Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷанг! Чӣ қадар вожаи манҳус ва даҳшатзо! Вақте ки фашистони малъун ҷанги дуюми ҷаҳонро оғоз бахшиданд ва кишварҳои зиёдеро ба коми оташ кашидаву харобазор карданд, даҳшату ваҳшати ин вожа боз ҳам афзуд, оламеро ба таҳлука овард.
1 сентябри соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Сабаби саршавии ҷанг ин аз сари нав тақсим кардани ҷаҳони тақсимшуда буд. Ташаббуси кори ин тақсимот Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни ӯ Италия ва Япония буданд. Баҳонаи саршавии ҷанг ин ҳуҷуми Германия ба Полша гардид. ИҶШС ҳам ба ин ҷанг ҳамроҳ шуд. Ҳадафҳои асосии ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани ИҶШС ин баргардондани Белоруси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ ба ҳайати Белорус, Украина ва Молдова буд. Ин ҳудудҳо ҳоло соли 1918 мувофиқи шартномаи Брест ба ҳайати Полша, Венгрия, Руминия ва Германия дохил гардида буданд. Акнун ИҶШС аз вазъияти байналхалқии ба вуҷуд омада истифода бурда, ин минтақаҳоро баргардониданӣ шуд. Ва баъди ба ҷанги зидди Германия дохил шудани Англия ва Франсия ИҶШС ҳам бе эълони ҷанг қӯшунҳои худро ба Белоруси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ даровард. Ба њаракати қӯшунҳои шуравӣ дар ин минтақа миллатгароён муқобилият нишон доданд. Вале қӯшуни шуравӣ бе ягон душвории ҳарбӣ минтақаҳои номбурдаро ишғол намуд. Дар ин ҷангҳои кӯтоҳмуддат намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Амиралӣ Саидбеков, Ӯрунбек Яъқубов, Олим Ҳакимов ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст. Ҳамаи номбаршудагон дар солҳои 1943 – 1945 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардидаанд.
Тафсилоти корномаи ҷангии тоҷикистониён дар сарҳадҳои ғарбии ИҶШС ҳоло пурра омӯхта нашудааст. Вале ҷангномаи Неъмат Қарабоев дар рафти ҷанги ИҶШС бо Финландия (октябри соли 1939 – марти соли 1940) маълум аст. Ин ҷангро ИҶШС барои бехатар гардонидани шаҳри Санкт – Петербург сар карда буд. Чунин хатар вуҷуд дошт. Чунки Финландия ба мавқеи ҷангии Германия дар сарҳади ИҶШС тайёрии бевосита дида истода буданд. ИҶШС хост масълаи бехатар гардонидани пойтахти шимолиаш- Санкт – Петербугро бо роҳи осоишта ҳал кунад. Ҳукумати ИҶШС пешниҳод кард, ки Финландия дар шимоли Санкт – Петербург дар масофаи 60 км сарҳади худро ба шимол барад ва ҳамин қадар замин аз минтақаҳои дигар ба ӯ ҷудо карда мешавад. Вале ин масъала ҳали худро ба хушӣ наёфт ва 28 июли соли 1939 қӯшунҳои шуравӣ ҷангро сар карданд. Дар ин ҷанг тоҷикистониҳо ҳам иштирок доштанд. Якеи онҳо алоқачии ҳарбӣ Неъмат Қарабоев буд.
Дар дафтари корномаҳои Н. Қарабоев чандин ҳукумати корнамоии ҷангии ӯ сабт гардидааст. ӯ дар рафти ҷанги зиёда аз семоҳа чандин бор ба вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуда, мардонавор аз ҳалли онҳо баромадааст. Боре бо дастаи чандинкарата зиёди душман ҷангид. Дафъаи дигар, дар ҳолати ҷанги сахт алоқаи телефонии байни қисмҳоро барқарор намуд. Дар муҳорибае дар вақти барқарор намудани хатти алоқа бо 5 тан аскарони фин рӯ ба рӯ шуда бо граната онҳоро маҳв сохт. Дар ҷанги барои шаҳрчаи Виборг, ки авали моҳи марти соли 1940 рӯй дода буд. Н. Қарабоев ҷасорати ҳарбӣ ва мардонагӣ нишон дода бо фармони Раёсати Шурои Олии ИҶШС аз 21 марти соли 1940 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонда шуд. Ӯ авалин тоҷикест, ки ба чунин унвон сарфароз гардидааст. Дар қатори ҷанговарони дигар шуҷоъ фарзанди дигари Тоҷикистон – ронандаи танк Усмон Акрамов низ буд.
Сабаби асосии сар задани ҷанги байни Германияи фашистӣ ва ИҶШС, ки он ба Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС табдил ёфт, пеш аз ҳама вуҷуд доштани зиддияти байни сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мадании бо ном сотсиалистӣ, ки ба моликияти умумихалқӣ – давлатӣ ва кооперативӣ – колхозӣ ва ҳамчун давлат ва ҳукумат ба диктатураи авомонаи синфи коргару деҳқон ва зиёии аз онҳо баромада ва ба назарияи марксистӣ – ленинии хусусияти ҷаҳонӣ гирифта истода такя дошта ва ҷаҳони капиталистӣ, ки ба моликияти хусусӣ, ҳукмронии капитали монополистӣ ва назарияи идеалистӣ – буржуазии ба капитал ва зӯрӣ асосёфта ба ҳисоб мерафт. Империалистони Аврупою Осиё ва Америка Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро оғоз намуда, тавонистанд, ки онро ба ҷанги зидди сотсиализм – душмани ашаддии худ равона созанд. Сабабҳои дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин ёрии амалии ИҶШС ба ҳамагуна иттиҳоди зиддифашистӣ ё германии давлатҳое, ки ҳоло ба ҳуҷуми фашизм дучор нагардида буданд, дар ҳамон соли 1941 танҳо мондани ИҶШС ва билохира, бе шикасти ИҶШС Германия наметавонист, ки дар Аврупо нақшаҳои худро амалӣ созад, ба ҳисоб мерафтанд. Аз тарафи дигар, шикасти ИҶШС ба Германия имконият медод, ки муқобилияти ҳарбӣ ва сиёсию байналмилалии Англия ва ИМА – ро бо осонӣ ҳал намояд. Сабаби дигари ин ҷангро дар шароити мусоиди фазои байналмилалии барои Германия, ки онро ба ҷанги зидди ИҶШС ҳидоят мекарданд ва шароити вазнини дохилии ба таъқиботи сталинӣ гирифтору аз ҷиҳати ҳарбӣ ба ҷанги калон тайёр набудани ИҶШС ташкил медоданд.
ДАР ИБТИДОИ ҶАНГ
Субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо қувваи зиёди ҳарбӣ: 5,5 млн, аскар, ки иборат аз 190 дивизия буд, ба ИҶШС ҳуҷум овард. Аз ин дивизияҳо 152 – тоаш дивизияҳои немисӣ, 18 – тоаш финӣ, 18 – тоаш руминӣ ва 2 – тоаш венгерӣ буд. Дар як вақт Германияи фашистӣ дар тӯли зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки ИҶШС 5,5 млн. аскар, 3712 танк, 4950 самолётњои ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномётҳоро ба кор даровард. Германияи фашистӣ ҷанги барқосоро гузаронида ва дар муддати то 2 моҳ қӯшунҳои шуравиро шикаст доданӣ буд. Германияи фашистӣ ба он умед дошт, ки ҷанги ногаҳонӣ ва барқосо Иттиҳоди Шуравиро пароканда ва шикасти ҳарбии онро метезонад. Вале фашизм ба нияти худ нарасид. Баръакс, ҳуҷуми аҳдшиканона Артиши Сурхи шуравиро ҷасуртару дӯстии халқҳоро қавитар гардонид. Ягонагии қӯшуну халқро, ҷабҳаю (фронту) ақибгоҳро мустаҳкамтар гардонд.
Ҳамаи халқҳои ИҶШС ва Артиши Сурхи қаҳрамони он аз дақиқаҳои аввали ҷанг ба тан ба тану барои ҳаёту мамот бархостанд. Дар тамоми хати набардҳо аз баҳри Балтика то Сиёҳ қӯшунҳои шуравӣ ба ҷанг даромаданд. Дар байни онҳо тоҷикон ҳам буданд. Ибтидои ҷанг, ки моҳҳои июн – октябри соли 1941 – ро дар бар мегирад, қӯшунҳои шуравӣ ҷангҳои мудофиавӣ намуда аз сабаби нобаробарии қувва ҷангкунон қафо менишаст. Ҷангҳои калон ва қаҳрамонона дар ин муддат дар Брест, Вилнюс, Смоленск, Киев, Одесса ва Севастопол шуданд. Ҷанговарони тоҷик Акобир Маҳмудов, Маҳмадҷон Абдувалиев, Шукур Раҳмонов ҷангро дар Брест оғоз намуда қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Аз рӯзҳои авали ҷанг Мирзоев Н. И. дар Украинаи Ғарбӣ; Эргаш Саидов, Э. Рӯзиев, Ҳ. Кенҷаев (баъд Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ), М. Олимҷонов дар Белорус; Мухтор Ёров дар Наздибалтика; Бобиев Мирзоалӣ дар Қрим; А. Ҳоҷибоев дар соҳили Неман меҷангиданд. Ҷангномаи ҳамаи номбаршудагон дар таърихи ибтидои ҷанг сабт шудааст.
Аз ҷангномаи фиристодагони Тоҷикистон дар ибтидои ҷанг номҳои Ҳодӣ Кенҷаев дар муҳорибаи Смоленск, Н. Илёсов дар Керч хело машҳур аст. Дар ҷанг барои Смоленск Ҳ. Кенҷаев барои шуҷоати ҷангӣ нишон доданаш бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида шуда буд. Н. Илёсов бошад, ҳамроҳи ҳамяроқонаш дар гарнизони зеризаминии (корхонаи сангрезакунии) Азимушкаи Керч зиёда аз чор моҳ муқобилият нишон дод.
6 июли соли 1941 тӯпчии ӯротеппагӣ М. Иброҳимов қаҳрамонии бемислу монанд нишон дода, дар як муҳориба 14 автомашина ва 6 танки душманро маҳв кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ ордени Ленин доданд ва ӯ аввалин тоҷикест, ки ба чунин мукофоти олӣ ноил гардидааст. Эргаш Рӯзиеви хуҷандӣ ки ӯ ҳам тӯпчӣ буд, дар вақти қафонишинӣ ҳамроҳи 11 нафари дигар ба муҳосира афтода 13 шабонарӯз дар қафои душман ҷанги тан ба тан карда, аз муҳосира баромад. Барои ин корнамоӣ ва ҷасоратҳои минбаъда ӯ аз дасти маршал Чойболсан мукофоти олии Муғулистон – ордени «Ситораи Қутб» – ро гирифта буд.
Номи фарзандони тоҷик А. Собиров, К. Хушвақтов, А. Қаландаров, Г. Нуров, Ш. Назаров ва ҳазорони дигар дар таърихи ибтидои ҷанг сабт аст.
БА ДАВРАИ ҶАНГӢ МУТОБИҚ ГАРДОНДАНИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ
Сиёсати саноаткунонии пешазҷангии Тоҷикистон имконият дод, ки дар давраи ҷанг иқтисодиётро ҳарчи тезтар ба манфиату талаботи ҷанг мутобиқ гардонида, таносуби мавҷудаи инкишофи соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот тағйир дода шавад. Ин кори осон набуд. Вале иқтисодиёти ба муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ (умумихалқӣ, давлатӣ) асосёфтаи нақшавӣ, имконият дод ки дар сохтори қувваҳои истеҳсолкунанда ва захираҳои меҳнатӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал бароварда шавад. Бо назари талаботи давраи ҷанг саноати электроэнергетика, сӯзишворӣ, абрешим, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, гӯшт, равғанкашӣ, консерва ва матоъ соҳаҳои асосӣ ва аҳамияти давлатӣ – стратегӣ доштаи ҷумҳурӣ эълон шуда буданд.
Дар хоҷагии қишлоқ мебоист истеҳсоли ғалла ва саршумори чорво зиёд карда мешуд.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг саноати дӯзандагӣ, коркарди металл, шоҳибофӣ, сӯзишворӣ, консервабарорӣ ва истеҳсоли спирт ба саноати ҳарбӣ тобеъ карда шуданд. Баъзе корхонаҳо таҷҳизонида шуда, ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва тиру тӯп, минаҳои зиддитанкӣ ва минаҳои шинокунанда сар карданд. Охири соли 1941 Комитети давлатии эвакуатсионии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифааш қабул, васл ва ба кор андохтани корхонаҳои аз минтақаҳои ҷанг ва ё наздиҷангӣ кӯчонида шуда иборат буд. Ин корхонаҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом васл карда шуда буданд. Аз нарасидани қувваи коргарӣ, муҳандисӣ – техникӣ ва муаллимон, давлат лимити баъзе касбҳоро ба артиш даъват намекарданд. Рӯзҳои истироҳату рухсатиҳои меҳнатӣ бекор ва рӯзи кори ҳатмии 10 соата ҷорӣ карда шуда буд. Тоҷикистон ба вазъи ҳарбӣ гузашт. Шиорҳои ибтидоии ҷанг «Ватан – модар даъват мекунад» ва «Ватани сотсиалистӣ дар хатар аст» шиорҳои асосӣ гардида буданд.
Иштироки фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои аввали Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (октябри 1939 – марти соли 1940)
Ҷанги Иттиҳоди Шуравӣ ва Финляндия
(30.11.1939 – 12.03.1940)
1 сентябри соли 1939 ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Сабаби саршавии ҷанг ин аз сари нав тақсим кардани ҷаҳони тақсимшуда буд. Ташаббускори ин тақсимот Германия фашистӣ ва иттифоқчиёни ӯ Италия ва Япония буданд. Баҳонаи саршавии ҷанг ин ҳуҷуми Германия ба Полша гардид. ИҶШС ҳам ба ин ҷанг ҳамроҳ шуд. Ҳадафҳои асосии ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани ИҶШС ин баргардонидани Белоруси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ ба ҳайати Белорус, Украина ва Молдова буд. Ин ҳудудҳо ҳоло соли 1918 мувофиқи шартномаи Версал ва Брест ба ҳайати Полша, Венгрия, Руминия ва Германия дохил гардида буданд. Акнун ИҶШС аз вазъияти байналхалқии ба вуҷуд омада истифода бурда ин минтақаҳоро баргардониданӣ шуд. Ва баъди ба ҷанги зидди Германия дохил шудани Англия ва Франсия ИҶШС ҳам бе эълони ҷанг қӯшунҳои худро ба Белоруси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ даровард. Ба ҳаракати қӯшунҳои шуравӣ дар ин минтақа миллатгароён муқобилият нишон доданд. Вале қӯшуни шуравӣ бе ягон душвории ҳарбӣ минтақаҳои номбурдаро ишғол намуд. Дар ин ҷангҳои кўтоҳмуддат намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Амиралӣ Саидбеков, Ӯрунбек Яъқубов, Олим Ҳаким ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст. Ҳамаи номбаршудагон дар солҳои 1943-1945 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардидаанд. Тафсилоти корномаи ҷангии тоҷикистониён дар сарҳадҳои ғарбии ИҶШС ҳоло пурра омӯхта нашудааст. Вале ҷангномаи Неъмат Қарабоев дар рафти ҷанги ИҶШС бо Финландия (октябри соли 1939-марти соли 1940) маълум аст. Ин ҷангро ИҶШС барои бехатар гардонидани шаҳри Санкт-Петербург ҳангоми њамлаи ногаҳонии финҳо, сар карда буд. Чунин хатар вуҷуд дошт. Чунки Финландия ба мавқеи ҷангии Германия дар сарҳади ИҶШС табдил ёфта буд. Финҳо бо ёрии Германия ба ҷанги зидди ИҶШС тайёрии бевосита дида истода буданд. ИҶШС хост масъалаи бехатар гардонидани пойтахти шимолиаш-Санкт-Петербургро бо роҳи осоишта ҳал кунад. Ҳукумати ИҶШС пешниҳод кард, ки Финланд дар шимоли Санкт-Петербург дар масофаи 60 км сарҳади худро ба шимол барад ва ҳамин қадар замин аз минтақаҳои дигар ба ӯ ҷудо карда мешавад. Вале ин масъала ҳалли худро ба хушӣ наёфт ва 28 июли соли 1939 қӯшунҳои шуравӣ ҷангро сар карданд. Дар ин ҷанг тоҷикистониҳо ҳам иштирок доштанд. Якеи онҳо алоқачии ҳарбӣ Неъмат Қарабоев буд. Дар рафти корномаҳои Н.Қарабоев чандин ҳукумати корнамоии ҷанги ӯ сабт аст. Ӯ дар рафти ҷанги зиёда аз се моҳа чандин бор ба вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуда, мардонавор аз ҳалли онҳо баромадааст. Боре дастаи чандинкарата зиёди душманро мағлуб сохт. Дафъаи дигар, дар ҳолати ҷанги сахт алоқаи байни қисмҳоро барқарор намуд. Дар муҳорибае дар вақти барқарор намудани хатти алоқа ба 5 тан аскарони фин рӯ ба рӯ шуда бо граната онҳоро маҳв сохт. Дар ҷанги барои шаҳрчаи Виборг, ки аввали моҳи марти соли 1940 рўй дода буд, Н.Қарабоев ҷасорати ҳарбӣ ва мардонагӣ нишон дода бо фармони Раёсати Шурои Олии ИҶШС аз 21 марти соли 1940 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонда шуд. Ӯ аввалин тоҷикест, ки ба чунин унвон сарфароз гардидааст. Дар қатори ҷанговарони дигари шуҷоъ фарзанди дигари Тоҷикистон – ронандаи танк Усмон Акрамов низ буд.
Воқеаҳои солҳои 1939-1940 агарчи барои ИҶШС ҳамчун воқеаҳои босамари сиёсӣ буданд, вале мамлакатро аз ҷанги тан ба тан бо фашизми ҷаҳонӣ озод накарданд.
Иштироки тоҷикон дар муҳорибаҳои калонтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Муҳорибаи назди Москва
(30 сентябри с. 1941 – 20 апрели с. 1942)
Дар ин муҳориба дар қатори қӯшунҳои ИҶШС инчунин дивизияи 20-уми савораи дар Тоҷикистон таъсисёфта иштирок дошт. Ин дивизия дар набардҳои роҳи Волокаламск корнамоӣ нишон додааст. Вақте ки як гурӯҳ танкҳои немис хати ҷабҳаро (фронтро) рахна карда ба роҳи Волокаламск (ҳозира хиёбони Ленинград) баромаданд, дивизия фармон гирифт, ки танкҳоро нобуд созад. Аз ӯҳдаи ин фармон бо сарбаландӣ баромад. Дар муҳорибаи Москва 150 нафар аскару афсарони ин дивизия ба мукофотҳои гуногун сазовор шудаанд. Барои қаҳрамонӣ дар ҷанг тӯпчии шуҷоъ Муҳаммад Иброҳимов бо ордени Ленин мукофотонида шуд. Адиби умедбахши тоҷик Абдушукур Пирмуҳаммадзода қаҳрамонона ҷангида ҳалок шуд. С. Улуғзода, Р. Ҷалилов, И. Обидов, Б. Искандаров низ корнамоӣ нишон додаанд.
Муҳорибаи Сталинград
(17.07.1942 – 2.02.1943)
Муҳорибаи Сталинград машҳуртарин набарди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи ин набард иштирок кардаанд. Корнамоии «Хонаи Павлов» ҳам бе номи тоҷик набуд. Дар қатори 18 ҷанговарони «Хонаи Павлов», ки командирашон сержант Павлов буд, Аҳмад Турдиеви тоҷик ҳам буд. Дар муҳорибаи Сталинград то 2,5 млн аскар, 1,5 ҳ. танк, 2,5 ҳ. самолёт, 20 – 25 ҳ. тӯп иштирок доштанд. Талафоти Германияи фашистӣ хело калон буд. Душман қариб 800 ҳ. аскар, 2 ҳ. танк, зиёда аз 10 ҳ. тӯп, 3 ҳ. самолёт талаф дод. Фиристодагони Тоҷикистон О. Холматов, Б. Сиддиқов, А. Ҳакимов, К. Каримов, Б. Бегматов, Н. Мирзоев, И. Назаров, Ҳ. Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, С. Иброҳимов, М. Муқимӣ, Т. Ҷӯраев, А. Эшматов, А. Устоев қаҳрамонӣ нишон доданд. Дар ин муҳориба колонаи танки «Колхозчии Тоҷикистон» ва эскадрилияи «Колхозчии Тоҷикистон», ки бо пули ҷамъовардаи колхозчиёни Тоҷикистон сохта шуда буданд, ба ҷанг даромаданд. Анвар Қаландарови тоҷик дар ин муҳорибаҳо ҳамчун командири танки вазнин тамғаи «КВ» ҷангидааст. Ӯ бо ордену медалҳои Ҷанги Ватании дараҷаи 1, Ситораи Сурх ва «Барои муҳорибаи Сталинград» сарфароз гардид.
Дар рафти амалиётҳои ҷангӣ баъди Сталинград тоҷикписар Маҳмадшариф Шарипов дар озод кардани шаҳри Харков корнамоии бемислу монанд нишон додааст. Ӯ бо тани худ нуқтаи оташфишони (ДОТ) – и душманро пушондааст. Рӯҳияи ҷангии тоҷикистониёнро мактуби меҳнаткашони ақибгоҳ бо номи «Мактуб ба ҷанговарони тоҷик аз халқи тоҷик», боз ҳам баланд кард. Дар ин мактуб, ки аз ном ва имзои 390 ҳ. меҳнаткашон навишта шудааст, омадааст.
«Фарзандон, шавҳарон, бародарони азиз» ҷанговарони диловари мо!
… Вақте, ки мо калимаи ватанро дар забон меорем, дар пеши назари мо на танҳо водии зархези Вахш, на танҳо боғҳои себу зардолузори Ленинобод, на танҳо кӯҳҳои барфини сар ба фалак печидаи Помир, балки низ манзараҳои рангоранг ва кабуди ҷангалистон ва дарёҳои сероби Русия, мавҷи хӯшаҳои гандуми майдони Украина, канораҳои рӯҳафзои баҳри Сиёҳ, кӯҳҳои афсонавии Кавказ ва гаҳвораи инқилоби Октябр – шаҳри азими Ленин ҷилва менамояд.
Шумо дар куҷое, ки мубориза кунед хоҳ дар соҳилҳои дарёи Дон, хоҳ дар саҳроҳои Украина, хоҳ дар гирду атрофии Ленинград, Шумо Сталинобод, канораҳои дарёи Панҷ, кӯҳҳои Помир водии саҳроҳои Вахш ва Ленинободро муҳофизат менамоед…
Мардписарони халқи тоҷик. Шумо авлодони аҷдоди бобоҳои бузурги худ мебошед, ки онҳо ба муқобили истилогарон ва ғоратгарони аҷнабӣ баҳодурона ҷангидаанд.
Вақте, ки арабҳо дар асри VIII ба сарзамини мо ҳуҷум оварда, мехостанд ба тани халқи мо либоси сиёҳи мотам пўшонанд, тоҷикон бо сардории лашкаркашҳои худ Абумуслим, Таҳмоспи Хуҷандӣ, Ибни Муқаннаъ чандин сол машъали шуришро фурўзонда ҷангидаанд. Темурмалики Хуҷандӣ ва Маҳмуди Торобӣ ба муборизаи халқ ба муқобили муғулҳои бадхашми истилогар роҳбарӣ намудаанд. Мо фахр мекунем, сарфароз мешавем, ки дар миёни Шумо Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Неъмат Қарабоев, ордендорон Муҳаммад Иброҳимов, Ғозӣ Рашидов, А. Давронов, Шукрулло Шоев ва бисёр ҷанговарони дигари ба ҳамаи мамлакат машҳур ҳастанд.
Бовар кунед, ки мо ҳам дар фронти меҳнат ҳеҷ ақиб намемонем. Мо ҷонсупорона меҳнат карда истодаем, ки мамлакат ва Артиши Сурхи ҷоноҷонамонро аз ҳама чизи зарурӣ таъмин намоем. Занон, модарон ва хоҳарони Шумо дар баробари мардон ихтисосҳои шавҳар, фарзанд ва бародарони ба фронт рафтаашонро бо муваффақият ёд оварда, бо тамоми қувваи худ ба Артиши Сурх ёрӣ расонда истодаанд, ки душмани палидро торумор кунад…
Ҷанговарони паҳлавони мо!
Шердилона ба пеш ќадам занед, писарони мањбуби Тоҷикистон!
Бо қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии беҳад, ватандўстии шўълавари худ рўзи ғалабаи мо ва мағлубияти душманро наздик кунед. Мо боварии комил дорем, дур нест он рўз, ки Артиши Сурхи қаҳрамони мо… одамхўрони гитлериро ба кули торумор менамоянд.
Марг ба истилогарони немис!»
Имзо: љамъ 390 ҳазор. 20. 11. 1943 «Правда».
Муҳорибаи Курск
(5 июл-23 августи соли 1943)
Ин ҷанги мудофиавии қӯшунҳои шуравӣ буд. Германия дар камонаки Курск 900 ҳ. аскар, 2700 танк, зиёда аз 6 ҳ. тўп, 3 ҳ. миномёт ва 2 ҳ. самолётро ба ҷанг даровард. Қӯшунҳои Шуравӣ аввал душманонро бемадор сохта ва баъд ба ҳуҷум гузашта дар Белград ва Харков душманонро торумор намуданд. Дар муҳорибаи Курск тоҷикон корнамоиҳо нишон доданд. Исмоил Ҳамзаалиев ва Ҳодӣ Кенҷаев ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд. Номҳои ҷанговарони тоҷик А. Қаҳҳорӣ, А. Яъқубов, К. Назаров, В. Маҳмадов, Р. Хушвахтов, С. Ҳасанов, С. Шарипов вирди забон гардидаанд.
Муҳорибаи Ленинград
(01. 07. 1941 – 10. 08. 1944)
Муҳорибаи Ленинград зиёда аз 1125 рўз ва муҳосираи Ленинград 900 рўз (аз 8. 09. 1941 то 18. 01. 1944) давом ёфта дар муддати зиёда аз 3 сол қӯшунҳои зиёди (қариб 20%) душманро нигоҳ медошт. Дар ин муҳориба қариб 50 дивизияи душман торумор шудааст. Дар ин давра зиёда аз 1 млн. 200 ҳ. ленинградиҳо аз хунукиву гуруснагӣ фавтидаанд. Фақат аз ноябри соли 1941 то октябри соли 1942 аз гуруснагӣ қариб 642 ҳ. нафар аҳолии шаҳри Ленинград фавтидааст. Аз ноябри соли 1941 сар карда дар рўи яхи кўли Ладога роҳи автомобилгард сохта шуд, ки Роҳи ҳаёт ном гирифта, Ленинградро ба мамлакат мепайваст. Ба воситаи ин роҳ зиёда 550 ҳазор одам аз муҳосира баровардаю 361 ҳазор тонна бор кашонда шуда буд.
Дар байни ҷанговарон – муҳофизони Ленинград номи Тешабой Одилов ҳамчун мергани бомаҳорат машҳур гардид. Ў бо милтиқи снайперии худ фашистони зиёдро нобуд карда буд. Дар ин муҳориба фарзандони Тоҷикистон М. Шокиров, С. Бурҳонов, С. Мухторов бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуда буданд. Дар ин муҳориба 3 бародарон – тоҷикписарон Бањриддин, Зайниддин ва Муҳаммад Осимовҳо иштирок доштанд.
Дар рафти муҳорибаи Ленинград тоҷикистонӣ Тўйчӣ Эрҷигитов 5 октябри соли 1943 корнамоии А. Матросовро такрор намуда, бо тани худ нуқтаи оташфишонии (ДОТ – и) душманро пўшонидааст. Баъди ҳалокаташ ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ мушарраф гардидааст.
Тоҷикистон ба гуруснагони Ленинград ёрии калони пулӣ ва хўрока фиристод. Аз ҷумла фақат соли 1943 2,225 ҳазор сўм пул, қариб 130 тонн ғалла, 130 т. сабзавот, 80 т. меваи тару хушк, 2250 сар чорво фиристода буд.
Муҳорибаи Днепр
(26 август – 23 декабри соли 1943)
Дар вақти ҷангҳои соҳили Днепр ва убури он ҷангҳои сахту шадиде шуданд. Аз ду ҷониб қариб 4 млн. аскар, 64 ҳазор тўпу миномёт, 4,5 ҳазор танк, қариб 5 ҳазор самолёт ба ҷанг дароварда шуда буд. Ташаббус дар дасти қӯшуни шуравӣ буд. 26 август қӯшунҳои фронти Марказӣ ба ҷанг даромада, охири сентябр то соҳили Днепр расид, Украинаи соҳили чапи Днепрро озод намуд. 12 октябр амалиёт барои озод кардани Киев ва соҳили рости Днепр сар шуд. Дар натиҷаи амалиётҳои якҷоя душман то 450 км дур партофта шуда, шаҳрҳои Киев, Запороже, Днепропетровск озод карда шуд. Дар ин муҳорибаҳо ба 2438 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд, ки 11 нафарашон фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла, С. Турдиев, Б. Давлатов, У. Ёқубов, Д. Азизов, Ҳ. Қосимов ва дигарон буданд.
Дар рафти муҳорибаҳои нимаи дуюми соли 1943 дар баланд гардидани рӯҳияи ҷангии ҷанговарони тоҷик қабули муроҷиатномаи митинги зиддифашистии намояндагони меҳнаткашони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна нақши калон бозид. Ин муроҷиатнома ҳам ба ҷанговарон ва ҳам ба ақибгоҳ бахшида шуда буд, ки матни онро мухтасаран меорем.
Муроҷиатномаи митинги зиддифашистии намояндагони меҳнаткашони Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ба халқҳои Республикаҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон.
«Халқҳои ҳамсоя!
Бародарони қирғиз, тоҷик, қазоқ, туркман ва ўзбек саломи гарми моро қабул намоед!
Халқҳои бародарӣ!
Дар ин ҷанги озодкунӣ ва боадолат ҳар як ҷанговари Артиши Сурх аз ҳар миллате, ки бошад, ватани советии худ, замини азизи худ, хонаи падари худ, оилаи худро муҳофизат мекунад.
Фарзандони ҷанговари мо бо ҷанговарони халқҳои бародари советӣ дар як саф истода душмани шуморо қир карда, заминамонро аз қӯшунҳои фашистии немис тоза карда истодаанд.
Халқҳои азизи бародарӣ! Мо на барои ғуломӣ, балки барои озодӣ, на барои ашк, балки барои хушбахтӣ таваллуд ёфтаем!
Мо авлодони муборизони пуршарафи баҳри озодӣ – авлодони Муқаннаъ, … Ҷалолиддин,… Восеъ,… Манас,… Амонгелдӣ – мо ба аҷдодони қаҳрамонамон сазовор буда монанди онон фидокорона ва диловарона бар зидди сагони девонаи гитлерӣ барои тамоман торумор карда шудани онҳо мубориза бурда истодаем ва мебарем…»
Солҳои 1944 – 1945 дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватани ИҶШС ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки ҳамчун давраи ба охир расондани ҷанг маълум аст, фиристодагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштаанд. Ин солҳо дар ҳайати қӯшунҳои шуравӣ зиёда аз 10 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон меҷангиданд. Ҷангҳои асосии соли 1944 ва 1945 барои озод намудани Украина, Беларус, Молдова, Полша, Чехоловакия, Венгрия, Булғория, Югославия ва шикасти худи фашзм дар Германия мерафт.
Дар озод кардани Украина аз фашистон тоҷикистонӣ Исмат Шарипов корнамоӣ нишон дода ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардид.
Дар озод намудани Беларус С.Сайтвалив, Чўтак Ўроз, Фатҳулло Аҳмадов корнамоиҳо нишон дода сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардида буданд.
Дар муҳорибаҳо барои озод намудани кишварҳои Низдибалтика кӯлобӣ Сафар Амиршоев қаҳрамонӣ нишон дода, дар муҳорибаи назди Фолвари Лион июли соли 1944 бо батареяи худ бо 15 танки «Тигр» ва «Пантера» – и немисҳо ба ҷанг даромада, 5 танкро маҳв намуда дигаронашро ба қафонишинӣ маҷбур карданд.
Дар ин муҳориба С. Амиршоев ҳалок гардид. Баъди ҳалокаташ ба ў унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ доданд. Ҳоло қабри ў дар шаҳри Жетмарияи Литва ва гаубитсаи ӯ низ бо 63 сўрохӣ боқӣ мондааст. Дар ҷангҳои кишварҳои Низдибалтика тоҷикон Раҳим Каримов, А. Аҳмадов, С. Сафоров, Б. Чориев, К.Қодиров ва садҳо дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд. Аз октябри соли 1944 сар карда, қӯшунҳои шурави ба ҳудудҳои Полша ва баъдтар Чехословакияю Венгрия ва Булғория дохил гардиданд. Дар ҳудуди Полша (Лаҳистон) Олим Ҳакимов ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардидааст. Взводи ў дар муҳорибаи наздикии деҳаи Стараяи Варшава 4 танк ва даҳҳо аскари душманро маҳв сохта, 30 аскару 4 афсарро асир гирифтанд.
Фатҳулло Аҳмадов низ қаҳрамонона ҷангида ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардид. Дар ҷангҳои Полша Назар Шафиев, А. Рафиев, П. Нуров, Ҳабиб Юсуфӣ корнамоиҳо нишон додаанд. Барои фатҳи Одер Раҳимбой Раҳматов ва Тўйчӣ Назаров низ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардидаанд.
Дар озод намудани Чехословакия тоҷикписар Эргаш Шарипов дар муҳориба барои Прага корнамоӣ нишон дода сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардидааст.
Муҳорибаи Берлин
(16 апрели – 2 майи соли 1945)
Баъди он ки қӯшунҳои фашистӣ аз хоки мамлакати Шуравӣ бароварда шуданд (аз моҳи марти соли 1944) руҳбаландии аскарони сурх дар маҳв намудани фашистони Олмон ҳадду канор надошт. Муҳорибаи Берлин, ки 16-уми апрели соли 1945 оғоз гардид, аз муҳорибаҳои сахт ва калонтарини охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба низ бисёр фиристодагони Тоҷикистон мардонагии зиёд нишон доданд. Се нафари онҳо: Николай Балайкин, Александр Горелов ва Филип Чепурин ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.
2 майи соли 1945 шаҳри Берлин – пойтахти фашистони Олмон таслим шуд ва 8-уми майи ҳамон сол дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо шуд. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рўзи Ғалаба эълон гардид.
Январ – марти соли 1945 қӯшунҳои шуравӣ ба ҳудуди Германия расида, апрел – майи соли 1945 Берлинро ба муҳосира гирифтанд. Дар ин муҳориба тоҷикистониҳо ҳам саҳми худро гузоштаанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаи Берлин Пўлод Атоев барои штурми рейхстаг ва Аҳмадҷон Рўзиев барои дар дарвозаи Бранденбург часпондани Байрақи Сурх ордени «Шараф» гирифтаанд.
Аз муҳорибаи Берлин номҳои ҷанговарон Мастибек Тошмуҳаммадов, Исмоил Бурҳонов, Қаландар Ҳаитов ва садҳо дигарон маълуманд.
Кушодани Фронти Дуюм
(6.06.1944 – 8.05.1945)
Муҳорибаи шаҳри Берлин – пойтахти Олмони фашистӣ бузургтарин муҳорибаи охири на танҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки умуман ҷанги 2 – юми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз тарафи иттифоқчиён – Англия ва ИМА 6 июни соли 1944, аз Нормандия (Шимоли Франсия) кушодани фронти дуюм ба муқобили фашистони Олмон ва пайравони он, маҳви фашистонро наздик намуд. 30 апрели соли 1945 қӯшунҳои Шуравӣ Рейхстаги Берлинро гирифтанд. 2 май шаҳри Берлин, махсусан ба ҳуҷуми қӯшунҳои Шуравӣ тоб наоварда, таслим шуд. 8 майи ҳамон сол дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид.
Ҷанги Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷопон
(9.08.1945 – 3.09.1945)
Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон, амалиёти ҷангӣ аз 7 декабри соли 1941 сар карда, бештар дар уқёнуси Ором, асосан дар байни қӯшунҳои япону америкоӣ мегузашт. Зеро, маҳз ҳамон рўз Япония ба муқобили ИМА ҷанг эълон карда буд. 8 майи соли 1945 Иттиҳоди Шуравӣ ҳам ба муқобили Япония ҷанг эълон кард. 6 август дар шаҳри Херосима ва 9 август дар шаҳри Нагасаки Япония, аз тарафи ИМА ду бомбаи атомӣ партофта шуд. Ин дар таърих аввалин истифодаи бомбаи атомӣ ба муқобили инсоният ба ҳисоб меравад. Албатта ин фоҷеа харобӣ ва қурбониҳои хеле зиёдро овард ва ҳанўз ҳам оқибатҳои нангини ин аслиҳаи қатли омро халқи япон эҳсос мекунад.
2 сентябри соли 1945 Япония дар Линкорни америкоии «Миссурӣ» низ ба акти бечунучаро таслимшавӣ имзо гузошт. Ҳамин тавр ҷанги 2 – юми ҷаҳон ба итмом расид.
Ҷанги 2 –юми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам қисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардид. Дар ҷанг 57 млн. нафар одамони ҷаҳон талаф ёфтанд. Аз ин миқдор 27 млн. нафарашон, ки дар фронтҳои ҷангӣ ҳалок шуданд танҳо халқҳои Шуравӣ буданд. Аз ҷумла, аз фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор нафарашон аз майдонҳои ҷанг тамоман бар нагаштанд.
Дар ҳудуди тамоми 40 давлатҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ мегузашт, махсусан сарзамини Иттиҳоди Шуравӣ ва давлати Олмон, харобии ҷанг ҳадду канор надошт. Ободие, ки маҳсули меҳнати даҳсолаҳои инсоният, буд ин ҷанг ба хок яксон намуд. Бинобар ҳамин ҳам ин ҷангро дар таърихи инсоният харобиовартарин ҷанг ҳисоб мекунанд.
Тоҷикон дар ҳаракати партизанӣ
Дар солҳои 1941-1945 тоҷикон дар ҳаракатҳои партизанӣ ҳам иштирок доштанд. Онҳо аксаран аз иҳотаи ибтидои ҷанг баромада натавониста ва ё аз «лагерҳои марги» фашистӣ гурехта ба дастаҳои партизанӣ дохил шудаанд. Ҳатто Ҷӯрабой Умаровро яке аз ташкилкунандагони отряди партизании ботлоқзори Кобрини Полесе ва М. Тоҳировро – дар деҳаи Юшкевичи шаҳри Кричев меҳисобанд. Номи тоҷиконро дар рӯйхати 53 соединенияҳои партизанӣ дучор шудан мумкин аст. Раҳмат Қаландарови ёвонӣ, Х. Азимови ленинободӣ дар вилояти Житомир; Ашур Арбобов ва Зариф Мирзораҳимов дар ҳайати отряди А. Фёдоров; Мадалӣ Дўсматов дар соединенияи А. Н. Сабуров; Сайҳомид Комилов, Г. Ризоев, Малик Назаров дар соединенияи Я. И. Мелник; Умарҷон Олимҷонови хуҷандӣ дар бригадаи 4 – уми партизании Ленинград; дар Брянск 6 нафар тоҷикон, аз ҷумла Ашурбой Раҷабов; дар Смоленск Қулӣ Бозоров; дар Твер И. Шарифов; дар Ставропол, А. Аҳмадов; дар Қрим Н. Назруллоев; дар Булғория М. Аҳмадов; дар Италия С. Қодиров ва С. Каримов партизанӣ кардаанд. Ҳама номбаршудагон бо орденҳои партизанӣ мукофотонида шудаанд.
Дар байни 27 асири аз Освенсим гурехта, Неъматулло Қобилов (рақами шахсиаш 9951) ҳам буд.
Ёрӣ ба фронт
Ёрии ақибгоҳи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабаби асосии ғалаба буд. Ин ёрӣ дар таъмини талаботи ҷанг бо қувваҳои зинда, лавозимоти ҷангӣ, хўрока ва дастгирии рўҳиявӣ таҷассум меёфт. Яъне ягонагии фронту ақибгоҳ кори ҳаёту мамоти ҳамаи халқҳо, аз ҷумла, тоҷикистониён гардида буд. 3 августи соли 1941 ҳукумати ИҶШС сар шудани ҷанги Ватаниро эълон кард. Аввалин қадами халқи тоҷик дар масъалаи ёрӣ ба фронт ин ба шефӣ гирифтани Артиши Сурх буд. Ҳазорҳо ҷавонписарону духтарон ва калонсолон аризаи ихтиёран ба ҷанг рафтанро навишта баданд. Фақат соли 1941 10000 кас ихтиёран ба фронт рафт. Соли 1941 барои Тоҷикистон ба андози 1 млн. сўм коғазҳои бурднок бароварда шуда буд. Аҳолӣ онро харида гирифта, хоҳиш намуданд, ки барои Тоҷикистон боз ба миқдори 1 млн. (сўм дар эквивалент ба ҳисоби соли 1961) қоғазҳои бурднок ҷудо карда шавад.
Соли 1942 дар мамлакат бо даъвати колхозчиёни Тамбов барои сохтани техникаи ҷангӣ ҷамъоварии маблағ сар шуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон барои таъсиси зскадриляи «Тоҷикистони советӣ» 35, 2 млн. сўм ва барои ташкили колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 84 млн. сўм ҷамъ оварданд. Ин ҳавопаймо ва танкҳо аз муҳорибаи Сталинград сар карда, дар тамоми муҳорибаи минбаъда иштирок доштанд.
Ёрӣ ба фронт ҳамаҷониба буд. Баъзеҳо пули калон, баъзеҳо зару зевар ва баъзеҳо аспи ҷангии худро (Замонов, Латифов, Соҳибназаров) ба «фонди ҷанг» супорида буданд. Зани тоҷик инчунин дастпўшаку ҷўробҳои гарм, либоси гарм бофтаю дўхта ба фронт мефиристод.
Ба Тоҷикистон ба тариқи фаврӣ госпиталҳо, сағирахонаҳо кўчонда оварда шуда буданд. Шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» чизи хушку холӣ набуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон ин шиорҳоро ҳамчун шиори муҳориба қабул карда буданд. Инро аз матни «Мактуби халқи тоҷик ба ҷанговарони тоҷик», ки соли 1943 қабул ва эълон карда шуда буд, ҳис карда мешавад. Халқ ба ҷанговарон ваъда дода буд, ки онҳо ҳама чораҳоро мебинанд, ки ҷанговаронро бо яроқ, аслиҳа, хўрок ва либос таъмин намоянд, вале ғалабаро талаб доранд.
Ин аст, ки ҳазорҳо меҳнаткашони тоҷик бо медали «Барои меҳнати шуҷоатманд дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941 – 1945» мукофотонида шудаанд.
Дар он сол 160 нафар меҳнаткашон бо ордени «Чанги Ватанӣ» дараҷаҳои якум ва дуюм мушарраф гаштанд.
Тоҷикони бурунмарзӣ дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон
Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бо роҳҳо ва сифатҳои гуногун ба тоҷикони берун аз шуравӣ, аз ҷумла ба тоҷикони Афғонистони, ҳам таъсири худро расонид. Аз сар задании ҷанг ҳукумати Афғонистон сиёсати бетарафиро эълон карда буд. Вале сокинони гуногуни он бо давлатҳои тарафҳои дигар гуфтушунидҳо гузаронида манфиатҷӯйӣ мекард. Ва ҳатто дар давре тайёр буд дар ҳолате, ки Германия ба ў ёрии техникӣ расонаду дар баргаронидани сарҳадоти ҷанубиаш то Қарочӣ ёрӣ диҳад, ба ҷанги зидди шуравӣ шурўъ кунад. Бо туфайли дахолати иттифоқчиёни коалитсияи зиддигитлерӣ ва Қарори Шурои Олӣ (Луя Ҷирга) аз марти 1941 ҳукумати Афғонистон сиёсати бетарафиро пеш гирифта, ҷосусони коршиносони немисро аз мамлакат берун карданд. Ва то охири ҷанг Афғонистон бе тараф монд. Дар натиҷаи бетарафӣ ҳукумати Афғонистон аз ёрии пулӣ ва ворид сохтани ёрии гуногун зарари калон дид. Ин зарарро бо роҳи баровардани пулҳои қоғазӣ, монополияи хариди ғалла ва фурўши молҳои саноати ниёзи мардум ҷуброн карданӣ шуд. Дар натиҷа нархи ғалла паст рафта, молҳои воридотӣ то 5 баробар афзуд. Ин сиёсат ба хонахаробшавии деҳқонон ва паст фаромадани нархи замин овард. Заминҳои зиёдро сарватмандон бо пули ночиз харида гирифтанд. Аз ҳама пеш тоҷикон зарар диданд. Афғонистонро солҳои 1943 – 1944 хушксолӣ ва соли 1944 – 1945 зимистони қаҳратун фаро гирифта буд.
Ин ҷанги бетараҳҳум ва хонумонсўз дар фосилаи кўтоҳ дар саросари Аврупо доман густурд ва садои ғамовари он дар дурдасттарин мавзеъҳои дунё ба гўш мерасид. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд.
Гитлерчиёни истилогар ҷангро оғоз намуда умед доштанд, ки дар муддати якуним – ду моҳ Артиши Сурхро тамоман шикаст медињанд. Чунки он вақт дар мамлакат зиёда аз сад халқу халқият зиндагӣ менамуданд. Ва таҷовузгарон ба он умед баста буданд, ки халқҳои дигарро ба ҳалқи кабири рус ҷанг меандозанду аз ин худашон баҳра мебаранд. Дар ҷумҳуриҳои Назди Балтика литвониву латишҳо ва эстонҳоро бо халқи рус, дар ҷануб украинҳоро бо халқи рус ва дар Кавказ гурҷиҳову арманиҳо ва тоторҳоро бо русҳо низоъ андохтанӣ буданд.
Халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистонро ҳамчун «боқимондаҳои миллатҳои хурд» ҳисобида, дар симои онҳо «забткорони шарқӣ» – ро медиданд. Фашистон шиорҳои кӯҳнаи пўсидаистодаи панисломизму пантуркизмро ба сифати яроқи идеологии худ самаранок истифода бурданӣ шуда, пешниҳодҳои сохтани давлатҳои лӯхтакмонанди буржуазӣ – миллии мусулмониро дар амал татбиқ карданӣ буданд. Аммо аз рӯзҳои якуми ҷанг маълум гардид, ки ин фикрҳои «олинасабон – партовҳои инсоният» хок хўрд.
Фашистон натавонистанд, ки дар муддати 1418 шабонарўзи ҷанг дўстии вайроннашавандаи миллатҳову халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шуравиро пароканда намоянд. Баръакс тамоми миллатҳои мамлакат рўзҳои ҷанг аз як гиребон сар бароварда душманро шармандавор мағлуб намуданд. Ин воқеъот исботи таърихӣ дорад.
Ба замми кам будани шумора, кўҳна будани навъҳои аслиҳа, танк ва ҳавопаймоҳо аксарияти фармондеҳони зинаи олӣ ва миёна ҷавону камтаҷриба буданд. Ба ин сабабҳо оғози ҷанг барои Артиши Сурх басо пурфоҷиа буд. Олмони фашистӣ дар се – чор моҳи аввали ҷанг на фақат минтақаи азими давлатро бо марказҳои муҳими иқтисодиаш ба даст овард, балки то ба остонаи Маскаву Ленинград расид. Иттиҳоди Шуравӣ амалан оилаи ягонаи халқу миллатҳои сершумори мамлакати беканори Шуравӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷу