣ, балки дунёи ботинии симоҳои гуногун ба хубӣ огоҳ мешавад. “Вижагии дигари публитсистикаи Шералӣ Мӯсо ин аст, ки “бо вуҷуди саҳнасозиву суханофариҳои тахаюлӣ, нигоранда аз мавзуъ канораҷӯйӣ намекунад. Асарҳои ӯ бештар маҳсули мушоҳидаҳояш буда, новобаста аз қолаби жанрӣ, мавзуи муайянро фаро мегиранд”.
Аз тасвири андешаву лаҳзаҳои кории қаҳрамонҳои осори публитсистии Ш. Мӯсо ба хубӣ дарк кардан мумкин аст, ки онҳо ҳамчун инсонҳои нексиришт ва дорои ахлоқи ҳамида барои дигарон намунаи ибрат мебошанд. Ба таъбири профессор М. Муродӣ “Асарҳои Ш. Мӯсо бо вуҷуди аз аносири ҳунари бадеӣ бебаҳра набудан, саросар воқиятанд, вақту замони муайяни вуқуъ доранд, қаҳрамону персонажҳо шахсиятҳои мушаххасанд, ки кору пайкорашон сохта нест. Дар чунин шакл пайдо кардани нигоштаҳои муаллиф, аз як тараф, муносибати ҷиддии ӯ ба мавзӯъҳо таъсир гузошта бошад, аз тарафи дигар, ҳамсафарӣ ва шоҳиди бевоситаи ӯ дар ҷараёни воқеаҳо мусоидат намудааст”.
Маҷмуаи мазкур бисту чор очерки чеҳравӣ ва проблемавии Ш. Мӯсоро дар бар мегирад, ки ҳар кадоме бо мавзуоти муҳим ва хусусияту тасвирҳои ҷолибу муассир буданашон диққати хонандаро бештар ба худ ҷалб мекунанд. Забони соддаву оммафаҳм, истифодаи панду ҳикмат, зарбулмасалу мақол ва дигар воситаҳои тасвир ба муассирии нигоштаҳои муаллиф мусоидат намудаанд. Очерки “Қатра ба баҳр рехт” аз чанд ҷиҳат диққати моро ба худ ҷалб намуд.
Қаҳрамони марказии очерки мазкур Дранишников Леонид Борисевич мебошад, ки тақдири ӯ бо миллати тоҷик ва Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ солҳои зиёд дар коргоҳи азими алюминии Тоҷикистон фаъолият намуда, ба сокинони маҳаллӣ нозукиҳои касби металлургиро омӯзондааст.
Руҷуи очерк аз тасвири мусоҳибаи Дранишников Леонид Борисевич бо журналисте меравад, ки он барои кушодани дунёи ботинии қаҳрамон замина мегузорад. Леонид бо журналист бисёр кӯтоҳ мусоҳиба намуда, ба ҷойи кори худ бармегардад, аммо суҳбати дирӯза бо писараш ӯро мушаввашхотир менамуд. Хатти мавзуи сужаи очерк ҳам дар гуфтугӯйи падару писар ва мувофиқ наомадани дунёву андешаҳои онҳо ифода меёбад. Агарчӣ Леонид бисёр мехост, ки писараш ба мисли ӯ металлург шуда фаъолият намояд, аммо писари ӯ ин касбро намехост. Ҳамин боис шуду байни онҳо гуфтугӯе сар сад. Чуноне дар очерк мехонем: « – Эъ, электролизчӣ ҳам касб шуд?! – Лаб инҷ кард писараш. – Фақат бо мисрону бел кор мекунӣ. Падар, гӯё мор газида бошадаш, парида хест. Аммо дам фурӯ бурд. Баъди басанда шудани қаҳру ғазабаш, бо ҳасрату ҳайрат пурсид:
– Ту чӣ гуфтӣ, а, ту чӣ гуфтӣ?
Писар дам фурӯ бурд. Вале падар ҳанӯз ором намегирифт: раги пешониаш ҷастагӣ буд. Ниҳоят таъкид кард:
– Аввал андеша, баъд гуфтор. Фаромӯш накун, ки ту аз пушти ин касб нон мехӯрӣ”.
Ин гуфтугӯ ба руҳу равони Леонид ниҳоят сахт таъсир гузошта буд. Аз ин рӯ, бо журналист ва кормандони сех чандон майли суҳбат надошт. Леонид ба хулосае меояд, ки дар бисёр маврид волидон майлу хоҳиши фарзандро дар интихоби касб сарфи назар мекунанд, ки ин ҳолат метавонад ба рушди ояндаи ӯ таъсири манфӣ расонад. Публитсист Ш. Мӯсо муҳокимарониҳои ботинии қаҳрамонро дар ин маврид ба тасвир гирифта, менависад: “Сад дареғ, ки сари вақт нафаҳмидам, – дар дил мегуфт ҳоло ӯ. – Аз худам гузашт, аз худам!… Ақаллан як бор ба завод оварда тамошо надодам. Бо мисрону бел, мегӯяд-а? Дар куҷо дидааст ҳамон мисрону белро?! Кас дар пояи кӯҳ истода ҳашамати онро дарк намекунад”.
Ҳангоме, ки Леонид ба заводи алюмини Тоҷикистон ба кор омад, бисёриҳо мегуфтанд, ки аз се чор моҳ зиёд кор намекунад. Аммо бар хилофи ин ҳама, ӯ бо азми қавӣ, роҳнамоии дурусти коргарон, масъулиятшиносӣ ва меҳнати суботкорона тавонист, ки ба комёбиҳои зиёде ноил гардад. Публитсист ин ҷиҳатро дар очерк чунин тасвир мекунад: “Аммо Драшников ба ин гапу калочаҳо парво надошт. Вай ба худ мегуфт: “Ман танҳо нестам!” Рост. Ӯ танҳо набуд. Бо ӯ бригада буд, ки 28 нафар аъзо дошт. Бале, “аъзо”, вале “коллектив” не. Ҳамфикрӣ, аҳлӣ, тифоқӣ набуд. “Моҳӣ аз сар метосад” гуфта буд касе рӯзи маҷлис. Мазмуни ин мисол ба Леонид Борисевич маъқул афтод, яъне ҳама чӣ аз сарвар вобаста. Драшников бо тадбиру кордонӣ дар муддати якуним моҳ, ба қавли сардори сех “аъзоёнашро ба даст гирифта тавонист”. Ба даст гирифту ба кушоишу барорҳо ноил гашт. Худи ҳамон сол соҳиби унвони “Металлурги фахрии СССР” гардид….”.
Мутолиаи амиқи ин очерк моро ба дунёи рангине, ки он аз меҳнату талошҳои созандагиву бунёдкории Леонид дарак медиҳад, шинос мекунад. Лаҳзаи аз ҳама муҳим ва муассире, ки моҳияти мавзуъ дар он комил ифода меёбад, ин аст: “– Леонид Борисович-ч-ч!
Ин нидо дар сех танин андохт ва риштаи хаёлоти ӯро барканд.
– Леонид Борисевич, шуморо писаратон интизор!
Ин овоз ба гӯшаш тир барин расид. Ҳаросон тарафи овоз гашт.
– А? Дар куҷо?
– Дар даромадгоҳ.
“Аҷиб. Ягон ҳодиса рӯй дода бошад?”
Писараш назди лавҳаи эълонҳо истода чизе мехонд. – Ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – бо ҳаяҷон пурсид падар. – Шуморо интизорам, дада. Дар завод будам, аҷоиб… Маро бубахшед, беақлӣ кардам….
Гӯё ганҷе ёфта бошад, аз шодӣ сари падар ба осмон бирасид. Писарро ба оғуш кашид. Ба чашмонаш об давид.
Рӯзи дигар ҳангоме, ки сапеда дамиду олам ширполо шуд, падару писар аз хона бадар омаданд ва ба сели металлургҳо ҳамроҳ шуда вориди завод гаштанд”.
Мо зимни мутолиа ва омӯзишу баррасии очерки “Қатра ба баҳр рехт” ба хулосае омадем, ки фарзанди Драшников Леонид дар охир тавсияву роҳнамоии падарро қабул намуда, ҳамчун мутахассис низ дар заводи алюмини Тоҷикистон фаъолиятро чун ҷавонони дигар идома медиҳад.
“Вахшро хоб мебинам” яке аз очеркҳои дигари ҷолиби диққат ва омӯзандаи ин маҷмуа буда, дар он чеҳраҳои меҳнатдӯсту қавиирода, кордону масъулиятшинос ва бунёдкору созанда таҷассум ёфтаанд.
Қаҳрамони асосии очерки “Вахшро хоб мебинам” Александр Терешенко аз ҷумлаи бинокорон ва роҳбарони иншооти азими аср – Неругоҳи обию барқии Роғун буда, бо меҳнати софдилона, масъулияти баланд ва кордониву ҷаҳонбиниаш соҳиби эҳтироми баланд мебошад. Роҳбарон ба кори ӯ таваҷҷуҳ доранд, зеро дар баробари мутахассиси хуб будан ҳар кори ба зиммаш гузоштаро саривақту босифат иҷро мекунад. Публитсист ҳам барои дақиқ намудани ин ҳолат қаҳрамонро дар муҳити кор ва муносибат бо атрофиён ба риштаи таҳлил мекашад, ки ин ба ҷолибиву муассирии очерк мусоидат намудааст. Чунончи дар очерк мехонем: “ – Ҳой, Александр, беҳуда зӯр мезанӣ, – овоз баланд кард коргаре. – Пагоҳ рӯзи Худо ҳаст-ку. Александр ҷавоб надод. Вай зотан камгап. Барои ӯ аз гуфтан дида кардан осонтар, авлост.
Коргар пештар омаду Александрро ба сухан саргарм кардан хоста, дилсӯзона гуфт:
– Э, ин кори дунё аз ду сар ҳеҷ адо намешавад. Ба ҷонат раҳм кун. Охир ҳамин ҳам кор шуд! Бираву андаке роҳат кун. Кор гуфта боз роҳи хонаатро фаромӯш накунӣ.
Дар ҷавоб Александр табассум намуд. Аз сару рӯяш қатраҳои арақ ҷӯяк кашида ба поён ҷорӣ буд”.
Яке аз вижагиҳои дигари публитсистикаи Ш. Мӯсо таҳлилу баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Тасвиру таҳлил ва таҳқиқи кору пайкори қаҳрамон, ҳодисаву зуҳурот ва дар маҷмуъ паҳлуҳои масъалаи инъикосшаванда дар очерк аз ҷузъиёти муҳим мебошад. Ба таъбири профессор М. Муродов “Очерк хусусияти тадқиқӣ дорад. Дар он хислати қаҳрамон, ҳолати воқеа ва хусусияти тазодҳо баррасӣ карда мешаванд. Муаллиф ба василаи тадқиқу хулосаҳо проблемаро ба миён мегузорад ва ҳаллашро тақозо мекунад. Бо роҳи тадқиқ предмети инъикос ҳаматарафа омӯхта шуда, муҳиммияти масъалаи ба миёнгузошташуда ошкор мегардад ва сухани гӯянда устуворӣ пайдо мекунад”.
Дарвоқеъ, ҳар қадар лаҳзаҳои рӯзгору фаъолияти ибратомӯзи қаҳрамон ҷолибу муассир бошад, ҳамон андоза очерк ба шуури хонанда таъсир гузошта, ӯро ба ҳаракат меорад.
Инсонро асосан ҳангоми меҳнат хуб мешиносанд зеро симои асосӣ, характер ва масъулияту ҳунараш дар он зоҳир мегардад. Дар навиштаҳои адиби публитсист Ш. Мӯсо мо бо ин омил рӯ ба рӯ мешавем, ки аз дурандешии нигоранда дарак медиҳад. Ба қавли Ҷонибек Акобир “Хонандаи имрӯзро барои муҳокимаронии ботинӣ ва шинохтани рӯҳияи замон ва одамон омода кардан қарзи ҳар қаламкаш аст. Ба он гуна донишҳо, муҳокима, қазоват ва рӯҳияшиносие, ки хонандаи айёми нав дарнамонад, сараву сақати дунёи муосир ва хапгирро бо шеваи фаҳмишҳои миллӣ дарбиёбад. Он гоҳ ӯ метавонад дар баробари тундбоду чархобҳои ноҳангому пуртаҳликаи замон барои худаш ва халқу ватанаш муқовимат нишон бидиҳад”.
Қаҳрамони асосии очерки мазкур Александр Терешенко низ ҳамчун инсони меҳнатдӯст баҳри ободии диёр ва осон намудани мушкилоти мардум заҳмати суботкорона менамояд. Баъзан инсонҳои нотавонбин ва сустирода ба имтиҳонҳои ҳаёт тоб намеоранд. Агарчи ҳангоми сохтани кӯпрук, ки қисми асосии раванди сохтмони неругоҳи обию барқии Роғун бошад ҳам, баъзе муҳандисону шаҳрвандон бунёди ин иншоотро дар дарёи Вахш, ки шӯху беқарор аст, ғайриимкон медонанд. Аммо Александр хилофи андешаҳои муҳандисону бинокорон ба бунёди кӯпрук шуруъ мекунад. Ӯ медонад, ки дар гурӯҳи бинокорон ҷавонони ғаюру соҳибистеъдоде ҳастанд, ки метавонанд суботкорона меҳнат намуда, муваффақ гарданд. Дар очерк чунин лаҳзаҳо бо маҳорату эҳсоси баланд тасвир шудаанд. Чунончи: “ – Ба ман нигар. Ҳо-о, ана дарёи Вахшро мебинӣ? Ана ҳамон ҷо кӯпрук месозем. Аз болои дарё.
– Э, мон-е!… Шӯхӣ ҳам ба эбаш. О, дар пеши ғазаби Вахш як сония ҳам тоб намеоварад, хас барин рӯфта мебарад.
– Рост мегӯед, – Савченков сар ба тасдиқи гуфтаи бригадир
ҷунбонд.
– Ғазаби Вахш зӯр аст. – Сипас лаҳзае пешонӣ хориду ба як навъ
оҳанги маҳрамона, бо овози паст гуфт: – Лекин дигар илоҷ ҳам нест. Бе ин кӯпрук сохтмони ГЭС як қадам пеш нахоҳад рафт. Он ибтидои корҳои бузург аст.
– Ин кори бефоида. О, чӣ қадар кӯпрукҳоро рӯфта бурд ин Вахш.
– Ба инаш зӯраш намерасад. – Савченков ҳазломез табассум
намуд. Сипас ғайри ихтиёр афзуд: – инро кӯпруки Терешенко мегӯянд!”.
Тасвири дунёи ботинии қаҳрамон дар очерки мазкур зиёд ба назар мерасад. Адиб ва публитсисти воқеънигор симои ботинии қаҳрамонро дар ҳамоҳангӣ бо ғояи давр ҳамоҳанг ба тасвиру баррасӣ мегирад. Ба таъбири профессор М. Муродов: “Очерки портретӣ на танҳо ифодакунандаи симои зоҳирии қаҳрамон, балки ифшогари олами ботинии он низ аст. Олами ботинии қаҳрамон бо роҳи тасвири ҷузъиёти мушаххас, тарзи амал, тафаккур, андеша, нутқ, муносибат ва амсоли ин намудор мегардад”.
Очеркнавис барои тасвири фаъолияти меҳнатӣ ва рӯзгори ибратомӯзи қаҳрамон аз сарчашмаҳои гуногун маълумот ҷамъоварӣ ва истифода намудааст. Дар очерк хонанда гоҳе бо ҳаёти оилавӣ ва гоҳе бо меҳнати фидокоронаи қаҳрамон шинос мешавад. Гуфтугӯйи қаҳрамони марказии очерк Александр Терешенко бо писараш Игор бисёр таъсирнок омадааст: “Игор ба лафзи ширину шакарин мепурсад, ки кай ман калон мешавам? “Мактабро, ки аъло тамом кардӣ”, – ҷавоб медиҳад падараш. “Ӯҳ-ҳу, то он вақт шумо Роғунро месозед. Ман чӣ месозам?”. Падар гӯё болу пар мебарорад, сари писарашро сила мекунад”.
Ин лаҳзаи муассир дар очерк моро бо дунёи пурталотуми насле мебарад, ки онҳо бо донишу ҷаҳонбинии доштаашон мехоҳанд пайравӣ кору амали насли созандаи калонсол бошанд. Игор барин наврасон бо масъулияту хиради воло мехоҳанд дар оянда, дар дигаргунии рӯзгори одамон бо меҳнати суботкорона саҳм гузоранд.
Александр Терешенко дар баробари меҳнатдӯстӣ ҳамчун инсони ташаббускору роҳбари ғамхор дар очерк тасвир шудааст. Сохтмони кӯпруке, ки ба ӯ ва гурӯҳи бинокоронаш вобаста карда буданд дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд сохта мешавад. Имтиҳоне буд барои бинокорон, ки аз он бо сари баланд мегузаранд. “Ниҳоят кӯпрук ботантана кушода шуд. Корвони мошинҳо гузаштанд. Фарёди шодиёна баланд буд. Баъзеҳо кӯдаквор рӯи кӯпрук хез карда медавиданд. Савченков Терешенкоро ба оғӯш кашида, як муддат ӯро аз бағалаш раҳо намедод. Дар чашмони нилгуни ӯ ашк ҳалқа мезад. Сипас оҳи сабуке мекашид. Бо ҳамин гӯё тамоми ташвишу ранҷҳои кашидааш мебаромад”.
Мутолиа ва дарки муҳтавои очерки мазкур хонандаро, пеш аз ҳама бо таърихи раванди сохтмони Неругоҳи обию барқии Роғун, ташаббусу меҳнатқаринии сохтмончиён, фаъолияти босамари мутахассисон, дӯстии халқҳои гуногуни Тоҷикистон, барои ватандӯстӣ, тарғиби меҳнатдӯстӣ, бунёдкориву созандагиҳои Ватан, таҳкими хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аҳаммияти калон дошта, барои насли даврони Истиқлол муҳим ва зарур аст.
Хулоса, мавзӯи сохтмон, тасвири қаҳрамониҳои инсонҳои кору пайкор дар очеркҳои Б. Муртазо ва Ш. Мӯсо мавқеи муҳим дошта, тавассути ҳодисаву хислатҳои қаҳрамонон ҷасорату мардонагӣ, меҳнатқариниву шуҷоатмандӣ, одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии инсонҳои гуногун намо меёбад. Бо ин усул муаллифон ғояи ободкорӣ, созандагӣ ва ваҳдати миллиро талқин намуда, ҳифзи арзишҳои миллиро зарур меҳисобад ва дар бедории ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатқаринӣ, худшиносиву худогоҳии хонанда саҳим мешавад.
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»