Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашн афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд, садҳо кӯчаву муассисаҳо ба номи абармардони ҷанг номгузорӣ шудаанд.
Аз муҳорибаҳои ҷангии солҳои 1941-1945 наздик ба 100 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ, аз вилояти Хатлон наздик ба 40 ҳазор нафар барнагашта, дар майдони ҷанг ҳалок, аз захми тири душман ҷон супориданд ё беному нишон гардиданд.
Барои мардонагӣ ва ҷасорат дар мубориза бар зидди фашизм дар майдони ҷанг беш аз 55 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Ба 54 нафари онҳо унвони олӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ (аз вилояти Хатлон ба 22 нафар) дода, 4 нафар ҷанговарони тоҷикистонӣ бо орденҳои «Шараф» ҳар се дараҷа мукофотонида шуданд.
Айни ҳол дар вилояти Хатлон 8 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Сафаралӣ Файзалиев, Ҳабиб Сафаров, Розиқ Қосимов, Машраб Давлатов, Гулмурод Тағоев, Мирзо Ғафуров, Зайнулло Алиев, Аҳёхӯҷа Мирзоев давлати пирӣ меронанд.