“Номус” калимаи юнонӣ буда, дар китоби Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маъноҳои “обрӯ”, “шараф”, “қудрат”, “иззат” ва “исмат” кор фармуда шудааст. Инчунин дар фарҳанг бо истифода аз калимаи номус чунин ибораҳо (номӯси Акбар, ҳатки номӯс, шишаи номус, нангу номус ва ғайра) – ро низ метавон дарёфт, ки ҳар кадоме маънои гуногунро ифода мекунанд. Муродифи дигари калимаи “номус” вожаи “нанг” мебошад.
Дар эҷодиёти шоирону адибони классик ва ҳам муосири тоҷик калимаи “номус” фаровон корбаст гардидааст. Дар бештари маврид адибон ба монанди Муиззии Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Соиби Табрезӣ онро ба маънои “обрӯ” ва “шараф” корбаст намудаанд. Абёти зерин далели гуфтаҳои болост:
…Зи чеҳраи ту фузун гашт боғро дидор,
Зи ғамзаи ту фузун гашт фитнаро номус.
Ҳарчанд ба дасти пури Дастон шуд,
Номӯс шикаста мулки Тӯронро.
Нангу номӯси маликро даршикаст,
Кӯрии он кас, ки бо ҳақ дар шак аст.
…Гарчи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Даромад ногаҳон Номӯси Акбар,
Сабукравтар аз ин товӯси ахзар.
Ҳар ки по каҷ мегузорад, мо дили худ мехӯрем,
Шишаи номӯси олам дар бағал дорем мо.
…Пардаи номуси ҳастӣ буд оғӯши кафан,
Аз нафас оина танг омад, намадпӯшӣ гирифт.
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Калимаи “номӯс” – ро бархе аз адибон ба маънои овозаву шуҳрат низ дар шеър истифода намудаанд. Чунончи Хоқонии Шервонӣ намояндаи адабиёти садаи 12 фармуда:
Гӯяд: Хоқониё, ин ҳама номӯс чист?
На ҳар ки ду байт гуфт, лақаб зи хоқон барад.
Шоирони муосир ва даврони истиқлол низ дар шеъри худ калимаи «Номӯс» – ро фаровон истифода намудаанд. Бо мисол овардани чанде аз онҳо иктифо мекунем:
Аё модар!
Шунидам аз лабони хушк овозат,
Манам парвардаи эҳсону эъҷозат…
…Бигир, ман косаи обам,
Сафеду соф чун номуси авлодам….
Хоҳамат бахтбони бономус,
Ҳамчу худ ғамшарику созанда.
Хоҳамат шоҳроҳи бахтовар,
Шоҳроҳе ба сӯи оянда.
Ҳар ки аз номус дорад ҷомаворӣ,
Зиндагиро мекунад аспи саворӣ.
… Дар ватандорӣ ҳама бояд гузорад саҳми худ,
Кори як кас нест бурдан парчами номусро.
…Зарур ар биафтад дар ин корзор,
Дар ин ҷабҳаи нангу номусу ор.
Бисозем «Роғун» ба дастони хеш,
Ба нохуни ангушту дандони хеш.
Зариф Ибод аз зумраи шоирони муосир ва даврони истиқлоли тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ дар баробари корбасти калимаи «номӯс» дар абёти пароканда, инчунин маҷмуаи чоруми назмии хешро «Номӯс» ном ниҳодааст. Ин маҷмуа соли 1993 дар матбаии вилоятӣ бо тиражи 3000 нусха ба нашр расидааст. Маҷмуаи мазкур ҳаҷман хурд буда, ҳамагӣ 32 саҳифаро доро буда, аз 2 достон, 1 тарҷеъбанд, 8 ғазал (10 байтӣ 2, 9 байтӣ 1, 8 байтӣ 1 ва 7 байтӣ 4, ) ва 40 рубоӣ иборат аст. «Номӯс» дар маҷмуъ 434 байтро дар бар мегирад. Тавре ки аз сарсухани маҷмуа бармеояд, шоир китобро барои гиромидошти ёди шаҳидони ҷанги бародаркуш, хусусан, Файзӣ ва Файзалӣ Саидов бахшидааст. Чунончӣ: «Аз сатрҳои достону шеърҳои ин китобча бӯи хун меояд. Бӯи хуни ҷанговароне, ки теғу тиру туфанги номӯсро гирифта қувваҳои аҳримании бадниятро шикаст дода, мардуми бегуноҳро пуштибонӣ кардаанд. Файзӣ тимсоли Қаҳрамони халқи тоҷик Файзалии Саид аст. Инчунин хонанда аз мутолиаи китобча дарк менамояд, ки муаллиф ҷанги бародаркушро мазаммат мекунад». Достони якуми маҷмуа «Достони Файзӣ» ном дошта, дорои 242 байт аст, достони дуюм бошад «Нидои шаҳид» унвон дошта, 32 байтро ташкил медиҳад. Тарҷеъбанди маҷмуаи «Номӯс» 15 байтро доро буда, «Ҳайф шуд ҷони ҷавонат» унвон дорад. Шоир онро дар сӯгвории Файзалии Саид иншо намудааст. Ғазалиёти маҷмуаи «Номӯс» аксаран ҳафтбайтӣ (4 ғазал), қисме аз онҳо даҳбайтӣ (2 ғазал), ҳаштбайтӣ (1 ғазал) ва нуҳбайтӣ (1 ғазал) буда, дар маҷмуъ 65 байтро ташкил медиҳанд. Аз 8 ғазали маҷмуаи мазкур панҷтояш ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, сетои дигараш мавзуи ишқу ошиқиро дар бар мегиранд. Чунончи дар ғазали зерин шоир даврони ҷангу нооромии кишварро тасвир намудааст. Таъбири «тӯфони бало» ҳамчу рамзи мушкилиҳо ва муборизаҳо мебошад. Ҷанги бародаркуш ба сари мардум бисёр ранҷу азобҳоро овард. Аксарияти хонаводаҳоро бе сарпаноҳу қисми зиёди одамонро бе хонаву дар кард. Инчунин падарро душмани писар ва бародарро душмани бародар сохт. Шаҳдро дар коми мардуми бечора чун заҳр талх гардонид. Дар мақтаи ғазал шоир таъкид мекунад вақти он расидааст, ки ақли худро кор фармоему ватанро аз сари нав обод созем. Ҳеҷ кас омада, ватани моро обод намесозад. Мо бояд кӯшиш намоем, то фирефтаи ҳар гуна ҷангу низоъҳо нашавем:
Тӯфони бало буд, ки омад ба сари мо,
Бо оҳану бо санг бикӯфт ӯ ба сари мо.
Чун ҷаҳл баромад ба сари минбари даъвӣ,
Бо заҳр шуд омехта шаҳду шакари мо.
Шуд пора гиребони дили ғарқи ғаму дард,
Аз панҷаи оне, ки бувад аз камари мо.
Шамшери бародар шуда гулранг саросар,
Аз хуни бародар, ки фитода ба бари мо.
Аз душманиҳо ханҷари заҳролуда хӯрдем,
Чун дӯстӣ афтод зи чашму назари мо.
То ки накушоем чу мурғони ҳаво бол,
Бо теша буриданд сари болу пари мо.
Чун соя давидем бари роҳнамое,
Бекор шуд аз беамалӣ мағзи сари мо.
Моро зи шаби тори ҷаҳолат ба чароғе,
Берун натавоист бари роҳбари мо.
Гуфтанд замоне тиҳӣ аз дин дили моро,
Бархест зи ҷо нанги дилу шуд сипари мо.
Обод кунем аз сари нав боғи Ватанро,
Ширин бишавад то даҳане аз самари мо.
Ғазали дигаре, ки ҳамчун иқтибос овардан мехоҳем мавзуи ишқро дар бар мегирад. Шоир бар рағми он ҳама мушкилиҳо ба зиндагӣ бо дидаи нек назар мекунаду ишқ меварзад. Агарчи дар дил аламу дарди зиёд дорад, вале мекӯшад, ки он ҳама ранҷу азоби кашидаашро, ҳама дарҳояшро аз дигарон пинҳон нигоҳ дораду зоҳиран табассум мекунад:
Гарди шабро партави моҳат парешон мекунад,
Дидагонамро чунон гавҳар дурахшон мекунад.
Мӯсафедӣ кай шавад девор дар рӯи раҳам,
Як нигаҳ созӣ дилам сӯи ту ҷавлон мекунад.
Осмонро абр пӯшад, мурғ мемонад зи шӯр,
Як табассум ғунчаи уммед хандон мекунад.
Ҳаҷри ту фасли зимистон бар сарам овардааст,
Хонаамро як қудуми ту гулистон мекунад.
Дар байти панҷуми ғазали мазкур шоир ба як байти машҳури устод Лоиқ Шералӣ пайравӣ намуда, ширинии зиндагиро дар доштани орзу қаламдод кардааст. Зиндагӣ аз нигоҳи устод Лоиқ бе орзу ширин набошад, пас аз нигоҳи Зариф Ибод одами бе орзу кишти беоберо мемонад, ки самари хубе ба бор намедиҳад. Ё аз нигоҳи Лоиқ агар ширинии зиндагиро дар натиҷаи орзу доштан иброз дошта бошад, пас Зариф Ибод орзу доруе ба рӯҳу ҷони инсон қаламдод кардааст. Чунончи байти машҳури устод Лоиқ ва байти панҷуми ғазали Зариф Ибодро барои исботи фикрамон намуна меорем.
Аз Лоиқ:
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зинагиро орзу ширин намуд.
Аз Зариф Ибод:
Одами беорзу чун кишти беобе бувад
Орзуят ҳамчу дору рӯҳ бар ҷон мекунад.
Дар байти шашуми ғазал шоир аз бемеҳриву беҳурматии маъшуқа шиква намуда, ӯро ба адлу дод даъват мекунад:
Мезанад беҳурматият обрӯям бар замин,
Эҳтиромат қадри ман хуршеди кайҳон мекунад.
Хонанда бо хондани шаш байти ғазали фавқуззикр гумон мекунад, ки маъшуқа дар ҳаққи шоири ошиқ ноҳаққии зиёд кардааст, вале бо хондани мақтаи ғазал пай мебарад, ки маъшуқаи тасвир намудаи Зариф Ибод на ҳақиқӣ, балки тахайюлист:
Аз ғубори дарди танҳоӣ шабе рӯзи Зариф,
Офтоби бахт кай субҳат намоён мекунад.
Қисми зиёди рубоиёти маҷмуаи “Номӯс” мавзуи ишқро дар бар мегирад. Шоири ошиқ омадани маъшуқаашро боиси шодии дил ва хурраму сарсабз гардидани боғу гулзор, хусусан, расидани фасли баҳор медонад:
Аз омаданат сабза ба сабзиш омад,
Аз омаданат ғунча ба ҷунбиш омад.
Бо омаданат магар баҳор овардӣ?
Бишкуфт руху дилам ба хониш омад.
Дар рубои дигар баръакс шоир аз бемеҳрии маъшуқа шиква карда, ёди оғӯши гарму бӯсаҳои ӯро боиси на танҳо дуздидани хоб, балки аз даст додани оромии дилу ҷон ва хору зор гардидани худ медонад:
Оғӯши туро ба ёд орам шабҳо,
Бе бӯсаи гарм беқарорам шабҳо.
Шаб ёди ту хобро зи чашмам дуздид,
Бе ту бадани ба рӯи хорам шабҳо.
Ҳаҷру ҷудоӣ аз ёр барои шоири ошиқ бениҳоят сахт аст. Шоир аз санъати ташбеҳ устодона истифода бурда, дурии ёрро ба дили доғ монанда кардааст. Ҳастиву омадани ёрро бошад, ба сарсабзиву шукуфоии боғ монанд кардааст:
Дар оташи ҳаҷри ту дилам доғ шавад,
Оӣ ту ба ёд, ёди ман роғ шавад.
Ҳар гоҳ агар ту рӯ ба рӯям шинӣ,
Оинаи дидаҳои ман боғ шавад.
Рубоии зерин низ ба мавзуи ишқ бахшида шуда, шоири ошиқ хушсухании маъшуқаашро васфу ситоиш намудааст. Зариф Ибод қайд менамояд, ки сухани гарму меҳру навозиши маъшуқа боиси дилгармиаш ба зиндагии нек аст. Дар аҳду паймони хеш ҳамеша устувор аст ва дар мисраи охири рубоӣ ба маъшуқа хитоб мекунад, ки агар мабодо аҳди хешро фаромӯ созаму аз ту дур шавам, ба ман сухане бигиву аҳди бастаамонро ба ёдам овар, то аз шарми зиёд хиҷолатзада шавам:
Аз як сухани гарм дилам гарм шавад,
Аз дасти сухан гардани ман нарм шавад.
Гар бишканам аҳди бо сухан бастаи худ,
Ҳарфе ту бигӯ: рухам пур аз шарм шавад.
Мавзуи ватану ватандӯстӣ низ дар рубоиёти маҷмуаи “Номӯс” дида мешавад. ва шеърҳои ба ватанбахшидаи шоир нисбат аз дигар шеърҳои ватандӯстонааш комилан фарқкунандааст. Дар ҳақиқат, агар ба эҷодиёти устод Зариф Ибод дақиқтар назар афканем, мебинем, ки дар гирудори ҷамъияти давраи ҷанги солҳои навадуми қарни гузашта таваҷҷуҳи ӯро бештар масоили иҷтимоӣ, хусусан, вазъи душвори зиндагии мардуми меҳнаткаш, аз ҷумла донишандӯзону зиёиён ба худ ҷалб кардааст. Аз мутолиаи ин қабил шеърҳои шоир бармеояд, ки ӯ нисбат ба халқи худ хайрхоҳ ва ҳақиқатҷӯст ва дар ҳама ҳолат тарафдори қувваҳои демократӣ буда, мардонеро, ки диловарона бе ҳеҷ тарсу ваҳм барои ҳимоя марзу буми аҷдодии хеш камар бастаанд,тарафдорӣ мекунаду меситояд. Зариф Ибод бо як сӯзу гудоз ва ҳаяҷони пурзӯр дар бархе аз рубоиёти маҷмуаи “Номӯс” аввал ғаму андӯҳи халқро, ки худ бевосита шоҳиди он воеқаҳои даҳшатафкани ҷанги хонумонсӯз будааст, ба тафсил баён намуда, сипас ба васфи диловароне мегузарад, ки барои озодии халқу ватан ҷони худро дареғ намедоранд. Қаҳрамонҳои тасвирнамудаи Зариф Ибод иродаи матину рӯҳи қавӣ доранд:
Ҳар бута арӯси марғзори Ватан аст,
Ҳар тозаҷавон гули баҳори Ватан аст.
Ҳар лола, ки аз хоки Ватан бархезад,
Як қатра зи хуни ҷонсупори Ватан аст.
Дар рубои дигар қаҳрамони тасвир намудаи шоир шахсеро мемонад, ки оҷизу нотавон аст ва ҷуз гиря ҳеҷ коре барои халқу миллаташ карда наметвонад:
Имрӯз ба ҳоли миллатам мегирям,
Бар миллати зери зиллатам мегирям.
Носоз шудему якдигарро куштем,
Бар миллати ғарқи иллатам мегирям.
Ногуфта намонад, ки ин вазъи номусоиди зиндагии мардум шоирро сахт андӯҳгину ба ташвиш меандозад. Ҳамин аст, ки ӯро маҷбур менамояд, ки сабаби ин беадолатиҳо ва решаҳои иҷтимоии онҳоро пайдо намояд. Ба ақидаи шоири ватандӯсту ватанхоҳ сабаби ҳамаи ин мушкилиҳои нафароне ҳастанд, ки барои манфиати шахсии худ шуда, дигарон фирефтаи ҷангу хархашаҳо менамоянд. Бо рафтори ноҷавонмардонаашон бародарро бо бародар ва падарро бо писар душман месозанд. Шоир чунин афроди ноҷавонмардро дар рубои зерин “пургунаҳон” ном бурда, ҳама мушкилиҳои ба сари мардуми бегуноҳ омадаро маҳз макру фиребкориҳои онҳо қаламдод кардааст:
Дар рӯи замин пургунаҳон бисёранд,
Аз дасти замон бегунаҳон беморанд.
Бо макру фиреб зиндагӣ осон аст,
Ҳар ҷо наравӣ пурҳунарон ғам доранд.
Афроди ноҷавонмарду фиребгар майзадаву авбош ва дузду роҳзан мешаванд. Ҷуз ғами худ ғами касерову чизеро намехӯранд. Ҳатто дар лаҳзаҳои тангӣ халқу ватани худро танҳо мегузоранду роҳи гурезро пеш мегиранд. Бехабар аз онанд, ки бегона барояшон ҳаргиз дӯст намешавад:
Онон, ки ба ғайр чою май менӯшанд,
Аз савлати бегонаи мо харгӯшанд.
Дар дил ғами ҷону нафси худро доранд,
Морову Ватанро ба ҷаве бифрӯшанд.
Баъзе аз рубоиёти ин маҷмуа мавзуи сухану суханварӣ ва гиромидошти забони модариро дар бар мегирад:
Гунҷишкаки нӯги шох ҷик – ҷик дорад,
Гулёраки ман садои борик дорад.
Лафзам шакар асту намаки шеъру суруд,
Дунё ҳаваси забони тоҷик дорад.
Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои пурқудрат аст, ки ҳастии тоҷиконро чун миллати сарбаланду мутамаддин тақвият медиҳад. Тамоми осори гаронбаҳои ниёгонамон сар карда, аз қабили устод Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Ҳофиз, Ҷомию Бедил ва дигарон асарҳои мондагоре бо ин забон таълиф намудаанд. Инчунин рисолаҳои зиёди фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ тибқи ин забон иншо гардида, ба ниҳонхонаи таърих дохил шуда, ҳазорсолаҳо боз барои рушду равнақ ва тараққии ҷомеа хизмат намуда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».
Эмомалӣ Раҳмон аз борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Аврупо, мамолики Араб, Туркия ва ғайра асолату шириниҳои маҳз лафзи тоҷикиро ба самъи оламиён расонидаанд. Ин боис шудааст, ки майлу рағбати хориҷиён ба омӯхтану донистани забони тоҷикӣ зиёд шавад.
Дар ҷои дигар сарвари кишвар таъкид намуданд, ки: «Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем. Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад».
Дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба мақоме, ки дар замони Сомониён дошт, бори дигар расид ва соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул гардид.
Халқро бе донистани забонаш шинохтан мушкил аст. Адиби машҳури Доғистон – Расул Ғамзатов дар мавриди забон чунин изҳори ақида намудааст: “Агар донам, ки забони ман фардо аз байн меравад, ман омодаам, ки имрӯз бимирам”. Дар ҳақиқат, донистани ҳар як забон барои инсон дорулфунунест, ки назир надорад. Меҳру муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи ватандӯстӣ аст ва шахсе, ки забонро пос намедораду поймол мекунад, ба халқу Ватан эҳтирому арҷгузорӣ надорад. Устод Лоиқ Шералӣ нафаронеро, ки забонашонро фаромӯш кардаанду қадр намекунанд, дар байте сахт мазамат намуда, фармудааст:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К – ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон фармуданд, ки «Мо агар қадру манзалати Ватан, миллат ва забони худро ба таври амиқ дарк насозем, зарурати густариши худшиносию худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистонро пайваста таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем». Фаромӯш набояд кард, ки одобу ахлоқ, пеш аз ҳама, аз фасоҳати забон ва муоширати нек оғоз меёбад. Дар баробари ин, ҳурмати забон иззати модар ва Ватан аст ва инчунин, ифтихори давлату миллат мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳама давру замон миллати тоҷик сипари боэътимоду ганҷи гаронбаҳои ниёгони хеш-забони модариро аз даст надодааст.
Хулоса, инъикоси мавзуи иҷтимоӣ дар китоби «Номӯс» – и Зариф Ибод мавқеи назаррасро соҳиб буда, дар ниҳоди хонандаи закӣ ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро бедор мекунад.
Умарҷони Мирзошариф,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»