Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш–Венгрия, Италия, Руминия, Финландия ва Словакия ба муқобили Давлати Шуравӣ сар шуд. Ин ҷанги хонумонсӯз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 55 миллион нафарро рабуд ва ҳазорон нафарро ба азобу шиканҷа гирифтор кард. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии он 4,5 триллион доллари америкоиро ташкил медод. Аз рӯзҳои аввали ҷанг сар карда, намояндагони 120 миллат барои мудофиаи Ватани азиз бархестанд. Фашистон умед доштанд, ки дар муддати кӯтоҳ тавассути нақшаи «барқвор» қушӯнҳои шӯравиро торумор менамоянд, вале амалигардонии ин нақша ба душман муяссар нагашт.
30 июни соли 1941 Кумитаи Давлатии Мудофиа бо сардории И. В. Сталин таъсис ёфт ва мамлакатро дар ҳолати ҳарбӣ эълон намуд.
Аҳолии мамлакат хабари ҷангро бо нафрат ва андӯҳи бузург қабул намуда, аз рӯзҳои аввал саросар баҳри ҳимояи Ватан бархоста, барои ба ҷабҳа фиристодани худ аризаҳо пешниҳод менамуданд. Дар он рӯзҳои душвору ҳассос фарзанди фарзонаи миллат С. Айнӣ ба ҳамаи шаҳрвандони Иттиҳоди Шуравӣ муроҷиат намуда, таъкид кард, ки «ҳар як ватандӯсти шуравӣ дар ҷои кори хеш бояд вазифаи сарбозро адо карда, тамоми қуввату ғайраташро барои маҳв намудани душмани ғаддор равона намояд».
Намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои шуравӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон хурду калон изҳор менамуданд, ки ҳозиранд яроқ ба даст гирифта, ба ҷанги зидди фашизм сафарбар шаванд. Сафи ихтиёриён рӯз то рӯз меафзуд.Танҳо дар як шабонарӯз ба комиссариати ҳарбии шаҳри Сталинобод 700 аризаи ихтиёрӣ дар ду ҳафтаи баъди оғози ҷанг, 2503 ариза, аз ҷумла, 745 ариза аз тарафи занҳо ворид гардид». Танҳо дар моҳи аввали ҷанг 4240 нафар, то охири соли 1941 – 6 ҳазор нафар, аввали соли 1942 – 5857 ва то охири ҷанг зиёда аз 10 ҳазор ихтиёриён ба фронт сафарбар гардиданд.
Дар омодасозии ҷангии мардум, хусусан ҷавонон нақши Ташкилоти Мададгори Мудофиа бузург буд. Мактабу маҳфилҳои тирандозони ворошиловӣ, савора, ронандагони мошинҳои ҳарбӣ, зиреҳпӯш, лётчикҳо, парасторҳо, радиотехникҳо ва ғайра мавқеи хоса доштанд. Маҳз дар ҳамин мактабу махфилҳо ҷавонон омодагии ҷангӣ, низомӣ ва варзишӣ гузашта, малакаҳои тирандозӣ, шиноварӣ, аспдавонӣ, ронандагӣ ва танкронӣ пайдо карда, дар майдони ҳарбу зарб шуҷоат нишон медоданд. Тарбиягирандаи Ташкилоти Мададгори Мудофиа Саодат Алибоева ба унвони комиссари ҳарбӣ навишта буд, “Аз Шумо бисёр хоҳиш дорам, ки маро ба сафи Артиши Сурх қабул намоед. Дорои нишони дараҷаи аввали “Ба мехнат ва мудофиаи ИҶШС тайёрам” ҳастам ва мутахассиси соҳаи радиотехника мебошам”.
Чунин эҳсоси бузурги ватандӯстӣ дар ариза ва дархостҳои мардуми тоҷик аз тамоми шаҳру навоҳӣ ба унвони комиссариатҳои низомӣ ба назар мерасид. Аз ҷумла Гулмаҳмад Ғуломшоев дар аризаи ихтиёриаш қайд намудааст, ки “Хоҳишмандам маро ба ҷабҳа фиристед, то қатраи охирини хун дар баданам бар зидди фашистони истилогар муборизаи беамон барам” [4]. Инчунин колхозчии ноҳияи ҷиргатол чунин ариза навиштааст, ки ба мудофиаи Ватан аз ғоратгарони фашистӣ ҳар лаҳза тайёрам, аз ин рӯ хоҳиш менамоям, ки маро ба сафи ихтиёриёни Артиши Сурх қабул намоед.
Ҷойи коргарони ба ҷанг рафтаро дар истеҳсолот занону ҷавонон иваз мекарданд. Онҳо зери шиорҳои «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба», «Ҳам ба ҷойи худ ва ҳам ба ҷойи рафиқи ба фронт рафта» дар истеҳсолот шуҷоату корнамоӣ нишон медоданд.
26 июни соли 1941 Раёсати Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ бо қарори худ рӯзи кориро то 8-соат дарозтар намуда, рухсатии меҳнатии коргарону хизматчиён ва рӯзи истироҳатро бекор кард. Аз рӯзи 26 декабри соли 1941 шароити меҳнатии онҳо мувофиқи талаботи замони ҷанг ташкил карда шуд.
Фарзандони Тоҷикистон баробари намояндагони дигар халқу миллатҳо ба мудофиаи мамлакат бархоста, дар ҷабҳаи ҳарбу набард қаҳрамониҳои беназир нишон медоданд. Дар қатори муҳофизони қалъаи Брест фарзандони тоҷик А.Абдувалиев, О.Раҳмонов, А.Маҳмудов ва дигарон буданд. Ҷанговарони тоҷик А.Ҳоҷибоев, Ҳ.Кенҷаев, Э.Рӯзиев, А.Собиров, К.Хушвахтов, Г.Нуров, Б.Назаров ва дигарон дар шаҳрҳои сарҳадӣ далерона меҷангиданд. Аз ҷумла, дар муҳорибаи назди Москва 8 июли соли 1941 Муҳаммадӣ Иброҳимов 6 танк ва 16 мошини зиреҳпӯши душманро аз кор бароварда, 31 августи соли 1941 бо фармони Раёсати Шурои Олии ИҶШС сазовори ордени Ленин гардида, аз Тоҷикистон аввалин ҷанговаре буд, ки бо чунин орден мушарраф гардидааст.
Душман дар ибтидои ҷанг бо суръат ба дарунтари мамлакат ҳаракат намуда, тамоми қувваро барои гирифтани Москва равона намуда буд. Хати фронт дар баъзе маҳалҳо то ба 25 км ба Москва наздик шуда буд. Тамоми қувва ва иқтидор ба ҳимояи пойтахт сафарбар шуданд. Аз Тоҷикистон барои ҳимояи Москва қисмҳои низомии дар Ҷумҳурӣ тайёр карда шуда, фиристода шуданд.
Дар муҳорибаи Москва (30-юми сентябр то 5 – уми декабри соли 1941, аз 5 – уми декабри соли 1941 то – 20 уми апрели соли 1942) аз Тоҷикистон Дивизияи 20 –уми ордени Ленин ва Байрақи Сурхдори савораи кӯҳгард бо сардории А.Ставенков моҳи ноябри соли 1941 ба ҷанг даромад. Онҳо ба ҳайати корпуси савораи генерал Л.М.Доватор дохил мешуданд. Аввалин ҷанги рӯ ба рӯ бо душман дар маҳаллаи Солнечногорски хатти Волоколомск ба вуқӯъ пайваст. Ҷанговарони тоҷик дар ҷангҳои назди Москва корнамоиҳои зиёд нишон доданд. Қаҳрамонии ҳамдиёрони мо Б.Искандаров, Х.Ҷӯраев, М.Маҳкамов, А.Очилов, И.Обидов, Н.Юсупов, А.В. Редин, В.С.Амелкин, И.П.Лозов дар саҳифаҳои таърихи муборизаи халқи шуравӣ ба муқобили фашизм ворид гардиданд. Аз 5 – 6 декабри соли 1941 лашкари Шуравӣ ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, нақшаи «Ҷанги барқвор» – ро барбод дод. Тоҷикписар А. Пирмуҳаммадзода танкҳои душманро нест карда, мардонавор ҳалок гардид. Снайперчӣ Н.Лобковская аз Душанбе низ дар ин муҳориба ширкат дошт ва 89 нафар душманро нобуд сохт. Дивизияи 20 – уми савораи тоҷик дар ҳуҷуми ҷавобӣ ширкат дошт ва барои шуҷоату мардонагӣ 150 ҷанговарони дивизия бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.
Аз набудани фронти дуюм истифода намуда, соли 1942 фашистон аз ғарб қувваҳои иловагӣ гирифта, дар самти ҷануб ҳуҷуми ҷавобӣ ташкил намуданд. Дар ин самт муҳорибаҳои ниҳоят шадид ба амал омаданд, ки яке аз онҳо муҳорибаи Сталинград буд. Ин муҳориба 200 шабонарӯз (28 июли соли 1942 – 2 феврали соли 1943) давом ёфта буд ва ҳалкунандатарин муҳорибаи ҷангӣ маҳсуб меёфт.
Дар муҳорибаи Сталинград дивизияҳои савораи 20 ва 61 – уми савораи Тоҷикистон бо роҳбарии генерал – майор Т.Т.Шапкин бар зидди душман мардонавор меҷангиданд. Дар мудофиаи хонаи машҳури Павлов дар байни 18 нафар ҷанговари намояндагони ҳашт миллат бо сардории сержант Я. Павлов, ки 58 рӯз идома ёфт, фарзанди тоҷик Аҳмад Турдиев низ буд. Фарзандони Тоҷикистон дар муҳорибаи Сталинград фаъолона иштирок намуда, бо қаҳрамонию Ҷасорати хеш намуна буданд. Махсусан корномаи ҷанговарони дивизияи 20 – уми савораи Тоҷикистон шоистаи таҳсин буд. 19 ноябр дар Сталинград Артиши Шуравӣ ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт ва 23 ноябри соли 1942 душманро ба муҳосира гирифт. Охири моҳи ноябри соли 1942 ду полки дивизияи 20 – ум ва як полки дивизияи 3 – юм гвардия хатти мудофиаи душманро рахна карда, ба ақибгоҳ гузаштанд. Дар ақибгоҳи душман 42 рӯз ҷангҳои партизанӣ бурда, 3500 нафар аскар, 8 самолёт, зиёда аз 40 танк ва мошинҳои зиреҳпӯш, 46 тӯп, 40 пулемёт, зиёда аз 300 автомошинаи душманро нест намуданд.
6 январи соли 1943 гурӯҳи савора хатти мудофиаи душманро рахна карда, ба қисмҳои Аскарони Сурхи фронти Калинин ҳамроҳ шуданд. Барои корнамоиҳо 527 Ҷанговарони дивизия бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шуданд. Ҷанговарони тоҷик аз фронти Сталинград ба унвони КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон мактуб навишта, изҳор карда буданд, ки душманро то охир бераҳмона маҳв мекунанд. 2 феврали соли 1943 муҳорибаи Сталинград ба итмом расид.
Дивизияи 61 – ум, ки дар ҳайати он шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд буданд, низ дар муҳорибаҳои ҷангӣ қаҳрамонихои зиёд нишон медод. Аз 19 ноябр то охири моҳи декабри соли 1942 ҳайати дивизияи 61 – уми савора зиёда аз 400 нафар аскару афсар, 80 олоти Ҷангӣ, 2 батареяи миномётӣ, 4 анбори ему хошок, 9 танк ва зиёда аз 30 миномёт ва пелумёти душманро несту нобуд намуданд.
Дар муҳорибаи Сталинград ҷанговари тоҷик Анвар Қаландаров сардори экипажи танкҳои вазнини «КВ», барои Ҷасорат ва корнамоӣ бо Орденҳои ҷанги ватании дараҷаи 1, Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Сталинград» мушарраф гардидааст.
Бо роҳбарии сарбози тоҷик М.Саидов дар ин корзор зиёда аз сад аскару афсари душман асир гирифта шуда, худи он бо Орденҳои ҷанги ватании дараҷаи II, Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Сталинград» мукофотонида шудааст.
Дар ин набард фиристодагони Тоҷикистон К.Ахмедов, Ф. Плохушко, Б.Давлатов, М.Новоселтсев, И.Двадненко, Р.Аноров, Х.Валиев, С.Раҷабов, Б.Нурматов, Р.Рузиев, М.Суяров, К.Ахунов, А. Сулаймонов, В.Петров, З.Маҳмудов, А.Содиқов, П.Абаринов, К.Галаган, М.Холматов ва дигарон низ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Задухӯрди соҳили Волга бо ғалабаи дурахшони Артиши Сурх ба анҷом расида, дар рафти ҷанги дуюми ҷаҳон (с. 1939-1945) дигаргуниҳои қатъиро ба амал овард.
Баъди он артиши Шуравӣ ташаббусро ба даст гирифта, дар тамоми хатти фронтҳои ҷангӣ ба ҳуҷум гузашт. Дар тамоми фронтҳо тоҷикон мардонавор меҷангиданд. Моҳи марти соли 1943 аз номи халқи тоҷик ба муборизони роҳи озодӣ ва қаҳрамонони чабҳаи набард мактубҳо навишта шуд.
Саҳми ҷанговарони тоҷик дар мудофиаи қаҳрамононаи Ленинград, ки муҳосираи он 900 рӯз (8 сентябри соли 1941-18 январи соли 1944) давом ёфтааст, хеле бузург буд. Дар муҳосираи Ленинград саҳми бародарони тоҷик афсарони тӯпчӣ Баҳриддин, Зайниддин ва Муҳаммад Осимовҳо калон аст. Дар ҷангҳои назди Ленинград тоҷикон А.Яқубов, П.И.Ёргин, О. Соболев, М.Маҷнунов, С. Ёфтаков, А.Салимов, В. Каримов, М. Норов, Г.Гаврилов, Ш.Улмасов, Ғ. Ғаниев ва дигарон корнамоиҳои ҷангӣ нишон доданд.
Тоҷикистониён дар муҳорибаҳои баълина махсусан муҳорибаи камонаки Курск ва убури дарёи Днепр далерию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори мукофотҳои баланди давлатӣ гардиданд. Дар муҳорибаи Курск (5 июл-23 августи соли 1943) тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаев бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада баргардонда, бо яроқи танкзан техникаи зиёди душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ дода шуд.
Дар муҳорибаи Курск ва убури дарёи Днепр 21 нафар баҳодурони тоҷик ба гирифтани унвони олии Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ мушарраф гардидаанд. Аз Ҷумла ба ин гурӯҳ Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов, Урунбек Ёқубов, Тухтасин Мирзоев, Иван Крумин, Аликсей Лапшин, Михаил Панфилов, Пётр Кашпуров, Николай Аникин, Константин Ходов, Виктор Буторин, Анатолий Рудой, Александр Гордеев, Бакир Давлатов, Василий Бояркин, Еремей Данилянс, Иван Двадненко ва Данил Коров шомил буданд.
Мардонагию далерии фарзанди дигари халқи тоҷик Исмоил Ҳамзаалиев низ шоистаи таъкид аст. Исмоил Ҳамзаалиев 8-10 июли соли 1943 баландии беномро ҳимоя карда, чандин танкҳои душманро нобуд намуд. Вақте, ки маҷрӯҳ шуд майдони ҷангро тарк накард ва бо ин корнамоиаш бо унвони Олии Қаҳрамони Итттифоқи Шуравӣ мушарраф гардид.
Артиши Шуравӣ дар рафти ҳуҷум ноҳияҳои зиёдеро озод намуда, дарёи Днепрро моҳи сентябр-ноябри соли 1943 убур кард. Ҳангоми гузаштан аз дарё ҷанговарони Шуравӣ корнамоиҳои зиёд намуданд. ҷанговарони тоҷик Д.Азизов, Ҳ.Қосимов, Қ.Қаюмов, И.А.Крушин, В.И.Бояркин, А.С.Гордеев, Ҳ.Мирзоев, А.С.Якубов ва дигарон барои далерӣ дар корзори ҷанг сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ гардиданд.
5 октябри соли 1943 аскари қаторӣ аз колхози «Пахтакор»-и ноҳияи Ашт Туйчи Эрйигитов дар фронти Волхов, истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня корномаи А. Матросовро такрор намуда, ДЗОТ – и душманро бо тани худ маҳкам кард. Барои ин диловари баъди маргаш 21 феврали соли 1944 Т.Эрйигитов бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сафароз гардид.
Духтарони Тоҷикистон низ дар ҷабҳаи ҷанг на камтар аз мардҳо корнамоӣ нишон медоданд. Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с. 1941-1945) занони тоҷик-духтарон А.Исоева, Ш.Ҳайдарова, С.Ниёзова, С.Алибоева, О.Муҳаммадҷонова, С.Умарова. А.Карамишева, С.Сангинова, Р.Фозилова, И.Қурбонова, А.Смагина, З.Костенко, М.Яқубова ва дигарон бо корнамоию шуҷоатмандии худ намунаи ибрат буданд.
Дар амалиёти ҳарбии минбаъда дивизияи савораи 17-ум корнамоиҳои нав ба нав нишон медоданд. Фиристодагони Тоҷикистон дар озодкунии Полша, Чехословакия, Руминия, Булғория, Венгрия, Югославия ва дар ишғол намудани Берлин иштирок намуда, мардонагӣ нишон медоданд.Умуман барои қаҳрамониашон дар озод намудани ин кишварҳо 15 ҳазор ҷанговарони тоҷик бо ордену медалҳо қадр карда шуданд.
Баъди мағлубияти фашизм фиристодагони Тоҷикистон дар муборизаи зидди Ҷопон низ ширкат варзида, ҳиссаи худро дар торумори он гузоштанд.
Ҷанг ба хоҷагии халқи мамлакат ҳисорот ва харобии зиёд овард. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с. 1941-1945) фашистон 1710 шаҳру посёлка, 70 ҳазор деҳа, 31850 корхонаи саноатӣ, 65 ҳазор км. роҳи оҳан, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишкадаҳои олӣ, 40 ҳазор касалхона, 43 ҳазор китобхонаро валангор намуда, 5 миллион мураббаъ хоки сиёҳзамини Украинаро ба Германия кашониданд.
Барои ҷасороту мардонагӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с. 1941-1945) зиёда аз 11 ҳазор нафар бо унвони олии Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ ва 7 миллион бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шуданд.
Аз Тоҷикистон зиёда аз 290 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ҷанг рафтанд. Фарзандони диловари тоҷик дар муҳорибаҳои шадидтарини Ленинград, Волга, Курск ва Днепр ба муқобили душмани ғаддор ҷасурона мубориза бурданд ва зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо қурбон гардиданд.
Бо мақсади баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ва рӯҳбаланд намудани ҷанговарони Шуравӣ бо Қарори Прездиуми Шурои олии Иттифоқи Шуравӣ аз байни ҷанговарони тоҷик 54 нафар, аз ҷумла Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Фатҳулло Аҳмадов, Боқир Давлатов, Ҳодӣ Кенҷаев, Қудрат Қаюмов, Ҳайдар Қосимов, Аҳмадҷон Қурбонов, Раҳимбой Раҳматов, Амралӣ Саидбеков, Саидқул Турдиев, Чутоқ Уразов, Исмоил Ҳамзалиев, Исмат Шарипов, Эргаш Шарипов, Туйчӣ Эрйигитов бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ ва 15 нафар бо се дараҷаи ордени “Шараф” мукофотонида шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки фарзандони Тоҷикистон Исмат Шарифов барои озод кардани Белоруссия, Фатҳулло Аҳмадов барои озод намудани Полша, Сафар Амиршоев ва Чӯтак Уразов барои озод намудани сарзамини Назди Балтика бо унвони Қаҳрамонони Иттифоқи Шуравӣ қадр карда шуданд. ТоҶикистониён Эргаш Шарифов ва Амиралӣ Саидбеков дар озод намудани Чехословакия корнамоӣ нишон дода, ба гирифтани номи олии Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ мушарраф шуданд.
Дар задухӯрди охирин барои ишғол намудани Берлин, барои маҳв кардани охирин лонаи фашистон тоҷикистониён М. Тошмуҳаммадов, И. Бурҳонов, Н. Юсупов, Н. Ҳасанов, А. Собиров, Н. Очилов, А. Пӯлотов ва дигарон корнамоиҳо нишон дода, сазовори мукофотҳои давлатӣ гардиданд.
Хулоса, бо шарофати шуҷоату қаҳрамонӣ, дӯстию ҳамдилии тамоми Ҷанговарон дар фронтҳо ҳамкорию ёрии беғаразонаи ақибгоҳ ба фронт, заҳмату талошҳои мардуми ақибгоҳ мардуми шуравӣ тавонист ӯрдуи фашистонро шикаст дода, мамлакати худ ва соири кишварҳои Аврупоро аз асорат ва мазлумӣ озод намояд. Дар ин чанге, ки дар таърих ҳамто надошт, Иттиҳоди Шуравӣ зиёда аз 27 млн шаҳрвандони худро аз даст дод.
Имсол аз ғалабаи мардуми шуравӣ ба фашизм 80 сол пур мешавад. Мо, насли имрӯза ва фардо бояд ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ муборизони роҳи роҳи озодӣ ва далерони майдони ҷангу истеҳсолотро, ки маҳз бо ҷоннисории онҳо озодию истиқлолияти мамлакати бузурги шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азиз аз истилою асорати аҷнабиён озод гардид, фаромӯш насозем. Далерию мардонагии фиристодагони Тоҷикистон дар саркӯб намудани истилогарони заҳҳоксиришт ҳамеша бояд намунаи ибрати мо ва наслҳои оянда бошад.
Ш. Маҳмудов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав