Ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ меҳнати осоиштаи халқи шуравиро халалдор намуд. Дар ҷанги дарозмуддату пурмашаққати таърихи шуравӣ, халқи гуногунмиллати Шуравӣ ҷасорату корнамоиҳо нишон доданд. Ин тавр қаҳрамониҳоро инсоният ёд надорад. Халқи шуравӣ на танҳо озодию истиқлолияти худро ҳифз намуд, балки барои наҷоти тамаддуни аврупоӣ ва ҷаҳонӣ аз истилогарони немис саҳми ҳалкунанда бозиданд. Роҳи ҷангии ҷанговарони тоҷик дар ҷабҳаҳои ҷанг шарафманданд».
Ҳукумати Шуравӣ кӯшиш мекард, ки аз як тараф ҳар чӣ бештар хоҷагиҳои деҳқониро ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб намояд, аз тарафи дигар, дастовардҳои ин соҳаро мустаҳкам намояд. Аз аввали соли 1933 дар назди МТС-ҳо ва совхозҳо шӯъбаҳои сиёсӣ ташкил карда шуд. Вазифаи ин шӯъбаҳо аз он иборат буд, ки фаъолияти колхозу совхозҳо ва МТС-ҳоро бо роҳи муайяннамудаи ҳизби коммунистӣ пеш баранд. Чунин шӯъбаҳо то ноябри соли 1934 фаъолият намуда, гӯё вазифаи худро иҷро намуданд. Бинобар ин минъбад алоҳида нигоҳ доштани шӯъбаҳои сиёсӣ нолозим ҳисобида шуд ва онҳо бо кумитаҳои ноҳиявии ҳизби коммунистӣ омехта шуданд.
Соли 1933 дар Тоҷикистон ҳам қисми зиёди деҳқонон аллакай аъзои хоҷагиҳои коллективӣ гардида буданд. Моҳи августи он сол анҷумани якуми колхозчиёни пешқадами ҷумҳурӣ барпо гардид. Ин худ низ як воситаи ташфиқот ба сохти колхозӣ буд. Маҳз дар ҳамин сол дар ноҳияи Шуғнон аввалин хоҷагии коллективӣ бунёд гардид. Ин оғози маъракаи колективонидани кишоварзон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.
Феврали соли 1935 анҷумани II колхозчиёни пешқадами Умумииттифоқ (ИҶШС-СССР) барпо гардид. Ин анҷуман оинномаи нави намунавии артели хоҷагии қишлоқро (кишоварзиро) қабул намуд. Феврал-марти ҳамин соли анҷумани II колхозчиёни пешқадами Тоҷикистон барпо гардид ва он оинномаи нави намунавии Ширкати якҷоя коркарди замини (ТОЗ) ҷумҳуриро қабул кард. Баъди ин анҷуман, дар ҷумҳурӣ маъракаи ба колхозҳо додани ҳуҷҷати расмии истифодаи доимии замин оғоз гардид.
Дар солҳои панҷсолаи дуюм (солҳои 1933-1937) ҳам дар Тоҷикистон маъракаи ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб намудани деҳқонон дар авҷ буд. Дар охири ин панҷсола (соли 1937) хоҷагиҳои коллективӣ 89%-и хоҷагиҳои деҳқониро муттаҳид намуданд ва дар ихтиёрашон 98%-и замини корам буд. Дар ин сол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ҳаракати колхозӣ характери умумиро гирифта буд.
Душвориҳои замон ба истеҳсоли пахта низ, ки аллакай барои ҷумҳурӣ маҳсулоти асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт, таъсири худро расонида буд. Аз ҷумла, солҳои 1930-1932 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта кам шуд. Чунончӣ: соли 1930-63,1 ҳаз. тонна (охирин, ба ҳисоби миёна-4,08сентер аз ҳар гектар) истеҳсол карда шуд. Яке аз сабабҳои камшавӣ ин таъсири давраи гузариш ба сохти колхозӣ мебошад. Аз соли 1933 истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ боз зиёд шуд. Дар ин сол зиёда аз 57 ҳаз. тонна пахта истеҳсол карда шуд. Минбаъд, соли 1935-қариб 81 ҳаз. тонна, соли 1937-178,4 ҳаз. тонна, соли 1938-183 ҳаз. тонна, соли 1939-173,2 ҳаз. тонна, соли 1940-172,4 ҳаз. тонна пахта истеҳсол карда шуд, ки ин ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 16,2 сентнериро ташкил медод.
Аввали соли 1938 дар Тоҷикистон шумораи хоҷагиҳои коллективӣ ба 3848 адад расид, ки аз ин 2553 ададаш ширкати якҷоя коркарди замин (ТОЗ-ҳо) буданд. Аз ин рӯ вазифаи панҷсолаи сеюм дар ин соҳа ба артели хоҷагии қишлоқ табдил додани ширкати якҷоя коркарди замин ба ҳисоб мерафт. Моҳи июли соли 1940 хоҷагиҳои коллективӣ 98,7%-и хоҷагиҳои деҳқониро дар бар мегирифтанд. Ин ҳама аз хусуси ба итмом расидани маъракаи коллективонидани кишоварзон гувоҳӣ медод.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи тоҷик низ барои ғалаба қувваи ҳалкунанда гардид. Зиёда аз 300 ҳазор писарону духтарони Тоҷикистон қувваю саломатии худро дареғ надошта, дар назди деворҳои Москваю Ленинград, дар соҳили Волга, дар назди Курск, дар соҳилҳои Днепр мардонавор ҷангиданд.
Сарзамини шӯравиро аз истилогарон озод намуда, аз Лаҳистону Руминия, Булғорияю Маҷористон, Югославияю Австрия, Чехословакия фашистонро ронданд. Инчунин дар ишғоли Берлин низ тоҷикон фаъолона иштирок намуданд. Қариб 90 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба қасами ҳарбии худ то охир содиқ монда, аз майдонҳои набард барнагаштанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки барои ғалаба бар душман саҳми минтақаҳои ҷумҳурӣ низ бениҳоят калон аст. Ба ин ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мисол шуда метавонад. Ноҳияи Вахши вилояти Хатлон қад-қади дарёҳои Вахш ҷойгир аст.
Вобаста ба ин дар таърихнигории Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳияти махсусро таҳқиқи масъалаҳои алоҳидаи минтақаҳои мамлакати Шуравӣ дар бар гирифта, корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатии давраи ҷанг, саҳми ҳамаи қишри аҳолӣ дар мустаҳкам намудани иқтисодиёти ҳарбӣ ва ғалаба бар Олмони фашистиро равшану возеҳ нишон медиҳад.
Омӯзиши таърихи иштирок ва корнамоиҳои ҷангии тоҷикистониён, масъалаи рушди саноат ва хоҷагии қишлоқ, саҳми доираҳои зиёии хоҷагии халқи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар давраи ҷанг, фатҳи душвориҳои оид ба алоқамандии бозсозии иқтисодиёт барои давраи ҳарбӣ, кӯшиши қаҳрамононаи коргарони ақибгоҳ, фаъолияти эҷодии вай, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои саривақт иҷро намудани вазифаҳои хоҷагии халқ дар давраи ҳарбӣ равона намудааст, ба худ омилҳои асосӣ ва муҳимро мегирад.
Муҳимияти таҳқиқи масъалаи иштироки ҷанговарони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ақибгоҳ боиси масъалаи болоравии тарбияи меҳнаткашон дар руҳияи ватандӯстӣ ва башардӯстӣ дар замони муосир мебошад.
Дар вақти интихоби мавзуъ, он ҳолат ба назар гирифта шуда буд, ки таърихи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо як бор дар адабиёти илмӣ нишон дода шудааст.
Аз он рӯзҳо 80 сол сипарӣ гардид ва бисёр ҷанбаҳои вай боиси омӯзиши ҷиддии таҳқиқоти илмӣ гардидааст, ки дар натиҷа адабиёти таърихии гуногун ва фаррох гирд омада ва 30 ҳазор номгӯйро ташкил мекунад.
Дар таърихнигории Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷои махсусро адабиёт оид ба диловарию қаҳрамонии халқҳои Шуравӣ дар ғалаба бар Олмони фашистӣ ишғол менамояд.
Ба он нигоҳ накарда, ки ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ адабиёту таҳқиқотҳои бениҳоят зиёд бахшида шудааст, аммо масъалаи иштироки хатлониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳоят кам омӯхта шудааст.
Дар таҳқиқотҳои чопгардида бахшида ба давраи ҷанг, баъзе порчаҳои назарнорас оиди Тоҷикистони Ҷанубӣ ҷой дорад. Ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ ба худ хусусиятҳои хос ва хислатҳои махсусро дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Бинобар ҳамин сабаб, пеш аз он ки оиди таҳлили таърихнигории мавзӯи таҳқиқот сухан ронем, хусусияти минтақаро кушоду равшан баён намудан мақсаднок мебошад.
Ҷанг на танҳо ба ҷанговарон, балки ба меҳнатдӯстони ақибгоҳ ва тамоми халқи Шуравӣ имтиҳони ҷиддӣ буд. Мардум ба мушкилиҳову мӯҳтоҷиҳо нигоҳ накарда хоҷагии халқро ба таври ҳарбӣ аз нав сохта ёриро ба ҷабҳа пурзӯр менамуданд. Дар ноҳияҳои шарқии мамлакат истеҳсоли техника ва лавозимоти ҳарбӣ, аслиҳа, асбобу анҷом, хӯрокворӣ рӯз ба рӯз меафзуд. Шиори таърихии он давра «Ҳама чиз барои ҷабҳа, ҳама чиз барои ғалаба!» гувоҳи ягонагии ҷанговарони майдони набард ва меҳнаткашони ақибгоҳ буд ва дар таъмини пирӯзӣ нақши ҳалкунанда бозид. Ҷавонону занон дар саҳроҳои колхозӣ бо рӯҳбаландии зиёд меҳнат мекарданд. Дар ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва заводу фабрикаҳо тамоми аҳолии ақибгоҳ фаъолона иштирок менамуданд.
Х.Каримова,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав