Унсурҳои луғавию грамматикии гуфтугӯйӣ дар асарҳои нависандаи мумтоз Фазлиддин Муҳаммадиев мавқеи муҳим доранд. Қалан мо дар бораи имконоти лугавию маъноӣ ва услубии корбурди чунин унсурҳо дар баъзе асарҳои бадеиву публитсистии нависанда изҳори андеша намуда будем. Дар ин пажуҳиш мехоҳем, роҷеъ ба мавқеи баъзе феълҳое, ки дорои хусусияти гуфтугӯйӣ мебошанд, дар чунин асарҳои адиб изҳори андеша намоем.
Бояд гуфт, ки чунин феълҳо дар асарҳои бадеиву публитсистии Фазлиддин Муҳаммадиев мавқеи муҳим дошта, барои ифодаи мақсаду мароми адиб, ифодаи дурусти матлаб, фардӣ кунондани нутқи персонажҳо ва барҷаста нишон додани имконоти ҳаҷви публитсистӣ ниҳоят бамаврид истифода шудаанд. Аз ҷумла нависанда дар мисоли зерин ду феъли дорои тобиши гуфтугӯйӣ – феълҳои содаи ғуррондан ва таркибии номии тӯғрӣ карданро ба кор бурдааст:
Мебахшед, камбудиҳоя решакан мекунем, гирифта меғурронем, ҳамааша тӯғрӣ мекунем.
Феъли ғуррондан ба маънои «дур партофтан, ҳаво додан, андохтан» меояд, аммо дар каломи нависанда тобиши маънои «бартараф кардан, аз байн бурдан»-ро гирифтааст. Синоними тӯғрӣ кардан дар забони адабӣ «дуруст кардан» мебошад. Нависанда ба иистифода аз ин гуна феълҳо оҳанги гуфтугӯйии суханро дучанд гардонда, дар айни замон обуранги ҳаҷвро дар калом таҳким мебахшад, фардияти нутқи персонажро таъмин менамояд.
Шарҳи феъли ҷакидан дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ба назар намерасад. Ин феъл обуранги ҳиссии манфӣ дошта, дар гуфтугӯ ба маънои «гапи беҳуда гуфтан, сухани беҷою беҳуда гуфтан, беҳуда ба сари касе дод задан» истифода мешавад. Дар мисоли зерин ба хотири таъкид ва қотеияти сухани нависанда шакли инкории сиғаи амрии ин феълро кор фармуда шудааст:
– Наҷак ба ман! Аз куҷо донам, ки вай ин қадар одами калон будааст? Сонӣ, номаъқулия танҳо худам накардаам.
Феъли шӯридан дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои «1. ошуфта шудан, ба қаҳру ғазаб омадан, оташин шудан; ҷӯшидан; 2. исён кардан, балво бардоштан, ба шӯриш омадан; 3. гардондан, шугор кардан» омадааст. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» «1. ба ҳаяҷон омадан, ошуфта шудан, ба ҷӯшу хурӯш омадан; 2. ба қаҳру ғазаб омадан, оташин шудан» ва маҷозан «ба талотум афтодан, тӯғён кардан (масалан, дарё)» маънидод шудааст. Устод Айнӣ ин феълро танҳо ба маънои «оташин шудан, ба ғазаб омадан» шарҳ додааст. Дар забони гуйтугӯйии имрӯза шӯридан ба маънои «омехта тайёр намудан» низ ба кор бурда мешавад: хамир шӯридан, лой шӯридан. Чунин тобиши маънои ин феъл аз маънои «гардондан, шугор кардан», ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷой дорад, сарчашма гирифтааст. Дар мисоли аввали зерин феъли шӯридан ба маънои «ба қаҳру ғазаб омадан, оташин шудан» корбаст шуда, дар мисоли дуюм бо тобиши маънои «аз боиси оташинӣ борони қаҳру ғазаби худро ба сари касе рехтан» омадааст:
– Чиба ин тавр?… Охир, ҳамаи пистонакҳо моли як фабрика-ку! – мешӯрид акаи Махсум; – Ба ту кӣ гуфт, ки рӯзи дароза дар долони милитсия гузаронӣ, – мешӯрид Исоев. – Сардори ту редаксия ё милитсия?.
Феъли кандан дар гуфтугӯ ба маънои «гурехтан» истеъмол гардида, ин тобиши маъноиро бо обуранги ҳиссии манфии тамасхур ифода менамояд. Нависанда чунин тобиши маъноии феъли гурехтанро аз забони персонаж хеле бамаврид истифода бурда, суханро таъсирбахш ифода кардааст:
Боғиров ду-се ҳафтаи дигар он воқеаро ба хотир оварда, хандакунон мегуфт:
– Ҷӯраат чӣ хел канд-а! Тири ранга барин давид-е, шаҳбоз!.
Бо истифодаи маънои гуфтугӯйии феъли кандан нависанда, як андоза ба сухан тобиши маънои ҳазлу истеҳзо бахшидааст.
Феъли содаи додан ду асоси замони ҳозира дорад: деҳ ва те. Шояд те варианти фонетикии деҳ бошад, зеро ҳамсадои т ҷуфти беҷаранги ҳамсадои д мебошад ва ба хотири осон шудани талафуз ин ду ҳамсадо ба ҳамдигар иваз мешаванд. Шояд дар гуфтугӯ аввал аз шакли асоси замони ҳозираи деҳ ҳамсадои охир ҳ ихтисор шуда, он ба де ва сонӣ ба те табдил ёфта бошад. Ба ибораи дигар, те ду падидаи фонетикӣ – коҳиши овозҳо ва бадалшавии овозҳоро аз сар гузарондааст. Дар ҳар суратдар забони адабии ҳозираи тоҷик варианти деҳ хусусияти китобӣ ва варианти те хусусияти гуфтугӯйӣ дорад. Нависанда низ ин шакли асоси замони ҳозираи феъли доданро дар забони персонажи асар истифода бурдааст:
– Те ба ман ҳуҷҷатҳота.
Дар мисоли зерин бошан шакли гуйтугӯйии асоси замони ҳозираи феъли додан – те ҳамчун феъли ёвар бо исми тела ба кор бурда шуда, феъли таркибии номӣ сохтааст:
Ҳо, ана, дар охири долон дарича ҳаст. Тела те, кушода мешавад.
Дар мисоли боло ҷузъи номии феъли таркибии тела додан – исми тела низ хусусияти гуфтугӯйӣ дорад. Хусусияти гуфтугӯйӣ доштани ин калима дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ишорат гардидааст. Бо истифодаи ин ду унсури гуфтугӯйӣ нависанда фардияти нутқи персонажро таъмин намудааст.
Дар баробари ин дар асарҳои нависанда калимаҳои гуфтугӯйӣ ҳамчун ҷузъи маънодори феълҳои таркибии номӣ ба назар расида, нерӯи зиндаи асарҳоро таъмин намудаанд. Масалан, калимаи шатта ба маънои «заниш», «шаллоқ, ба касе бо даст, по ё чизи дигаре зарба задан» кор фармуда мешавад.
Бо ин калима тавассути феълҳои ёвари задан ва хӯрдан феълҳои таркибии номии шатта задан ва шатта хӯрдан сохта мешавад. Дар таркиби шатта задан феъли ёвари задан ба маънои аслӣ, аммо дар таркиби шатта хӯрдан феъли ёвари хӯрдан ба маънои маҷозӣ кор фармуда шудааст, аммо аз сабаби истеъмоли ниҳоят зиёд дар гуфтугӯ маънои маҷозии ин феъл ба назар ноаён гардидааст. Дар осори нависанда феъли таркибии номии шатта хӯрдан ба назар мерасад:
Оре, душмани хунхор шатта хӯрда-шатта хӯрда, хоки муқаддаси моро аз қабрҳои аскаронаш ва техникаи таърифиаш пур карда қафо мерафт…
Дар мисоли боло такрори феъли таркибии номии шатта хӯрдан ба хотири таъмини давомнокии амал мебошад.
Исми парво дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ ба маънои «таваҷҷуҳ, илтифот ва ғамхӯрӣ» зикр ёфтааст. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ якчанд маънои ин калима оварда шудааст: «1. андеша, фикр; 2. рағбат, майл, таваҷҷуҳ; 3. тарс, бим, ҳарос, бок; 4. парвариш, нигоҳубин, поидан, чаро». Ин калима дар забон дар шакли алоҳида қариб ба назар намерасад. Аммо дар таркиби калимаҳои сохтаву мураккаби парвоӣ (чорвои парвоӣ), бепарво, бепарвоӣ, бепарвофалак ва феъли таркибии парво кардан ба маънои «а) сер кардан; б) таваҷҷуҳ, илтифот ва ғамхӯрӣ кардан», «нигоҳубин кардан, парвариш кардан; фарбеҳ кардан (чорворо)» ба назар мерасад. Шакли инкории ин феъли таркибӣ – парво накардан низ ба якчанд маъно корбаст мешавад: «а) аҳаммият надодан, эътибор надодан; б) фикр накардан; в) натарсидан, наҳаросидан». Ин феъли инкорӣ дар гуфтугӯ ба маъноии «аҳаммият надодан, эътибор надодан» маъмул аст ва нависанда Ф. Муҳаммадиев низ онро ба ҳамин маъно кор фармудааст:
– Парво накунед. Афтода бошам ҳам, аз таг хобида ба ӯ чунон чашм ало кардам ки, ба хаёлам, гурдааш кафид.
Дигар вожаи дигари гуфтугӯйӣ, ки дар асарҳои нависанда ба назар мерасад, таҷанг мебошад. Ин вожаро низ нависанда ҳамчун ҷузъи маънодори фнъли таркибии номӣ бо феълҳои ёвари шудан ва гаштан ба кор бурдааст. Маънои луавии таҷанг «оташин, асабӣ» мебошад. Аз ин калима бо феълҳои ёвари кардан ва шудан феълҳои таркибии номии таҷанг кардан ва таҷанг шудан сохта мешавад, ки ба маънои «оташин кардан, асабонӣ кардан» ва «оташин шудан, асабонӣ шудан» ба кор бурда мешаванд. Нависанда низ феъли таркибии номии таҷанг шуданро ба маънои «асабонӣ шудан, ба қаҳру ғазаб омадан» ба кор бурдааст.
– Ин чист? – таҷанг шудааст қозӣ.
– Ихтисораи номи мубораки шариатпаноҳам; Соҳиб аз ин ҳол тамом таҷанг гашта, миёни сухани моро бурида, ба сари ронандаи бегуноҳ дод зад.
Вомвожаи арабии кайф дар луғат ба маънои «1. хурсандӣ, лаззат, завқ, ҳузуру ҳаловат, роҳат, фараҳ, мазза, лаззат, айш, кайф; 2. хушҳолӣ, димоғчоқӣ», «лаззат, нашъа, сархушӣ» «ҳолати мастӣ» ҷой дода шудааст. Он дар гуфтугӯ бо калимаи сафо, ки маънояш «покизагӣ, беғашӣ, буғуборӣ» «1. …покӣ, тозагӣ, ҷило, равшанӣ; 2. майи ноб, майи соф, шароби бедурд», «1. …софӣ, равшанӣ; 2. хушӣ, хуррамӣ, шодмонӣ, хушдилӣ; 3. равнақ, ривоҷи кор» мебошад, таркиби ҷуфти кайфу сафо месозад. Ин таркиби ҷуфт ба маънои «кайфи бағалу ғиш», «лаззату роҳат, мастию табъчоқӣ»корбаст мешавад:
Кайфу сафо ҳам эбаш катӣ.
Адиб ҳамчунин дар асарҳои публитсистиаш феъли таркибии номии кайф карданро, ки дар гуфтугӯ зиёд истеъмол мешавад, ба кор бурдааст. Маънои ин феъли таркибӣ «лаззат бурдан, завқ бурдан, сархуш шудан, маст шудан» мебошад. Дар мисоли зерин ба маънои «аз сухан лаззат бурдан» омадааст.
Боракалло, Хорпуштактағо. Боз бигӯ чорта кайф кунем.
Шумораи чор ва нумеративи -та (чорта), ки дар мисоли боло истеъмол шудааст, ва маънои «андак, қадре» дорад, тобиши гуфтугӯйии суханро боз ҳам тақвият бахшидаст: чорта кайф крадан – андак ё қадре кайф кардан.
Баъзан таркибҳои ҷуфти гуфтуггӯйӣ низ ҳамчун ҷузъи маънодори феъли таркиби номӣ ба кор бурда шудаанд. Аз ҷумла дар ин мисол таркиби ҷуфти дӯғу даранг бо феъли ёвари кардан истеъмол шуда, барои дар қабои зарофат ифода ёфтани матлаби нависанда мусоидат намудааст. Феъли таркибии номии дӯғу даранг кардан ба маънои «бо сухани қаҳромез таҳдид кардан» кор фармуда шудааст:
Рафиқ Р. Ҳ., ки чун ҳомии қонун мебоист намунаи ахлоқи писандида ҳам мешуд, якбора ба сари ҳама дӯғу даранг мекардагӣ шуд.
Феъли таркиби номии шибба кардан дар луғат ба маънои «бо кӯбаи махсус, бо паси каланд ё бел зада ҳамвор кардани замини сусти ягон ҷо», «шибба зада заминро сахт кардан» ва маҷозан ба маънои «бо сухан ва ташвиқ касеро барои коре сахт тайёр кардан» омадааст. Дар мисоли зерин нависанда онро ба маънои «бо пой зада сахт кардан», «фишурдан, прессондан, исканҷа кардан» кор фармудааст:
– Пахтаи бордонро бо лагад шибба мекунад. Ҳамту накунад ним тонна қатӣ пур мешавад.
Дар мисоли боло ҷонишини гуфтугӯйии ҳамту низ дар баробари ба амал ишорат кардан ҳамчун ҷузъи маънодори феъли таркибии номӣ кор фармуда шудааст.
Исми ҷунбуҷӯл маънои «дар ҷунбиш будан, ба коре машғул шуда истодан, дар ҳкат будан»-ро ифода мекунад. Бо ин исм феълҳои таркибии номии ҷунбуҷӯл доштан, ҷунбуҷӯл кардан ва дар ҷунбуҷӯл будан сохта мешавад. Аз ҷумла нависанда феъли ҷунбуҷӯл карданро бо тобиши маънои манфии «бо ҳар кори мувофиқи ҳоли худ овора шудан» ба кор бурдааст:
…ин мардак боз ду соли дигар дар редаксия ҷунбуҷӯл карда гашту ба кори хоҷагӣ гузашт…
Сифати руст ба маънои «пинҳон, ниҳон, пӯшида» дар гуфтугӯ ба кор бурда мешавад. Аз ин калима бо феълҳои ёвари кардан ва шудан феълҳои таркибии номии руст кардан ва руст шудан сохта мешавад, ки хусусияти гуфтугӯйӣ доранд. Нависанда дар мисоли зерин феъли таркибии номии руст карданро ба маънои «пинҳон кардан» истифода бурда, ба нутқи персонаж оҳанги гуфтугӯйӣ бахшидааст:
– Ҳоҷат ба руст кардан нест. Ман дили туро медонам, – гуфта монд Иля.
Исми ҷеғ дар луғат «1. фарёд, садо (барои даъват, талаб), хондани касе пеши худ; 2. овози хурӯс, фарёди хурӯс» шарҳ дода шудааст. Он бо феъли ёвари задан феъли таркибии номии ҷеғ задан месозад, ки маънояш «а) фарёд кардан, даъват кардан пеши худ, хондан; б) номбар кардан, номашро гирифта даъват кардан, муроҷиат кардан; даъват кардан, барпо кардан» мебошад ва тобиши гуфтугӯйӣ дорад. Нависанда ин феъли таркибиро ба маънои «даъват кардан» хеле бамаврид кор фармуда, бад-ин восита оҳанги гуфтугӯйии нутқро таъмин кардааст:
– Чӣ? – бо ҳамон оҳанги пурғазаб ба ман рӯ овард сардор.
– Маро ҷеғ задаанд, омадам.
– Дидам, ки омадаӣ. Кӣ ҷeғ задааст?;
– Муҳлати имтиҳонатон дина тамом шуд.
– Акнун чӣ мешавад?
– Аз рӯйи қоида муҳаррир ба наздаш ҷеғ зада, саволу ҷавоб мекунад.
Сифати телба дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ҳамчун вожаи гуфтугӯйӣ ишора гардида, «саросема, шитобкор» маънидод гардидааст. Аз ин сифат бо феълҳои ёвари кардан ва шудан феълҳои таркибии номии телба кардан ва телба шудан сохта мешавад, ки аввалӣ дар гуфтугӯ ба маънои «саросема кардан, шитоб кунонидан» ва дуюмӣ ба маънои «саросема шудан, шитоб кардан, сари ҳисоби худро гум кардан, чӣ кор кардани худро надониста мондан» меояд. Дар мисоли зерин феъли таркибии номии телба шудан ба маънои «саросема шудан, шитоб кардан» корбаст гардидааст. Нависанда бо истеъмоли ин феъл хусусияти нутқи гуфтугӯро таъмин намудааст:
– …Агар ман одами сода ё телба мешудам, кайҳо ягон лӯла линолеумро аз рӯйи маслиҳати ту қима карда хӯрда, ҷо ба ҷо мурда мемондам.
Вожаи шум низ сифат мебошад. Он дар луғат ба маънои «бадфол, манҳус, наҳс, шумпай, номуборак; нодуруст, номуносиб; шӯх, беитоат» зикр гардидааст. Дар забони гуфтугӯйии имрӯза ин калима бештар ба маънои «бад» ба кор бурда шуда, бо феъли ёвари дидан феъли таркибии шум дидан месозад. Ин феъл низ дар гуфтугӯ дар истеъмол аст ва дар сухани гуфтории персонаж бамавқеъ истифода шудааст:
– Вализода ҳавобаландон ва сохтакоронро бисёр шум медид, – нақл мекунад Ашур Сафар.
Дар умум метавон гуфт, ки нависанда Ф. Муҳаммадиев дар корбурди феълҳои дорои хусусияти гуфтугӯйӣ маҳорати хос дошта, бо чунин феълҳо обуранги гуфтугӯйии асарҳои хешро таъмин намудаст, аз тарафи дигар, ба нутқи қаҳрамону персонажҳо хусусияти фардӣ бахшида забон ва услуби асарҳои худро дилчаспу рангин ва хонданӣ гардондааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки истифодаи феълҳои дорои хусусияти гуфтугӯйӣ дар асарҳои бадеиву публитсистии нависанда, баёнгари баъзе паҳлуҳои услуби эҷодии адиб буда як қатор вижагиҳои хоси лабораторияи эҷодии ӯро ошкор менамояд.
А. Нодиров
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»