Дар ин давра бо ташаббусу дастгирӣ ва ҷасорати Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоотҳои азим бунёд гардиданд. Чунончи, профессор Мурод Муродӣ дарёфтааст: “Президенти кишвар дар бунёди чунин иншоотҳо на танҳо ташаббусу иқдом ва ҷаҳду талош намуданд, балки дар вохӯрию мулоқотҳои худ аз аҳли қалам даъват карданд, ки робитаашонро бо бунёдкорони чунин сохтмонҳои азим қавӣ гардонида, дастовардҳои даврони Истиқлол, корнамоии қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварро воқеъбинонаву холисона ба тасвир гиранд”.
Бо даъвати Сарвари кишвар аҳли зиёи ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон ба бунёди чунин иншоотҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро ба ҷузъи таркибии мундариҷаи ВАО, хосса нашрияҳои даврӣ табдил доданд. Дар баробари рӯзноманигорон адибону публитсистон Абдулҳамид Самад, Урун Қӯҳзод, Кароматулло Мирзо, Равшани Ёрмуҳаммад, Маҷид Салим, Бахтиёр Муртазо, Абдуқодири Раҳим, Шералӣ Мӯсо ва дигарон ба мавзеъҳои сохтмонҳо сафар намуда, доир ба корнамоиҳои бунёдкорони иншоотҳои замони нав асарҳо эҷод кардаанд.
Дар ин раванд “аксар журналистон ва адибон мақолаву асар эҷод мекарданд ва тарзи баёну самти таҳқиқ бо назардошти сиёсати замон” ва дарки ин мавзуи мубрам рӯз то рӯз ташаккул меёфт, ки як намунаи он публитсистикаи Шералӣ Мӯсо маҳсуб меёбад. Дар эҷодиёти ин нависандаи публитсист масъалаи бунёди роҳу нақбҳо мавқеи хоссаеро ишғол карда, ӯ саривақт тавассути сафар, дидаву шунида, мушкилоту монеаҳои роҳҳои мошингарди кӯҳҳои сарбаландро омӯхта, ба рафти бунёду таҷдиди роҳҳо ва кандани нақбҳо шинос гардида, ҳосили кори эҷодиашро дар очерку мақолаҳо ва асарҳои алоҳидаи бадеиву публитсистӣ ба шакл дароварда, интишор намудааст. Яъне ин амал аз як ҷиҳат тақозои эҷодӣ бошад, аз ҷиҳати дигар масъулияти баланди Ш. Мӯсоро ҳамчун як шахси фаъоли ҷомеаи маданӣ нишон медиҳад.
Дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо масъалаи бунёди роҳу нақб асосан дар асари “Мардистон” ба назар мерасад. Адиб онро достон меномад, ки дуруст аст. Чунки анъанаи мардистоннависӣ дар адабиёти тоҷик нав нест. Ҳанӯз дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ достони “Мардистон”-ро ба қалам дод ва дар он фидокории мардони банангу номус дар майдони ҷанг тасвиру таҳсин гардида, ҷанбаи пурқуввати он ҳимояи марзу бум ва нангу номуси ватандорӣ аст. Достони “Мардистон”-и Шералӣ Мӯсо бошад, қаҳрамониву фидокориро на дар майдони ҷанг, балки дар корзори меҳнат ва арсаи роҳсозиву нақбканӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Байни ин ду достон, ки якумӣ манзума ва дигарӣ наср аст, як пайванди мантиқӣ ба назар мерасад ва ин ҳам қаҳрамонӣ дар ду корзор – ҷанг ва меҳнат аст. Адиб нишон додан мехоҳад, ки корзори меҳнат аз майдони ҷанг фарқе надорад, чунки нақбкану роҳсоз сари нангу намус ба майдони меҳнат омадааст ва нақбу роҳе, ки дастомӯз нашудааст бо хатар қариб ки ҳаммаъност.
Достони «Мардистон»-и Шералӣ Мӯсо, ки мавзуи сохтмон, бахусус кандани нақбҳоро фаро мегирад, бо ҳамин ном бори аввал соли 2013 ва бори дуюм соли 2021 ба табъ расидааст. Ин асар ҳамчун дастоварди эҷоди адабиву публитсистии замони истиқлол аз ҷониби аксари адибон ва публитсистони тоҷик мавриди омӯзиш ва пажуҳиш қарор гирифта, дар маҷмуъ хуб арзёбӣ шудааст. Аз ҷумла дар нигоштаҳои Мурод Муродӣ “Илҳом аз бунёдкориҳо”, ““Мардистон”-и мардсито”, “Таҷассумгари сӯхтану сохтанҳо”, “Таҳлили хулосавии асарҳои публитсистӣ доир ба кандани нақб ва таҷдиди шоҳроҳҳо” ва Насиба Кучарова “Инъикоси бунёди нақбҳо ва тармими роҳҳои мошингард” ба ин асар таваҷҷуҳи хосса шудааст.
Шералӣ Мӯсо ба Истиқлоли кишвар нигоҳи хосса дорад, ҳамчун фарди ватандӯст, худшинос ва дилбохтаи корнамоиҳои қаҳрамонони асарҳои худ, аз дастовардҳои кишвараш хушнуд мешавад, аз пешравиҳо меболад ва онҳоро бо эҳсоси баланди шаҳрвандиву эҷодӣ ба қалам медиҳад, тарғибу ташвиқ мекунад. Ӯ мехоҳад ҳисси ватанпарварии хонандаро дучанд кунад, ӯро ба дӯст доштани ватанш водор созад. Ӯ мепиндорад, ки ба таъбири муҳаққиқ М. Абдуллоев «ғояи ягонагии миллӣ ва ватанпарвариро бе тарғиботу фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳот инкишоф додан мумкин нест».
Муаллиф бо чопи асари «Мардистон» як ҳадаф – тасвир ва таҳқиқи рӯзгор ва фаъолияти меҳнатии коргарон ва бунёдкоронеро, ки дар бунёди роҳу ва нақбҳо (хусусан нақбҳои Шаҳристону Чормағзак) фаъолона ширкат меварзанд, пайгирӣ мекунад. Публитсист мехоҳад тавассути тасвири ҳаёти инсонҳои одӣ, ки дар шароити сахт ва вазнин кор мекунанд, саҳми модию маънавӣ ва мавқеи шаҳрвандии онҳоро ба хонанда расонад.
Чопи аввали “Мардистон” (2013) бо вуҷуди муҳтавои умумии мавзуъро фаро гирифтан, доманаи чандон густурда надошта, баъзе паҳлуҳои масъалаҳо норавшан ва корномаи баъзе каҳрамонон муфассал нишон дода нашудааст. Бинобар ин, бо гузашти чанд сол, муаллиф асари “Мардистон”-ро таҷдид намуд. Дар кори эҷодӣ ин усули нав нест, балки он барои боз ҳам амқтар омӯхтан ва тасвир намудани мавзуъ ва қаҳрамонон ёрӣ мерасонад. Чунончи адабиётшинос М. Шакурӣ зикр мекунад: “Кӯшиши нависандагон дар роҳи тадқиқи ҷиҳатҳои нав ба нави воқеият, дар роҳи ҳарҷониба ва амиқтар нишон додан олами ботинии ҳамзамонони мо боиси ин шуд, ки дар соҳаи услуб, дар соҳаи аз худ кардани шаклҳои гуногуни тасвиркории реалистӣ ҷустуҷӯҳои пуршиддати эҷодӣ ба амал омад”.
Адиб ба кушодани симои коргарон ва ба ин васила бештар тасвир кардани кор дар ҷабҳа пардохтааст, ки дар натиҷа ба матни асар иловаҳо шудаасту ба мазмуни он камтар таъсир кардааст. Бинобар ин, баъзе иловаҳо ҷузъӣ арзёбӣ мегарданд. Масалан, қисмати дуюми фасли аввал “Марди қавӣ” дар нашри дуввум ҳамон фасли “Одами комил” аз нашри якум аст, ки бо каме таҳриру такмил чоп шудааст. Ҳарчанд унвони фаслҳои ду нашр аз ҳам фарқ мекунанд, аммо мазмуну муҳтаво тағйир намеёбад. Масалан, фасли чоруми асарро дар нашри дуввум қисматҳои “Наврӯз”, “Бобои Раҷаб”, “Содиқ”, “Қурбон”, “Қодир”, “Далер” ташкил медиҳанд, ки саргузашти онҳо мухтасаран қисм-қисм дар дигар фаслҳои қисми аввал мушоҳида мешавад, аммо дар шакли зерфасл ҷуд карда нашудааст. Мазмуну муҳтавои боби чоруми нашри якум “Ҳам бахт ҳам тахт”-ро фақат рӯзгор ва кору фаъолияти тарҷумони забони чинӣ Далер Нигматов фаро мегирад. Яъне муаллиф як навъ амалиёти пурракунӣ дар асарро анҷом медиҳад, чунки ба қавли профессор М. Муродӣ «Мардистон» бо вуҷуди лаҳзаҳои ҷудогонаро фаро гирифтан, дар маҷмуъ як масъаларо думболагирӣ менамояд, ки он вазъ ва ҳолати раванди нақбканӣ ва сохтмону таҷдиди роҳҳо дар ду ағбаи кишвар аст. Бинобар ин дар асар образи асосиву ёрирасон вуҷуд надорад”. Аммо ҳамин муҳаққиқ дар тақриз ба нашри якуми “Мардистон” ба таври дипломатӣ бо мисолҳо қайд мекунад, ки “аз ҷиҳати шакли жанрӣ асар қиссаи ҳуҷҷатист, ки дар навъи очерк андар очерк иншо гардида. Аммо, баъзе қисматҳо хусусияти лавҳаӣ доранд, ки тасвири як лаҳзаи хурди корҳои сохтмониро фаро мегиранд”. Ба пиндошти мо, маҳз ҳамин эрод боис шудааст, ки муаллиф ҷо-ҷо тасвири лавҳаӣ кору рӯзгори қаҳрамононашро таҷдид намуда, дар шакли очерки алоҳида комил созад. Аз ин бар меояд, ки нависанда ба навиштаҳояш бо назари интиқодӣ менигарад, ба эродҳои муқарризон диққат медиҳад ва ба такмили онҳо мекӯшад, аммо дар натиҷа асар чӣ гуна хусусиятро касб мекунад ва муаллиф ба ин мақсадҳо то кадом андоза ноил мегардад ин паҳлуи тамоман дигари масъала аст. Чунки ҷаҳонбинӣ, фаросат ва маърифати воқеаву таҳқиқи публитсистиву бадеии он аз ҷониби ҳар эҷодкор ба таври гуногун сурат мегирад.
Ш. Мӯсо аз раванди ободкориҳои кишвар дар самти сохтмони роҳҳо ва кандани нақбҳо нақл карда, заҳмату талошҳои созандаи сохтмончиёни нақбҳои Шаҳристону Чормағзакро ботафсил ба риштаи тасвир мекашад ва меҳнату заҳмат, талошу набард, мушкилоту муваффақият, маишату фароғати сохтмончиёни ин нақбҳоро бо истифода аз аносири воқеиву бадеӣ нишон додааст, ки дуруст аст ва аз шиносномаи худи асар низ бармеояд, ки он “аз заҳмати сангини кӯҳканҳои шуҳратманди тоҷик, ки ҷон ба каф гирифта, нақбҳои Шаҳристону Хатлонро сохтанду афсонаро ба ҳақиқат табдил доданд қисса мекунад”. Аммо мебоист ғояи асари мазкурро сараввал – раҳоӣ аз бунбаст ва маҳдудияти коммуникатсионӣ, дуввум – бевосита кандани нақбу сохтмони роҳ ва сеюм – тасвири ҳаёти коргарону дигар инсонҳои наҷиб ташкил диҳад. Якумӣ бо баъзе ҷузъиёти ҷудогона ва саввумӣ, ки бевосита очеркҳо дар бораи коргаронро фаро мегирад, дар асар ба назар мерасанд. Дар ин ё он бахши фаслҳои асар бархе ҷузъиётҳои марбут ба кандани нақбу сохтмони роҳ мушоҳида шаванд ҳам, бевосита ба мароми муаллиф ва муҳтавои фасл такя карда, аз мавзуъ берун мебароянд. Ба ин гуфтаҳо метавон “Ағбаи назарногир” аз фасли якум, “Таркиш” аз фасли дуввум, “Сангдевор” ва “Сангшикан” аз фасли сеюм, “Шаб дар нақб” аз фасли чаҳорум, “Тармасавор” ва “Рӯзи қабули нақб” аз фасли панҷумро мисол овард.
Муаллиф метавонист ин бахшҳоро дар як фасл гирд оварда, ба муҳтаво ва ғояи асосии асар ҳадфмандона наздик шавад. Масалан, дар бахши “Ағбаи назарногир” исботи Қодир Саидов ба Ли Ган дар бораи чун обу ҳаво зарур будани нақби Чормағзак тасвир мегардад, ки Қодир ба саволи “Исбот бикун!” бо лабханди назарногир: “– Ҳама чиз вақту соат дорад… Зимистон”-гӯён ҷавоб медиҳад ва бо фарорасии фасли зимистон ва боридани барфи аввал Ли Ганро ба ағба мебарад. “Ва Ли Ган ағбаро дар зимистон дид. На танҳо дид, балки хатари онро дар худ эҳсос кард.
Ногоҳ мошинро ях партофт ва бод мошини бузургро чун хас сӯйи ғор бурд. Ранги рӯйи Ли Ган, ки одатан одами боғайрат буд, сап-сафед канду бо ҳарос фарёд кашид:
– Оҳ, ин чӣ бало?!” ва ба қавли муаллиф “бузургворе дар пушташон буд, ки мошин лаби ғор қарор гирифт. Ва онҳо бо рангу рӯйи пуркидаву пойҳои ларзон аз мошин поин шуданд ва ба дасти бод заданд”. Маҳз ин ҳодиса боис гардид, ки Ли Ган ба зарур будани нақб бовар кунад ва дар муҳлати муқарраршуда шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва нақби Шаҳристон бунёд гардад.
Дар бахши “Таркиш” қисмати аввал руҷуан ва қисмати дуввум оғози мазмунии он аст, ки баъди аз забони Шамсулло садо додани “Нақб бо усули таркиш сохта мешавад” адиб ба шарҳу тавзеҳи ин калима мегузарад. Ӯ ҳамчунин зикр мекунад, ки “Соли 1961 дар дараи Пули сангин аввалин таркишҳои бунёдкорона садо дода, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии беназири Норак бо сарбанди баландиаш сесадметра оғоз ёфт. Дар ҷойи деҳаи хурдакаки соҳили Вахшрӯд ба бунёди шаҳри замонавӣ низ ибтидо гузошта шуда буд”. Ва инчунин руҷӯи таърихӣ кардани адиби публитсист ба таркише бунёдкор, ки боиси якбора чандин ободиҳо мегардад, бесабаб набуда, ин васила ба ҳам бастани силсилаи мавзуъ аст. Шиносоӣ бо сардори бригадаи таркишгарон Наим Расулов, садо додани таркиш дар шоҳидии адиб ва ноаён такон хӯрдани пайкар ва ба дилаш ларза афтодан ва қиёси ин таркиш бо таркиши замони ҷанг далели он аст, ки аз даҳшати ҷанг ва аҳволи мардум дар он рӯзгори сахт ба адиби публитсист хотироти сангине боқӣ мондааст. Адиб таркиши ҷонрабо ва харобиоварро бо таркиши раҳкушо ва ободкор муқоиса карда, ёд меорад, ки якумӣ азияту хисорот ва дуюмӣ созандагиро борвар аст ва мехоҳад якумиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супораду натиҷаи дуввумиро ба чашми сар бубинад, бевосита ба ғоя пайванди мантиқӣ касб кардааст.
Бахши “Сангдевор” аз фасли сеюми асар бевосита ба яке аз ҷанбаҳои муҳими кори нақбу роҳ – сангчиниву чангшиканӣ бахшида шудаанд. Воқеаву ҳодисаҳои тасвирнамудаи муаллиф дар бахши аввалӣ дар “даҳлези нақби Чормағзак” – роҳи се ҳазору шашсаду ҳаштодметра, ки ба шоҳроҳ табдил гашт, сурат мегирад. Дар тасвири адиби публитсист ду бригада дасту остин бар зада сангдевор мекарданд. “Аъзоёни бригада дар сар кулоҳҳои хасину тибитӣ ҳазлкунон кор мекарданд. Чанд нафар устои сангчинро бо сангу маҳлул таъмин менамуданд. Устои сангчин. Марди қадбаланди ба китфу бозу бо сару тани арақшор ва гунаҳои гулгуну тафсида суруди “Тоҷикам аз Тоҷикистон”-ро замзама карда, бо маҳорат санг болои санг мечид…
– Мебинам, ки ба ин девор ифтихор мекунӣ, – гуфтам ба ӯ.
– Албатта! Чаро не? – бо табассум гуфт ӯ. – Ин девор барои ман аз девори бузурги Чин бузҳургтар аст”. Истиқболи муҳандиси назорати Умед Маҳмаднақибов, шиносоӣ бо бригадаи Икром Асоев ва суҳбати адиб бо эшон мазмуни бахшро фаро гирифта, кори сангчинӣ бо руҷуи чеҳраҳои гарми коргарон хотима меёбад.
Бахши “Сангшикан” аз он шуруъ мешавад, ки диққати Шералӣ Мӯсоро марде ҷалб мекунад, ки машғули сангшиканӣ буд ва чун оҳанрабо фикру зикри муаллифро ба худ мекашад. Муаллифро бо босқон (болғаи калону вазнин барои шикастани санг) санг шикастани мард ба тааҷҷуб меорад, ки дар асри бисту як ин манзара боварнакарданист. Аммо “мард лаб зери дандон гирифта, босқонро аз сар боло мебардошту бо ҳама нерӯ “Ҳаҳ!” гӯён, ба сари санг зарба мезад. Ҳамоҳанг ба “Ҳаҳ!”-и ӯ садои санг баланд мешавад…
“Ҳаҳ””-у зарбаву садои санг!
Ва бозу боз якмаром.
Мегӯӣ робот бошад”. Ва муаллиф ба ҷои нишон додани саҳми санг ва иртиботи он бо нақб, ҷузъи ҷудонашаванда будани он ба сангшикан ва касабаи сангшиканӣ аҳамияти махсус медиҳад.
“Шаб дар нақб” аз фасли чаҳорум мебоист пайванди мантиқии бахшҳои дигаре бошад, ки дар боло зикр гардиданд. Аммо бо сабаби дар фасли дигар ҷой доштани бахш он тамоман табиату мазмуни дигарро ба худ касб кардааст. Публитсист зимни мушоҳидаи эҳтиёкоронаи кори нақб дар шаб ва маҳорати бештарро талаб кардани он, машғули кор будани кафшергарони соҳибмаҳорат Ҷамшед Сафаров ва Қурбоналӣ Бӯриев ва дигар фарҳоднасабони майдони корзор, ки корҷома дар бар ва кулоҳ дар сар “мехостанд ҳарчи зудтар марраи зафару нусратро фатҳ намоянд. Синаи кӯҳро шикофта, роҳ кушоянд, роҳи пурхатари ағбаро ба ба барфу борон ҳавола намоянд”, метавонист ҷузъиёти кори кафшергарӣ ва ба ин монандро ба хатти ҳаракати тасвир дароварда, устухонбандии филизии ҳунармандонаро ба мавзуъ рабти ғоявӣ медод.
Дар бахши “Тармасавор” муаллиф аз фаъолияту қаҳрамонӣ ва ҷонфидоии махсусан муовини аввали Вазорати нақлиёт Ҷумъахон Зуҳуров қисса мекунад, ки ҳадаф исботи як инсони одӣ будани чӣ коргари қаторӣ ва чӣ як муовини вазир аст.
“Рӯзи қабули нақб” фақат шодиву хурсандии чиноиву тоҷикро барои зафар ва расидан ба ҳадафи бузург супоридани лоиҳаи нақби Чормағзак дар бар мегирад, ки аз аз фазои идонаву эҳсоси пирӯзӣ бархӯрдор аст. Ҳадаф аз ташреҳи қисматҳои мазкур дар он аст, ки муаллиф метавонист бо иловаи як фасли алоҳида ба ғояи асар, ки дорои рӯҳи қавии публитсистӣ аст мазмунҳои нисбатан тоза зам кунад.
Дар ин асар шеваи нисбатан тозаи тасвиргароии Ш. Мӯсо – тасвири як лаҳзаи хурди корҳои сохтмонӣ ё амалҳои ҷолиби қаҳрамонон боиси шаклгирии тасвири лавҳаӣ гардидааст. Дар чунин тасвиргароии нависанда аслан «аз тариқи як ё якчанд лаҳзаи ҳассос зиндагиномаи шахсе, ё чеҳраи воқеае, манзарае мушаххас ва муаррифӣ карда мешавад» ва хосияти тавсифӣ низ дорад. Азбаски ин амал ҳам ба публитсистика ва ҳам ба адабиёт баробар хизмат менамояд, муаллиф ба таҳқиқи таърихи воқеа, факт, мушаххассозии характери фард ё ҷузъи образ аҳаммияти бештар медиҳад. Масалан, дар фаслҳои «Ҳосили умр», «Ағбаи назарногир», «Наим», «Таркиш», «Сангшикан», “Шаб дар нақб”, “Сангдевор”, “Заводи бетон”, “Тармасавор”, “Рӯзи қабули нақб” ва ғайра ин аносир бараъло мушоҳида мегардад. Дар бораи аносири чанд жанр дар як жанр бошад, профессор М. Муродӣ дуруст зикр мекунад, ки: «нуфузи фазои иттилоотӣ ба очерки муосир таъсир расондааст, ки далелу иқтибос дар он зиёд шуда, муаллиф аксаран вазифаи шореҳро иҷро мекунад. Албатта, барои очерк шарҳ унсури бегона нест, вале таносубан тасвир бояд шарҳро пахш намояд».
Чунин шева, махсусан дар фасли «Тармасавор» мушоҳида мегардад. «Охири моҳи моҳи декабри соли 2008 – нақл мекунад Ҳикмат Неъмат ба Шералӣ Мӯсо, – роҳи Майхӯра – туннели Истиқлол батамом зери барфу тарма монд. Тармаҳои баландиашон 20 метру тӯлашон 100-200-метраро аз роҳ дур кардан осон набуд. Ҳамон рӯзҳо дидам, ки Ҷумъахон Зуҳуров бо сару рӯи шамолхӯрдаву аз сардӣ сиёҳҷурдашуда, дар пойҳояш мӯзаҳои резинӣ, дар бар либоси махсуси коргарӣ, боло-болои тармаҳо меравад ва кори булдозерчиёни хитоиро роҳбарӣ мекунад».
«Мардистон» як навъ бозгӯкунандаи лабораторияи эҷодии адиб низ ҳаст, ки бо шеваи хос иншо шудааст ва «эҷодкорони ҷавон, бахусус рӯзноманигорону публитсистон аз муҳтавои ин асар роҳу тариқаи интихоби мавзуъ, омӯзиши он (ҳодиса, воқеа, қаҳрамон), кор бо сарчашма, амъоварии иттилооту маълумот ва шеваҳои тасвирро меомӯзанд», аммо ин як паҳлуи кори эҷодист. Паҳлуи дигар бошад, коркарди ин маълумот, сохтани сужаҳо, офаридани характер, хислат, тип ва образ аст, ки ин ҷиҳатҳо ба ҳунари нигорандагии эҷодкор алоқамандии зич дошта, Шералӣ Мӯсо чунин ҳунарро дорад. Пеш ё баъд аз он ки публитсист дар бораи ин ё он қаҳрамон нақл кунаду кору пайкори ӯро тавсифу тасвир кунад аз зиндагӣ, таҷрибаи корӣ, санаҳои муҳими ҳаётӣ – ба мисли волидайн, зодгоҳ, мактаб, ихстисосмандӣ, донишгоҳ, оиладоршавӣ, пастиву баландиҳои рӯзгор ва амсоли ин мисолҳо меорад, то хонанда бо қаҳрамон хубтар шинос шавад ва аз пеш ҳама нукоти муҳими ҳаёти ӯро донад. Масалан, дар тасвири кору фаъолияти қории Қуръон ва “тарҷумони шифоии бе қоғазу қалам” Далер Нигматов аввал худи муаллиф бо ӯ шинос мешавад, баъдан вазифаву кори ӯро мефаҳмад, рафтору гуфтору кирдорашро ҳамаҷониба мушоҳида мекунад ва баъдан ба кашфи зиндагии талху ширини ӯ мегузарад.
Азоби муҳоҷират, шиносоӣ бо зани меҳрубони чиноӣ, ки ҳаёти Далерро пурра тағйир дод, омӯхтани забон, бозгашт ба Ватан ва савдогарӣ дар бозори Саховат, вохӯрӣ бо Ли Ан, ки ӯро ба Чормағзак овард ва саҳнаҳои ба ин монанд оҳиста-оҳиста симои як қаҳрамон ва пайкори ӯро дар яке аз бузургтарин иншооти замон ба хонанда мекушояд. Бинобар ин, “ҳосили сӯхтану сохтанҳоро таҷассум” кардани нависанда дар “Мардистон” на танҳо кайфияти эҷодӣ, балки шеваи маслаки ӯст, ки аз асар ба асар бо методҳои гуногун зуҳур мекунад.
Қариб дар аксар асарҳои бадеиву публитсистии Шералӣ Мӯсо қаҳрамонҳо корозмуда ва ҷабру ҷафои рӯзгоркашида ҳастанд. “Хушбахтӣ монанди пудинаи лаби ҷӯй нест, ки ҳар баҳор неш зада барояд” менигорад адиб ва барҷо хулосабарорӣ мекунад, ки хушбахтиро «худи кас бо дастони худ дарёфт бикунад» он побарҷову мустаҳкамтар аст ва инсон бештар ба қадраш мерасад. Хусусан, дар “Мардистон” пешорӯи кори нағз ва маоши хуби қаҳрамон ҳамеша меҳнати вазнин ва саргузашти талх меистад. Дар ағбаи Чормағзак ба садама дучор шудани падар ва бародари яке аз нақбканон Қурбон дар фасли панҷуми боби чорум, ба хотири ягона фарзанд шавҳар накардани модар, барои пули маҳр муҳоҷират намудан, ба доми нашъаҷаллобон афтодану мавриди истинтоқ қарор гирифтан, зарфшӯиву гӯрковӣ дар Маскав, то алифу ломи нақбканиро омӯхтан аз устодаш Ҷумъа Қувват, соҳиби писар ва зиндагии серу пур шудан, “аз паси пода, чидани саргину тайёр кардани ҳезум”, ба дасти авбошон афтидану мавриди латукӯб қарор гирифтан, бо туҳмати як духтари сабукпо ба боди фано рафтани 8 соли ҳаёти Далер Нигматов ном як ҷавонмарди поквиҷдон ва амсоли ин худ хулосаи ҳаёти фидокоронаи коргарони ин корзори меҳнат аст. Аммо новобаста аз он ки Ш. Мӯсо ҳатто хурдтарин ҷузъиёти ҳаёти қаҳрамонро меорад, бевосита хулосабарорӣ намекунад ва муҳокимаи ҷамъбастиро ба хонанда ҳавола карда, ба ин восита адиби публитсист ба рӯзгори қаҳрамон муносибати психологӣ ва ба фаъолияти ӯ руҷуъи ҳаётӣ мекунад. Ба ҳамин мазмун Н.Г. Чернишевский менигорад, ки «Эҳёи пораҳои ҷудогонаи ҳаёт, хислати басо умумии санъат буда, моҳияти онро низ ифода мекунад. Дар бисёр маврид асари санъат таъйиноти дигар ҳам дорад – вай шебу фарози ҳаётро шарҳу эзоҳ медиҳад ва гоҳо дар бораи рӯйдодҳои зиндагӣ ҳукм ҳам мебарорад».
Дар “Мардистон” воқеаву ҳодисаҳои гуногун, манзараҳои меҳнату талош, мураккабиву мушкилот, ташкилу сафарбарӣ ва кору рӯзгори аҳли меҳнат мисли эпизоди намоишнома ё як навор аз пеши назар мегузаранд, ки меҳнати вазнин ва шароити сахти корро эҳсоси бевоситаи ватандӯстӣ ва масълулияти шаҳрвандӣ сабук месозад. Вагарна дар байни ин идда шахсоне низ ҳастанд, ки ғами зиндагиву ризқу рӯзӣ дар сарашон бо кор тавъам тоб мехӯрад. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки адиби публитсист ба таҳлили амиқи характерҳо камтар эътибор додааст. Публитсист мехоҳад қаҳрамононаш бештар дар бораи мушкилоту пешравии кору коллектив, сазовор будан ба боварии роҳбарияту халқ ва амсоли ин боз ҳам бештар мулоҳиза кунанду дар доираи он кӯшишҳо кунанд, аммо инсон мавҷудест, ки дар ӯ нафсу ақл чун шабу рӯз, бадиву некӣ ва бо ҳам дар муборизаанд ва ӯ зиндагии шахсӣ ҳам дорад. Ин хусусият дар аксар осори публитсистӣ ба назар мерасад. Вақти он расидааст, ки имрӯз осори публитсистони мо баробари паҳно жарфо низ касб кунад.
Ҳамин тавр, “Мардистон” ҳамчун достоне, ки аз ҳаёти инсонҳои наҷиб – аҳли меҳнат қисса мекунад, дар публитсистикаи тоҷик аз осоре маҳсуб меёбад, ки муаллиф дар он рӯйдоди сарнавиштсоз – бунёди сохтмони азимеро бо тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба қалам додааст. Дар асари мазкур ҳодисаву воқеаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳамқадамии руҳи замон ва рангу тобишҳои гуногун, дар сохтмони нақби Чормағзаку Шаҳристон инъикос гардида, як дараҷа нақши публитсистро дар тарғиби арзишҳои неку ахлоқи волои инсонӣ, инсондӯстӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ, бунёдкорӣ, муаррифии аҳли заҳмату меҳнат низ нишон медиҳад.
И. Юсуфов
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»