Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар таърихи афкори иҷтимоиву сиёсии ду даҳаи авали асри XX Осиёи Миёна ҳамчун бунёдгузори ҷараёни ҷадидияи ҷунбиши маорифпарварӣ, бунёдгузор ва таблиғотгари хастанопазири мактабҳои усули нави таълим, ҳамзамон шахсияти мураккабмавқеъ бо сарнавишти талхи умри нисбатан кӯтоҳ ба сарбурда, шинохта шудааст.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1875 дар деҳаи тоҷикнишини Бахшитеппаи наздики шаҳри Самарқанд ба дунё омада, маълумоти ибтидоиро дар деҳаи худ аз хешовандони наздикаш, аз ҷумла аз тағои худ муфтӣ Мулло Одил омӯхтааст. Баъди вафоти падараш дар соли 1894, ӯ дар назди тағои дигараш Муҳаммад Сиддиқи қозӣ вазифаи мирзогиро иҷро кардааст. Мувофиқи маълумоти олими адабиётшиноси ӯзбек Солеҳ Қосимов, ки аз нақли Парвин, духтари Беҳбудӣ менависад, Беҳбудӣ пас аз таҳсили мадраса ва омӯзиши дақиқи илми фиқҳ, то охири умр муфтии ноҳияи Ҷомбой (вилояти Самарқанд – ин ва дигар шарҳҳои дар қавсайн омада аз мост – Қ.Ш.) будааст.
Беҳбудӣ соли 1899 бо нияти адои ҳаҷ ба сафар баромада, муддати ҳашт моҳ шаҳрҳои Туркия ва Мисрро тамошо кардаву бо тарзи зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳолати макотибу мадориси минтақа ошно гардидааст.
Муфтӣ Беҳбудӣ (бинобар хуб донистани илми фиқҳ ва риояи адлу инсоф дар муҳокимаву мубоҳисаҳо ба ӯ пешноми “муфтӣ”-ро сазовор дониста буданд) аз соли 1903 то ба поёни умр бо ҳамёриву ҳамкории дӯстон ва шогирдонаш Абдулқодир Шакурӣ, Саид Аҳмади Сиддиқӣ (Аҷзӣ), Абдуррауфи Фитрат, Қӯқонбой Абдухолиқзода, Сайидризо Ализода, И. Раҳматуллозода ва Ҳоҷӣ Муин дар Самарқанд ва дигар шаҳру навоҳии Туркистон бо таъсиси мактабҳои нави “усули савтия” ё “навусул”, навиштану таҳияи китобу дастурҳои таълим машғул буд, балки тамоми кӯшиш, часпу талош, донишу сармояи андӯхтаашро ба маърифатноккунӣ, бедории фикрии мардум, ислоҳи маънавиёти ҷомеа бахшидааст.
Тибқи навиштаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, “охири соли 1918 ё авали соли 1919 Беҳбудӣ бо ду дӯсташ аз Самарқанд берун шуда, ба хоки Бухоро гузашт ва дар Шаҳисабз ба дасти одамони амир афтода, моҳи марти соли 1919 бо фармони амир дар Қаршӣ ба қатл расид. Гуноҳе, ки ба гарданаш гузоштанд, ин буд, ки “ҷадид ва кофир” будааст. Сабаби аз Самарқанд рафтани ӯ чандон маълум нест”.
Азбаски ҷараёни ҷадидия дар замони ҳукмронии идеологияи яккаҳизбии Шуравӣ чун “мафкураи зараровар”, “ҷараёни зиддихалқӣ” дониста мешуд, корномаву зиндагиномаи сарварону шахсиятҳои пешбари ин ҷараён аз доираи таҳқиқу омӯзиш берун монда, агар ҷойе ҳам лозим ояд, бо тобиши манфӣ зикр мегардид. Аз ин ҷо, бо вуҷуди дар осори баъзе муҳаққиқони риштаи адабиётшиносӣ бо эҳтиёт ишора шудани нақши мусбати намояндагони ҷараёни ҷадидия дар рушди мактабу маориф ва адабиёти нави шӯравӣ, дар умум муносибати аҳли қалам ба ҷадидон аз мақеи ҳизби ҳукмрони коммунист назари нек набуд.
Назари нек ва воқеъбинона ба ҷараёни ҷадидия ва ҷадидон, чун ба дигар паҳлуҳои равандҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа танҳо дар солҳои Бозсозии Горбачёвӣ (1985–1991) ба амал омад ва дар айёми истиқлолият ба амри табиӣ табдил ёфт. Дар пажӯҳишҳои Холиқ Мирзозода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Расул Ҳодизода, Соҳиб Табаров, Маъруф Раҷабӣ, Атохон Сайфуллоев, Иброҳим Усмонов, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Абдураҳмон Абдуманнонов, Абдухолиқ Набавӣ, Пайванд Гулмуродзода, Мурод Муродӣ, Абдуқодир Шехов ва чанде дигарон заминаҳои пайдоиш, моҳияти мафкура, орзуву ормони ҷадидия, паҳлуҳои гуногуни рӯзгору осори намояндагони барҷастаи он, аз ҷумла корномаи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ то ҷое инъикоси худро ёфтанд.
Бо ёдрасии мухтасари муаррифии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо қалами чанде аз муҳаққиқони тоҷик, ба баррасии силсиламақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар саҳифаҳои нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” пардохтанӣ ҳастем, ки мутаассифона, муҳаққиқони тоҷик дар пажӯҳишҳои хеш ба он кам дахл кардаанд. Танҳо дар асари пурарзиши муҳаққиқи публитсистикашинос, профессор Мурод Муродӣ “Публитсистикаи тоҷик” аз чанд нигоштаҳои мушаххаси Беҳбудӣ дар “Бухорои шариф” ва мавзуъҳои онҳо ёд мешавад:
“Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” низ ҳамкорӣ намуда, чанд нигоштаи худро ба табъ расонидааст, ки “Мактуб аз Самарқанд. Чораи тараққӣ ё худ халосӣ аз инқироз” (1912, — 4 ноябр; 6 ноябр; 9 ноябр), “Усули ҷадидия чӣ гуна аст?” (1912, — 28 ноябр), “Ислоҳи мактаб” (1912, — 13 декабр)”, “Мактуби дувум аз Самарқанд. Чораи тараққӣ ё худ халосӣ аз инқироз” (1912, — 16 декабр, 18 декабр) ва ғайра намунаи онҳост. Мавзуи баҳси ин мақолаҳоро вижагиҳои мактабҳои нави аврупоӣ, ҷорӣ намудани чунин мактабҳо дар Туркистон, ба замона мувофиқ кунонидани усули таълим, омӯзиши илмҳои замонавӣ (духтур, ҳуқуқшинос, ҷуғрофидон, муаррих), афзалиятҳои “мактаби усули савтия” ва амсоли ин ташкил медиҳанд”.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки иштироки Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар рӯзномаи “Бухорои шариф” дар навиштаҳои муҳаққиқон Иброҳим Усмонов, Абдураҳмон Абдуманнонов ва Абдухолиқ Набавӣ бе зикри унвон ва ё муҳтавои мақолае аз ӯ, гӯшзад шудаанд.
Профессор Иброҳим Усмонов дар зимни мулоҳизаронӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии Беҳбудӣ, ёдрас шудааст, ки “Беҳбудӣ ба ҳайси муаллиф дар рӯзнома ва маҷаллаҳои “Туҷҷор”, “Хуршед”, “Шӯҳрат”, “Азия”, “Шӯро”, “Бухорои шариф”, “Туркистон вилоятининг газети” ҳамкорӣ намудааст”.
Адабиётшиноси маъруф Абдураҳмон Абдуманнонов дар мақолаи “Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ” ҳарчанд бамавқеъ навиштааст: “Таконе, ки рӯзномаҳои “Бухорои шариф”, “Самарқанд”, маҷаллаи “Ойина”, инчунин таъсиси мактабҳои усули нав ба бедории фикри мардум дод, гуфтан мумкин аст, ба аҳамияти фавқулоддаи иҷтимоиву фарҳангӣ молик буд”, вале аз ширкати Беҳбудӣ дар “Бухорои шариф” сухан накушодааст.
Адабиётшиноси шинохта Абдухолиқ Набавӣ, ки дар бораи нашрияи “Бухорои шариф” пажуҳишҳои арзишманд анҷом додааст, дар мавриди муллифони маъруфи нашрия сухан ронда, аз ҷумла қайд намудааст: “Ҳамчунин аз шахсиятҳои шинохта Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сайидризо Ализода (Боғишамолӣ), Мунири Мозандаронӣ, муаллим Абдулқодирхоҷаи Шакурӣ дар рӯзнома иштирок доштанд”.
Ин ҷо бегумон, суоле пайдо мешавад, ки модоме Абдухолиқ Набавӣ аз муҳаққиқони муосири “Бухорои шариф” бошад, чаро ба нигоштаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, шахсияти машҳури он замон, таваҷҷуҳе накардааст?
Гап сари он аст, ки аксари муҳаққиқони “Бухорои шариф” ба бастаҳои рӯзнома дастёбӣ надоштанд, ки тахмини Абдухолиқ Набавӣ “…имрӯз бастаи рӯзномаи “Бухорои шариф” дар ду ҷо маҳфуз аст: дар Тошканди Ӯзбакистон, ки аксар аз аҳли таҳқиқ аз он истифода кардаанд ва шумораи он аз 100 рақам як ё ду зиёдтар аст…”, далолати он аст. Ҳол он ки дар дӯхтаи комили 612 саҳифаинаи “Бухорои шариф”-и шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи миллии Ӯзбекистон, ба номи Алишер Навоӣ, ки таҳти №F72 нигаҳдорӣ мешавад, ҳамаи 153 шумораи нашрия маҳфуз аст.
Сабаби аслии аз унвону мазмуни мақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ намуна наовардани муҳаққиқони тоҷик бегумон, ба нусхаҳои “Бухорои шариф” ва сарчашмаҳои бо забонҳои дигар дастрасӣ надоштанашон рабт мегирад.
Дар омади гап, солҳои истиқлолият дар Ӯзбекистони ҳамсоя ба омӯзишу таҳқиқи рӯзгору осори маорифпарварони ҷадид, ки онҳо намояндагони “ҳаракати ҷадидӣ”, баъдтар “фидоиёни ҳаракати бедории миллӣ” ва “қаҳрамонони истиқлол” муаррифӣ мегарданд, таваҷҷуҳ бамаротиб афзудааст. Аз ҷумла дар бораи ҳаёту фаъолияти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ рисолаву мақолаҳои алоҳидаи олимон Наим Каримов, Бегалӣ Қосимов, Солеҳ Қосимов, Шералӣ Турдиев, Дилором Алимова, Дилбар Рашидова, Ҳалим Саид, Аҳмад Алиев, Ҳамидулло Болтабоев, Иброҳим Fафуров, Бойбӯта Дӯстқораев, Нормурод Авазов, Раҳим Муқимов, Сироҷиддин Аҳмад, Зебо Аҳророва, Нусрат Раҳмат ба табъ расидаанд. Дар таҳқиқоти онҳо асосан ба навиштаҳои Беҳбудӣ ба забони ӯзбекӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, осори тоҷикии Беҳбудӣ камтар ёдоварӣ шудааст. Ногуфта намонад, ки пажуҳиши олимону қаламкашон дар Ӯзбекистон оид ба рӯзгору осори Беҳбудӣ асосан ба ёддошту мақолаҳои Ҳоҷӣ Муин, яке аз шогирдони наздики Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, такя менамоянд.
Дарвоқеъ, Ҳоҷӣ Муин дар мавриди фаъолияти публитсистии Беҳбудӣ ба истиснои нашрияҳои худаш (рӯзномаи “Самарқанд” ва маҷаллаи “Ойина”) сухан ронда, менависад: “Мақолаҳои дар мавзуъҳои адабӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ иншонамудаи Беҳбудӣ – афандӣ дар матбуоти Қафқоз – Тотористон ва Туркистон нашршаванда ба мисли “Туркистон вилоятининг газети”, “Тараққий”, “Тужжор”, “Хуршид”, “Шуҳрат”, “Осиё”, “Тӯрон”, “Ҳуррият”, “Меҳнаткашлар товуши”, “Улуғ Туркистон”, “Нажот”, “Тирик сӯз”, “Таржумон”, “Вақт”, “Шӯро”, “Улфат”, “Иршод”, “Тоза ҳаёт” ба табъ расидаанд. Дар ин 18 рӯзномаву маҷаллаҳо наздики дусад мақолаҳои Беҳбудӣ ба чоп расидаанд, ки онҳоро дар як маҷмӯа гирд оварданӣ шавем, китоби панҷсад-шашсад саҳифаӣ хоҳад шуд”.
Дар байни ин 18 нашрияе, ки он солҳо асосан дар шаҳрҳои қаламрави Туркистон ва минтақаҳои мусалмоннишини Русия ба чоп мерасиданд, “Тӯрон”, як нашрияе аз қаламрави аморати Бухоро, он ҳам замимаи ӯзбекии “Бухорои шариф”, нахустрӯзномаи тоҷикӣ, ҳамзамон ягона нашрияи мустақил дар Бухоро низ, зикр гардидааст. Дар ин навиштаи Ҳоҷӣ Муин, шогирду ҳамсафи Беҳбудӣ, як тан аз маорифпарварони маъруфи Самарқанд, нуктаи тааҷҷубангез ба чашм мерасад. Яъне, Ҳоҷӣ Муин, шахси огоҳ аз равандҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус аз матбуоти навпайдои минтақа, солҳои минбаъда аз кормандони фаъоли нашрияҳои тоҷикӣ, аз мақолаҳои дар “Тӯрон” табъшудаи Беҳбудӣ хабар дораду аз силсиламақолаи Беҳбудӣ дар “Бухорои шариф” ноогоҳ аст?
Ба ин суол аз осори хаттии худи Ҳоҷӣ Муин ҷавоб метавон пайд кард.
Аз тақризи Ҳоҷӣ Муин “Оила” (ё худ вазоифи хонадорий)”, ки дар рӯзномаи “Ҳуррият” (1917, 22 сентябр) чоп шудааст, маълум мешавад, ки ӯ китоби 200 саҳифаии “Оила” (ё худ вазоифи хонадорӣ)”-ии бо забони форсӣ чопшудаи “бародари муҳтарамаш Абдуррауф Фитрат -афандиро аз авал то ба охир бо камоли ихлосу рағбат мутолиа намуда, манфиати зиёд бардоштааст”. Муқарриз таъкид менамояд, ки ӯ 12 сол боз матбуоти туркию тоториро мунтазам мутолиа намуда, чунин як китоби дар хусуси оила батафсил навишташударо вонахӯрда буд ва ҳамзамон се камбудии китоби мазкурро баршумурда, шарҳ медиҳад. Ба ақидаи муқарриз як камбуди ҷиддии китоб “бо шеваи туркии Туркистон навишта нашудани” он будааст: “Суоли “сабаби писанд накардани якчанд миллион туркони Туркистон ва ба забони туркӣ нанавиштани китоб, ба хотири ҳамагӣ дусад- сесад ҳазор мусулмонони форсидони Туркистон бо забони форсӣ иншо шудани он дар чӣ бошад?”, ба сари ҳар кас меояд. Муҳаррир – афандӣ ба ин суоли маҳзун ҷавоб доданӣ шуда, дар муқаддимаи китоб маъзарат баён доштааст”.
Ишораи фавқи Ҳоҷӣ Муин ба пораи зерини муқаддимаи китоби “Оила” (ё худ вазоифи хонадорӣ)” -ии Абдуррауф Фитрат аст, ки соли 1916 ба табъ расидааст: “То имрӯз дӯсти муҳтарам ва ҳамфикри ғаюрам Абдулвоҳид –афандӣ Мунзим, ки хотираш ҳамеша бастаи андешаи саодати бухориён аст, ба ман ишорат кард, ки дар ин боб китобе нависам. Ва баски дӯсти азизамро мақсаде оливу нияте холис буд, натавонистам, ки аз ишораташ гардан печам, ночор ҳамин рисоларо тартиб додам. Хеле орзу доштам, ки ин рисоларо ба забони миллии худамон, яъне туркии чиғатоӣ нависам, аммо дар ин хусус ҳам бо ишорати он дӯсти муҳтарами худ тобеъ гаштам”.
Аз оҳанги тақризи мазкур ва дигар мақолаҳои дар нашрияҳои туркӣ-ӯзбекӣ батабърасонидааш, ба туркӣ гароидан ва тоҷикиситезии Ҳоҷӣ Муини он солҳо бармалост, вагарна шахси пурмутолиае чун ӯ, аз иштироки Беҳбудӣ дар замиманашрияи “Тӯрон” огоҳӣ дошта, аз мавҷудияти худи “Бухорои шариф” ва муносибати Беҳбудӣ ба он намедонист?
Хуб, баргардем ба асли мавзуи мавриди баррасӣ қарордодаамон. Авал, гуфтанист, ки ҳамкории Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо рӯзномаи “Бухорои шариф” дар марҳилаи дувуми фаъолияти нашрия, аз №129, 4 ноябри соли 1912 бо мақолаи “Чораи тараққӣ ё худ халосӣ аз инқироз” бо имзои “Маҳмудхоҷа”, зери рубрикаи “Мактуб аз Самарқанд”, дар № 130, 6 ноябри 1912, №131, 9 ноябри с.1912, идома ёфтааст, шуруъ шудааст.
Қабл аз сухан гуфтан аз мундариҷаву муҳтавои мақолаи мазкур, тазаккур доданием, ки бақияи мақола таҳти рубрикаи “Мактуби дуввум аз Самарқанд” дар “Бухорои шариф”, №146, 16 декабр; №147, 18 декабри соли 1912 ба табъ расидааст. Дар ин миён мақолаҳои дигари муаллиф “Усули ҷадидия чӣ гуна аст?” (Б.Ш., 28 ноябр), “Ислоҳи макотиб” (бақия), (Б.Ш., 13 декабр) ба чоп расидаанд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар ин пораи замон сокини Самарқанд буд ва шуғли асосиаш муфтигиро дар Ҷомбой, ноҳияи 20-километрии шарқи Самарқанд, анҷом медод. Ӯ дар ин вақт аллакай чун муфтии боадлу инсоф, шахси босаводу маорифпарвар, адиби соҳибқалам, муаллифи нахустин асари саҳнавӣ – драмаи тоҷикию ӯзбекии “Падаркуш” (с.1911) маъруфият дошт.
Беҳбудӣ соли 1910 бори сеюм ба сафар мебарояд. Дар рафти ин сафар ба Миср ва Туркия “ӯ бо муҳити фарҳангӣ, адабӣ ва иҷтимоию сиёсии ин малакатҳои мусулмон, ки сатҳи пешрафти таърихиашон аз бисёр кишварҳои исломӣ муқаддамтар буд, наздиктар ва муфассалтар шинос мешавад.
Пас аз бозгашт доираи фаъолияти Беҳбудӣ боз вусъат ва қувват мегирад. Ӯ дар ҳаёти сиёсии Туркистон, махсусан дар ҳаёти сиёсии шаҳри Самарқанд ҳамчун тарафдори ҳизби кадетӣ ва муқобили сарсахти ҳизби сотсиал-демократӣ иштирок мекунад. Ӯ бо мақола ва суханрониҳояш ин хатти сиёсии худро бо қатъият ҳимоя ва таблиғ менамуд”.
Мақолаи “Чораи тараққӣ ё худ халосӣ аз инқироз” бо гилаи “дар зарфи 200 соли охира салтанат аз исломиён коста шуд ва имрӯза 300 милйуни мо мусулмонон, ҳама дар қайди давлатҳои фарангӣ гирифтор шудем… Маишату зиндагонии мусулмононе, ки дар зери ҳукумоти ислом ҳастанд, бадтар аз маишати усули исломи дували Аврупоанд” оғоз шуда, таваҷҷуҳи хонандаро ба мавзуъ ҷалб созад, суолу ҷавоби имкони мубориза бо инқирози моливу мулкӣ ва диниву иқтисодӣ “ҳоло бояд ки мо чашм кушоем ва бубинем, ки аҷнабиён бо кадом боб ба мо пешдастӣ доранд ва ба чӣ навъ ва сабаб саноат ва тиҷорати моро аз дасти мо мегиранд ва аз кадом роҳ аз ваҷҳи иқтисодӣ ба мо ғалаба мекунанд? ва ба чӣ тавр моро ба мутеъ ва асбоби худ ба тарафи манфиати худ тобеъ ва ҷалб мекунанд? Чун нек бингарем, хоҳем дид, ки ҳамин ду амр: илму ҳунар ва саъю ғайрат” (Б.Ш., 1912, 4 ноябр) мароқу шавқмандии хонандаро бармеангезад.
Аз ибтидо гуфтанист, ки ин ва дигар мақолаҳои Беҳбудӣ вижагие доранд, ки муаллиф фикру андешаи худро ба фармудаҳои китоби муқаддаси “Қуръон” ва аҳодиси муҳаммадӣ асоснок мекунад. Чунин муносибати эҷодӣ дарки моҳияту муҳиммияти масъалаи баррасишавандаро барои хонандаи ҳамзамонаш, ки дидгоҳу фаҳмиши шариатӣ дорад, осонтар менамояд. Дар қисмати оғози мақолаи мазкур низ таъкиди “…чунки дини мубини мо ба илму ҳунар ва саъю ғайрат амр менамояд, аз одами бекору беғайрат ҳар кӣ бошад, безорӣ мекунад, илми замонӣ агарчи дар Чин бошад, бирав, бигир, – мегӯяд” бо ҳамин маъност. Дарвоқеъ, мутахассисони назарияи фаъолияти эҷодӣ низ ҳангоми шарҳи хусусиятҳои жанрии мақола ба муҳимияти амиқу фаҳмо инкишоф ёфтани фикри муаллиф ба хотири осонфаҳм шудани масъалаи баррасишавандаи мақола аз ҷониби хонандаро ишора кардаанд: “Барои ин зарурати ба низом даровардани фикр ба вуҷуд меояд. Маҳз чунин зарурат имкон медиҳад, ки сохти мақола аз се қисмат: қисми авал, қисми асосӣ ва хулоса таркиб ёбад… Қисмати авал, ки дебоча ном дорад, тафсилу моҳияти муҳиммияти масъала, зарурати таҳқиқ шудан ва аҳамияти иҷтимоии ҳалли онро дарбар мегирад”.
Муаллифи мақола пас аз арзи мақсади навишта, бо забони осонфаҳм ободии мулк ва зиндагии хуби сокинони кишварҳои аврупоиро аз илму ҳунаромӯзӣ арзёбӣ намуда, таъкидан ба он ки омӯзиши илму ҳунари аврупоӣ ва маданияти ҳозира зидди дини мубини ислом нест, муроҷиатан ба мухотабон менависад: “… фавран бояд, ки мо илму ҳунари аврупоиёнро бигирем ва маданияти ҳозираро ба рӯҳи ислом бояд ки пазироем. Ҳамчуноне, ки илми динӣ мехонем, илми замонӣ ва фанни асрӣ низ таҳсил бикунем, то ки дар муқобили ҳамшаҳриҳои ғаюр, ки иборат аз русу яҳуду арманиву соири фарангиёнанд, иқтисоди ӯ, ҳоло мағлуб нашавем: ғайримусулмонон ҳар қадар замин ки мехаранд ва ё кантур ки мекушоянд, аз замин ва мулки аслии мо коста мешавад. Ин аз чӣ? Аз беамалӣ ва бепулии мо. Пул ва илм ба сабаби саъй ва ғайрат ҳосил мешавад. Оре, мо оммаи динӣ фазлае аз лузум дорем, вале дар тамоми қаламрави Бухоро як нафар ва дар тамоми Туркистон панҷ нафар олими замонӣ надорем” (Б.Ш., 1912, 4 ноябр).
Мақолаи “Чораи тараққӣ – ё худ – халосӣ аз инқироз”, ки ду сутуни саҳифаи 3-юми шумораи навбатиро (“Бухорои шариф”, №130, сешанбе, 1912, 6 ноябр) фаро гирифтааст, мавзуи мубрами айём – сабабҳои аз тараққӣ бозмондан ва роҳҳои аз таназзул раҳонидани кишварҳои ҳамҷавору ҳамтақдири Туркистону Бухороро дарбар гирифтааст, албатта, ҳаҷман калон будани навиштаро тақозо мекунад ва ба истилоҳи муҳаққиқон “дар қисмати асосӣ муаллиф омилҳеро мавриди таҳлил қарор медиҳад, ки барои ҳалли вазъият монеа шудаанд. Ӯ кӯшиш мекунад фаҳмонад, ки чаро ин қазия то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва онро чӣ гуна метавон ҳал намуд”.
Дар ҳамин гуна қисмати асосии мақолаи муаллиф кӯшиш намудааст, ҷавоби мухтасари суолҳои пешгузоштаашро шарҳ диҳад. Ба ақидаи муаллиф, аз миёни илмҳои замонӣ ва касбҳои зарурӣ барои тамоми Туркистону Бухоро айни замон муҳандис ва ҳуқуқшинос заруртар ҳастанд: “Муҳандисоне, ки мо тайёр мекунем, маъданҳои зери хокбудаи моро мебароранд ва аз он сарватҳо меафзояд, саноат ва зироати моро пеш мебаранд. Марди ҳуқуқшинос агар аз мо барояд, ҳуқуқи мадания ва исломияи моро дар ҳама ҷо, ҳам давлатӣ ва замонӣ мудофиа мекунад. Алалхусус дар ҳуқуқшиносии замонӣ аз мо мусулмонони Туркистон ба вуҷуд ояд, ҳуқуқи миллияву диния ва маданияи моро дар маҷлиси давлатии Русия мудофиа мекунад ва тараққии замони мо мекӯшад”.
Муаллиф ба таҳлили омилҳои монеъшавандаи қазия идома дода, ислоҳи корҳои замониро ба мактабу дорулфунун вобаста медонад ва дар шароити Туркистону Бухоро “бояд ин амрро ҳукумати Бухоро ва мардумони туҷҷор ва аз замона фи алҷумла бохабари ашхоси Бухоро бояд ки сар кунанд. Дар нафаси Бухоро макотиби замонӣ боз кунанд, ки дар он аз илми тиҷорат ва иқтисод, саноат ва зироат ва ғайра ва албатта исломия, Русия ва Фаранг хонда шавад ва ин ҳукумат бояд ки мисли мактаби гимназия ва каммерчискийи Русия ва ё мисли макотиби эъдодияи Истомбул ва Миср бошад. Ва ин мактаб ҳақи ирсоли талаба ба дорулфунунҳои Русӣ дошта бошад”.
Қисмати севуми мақолаи “Чораи тараққӣ – ё худ – халосӣ аз инқироз”, бо ишораи “Бақия аз нумраи собиқа” низ дар ду сутуни саҳифаи 3-юми шумораи навбатии нашрия (“Бухорои шариф”, №131, 1912, 9 ноябр) ба табъ расида, идомаи шарҳ ва хулосаи мулоҳизаҳои муаллифро дарбар мегирад. Муаллиф дар ин қисмати мақола ба зарурати омӯзиши ҷуғрофиё ва таърихи давлатҳои дунё таъкид менамояд, “зеро уламои аълами Туркистону Бухоро албатта, мегӯянд, ки русӣ хондан ва ё ин ки мактаби усули ҷадида кушодан ҷоиз нест”, ҳол он ки эшон аз омилҳои пеш рафтани ғайримусулмонони атрофу акноф огоҳ нестанд, ҳатто намедонанд, ки исломият дар куҷо, чӣ тавр, дар кадом кишварҳо ислом ба саъю ғайрати худи мардум, дар кадом мамлакатҳо тавассути истило паҳн шуд, ҳудуди диёри ислом то куҷо буда, бо чӣ сабабҳо кишвари мо таназзул ёфтааст.
Мақола бо хулосаи зайли муаллиф, ки бо мӯлнуқта ва мисрае анҷом ёфта, ба эҳтимоли бозгашт ба мавзуъ ишора дорад, ба поён мерасад: “Ва минбаъд чӣ хоҳем шудан? Ба ҳамаи ин саволот илми ҷуғрофиё ва тоърих ҷавоб медиҳад ва чӣ гуна рафтор намуданро ин илм маънои таълим менамояд ва ба маданияти ҳозира шитофтан ва ба ислом равнақ додан ва исломи заифшударо ба қавӣ гардонидан ташвиқ менамояд, ҳақиқати дини ҳамин ислом чӣ буд, ба мо равшан мекунад ва моро ба ислоҳи асри собиқ иршод менамояд…
Гар набудӣ ҳалқаҳо танги заиф,
…………………………………………. (Б.Ш., 1912, 9 ноябр).
Тавре дар боло гуфта будем, бақияи мақолаи “Чораи тараққӣ – ё худ – халосӣ аз инқироз” бо имзои “Аз муфтиёни Дорулқазои Самарқанд: Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ”, таҳти рубрикаи “Мактуби дуввум аз Самарқанд” дар ду шумораи “Бухорои шариф” пас аз фосилае (№146, якшанбе, 16 декабр; №147, 18 декабри соли 1912) ба табъ расидааст.
Ин қисмати мақола бо ёдрасии мавзуи мактуби якум аз Самарқанд – зарурати хондану омӯзиши илми замона, бо гузориши суоле шуруъ шудааст: “Албатта, қориёни киром хоҳанд гуфт, ки мо ҳаргоҳ русӣ хонем ва ё ба макотиби русӣ ё фарангиён дохил шавем, оё эътиқоди мо фосид намешавад? Ҳол ин ки либоси мо албатта, тағйир меёбад” (Б.Ш., 1912, 16 декабр).
Муаллифи мақола дар зимни шарҳи батафсил мефаҳмонад, ки дар ислом шакли махсуси либос муқаррар нашудааст, мусалмонон дар кунҷу канори олам навъи либосро мувофиқ ба табиати иқлим ва фарҳанги либоспӯшии диёри худ интихоб менамоянд, аслан, дар масъалаи либоспӯшӣ аҳли ислом лоқайд ҳастанд ва кадом навъи либос пеш ояд, пӯшидаанд, бинобар ин, тағйири либос ба сабаби хондани фарангӣ ва русӣ лозим ояд, боке нест, чунки исломият бо либос ва салла мунҳасир нест. Хулосаи ҷавоб дар мавриди тағйирёбии навъи либос боз ба масъалаи марказии мақола зарурати азхуд кардани илму ҳунари аврупоӣ мепечад: “Ҳол ин ки мо либоси куҳнаи аврупоиёнро пӯшида муздурӣ ва меҳнаткашӣ ва хидматкорӣ мекунем. Чӣ айб дорад, ки либоси тозаи аврупоро пӯшида, махдуму соҳибкор ва омир бошем. Қатъи назар аз ин, ҳар гоҳ бародарони бухорӣ мактабе ба вазъи макотиби фаннӣ ва замонӣ агар бозу бино кунанд, метавонанд атфоли худро ба либоси дилхоҳи худ биороянд ва аҳаде ғараз нахоҳад гирифт” (Б.Ш., 1912, 16 декабр).
Дар ҷавоби суоли дигар – дар ҳолати дар макотиби русӣ ва ё фарангиён таҳсил намудан оё эътиқоди мусалмонон фосид намешавад? муаллиф махсусиятҳои макотиби Аврупо ва Русия ва тафовути онҳо бо макотиби Туркистонро тавзеҳ медиҳад. Аз тарзи кору фаъолияти макотиби русиву аврупоӣ ба хубӣ огоҳ будани Беҳбудиро аз натиҷаи сафарҳои ӯ ба шаҳрҳои Уфа, Қазон, Оренбург, Маскав ва Петербурги Русия дар солҳои 1903-1904 ва шиносоии ӯ бо мактабҳои усули нав дар Тотористону Бошқирдистон, суҳбату мубоҳисаҳояш бо равшанфикрони ислоҳотгари тотору бошқирд, инчунин ошноӣ бо муҳити фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоии Туркия ва Миср дар рафти сафар донистан мебояд.
Тибқи навиштаи муаллифи мақола “дар макотиби Аврупо ва Русия ба туллоби ғайри насоро аз улуми динӣ ва эътиқодии насроният таълим дода намешавад ва ҳатто дар баъзе аз мамолики Аврупо илми диниро аз макотиби мутавассита ва олия ихроҷ намудаанд ва дар мактабҳое, ки илми динӣ боқӣ аст, масалан, макотиби гимнозияи Туркистон, дар вақти таълими ақоиди насроният ва ибодот ва тоърихи дини насоро туллоби ғайринасоро намегузоранд ва ин дуруси (дарсҳои) диния махсуси туллоби насоро аст ва ғайринасоро аз ҳар фирқа, ки бошад, улум ва фунуни замонӣ ва алсинаи (забонии) охир ва тоърих, ҷуғрофиё ва ҳайат (ситорашиносӣ), ҳикмат, ҳисоб, ҷабри ҳандаса, тарсими кимё, илми ашё ва ғайра мехонад, ба хароҷоти худҳо муаллими динӣ ва лисонӣ ва исломӣ ва миллӣ азбарои атфоли худ таъин кунанд – агар замонӣ ва низомӣ ё мактаби тиҷорӣ дар маҳкуми (тобеи) Бухоро таъсис ёбад, албатта, улуми динии исломӣ ва адабиёти миллӣ дар он таълим дода мешавад” (Б.Ш.,1912, 16 декабр).
Бақияи мақолаи “Чораи тараққӣ – ё худ – халосӣ аз инқироз” дар ҳаҷми қариб ду сутуни саҳифаи севуми шумораи навбатии нашрия (“Бухорои шариф”, №147, сешанбе, 18 декабри соли 1912) рӯйи чопро дидааст.
Хонанда аз ин қисмати хулосавии мақола бо шакли таъсис, тарзи фаъолият ва вижагиҳои дигари “мактаби замонии милали мутараққӣ”: мактаби ибтидоия, мактаби гимнозия ва дорулфунун яъне – университет, ошно мегардад.
Муаллифи мақола чӣ, чигуна будани макотиби замонавиро бо усули хоси навиштори хеш, бо забони содаи оммафаҳм, мӯъҷаз мефаҳмонад. Ӯ масалан, мактаби ибтидоияро чунин муаррифӣ мекунад: “Мактаби ибтидоия иборат аз макотиби кӯй ва қишлоқу маҳаллот аст, ки ғолибан муддати таҳсил се сол ва дар он лисони миллӣ ва таълимоти динӣ ва илми ҳисобу китобат ва муқаддамоти ҳандаса ва илми ашёву ҷуғрофиё ва торихи миллӣ ва торихи динӣ, торихи анбиё ва филҷумла аз кайфияти зироату саноат ва ғайра хонда мешавад, низ сарфу наҳв ва маншоти (муқаддимаи) лисони миллиро таълим дода мешавад. Ва ин мазкуротро дар мамолики мутамаддина, масалан, дар Русия русон тамоман ба русӣ ва дар Туркия туркон ба туркӣ ва дар Миср арабон ба арабӣ. Хулоса, мактаби ибтидоияи ҳар миллат ба лисони миллии худаш мебошад”.
Ҳамин тавр, “мактаби гимнозия ё ин ки мактаби эъдодия, муддати таҳсили ин мактаб ҳашт сол ва азбарои духули ин мактаб як сол дар хориҷ ва ё ду синф — таҳзирия – ин мактаб хонда, имтиҳон додан лозим ва дар ин мактаб лисони миллиро мукаммалан, маа адабиёту таҳрирот ва усули китобату хитобаташ хонда мешавад” ва дорулфунун, яъне университет ё окодемия мактаби олиест, ки шогирдони хушсалиқаву боистеъдоди гимнозияро хатмкарда ба он бо имтиҳони мусобиқа дохил мешаванд. Муддати таҳсили дорулфунун 3 ё 4 сол аст. Ашхосе, ки дар шуъбаи табииӣ ҳастанд, як сол зиёд мехонанд.
Муаллиф ба ҳамин минвол, чӣ будани “мактаби замонии милали мутараққӣ”-ро шарҳу тавзеҳ дода, хулоса мекунад, ки инженеру судя, ҳуқуқшиносу агроном, афсарҳои баландрутбаи низомӣ, вазирони молияи ҳар давлат, сафирону мудирони ширкатҳои бузурги истеҳсолии роҳи оҳану таҷҳизоти саноатӣ ва… “ҳама аз туллоби дорулфунуни замонанд ва ҳар кадом аз инҳо ақаллан муддати 12 сол таҳсил намудаанд. Хулоса, азбарои як марди мукаммали замонӣ 12 сол таҳсил ва тарбия ва – 6000 сӯм пул лозим аст.
Маро ба таҷриба маълум шуд дар охири кор,
Ки қадри мард ба илм аст, қадри илм ба мол” (Б.Ш.,1912, 16 декабр).
Ду мақолаи дигари Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ “Усули ҷадидия чӣ гуна аст?” (Б.Ш., №139, чаҳоршанбе, 28 ноябр) ва “Ислоҳи макотиб” (бақия), (Б.Ш., №145, панҷшанбе, 13 декабр) дар фосилаи байни чопи силсиламақолаи “Чораи тараққӣ – ё худ – халосӣ аз инқироз”, ба табъ расидаанд. Сабаби чунин ранг гирифтани иншои мақолаҳо ва интишори онҳо дар рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро дар асарҳои бахшида ба Беҳбудӣ эҷодшудаи дастрас, пайдо накардем, танҳо гумон мебарем, ки дар фосилаи эҷоди мақолаҳои мазкур аз назари Беҳбудӣ зарурати шарҳу тавзеҳи бештари макотиби усули савтия ва ё усули ҷадидия пеш омада бошад.
Тарзи иншои мақола, бо ҷузъиёташ шарҳу тафсир додани масъалаи баррасишаванда, ки дарвоқеъ, хоси публитситикаи Беҳбудӣ аст, гумони моро ба воқеият наздик мебарад. Ҳамзамон гуфтанист, ки бо вуҷуди бо сарлавҳаҳои дигаргуна рӯйи саҳифа омадани мақолаи мазкур (“Усули ҷадидия чӣ гуна аст?” (Б.Ш., №139, 28 ноябр, саҳ 3-4); “Ислоҳи макотиб” (“Бухорои шариф”, №145, 1912, 13 декабр, саҳ.3-4), тавре дар поёни қисми авал ва зери сарлавҳаи қисми дувум ишора шудааст, инчунин бандубасти мантиқии онҳо аз як мақолае бо ду унвон будани он далолат медиҳад.
Дар оғози мақола қайд мегардад, ки усули ҷадидия қойидаи тозаи таълими бачаҳо дар мактаб буда, ба воситаи соҳиби ҷаридаи “Тарҷумон” Исмоилбек (Исмоил Ғаспринский, бунёдгузор ва сармуҳаррири рӯзномаи дузабонаи “Тарҷумон”, асосгузори назарияи пантуркизм дар Русия) дар байни мусалмонони кишвари Русия ҷорӣ шуда, аз онҷо ба Туркистон гузашта, дар Самарқанд, Тошканд, Хӯқанд, ҳатто ба қишлоқҳои қаламрави Туркистон билоди мунташир гардидааст ва дар зарфи 15 – 20 соли охир дар ҷамеи мамолики Қафқоз, Эрон, Ҳинд, Миср, Ҳиҷоз ин қойида ҷорӣ шудааст.
Муаллиф натиҷаи ин гуна мактабро дар он мебинад, ки тифлони мактабрав хондану навиштанро ба зудӣ ёд мегиранд, аз хондани дарсҳои бомаънову фаҳмо лаззат мебаранд, бинобар он, атфоли дар ин гуна мактаб таҳсилкунанда дарсгурез намешаванд, балки баръакс, аз хона гурехта ба мактаб меоянд. Муаллиф бо қойидаву таҷвидаш хононда шудани каломи шариф, таълими муфассали амалиёту ақоиди ислом, таърихи зуҳури ислом ва таърихи мухтасари анбиёи олиҳамалисломро аз бартариҳои мактаби ҷадид тасвир карда, таъкид менамояд, ки “дар мактаби тоза аз илми ҳисобу таноб, яъне ҳандаса ва фасоҳату дафтардорӣ ва иншову китобат низ таълим мекунанд, адабиёти форсия ва туркия меомӯзанд, илми ҷуғрофиё ҳам таълим мекунанд” (Б.Ш., 1912, 28 ноябр).
Бақияи мақола таҳти унвони “Ислоҳи макотиб” (“Бухорои шариф”, №145, 1912, 13 декабр, саҳ.3-4) идомаи мавзуъ буда, хонандаро бо улуми таълимдиҳандаи макотиби навусул ошно месозад: “Боз дар мактаби усули ҷадида илми қавоиди лисон мехонанд, яъне қавоиди лисони форсия ва туркияро ба мукаммалан таълим медиҳанд то ки туллоб фасеҳ шаванд, ҳам қувваи тақририя ва таҳририя пайдо кунанд. Аз муқаддамоти лисони арабӣ низ ба қадри лузум таълим медиҳанд. Илми ашё ва илми ахлоқ, илми ҳифзулсиҳа, абдону (бадан) одоби муошират ва илми зиндагонӣ низ таълим мекунанд” (Б.Ш., 1912, 13 декабр).
Муаллифи мақола дар баробари шарҳу тавсифи макотиби навусул, вазъи китобу васоити таълими онҳоро низ фаромӯш намекунад ва ёдрас мешавад, ки барои ин илму фанҳои макотиб дар Истанбулу Мисру Ҳиҷоз солҳост, ки китобу дастуроти дарсӣ табъу тасниф шудааст ва ҷадидони мамолики дигар ба қадри ҳол китобҳои мазкурро ба забони миллӣ ва модарии худ тарҷума ва тамсил намуда, ба табъ расонидаанд.
Муаллиф вақте менависад, ки “макотиби ҷадиди ҳар мамлакат мувофиқи тараққӣ ва таолии ҳар диёр аст”, бешубҳа, кишвари худ ва манотиқи атрофи он пеши назараш ҳувайдо мегардад ва беихтиёр ба муқоиса мепардозад, чун дар навиштаҳои пешинаш аз бартариятҳои макотиби навусули мантиқи мусалмоннишини Русия ёдовар мешавад, афсус мехурад, ки “дар Туркистон то кунун ҳамаи мактабҳо ба дараҷаи мактаби ибтидоия аст. Маъа мофиа дар баъзе аз инҳо хат ва лисони русӣ андаке таълим дода мешавад ва то кунун дар Туркистон – якбоб – мактаби рушдия нест, ки ин аз ҷумлаи мувассафот аст. Ҳукумати рус моро ба хондани русӣ ҷабр намекунад ва мо ҳануз лузуми хондани русиро дарк накардаем…”
Хулосаи мақола низ аз он оҳанги афсӯсу надомат дорад, ки масъалаи усули ҷадида то кунун дар байни мусалмонони Туркистон ҳал нашудааст, ҳол ин ки сад сол боз дар Маккаву Мадина, “дар ҷавори байти Худову байтулрасул, дар дохили ҳарамини муҳтарамин” ба атфол бо чунин усул таълим медиҳанд. “Мардуми замона ба суръати том тараққӣ мекунанд, мо низ ба муқобили қаҳқар (ақибравӣ) ё дар таназзулем ва ҳар соат селоби бехабарӣ моро ба водии инқироз наздиктар мекунад…
Гӯш агар гӯши туву нола агар нолаи ман,
Инки албатта ба ҷойе нарасад, фарёд аст” (Б.Ш., 1912, 13 декабр).
Дарвоқеъ, гилаву афсӯсу надомат аз ноогоҳӣ, ақибмондагии моддиву маънавӣ, камҳавсалагиву бепарвоии ҳамватанон, даъват ба бедории фикрӣ, ҳамдастӣ баҳри озодию ободии кишвар чун дар дигар осори публитсистӣ, ба ин силсиламақолаи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ хос мебошад.
Ҳамин тавр, аз ошноӣ, омӯзиш ва баррасии мақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар рӯзномаи “Бухорои шариф” метавон ба хулосаҳои зайл расид:
Ба рағми ноошноӣ ва ё нописандии муҳаққиқони беруна муфтӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар баробари нашрияҳои туркию ӯзбекӣ, бо мақолаҳои мубрами худ дар нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” низ ширкат доштааст;
Мақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар рӯзномаи “Бухорои шариф” бар асосу такони таассуроту бардошту омӯзиш аз сафарҳои ӯ ба кишварҳои Туркия, Миср, Арабистон, Юнон, Австрия, Олмон, Русия иншо гардидаанд;
Мақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар рӯзномаи “Бухорои шариф” барои эҷоди сисиламақолаи ӯ дар бораи забономӯзӣ, ба хусус зарурати азхуд намудани чаҳор забон, ҳамчун замина хидмат кардаанд;
Силсиламақолаи мазкури Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои оммавӣ гардидани ҳаракати таъсиси макотиби навусул дар қаламрави аморати Бухоро такони ҷиддӣ гардидааст;
Ширкати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар рӯзномаи “Бухорои шариф” зинаи гузариш ба публитсистикаи форсии тоҷикӣ, омодагӣ ба бунёди нашрияҳои “Самарқанд” ва “Ойина”-и ӯ гардидааст;
Мақолаҳои мазкури Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бардошти хулосавии адабиётшиноси маъруф Расул Ҳодизодаро аз рӯзгору осори ӯ “Беҳбудӣ то охири умр ба кори мактабу маориф, ба ислоҳи тартиботи маорифи халқ, ба маърифатнок намудани омма, барои бахту саодат ва адолати иҷтимоии ҷомеа вафодор ва содиқ буд. Хидмати бузурги Беҳбудӣ низ дар таърихи фарҳанг, илму дониш, мактабу маориф, дар муборизаи роҳи озодии халқҳои мазлуми Осиёи Миёна дар ҳамин буд”, бори дигар тайид менамояд.
Қироншоҳ Шарифзода
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»
