22 июни соли 1941 Ҷанги Бузарги Ватанӣ оғоз ёфт. Ҳамон рӯзи якшанбеи 22 июн ба воситаи радио изҳороти Ҳукумати Шуравӣ садо дод, ки сатрҳои он имрӯз ҳам дар хотири насли калонсоли ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ боқӣ мондааст.
Дар изҳорот аз ҷумла гуфта шуда буд: «Қисмҳои ҳарбии Олмони фашистӣ соати 4-и субҳи имрӯз бе ягон огоҳӣ ва бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум оварданд. Онҳо ба қаламрави мамлакати мо зада даромада, дар бисёр минтақаҳо ба посгоҳҳои сарҳадӣ ҳуҷум оварданд, ҳавопаймоҳои душман шаҳрҳои Житомир, Киев, Севастополь, Каунас ва ғайраро бомбаборон карданд». Ҳамон рӯз барои халқҳои Шуравӣ давраи фоҷиабор ва муборизаи қаҳрамонона барои озодии мамлакат- Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт.
22 июни соли 1941 Фармони Раёсати Шурои олии Иттиҳоди Шуравӣ дар бораи сафарбар намудани мардону ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ интишор дода шуд. Тамоми халқи Шуравӣ ба ҳимояи Ватан бархост. Рӯзи аввали ҷанг бештар аз сад нафар сокини шаҳри Сталинобод ба Комиссариати ҳарбӣ ариза навишта, хоҳиш намуд, ки онҳоро ба сафи Артиши сурх шомил созанд. Дар байни онҳо 30 нафар зан ҳам буд. Рӯзҳои аввали ҷанг ба Комиссариатҳои ҳарбӣ зиёда аз 10 ҳазор ариза дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои ҷанг ба фронт чандин полкҳо ва бригадаҳоро ташкил намуда фиристонд. Аз соли 1941 то 1943 аз Тоҷикистон қариб 100 ҳазор нафар ва то моҳи майи соли 1944 214696 нафар ба ҷанг фиристода шуд, ки ин 15% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медод. Умуман аз Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 290 ҳазор нафар иштирок дошт.
Намояндагони ҳамаи 15 ҷумҳурии ИҶСШ дар муборизаи умумӣ бар мукобили фашизм саҳми бузург гузоштанд. Қисмҳои ҳарбии фашистӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ба муқовимати шадиди ҷузъу томҳои Артиши сурх рӯ ба рӯ гардиданд. Солҳои ҷанг фидокорӣ ва қаҳрамонии аскарону афсарони Шуравӣ ҳудуд надошт. Халқҳои ҷаҳон қаҳрамонии муҳофизони қалъаи Брест, ҳимоятгарони Ленинград, Сталинград, Киев, Маскав ва ғайраро то ҳол фаромӯш накардаанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз давом кард. Дар мубориза ба муқобили ишғолгарони фашистӣ қариб 27 миллион нафар қурбон шуд. Бояд гуфт, ки ягон мамлакати ҷаҳон дар тамоми таърихи инсоният дар ягон ҷанг чунин қурбонӣ надодааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ фоҷиаи бузурге буд, ки тақрибан ба ҳамаи хонаводаҳои Шуравӣ дахл дошт. Ин ҷанг бо ғалабаи комили халқи Шуравӣ анҷом ёфт. 22 июн халқҳои ҷаҳон дар назди рӯҳи муқаддаси қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меоранд. Муҳорибаи Курск (5 июл-23 августи соли 1943). Ин ҷанги мудофиавии қӯшунҳои Шуравӣ буд. Олмон дар камонаки Курск 900 ҳазор аскар, 2700 танк, зиёда аз 6 ҳазор тӯп, 3 ҳазор миномёт ва 2 ҳазор самолётро ба ҷанг дароварда буд. Муҳориба дар ду давра – давраи ҷангҳои мудофиавӣ (5-23 июни соли 1943) ва давраи ҳуҷум (12 июл-23 августи соли 1943) шуда гузаштааст. Мақсади қӯшунҳои фашистӣ қасос гирифтан барои шикастҳои қаблӣ ва пеш аз ҳама, пешгирии шикасти рӯҳии аскарони худ ҳам буд, чунки дар байни аскарону афсарони немис то рафт боварӣ ба ғалаба кам шуда истода буд. Ин ғалаба метавонист рӯҳияи қӯшунҳои фашистиро мисли пештара боло бардорад. Сарфармондеҳии олии Олмон, бештар ба танкҳои типпи нави «Тигр» ва «Пантера»-и худ ва самолётҳои нави типи «Фокке-Вульф» ва фикри ғалате, ки гуё қӯшунҳои Шуравӣ аз маъракаҳои паёпайи пешин хаста шуда бошанд, такя дошту қушунҳои Шуравӣ ба таҷрибаи андӯхтаи маъракаҳои ҷангии қаблӣ. Дар муҳорибаи Курск қӯшунҳои Шуравӣ нисбати душман гарчи бартарии зиёде доштанд, вале муҳорибаро аз ҳи- моя оғоз кардани муҳорибаро афзал ёфтанд.
Баробари ин, сарфармондеҳони муҳориба, раванди ҳуҷуми қӯшунҳои душманро пай бурданд ва нақшаи пешвозу зарбаи дурустро таҳия карда тавонистанд.Душман 5-уми июл бо қушуни 900 ҳазор нафара, ки дар ихтиёраш 2700 танк, зиёда аз 6 ҳазор туп, 3 ҳазор миномёт ва 2 ҳазор самолёт буд, ба ҳуҷум гузашт ва мехост, қӯшунҳои шӯравиро ба муҳосира гирифта, маҳв созад. Гитлерчиён дар самти Курск Орёл тавонистанд то 85 км. Пеш раванд, вале дар самтҳои Тула ва Белгород аз 10-12 км беш пеш рафта натаванистанд. Дар Прохоровка ҷанги танкӣ шуд, ки аз ҳарду ҷониб 1500 танк иштирок дошт. Қӯшунҳои Шуравӣ дар ин давра душманро бемадор сохта, 12-уми июл ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта душманро торумор намуданд ва шаҳрҳои стратегии Белгород ва Харковро озод карданд.
Муҳорибаи Курск ҳам бо ғалабаи беназири қӯшунҳои Шуравӣ ба анҷом расид. Дар муҳорибаи Курск тоҷикон корнамоиҳои бемислу монанд нишон доданд. Аз ҷумлаи онҳо 8-10-уми июл дар нуқтаи Безимянный Исмоил Ҳамзаалиев корнамоӣ нишон дод. Ба бартарии зиёди тӯпу танки душман нигоҳ накарда, ӯ бо тирҳои нишонраси тӯпи худ душманро аз самти муҳофизат худ гузаштан намонд, даҳҳо техника ва садҳо ҷангиёни душманро маҳв сохт.
Чунин корнамоиро дар самти дигари муҳорибаи Курск Ҳодӣ Кенҷаев нишон дода буд. ҳар ду ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор шуданд. Номҳои ҷанговарони тоҷик А. Қаҳҳорӣ, А. Яқубов, К. Назаров, В. Маҳмадов, Р. Хушвахтов, С. Ҳасанов, С. Шарипов, Д.Алимов вирди забонҳо гардидаанд. Дар ин муҳориба лётчики тоҷикистонӣ Иван Душкин низ ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гардида буд. Дар муҳорибаи Курск дар ҳайати полки 1849-ми артиллерияи қиркунандаи зиддитанкӣ Саттор Гаффоров меҷангид. ҷанговар ордену медалҳои ҷангии августии соли 1943-уми худро соли 1968 гирифт. Дар ҳайати дивизияи 5-уми тирандоз дар самти Орёл Убайдулло Муродови Ҳисорӣ корнамоӣ нишон дода буд.
Дар муҳорибаи Курск июли соли 1943 18 нафар сарҳадбонони отряди сарҳадии Помир дар ҳайати дивизияи 162-юми тирандози осиёимиёнагӣ корнамоии бе мислу монанд нишон доданд. Онҳо дар қитъаи муҳофизатии худ то тири охирин ҷангида, баъди он ба ҷанги тан ба тан даромаданд ва қисме онҳо бо бастаҳои граната худ ва душманони ба онҳо ҳамлакунандаро тарконданд, вале душманро аз ҳудуди муҳофизати худ гузаштан намонданд.
Муҳорибаи Ленинград (01.07.1941-10.08.1944). Муҳорибаи Ленинград зиёда аз 1125 рӯз ва муҳосираи Ленинград 900 рӯз (аз 8.09.1941 то 18.01. 1944) давом ёфта, дар муддати зиёда аз 3 сол қӯшунҳои зиёди (қариб 20%) душманро нигоҳ медошт. Дар ин муҳориба қариб 50 дивизияи душман торумор шуд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор ленинградиҳо аз хунукию гуруснагӣ фавтидаанд. Фақат аз моҳи ноябри соли 1941 то октябри соли 1942 аз гуруснагӣ қариб 642 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Ленинград фавтид. Аз ноябри соли 1941 дар рӯйи яхи кӯли Ладога роҳи автомобилгард сохта шуд, ки «Роҳи ҳаёт» ном гирифта, Ленинград- ро бо мамлакат мепайваст.
Ба воситаи ин роҳ зиёда аз 550 ҳазор нафар аз муҳосира бароварда, 361 ҳазор тонна бор кашонда шуд. Дар байни ҷанговарони муҳофизи Ленинград номи Тешабой Одилов ҳамчун мергани бомаҳорат машҳур гардид. Ӯ бо милтиқи снайперии худ фашистони зиёдро нобуд карда буд. Дар ин муҳориба фарзандони Тоҷикистон: М. Шокиров, С. Бурҳонов, С. Мухторов бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Дар ин муҳориба 3 бародар – тоҷикписарон Баҳриддин, Зайниддин ва Муҳаммад Осимовҳо иштирок доштанд. Дар рафти муҳорибаи Ленинград тоҷикистонӣ Тӯйчӣ Эрийгитов 5 октябри соли 1943 корнамоии А. Матросовро такрор намуда, бо тани худ нуқтаи оташфишонии (ДОТ)-и душманро пӯшонидааст. Баъди маргаш ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардидааст. Тоҷикистон ба гуруснагони Ленинград ёрии калони пулӣ ва хӯрокворӣ фиристод. Аз ҷумла фақат соли 1943 2,225 ҳазор сӯм пул, қариб 130 тонна ғалла, 130 тонна саб- завот, 80 тонна меваи тару хушк ва 2250 сар чорво фиристода буд.
Муҳорибаи Днепр (август-декабри соли 1943). Дар вақти ҷангҳои соҳили Днепр ва убури он муҳорибаҳои сахту шадиде шуданд. Аз ду ҷониб қариб 4 миллион аскар, 64 ҳазор тӯпу миномёт, 4,5 ҳазор танк, қариб 5 ҳазор самолёт ба ҷанг дароварда шуда буд. Ташаббус дар дасти қӯшунҳои Шуравӣ буд. 26-уми август қӯшунҳои фронти марказӣ ба ҷанг даромада, охири сентябр ба соҳили дарёи Днепр расида, соҳили чапи онро озод намуданд. 12-уми октябр амалиёт барои озод кардани Киев ва соҳили рости Днепр сар шуд. Дар натиҷаи амалиёти якҷоя душман то 450 километр дур партофта шуда, шаҳрҳои Киев, Запороже, Днепропетровск озод карда шуданд. Дар ин муҳорибаҳо ба 2438 нафар унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» дода шуд, ки 11 нафарашон фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла, С. Турдиев, Б. Давлатов, Ӯ.Яъқубов, Д. Азизов, Ҳ. Қосимов ва дигарон буданд.
Солҳои 1944-1945 дар таърихи Ҷанги Бузурни Ватанӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ҳамчун давраи ба охир расидани ҷанг маълум аст, фиристодагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштаанд. Ин солҳо дар ҳайати қӯшунҳои Шуравӣ зиёда аз 10 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон меҷангиданд. Ҷангҳои асосӣ соли 1944 ва 1945 барои озод намудани Украина, Беларус, Молдова, Полша, Чехословакия, Венгрия, Булғория, Югославия ва шикасти худи фашизм дар Олмон мерафт. Дар озод кардани Украина фиристодаи Тоҷикистон Исмат Шарипов корнамоӣ нишон дода, ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сарфароз гардид.
Дар озод намудани Беларус С.Сейтвелиев, Чӯтак Ӯрозов, Фатҳулло Аҳмадов корнамоиҳо нишон дода, сазовори унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» гардида буданд. Дар муҳорибаҳо барои озод намудани Наздибалтика тоҷикписар Сафар Амиршоев қаҳрамонӣ нишон дод. Ӯ дар муҳорибаи назди Фолвари Лион моҳи июли соли 1944 бо батареяи худ бо 15 танки «Тигр» ва «Пантера»-и немисҳо ба ҷанг даромада, 5 танкро маҳв намуд ва дигаронашро ба қафонишинӣ маҷбур сохт. Дар ин муҳориба Сафар Амиршоев ҳалок гардид. Баъди фавташ ба ӯ унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» дода шуд. Ҳоло қабри ӯ дар шаҳри Жетмарияи Литва буда, гаубитсаи ӯ низ бо 63 сӯрохӣ то соли 1995 боқӣ буд. Барои иштирок дар муҳорибаҳои Наздибалтика тоҷикон Раҳим Каримов, А.Раҳматов, А.Сафаров, Б.Чориев, К.Қодиров ва садҳо дигарон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.
Аз моҳи октябри соли 1944 сар карда, қӯшунҳои Шуравӣ ба ҳудудҳои Полша ва баъдтар Чехословакияю Венгрия ва Булғория дохил гардиданд. Дар ҳудуди Полша (Лаҳистон) Олим Ҳакимов ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардидааст. Взводи ӯ дар муҳорибаи наздикии деҳаи Старая Варшава 4 танк ва даҳҳо аскари душманро маҳв сохта, 30 аскару 4 афсарро асир гирифт. Фатҳулло Аҳмадов низ қаҳрамонона ҷангида, ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гардид. Дар ҷангҳои Полша Назар Шафиев, А. Рафиев, П. Нуров, шоир Ҳабиб Юсуфӣ корнамоиҳо нишон доданд. Барои фатҳи Одер Раҳимбой Раҳматов ва Тӯйчӣ Назаров низ сазовори унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» гардиданд. Дар Чехословакия тоҷикписар Эргаш Шарипов дар муҳориба барои Прага корнамоӣ нишон дода, сазовори унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» гардид.
Моҳҳои январ-марти соли 1945 қӯшунҳои Шуравӣ ба ҳудуди Олмон расида, апрел-майи соли 1945 Берлинро ба муҳосира гирифтанд. Дар ин муҳориба тоҷикистониҳо ҳам саҳми худро гузоштанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаи Берлин Ф.Ф.Чепурин унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ»-ро гирифтааст. Пӯлод Атоев барои штурми рейхстаг ва Аҳмадҷон Рӯзиев барои дар дарвозаи Бранденбург овехтани Байрақи Сурх ба гирифтани ордени «Шараф» сазовор гардиданд. Аз муҳорибаи Берлин номҳои ҷанговарон Мастибек Тошмуҳаммадов, Исмоил Бурҳонов, Қаландар Ҳаитов ва садҳо дигарон маълуманд.
Ҷанговарони тоҷикистонӣ дар давраи ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон (июн-сентябри соли 1945) ва 9 май Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 46 моҳу13 рӯз, ё 1418 рӯз давом кард, бо ғалабаи пурраи халқи Шуравӣ анҷом ёфт. Ҷанг дар қитъаи Аврупо ҳам ба охир расид. 24-уми июни соли 1945 дар майдони Сурхи Москва Паради Ғалаба доир гашт. Ҳама байрақҳои ҷангӣ ва фахри олмонӣ пеши роҳбарияти Давлати Шуравӣ сарозер партофта шуд, вале дар Осиё ҷанг ҳоло ҳам ба охир нарасида буд. Охири моҳи июн ва аввали августи соли 1945 дар Потсдам Конференсияи байналмилалӣ бо иштироки давлатҳои ғолиб – СССР (ИҶШС), Англия, ИМА ва Фаронса баргузор гардида, қарори дахлдор барои ҳалли масъалаи Япония (Ҷопон) қабул шуд. Иттиҳоди Шуравӣ ба иттифоқчиёну принсипҳои ҳамкорӣ бо шарикони ҳарбии худ содиқ монда, 9-уми август бо Япония ҷанг сар кард. Тоҷикон ҳам дар торумори Японияи милитаристӣ иштирок кардаанд. Дар рафти ин ҷанг муҳорибаҳои калон дар Манҷурия шуда буданд, ки фиристодагони Тоҷикистон Обид Собиров, Чароғ Қодиров, Саидов корнамоиҳо нишон дода, бо ордени «Байрақи Сурх» мукофотонида шуданд.
Пушида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз бузургтарин муҳорибаи танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад, зеро фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбати аз болои аскарони Шуравӣ ғалаба ба даст биёранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави “Палон – Бабр”, самолётҳои “Фокс – Вулф” ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба 5-7 уми июли соли 1943 тупчӣ Ҳодӣ Кенҷаев бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонидааст. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд. Дар ҳамин муҳорибаи Курск боз корнамоии 18 нафар аз отряди сарҳадии Помир дар ҳайати дивизияи 162-юми тирандози осиёимиёнагӣ корнамоии бемисл нишон додаанд. Онҳо дар қитъаи муҳофизатии худ то тири охирин ҷангида, баъд аз он ба ҷанги тан ба тан даромаданд ва қисме аз онҳо бо бастаҳои граната худ ва душмани ба онҳо ҳамлакунандаро тарконданд, вале душманро аз ҳудуди муҳофизатии худ гузаштан намонданд.
Дар байни ҷанговарони аз блокада озод кардани Ленинград фиристодагони Тоҷикистон Т.Одилов, М.Шокиров, С.Бурҳонов ва С.Мухторов бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. 5-октябри соли 1943 дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волков фиристодаи Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт Туйчӣ Эрҷигитов дар наздикии роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смардиния, бо сари бозуи худ сурохии дзоти душманро маҳкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи ҳамяроқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ 21.02.1944 баъди маргаш ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардид. Дар рафти амалиётҳои ҷангӣ дар муҳорибаи Сталинград тоҷикписар Маҳмадшариф Шарифов дар озод кардани шаҳри Харков чунин корнамоиро нишон додааст. Ӯ бо тани худ нуқтаи оташфишонӣ (ДОТ)-и душманро пӯшонидааст.
Фиристодагони Тоҷикистон дар ҳайати фронтҳои Белоруссия ҳам мардонагӣ нишон додаанд. Аз ҷумла тоҷикписар Фатҳулло Аҳмадов моҳи июли соли 1944 барои озод намудани сарзамини Белоруссия ва Полша иродаи қавӣ нишон дода, сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардидааст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар майдони набард аз фиристодагони Тоҷикистон на танҳо мардҳо, балки занон низ буданд ва онҳо дар қатори мардон қаҳрамонона ҷангидаанд. Аз ҷумлаи онҳо Ойгул Маҳмадҷоновна, ки лётчик буд ва зиёда аз 90 маротиба парвози ҷангӣ анҷом додааст. Шаҳрӣ ном духтурзани тоҷик ба табобати маҷруҳон машғул буд.
Японияи (Ҷопони) милитаристӣ ба фишори қӯшуни Шуравӣ ва Артиши халқии Чин тоб оварда натавониста, 2-юми сентябри соли 1945 акти таслимшавии имзо бечунучароро намуд. Бо ҳамин Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки 6 солу 1 рӯз (2220 рӯз) давом ёфт, ба охир расид.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занони тоҷик ҳам иштирок кардаанд. Ойгул Маҳмадҷонова, ки лётчики ҳавопаймоёни бомбаандози шабпарвоз буд, 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо корнамоӣ нишон додааст. Вай барои қаҳрамонӣ бо ордени Ленин гардонда сарфароз шудааст. Зани тоҷик, афсари хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, духтур С.М. Ниёзова ва садҳо дигарон иштирокчии набардҳои ҷанги хонумонсӯз буданд.
Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуда, 54 нафарашон ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гаштаанд, ки 14 нафарашон тоҷик буда, 18 нафарашон дорандаи ордени «Шараф»-и дараҷаи сеюм мебошанд. 34 ҳазор нафар бо ордену медалҳои гуногуни СССР (ИҶШС) мукофотонида шудаанд. Хулоса, Тоҷикистон дар торумори Олмони фашистӣ ва Японияи милитаристӣ саҳми худро гузоштааст. Ин саҳмгузорӣ боиси қурбонии зиёда аз 59 (мувофиқи баъзе расонаҳо 90) ҳазор тоҷикистонӣ гардидааст.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медоранд ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додаанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.
Ғ. Қаландаров,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав