Имсол тамоми инсонияти тараққипарвар 80-солагии ғалабаи бузурги халқи советиро дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 қайд мекунад. Он замон халқи сермиллати советӣ ба муҳофизати Ватани худ бархост, ки дар он саф намояндагони ҶШС Тоҷикистон низ ҷангидаанд.
Соли 2015 Ҳукумати Федератсияи Русия ба муносибати 70-солагии Ғалаба ҳуҷҷатҳои зиёдеро доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла оид ба мукофотҳое, ки сарбозон барои корнамоиҳои ҷангӣ дар фронтҳои ҶБВ сазовор шудаанд, нашр кард. Ҳуҷҷатҳои бойгониро аксбардорӣ намуда, дар вебсайти Вазорати дифои ФР ҷой доданд ва ҳамин тавр, сомонаҳои «Подвиг народа» (http://podvignaroda.ru/) [1] ва «Память народа» (https://pamyat-naroda.ru/) пайдо шуданд. Дар сайти «Подвиг народа» шумо метавонед ҳуҷҷатҳоро дар бораи мукофотонидани хизматчиёни ҳарбӣ дар солҳои ҶБВ (1941-1945) пайдо кунед. Дар сомонаи «Память народа» бошад, маълумот оид ба аскарони ҳалокшудаву бе ному нишон гумшуда, қабрҳо, обелискҳо ва қабристонҳои умумиро пайдо карда, роҳи ҷангии қисми ҳарбӣ, харитаи амалиёти ҷангии ин ё он қисми ҳарбӣ ва ғайраро пайдо карда метавонед.
Бори аввали ташрифам ба сомонаи «Подвиг народа», пайдо кардани ҳуҷҷатҳои бойгонии мукофотҳои ҷангии падарам Холов Шариф, буд. Сипас ман ба хешу табор, дӯстон ва шиносҳоям дар пайдо кардани маълумот оид ба наздикон ва хешовандонашон кӯмак кардам. Бояд қайд намуд, ки кори ҷустуҷӯи тақдири иштирокчиёни ҶБВ хеле душвору тӯлонист ва сабру тоқатро талаб мекунад. Барои дарёфти маълумот дар бораи ягон шахс, бояд ҳар як сабти алоҳидаро, бахусус онҳоеро, ки як ному насаб доранд, бо диққат омӯзед. Барои ин ҳуҷҷатҳои мукофотонидани ҳар як нафарро бо маълумот дар бораи тарҷумаи ҳолаш, нишонии манзил, маҳалли даъват ба хизмати ҳарбӣ, номи комиссариати ҳарбӣ, санаи даъват ва ғайраро аз назар гузаронидан лозим аст.
Аммо ин амалро маълумотҳои таҳрифшуда, хато сабт кардани ному насаби пурраи хизматчиёни ҳарбӣ, номи пунктҳои аҳолинишин ва тақсимоти маъмурӣ, миллат ва дигар маълумотҳои шахсии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳангоми тартиб додани варақаҳои мукофотонӣ аз тарафи хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ мушкил мегардонад. Чунин ҳодисаҳо вомехӯранд, ки сокинони Осиёи Миёна, Қафқоз, Бошқирдистон, Тотористон, ҳатто баъзе ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ному насаби ягона доранд.
Дар ин мақола оид ба корнамоии ҷангии фарзандони як хонаводаи оддии тоҷик – оилаи Осимовҳо, ки мисли ҳазорон оилаҳои шӯравӣ ба муҳофизати Ватан бархоста буданд, сухан меравад.
Муҳаммад Сайфитдинович Осимов (Осимӣ) (1920-1996) – олим ва ходими барҷастаи тоҷик, Президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо, донишҷӯёни факултети физикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин (1974-1979) аз фанни фалсафа дарс мегуфтанд. Он кас марди хеле хоксор буданд ва ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки чун дигар собиқадорони ҶБВ дар либосашон планкаҳои ордену медалҳоро насб карда бошанд. Боварӣ доштам, ки дар солҳои ҶБВ чунин олимонро ба ҷанг намефиристоданд. Вақте, ки ман дар сайти «Подвиг народа» ба хуҷҷатҳои мукофотонии Муҳаммад Сайфитдинович Осимов ва бародаронашон Зайниддин (соли таваллудаш 1914) ва Баҳриддин (соли таваллудаш 1917) вохӯрдам, ҳайратам афзуд. Насаби онҳо яксон буда, ҳамаи онҳоро Комиссариати давлатии ҳарбии вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар кардааст.
Муҳаммад Сайфиддинович Осимовро Комиссариати давлатии ҳарбии вилояти Ленинобод моҳи ноябри соли 1941, яъне пештар аз бародаронаш ба сафи Армияи сурхи коргару дуҳқон (РККА) даъват кард. Пас аз хатми омӯзишгоҳи ҳарбӣ ӯро ба полки эҳтиётии 68-уми артиллерии дивизияи тирандозии эҳтиётии 32-юм фиристоданд. Дар ҳайати ин полк ӯ дар муҳорибаҳои шадиду хунини муҳофизати шаҳри Ленинград иштирок карда, бо медали чангии «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шудаст. Ин мукофоти аввалини ҷангии ӯ буд.
Мукофоти дуюми чангии худ – ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1-умро Муҳаммад Сайфиддинович бо фармони раками 18/н аз 9 марти соли 1944 гирифт, ки он замон рутбаи лейтенант дошта, командири батареяи СУ-85 қисми алоҳидаи тӯпҳои худгарди 1294-уми Армияи 42-юми Фронти Ленинград буд. Дар варақаи мукофотонӣ гуфта мешавад: « …8.3.44 дар набард бо истилогарони немис дар 10 километрии шимолу ғарби ш. Псков лейтенант Осимов ба ҳайси фармондеҳи батареяи СУ-85, ҳамкориро бо қисмҳои ҳуҷумкунандаи пиёдагард ва танкӣ моҳирона ташкил карда, оташфишонӣ ва ҷойивазкунии тӯпҳои худгардро дуруст омода карда, ба душман зарари зиёди ҷонӣ ва хисороти техникӣ расонид. Батарея зери фармондеҳии лейтенант Осимов 5 нуқтаи оташфишонии чӯбию хокӣ (ДЗОТ), як нуқтаи мушоҳида, се пулемёт, 2 аслиҳаи зиддитанкӣ ва то 120 аскару афсарони немисро нобуд кард. Дар рафти ҷанг тӯпи худгарди лейтенант Осимов зада оташ гирифт, вале ӯ фармондиҳиро давом дода, алоқаи радиоро нигоҳ медошт. Ду маротиба сӯхтаву ярадор шуда, ӯ танҳо пас аз итмоми набард ҷои фармондеҳии худро монд. Тӯпҳои худгарди лейтенант Осимов супориши чангии худро иҷро карданд. Ҳайати шахсии батарея, инчунин худи командир дар муҳориба мардонагию шуҷоати худро нишон доданд. Сазовори мукофоти ҳукуматӣ, ордени Ҷанги Ватании дараҷаи 1 аст. Командири ОСАП-и рақами 1294, майор Карташев. 9 марти соли 1944».
Дар ин набард Муҳаммад Сайфиддинович аз ду дасту синаи худ сахт захмдор шуда, дар тӯпи худгарди худ сухта, аз 14 март то 16 июни соли 1944 дар госпиталь табобат гирифтааст.
Муҳаммад Сайфиддинович бо Фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС аз 6.08.1946 № 204/70 барои корнамоиҳои ҷангии худ дар солҳ ҶБВ (1941-1945) мукофоти сеюми ҷангиаш – ордени «Ситораи сурх»-ро сазовор шудааст.
Моҳи августи соли 1942 бародари калонии Муҳаммад – Зайниддин ба ҷанг сафарбар карда шуд. Баъди хатми омузишгоҳи ҳарбӣ бо рутбаи лейтенант, ӯ ба взводи идоракунии батареяи 28-уми полки артиллерияи тӯпҳои корпуси тирандозии 109-уми фронти Ленинград фармондеҳӣ мекард. Моҳи сентябри соли 1944 ҳангоми озод кардани деҳаи Перкярви (пас аз соли 1948 – Кирилловское) дар гардани Карелия (Виборгский, то соли 1948 Райволовский, то соли 1964 ноҳияи Рошинскийи вилояти Ленинград, ки ба ҳайъати Красноселский шомил аст. Истгоҳи роҳи оҳании Роҳи оҳани Октябрский дар қитъаи роҳи оҳани Санкт-Петербург – Виборг, километри 88-ум) қаҳрамонона ҳалок гардид. Бо фармони №38/н аз 30 сентябри соли 1944-и корпуси тирандозии 109-уми фронти Ленинград лейтенант Осимов Зайниддин Сайфитдинович пас аз марг бо ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 мукофотонида шудаст. Дар варақаи мукофотонии қисми ҳарбии ӯ дар бораи корнамоии ҷангии лейтенант З.М. Осимов чунин омадааст: «Дар вазифаи командири взводи идоракунии батареяҳо хизмат карда, дар рӯзҳои рахнакунии мудофиаи финҳо дар назди ш. Сестрореск ва дар ҳуҷумии минбаъда, разведкаи бефосила ва боэътимодро таъмин мекард. Шахсан худаш дар ҳайати пешоҳанги пиёдагардон 4 батареяи тӯпҳо, 3 нуқтаи оташфишонии чӯбию хокӣ (ДЗОТ) ва 8 нуқтаи оташфишонии душманро муайян кард. Оташи батареяи худро танзим карда, рафиқ Осимов 5 батареяи артиллерӣ, 3 батареяи миномётӣ ва 6 нуқтаи оташфишонии душманро нобуд кард. Ҳангоми озодкунии ш. Перкярви ҳалок шуд. Барои иҷрои намунавори вазифаҳои ҷангии фармондеҳӣ дар фронти мубориза бар зидди истилогарони немис, мардонагӣ ва шуҷоат нишон дода, пас аз марг сазовори мукофоти ҳукуматӣ – ордени Ҷанги Ватании дараҷаи 1 аст. Командири корпуси 28-уми полки тӯпу артиллерӣ, подполковник Илин. 2 сентябри соли 1944».
Дар хамин вақт, яъне моҳи августи соли 1942 бародари дигари Муҳаммад – Баҳриддин ҳам ба ҷанг рафт. Аз ҳуҷҷати мукофотониаш маълум мегардад, ки ӯ ва бародараш Зайниддин якҷо хидмат кардаанд. Баҳриддин низ омӯзишгоҳи артиллериро хатм карда, дар рутбаи лейтенанти хурд ба сифати командири взводи оташфишонии батареяи 1-уми полки артиллерияи тӯпҳои корпуси тирандозии 109-уми фронти Ленинград хизматро оғоз кард.
Аввалин мукофоти ҷангии Баҳриддин медали «Барои шучоат» буд, ки бо фармони № 28/н-и корпуси тирандозии 109-уми фронти Ленинград аз 28-уми июни соли 1944 мукофотонида шудааст. Дар варақаи мукофотонӣ чунин омадааст: «Командири взводи оташфишонии батареяи 1-ум дар ҷангҳои 10-12.06.44 оид ба рахна кардани хатти дифоъи финнҳо ва муҳорибаҳои баъдӣ, сардори батарея буда, мардонагӣ, шуҷоат ва дар иҷрои супоришҳои ҷангӣ ташкилотчигӣ нишон дода, бо кори аъло дар батареяи таъминотӣ, иҷрои супоришҳои оташфишониро оид ба нест кардани ҳайъати шахсӣ ва яроқи оташфишони душман, ки ба пеш рафтани қисмҳои пиёдагард ва рахна кардани хатти муҳорибаи душман мусоидат кард».
Мукофтоти дуюми худ – ордени «Ситораи сурх»-ро Баҳриддин 9 октябри соли 1944 бо фармони рақми 40/н-и корпуси тирандозии 109-уми фронти Ленинград гирифт. Корнамоии ҷангии ӯ чунин тавзеҳ шудааст: «Рафиқ Осимов дар батарея вазифаи фармонраворо дошта, дар чангҳо барои рахна кардани мудофиаи тӯлонии немисҳо дар хатти Нарва-Еси, батарея 4 батареяи артиллерияи душманро пахш ва ду тӯпро нест кард. Ӯ командири далер ва қатъист. Взводҳои оташфишон муттаҳид буда, дар ҳар гуна шароити ҷанг моҳирона кор мекунанд. Вай марши техникаро то баҳри Балтика бе ягон талафоту шикаст моҳирона иҷро кард. Барои намунавор иҷро кардани супоришҳои ҷангӣ дар фронт ва нишон додани мардонагию шуҷоат, сазовори мукофоти ҳукуматии ордени «Ситораи сурх» мебошад. Командири 28-уми КПАП, подполковник Илин. 28 сентябри соли 1944».
Мукофтоти сеюми худ – ордени «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 2-ро Баҳриддин дар охири ҶБВ бо фармони №12/н полки 410-уми гвардиягии артиллерияи гаубитсавии Пернов, корпуси 38 гвардиявии тирандози Вена, бригадаи 62-уми артиллерияи корпусӣ, армияи 9-уми гвардиягии фронти 2-уми Украина гирифт. 1945. Дар хулосаи мухтасари корнамоии шахсии ҷангӣ ӯ дар варақаи мукофотонӣ гуфта мешавад: «Рафиқ Осимов дар вазифаи командири взводи оташфишонии батарея, дар муҳорибаҳо бо истилогарони немис дар Австрия вақти ишғол намудани шаҳри Герсогенбург, бо оташи взводи худ 1 тӯпро бо оташи мустақим нобуд ва 1 батареяи артиллерияи душманро маҳв кард, ки ба ҳаракати пиёданизомони мо монеъа эҷод мекарданд. Рафиқ Осимов дар тамоми муҳорибаҳои ҳуҷумӣ, сари вақт ивази хатти ҷангии батарея ва отшфишониро таъмин мекард, ки дар натиҷаи ин аскарони пиёда ҳамеша дастгирӣ дошта, бо талафоти кам пеш мерафтанд. Барои ин хизматҳои ҷангӣ ва мардонагию шуҷоат сазовори мукофоти ҳукуматӣ – ордени «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 2-ро мебошад. Командири полки 410-уми гвардиягии артиллерияи гаубитсавии Пернов, подполковники гвардия Самасенко. 22 апрели соли 1945».
Ордени дуюми «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 2-ро Осимов Баҳриддин бо фармони №85 аз 06.04.1985 дар арафаи ҷашни 40-солагии Ғалаба мисли ҳама иштирокчиёни ҶБВ сазовор шудааст [9]. Ин ҷо ғалати маҳз ё бепарвоии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳоро қайд кардан ба маврид аст. Мувофиқи Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 11 марти соли 1985, № 2019-ХI «Оид ба мукофотонии иштирокдорони фаъоли ҶБВ солҳои 1941-1945 бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» ва Фармони Вазири мудофиаи ИҶШС №70 аз 2 апрели соли 1985 бо ҳамин унвон, бо ордени «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 1 нафарони зерин мукофотонида мешуданд: «…, нафароне, ки дар давраи ҶБВ дар ҳайати шахсии армияи амалкунанда, отрядҳои партизанӣ ё ташкилотҳои пинҳонӣ иштирок карда, дар набардҳо ярадор шудаанд, дар давраи ҶБВ бо орденҳои ИҶШС, ё бо медалҳои «Барои шуҷоат», Ушаков, «Барои хизматҳои ҷангӣ», Нахимов, «Ба партизани Ҷанги Ватанӣ» мукофотонида шудаанд». Чи тавре, ки зикр шуд, Осимов Баҳридин бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуда буд, лекин Комиссариати ҳарбии шаҳр ё ноҳия ба ӯ Ордени «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 2-ро супоридааст, ки ин амал банди якуми фармонҳои мазкурро дағалона вайрон кардааст. Лекин иштирокдорони ҶБВ одамони хоксор буданд ва барои чунин хатоҳо ба ягон ҷой шикоят набурдаанд.
Мақолаи мазкурро ҷамъбаст намуда, қайд кардан лозим аст, ки дар солҳои ҶБВ қариб оилае набуд, ки узви он хонадон дар ин ҷанг иштирок накарда бошанд. Мардон дар фронт меҷангиданду дар акибгох занон, пиру барно ва кӯдакон шабу рӯз дар шароити тоқатнопазир меҳнат карда, ғалабаи деринтизорро наздик мекарданд. Аз оилаи Осимовҳо се бародар дар фронт ҷангидаанд, ки яке аз онҳо қаҳрамонона ҳалок шуд. Воқеаи ҳайратовар он аст, ки ду бародар: Зайниддин ва Баҳриддин Осимовҳо дар як қисм хидмат мекарданд, Муҳаммад бошад дар наздикии онҳо, инчунин дар фронти Ленинград буд. Ҳамаи бародарон рутбаи лейтенант дошта, дар қӯшунҳои артиллерия хизмат мекарданд. Худи ҳамон замон дар фронти Ленинград, дар наздикии онҳо шоир-ҷанговари тоҷик Хабиб Юсуфӣ (1916-1945), ки ӯ ҳам лейтенанти артиллерия буд, меҷангид.
М. Холов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав