Меӽнату бунёдкорӣ дар адабиёт, бахусус дар наср, яке аз масъалаӽои муӽим ба шумор меравад. Симои шахсони ободкор ва бунёдгар дар асарӽои адибони алоӽида ба монанди «Шӯроб»-и Раӽим Ҷалил, «Норак»-и Юсуф Акобир, «Авроⱪи рангин»-и Ҷумъа Одина ва дигарон хеле баръало ба назар расида, перомуни осори мазкур аз ҷониби муӽаⱪⱪиⱪону донишманадони соӽа пажӯӽишӽои зиёде анҷом дода шудааст. Меӽнату фидокорӣ ва ташаббусӽои синфи коргар, ки дар тасвири ӽар эҷодкор дорои вижагиӽои ба худ хос мебошанд, аз назари адибону публитсистон ва муӽаⱪⱪиⱪон дур намемонад.
Мусаллам аст, ки публитсистика чун соӽаи эҷоди хос пайваста дар талоши он аст, ки бо таъсири чашмрас дар шууру афкори омма ӽаракати наверо ба вуҷуд оварда, дар иртибот ба талабот ва вазъи замон масъалаӽои мубрами иҷтимоиро инъикос намояд. Чунончи дар ин бора муӽаⱪⱪиⱪон А. Саъдуллоев, Н. Солеӽов иброз намудаанд: «…дар такомули афкори омма, тафаккури муосирон ифодаи фаӽмишу биниш ва ҷаӽонбинии одамон, бедории онӽо ба дарки фаӽму фаросат, рафтори боаⱪлона ва эътимоднокӣ наⱪши бориз дорад».
Бояд гуфт, ки мавзуъӽои публитсистӣ воⱪеияти иҷтимоӣ буда, барои дарку фаӽмиши ҷомеа равона гардидааст. Ба таъбири муӽаⱪⱪиⱪ М. Муродӣ «Публитсистика на танӽо ба дарки проблемаӽои ӽаёти иҷтимоӣ мусоидат мекунад, балки барои пайдо намудани роӽи ӽалли бисёр проблема замина фароӽам меорад». Ба ин маънӣ муӽаⱪⱪиⱪи дигар А. Саъдуллоев низ менигорад: «Публитсистика сарчамаи муӽимми омӯзиши проблемаӽо ба ӽисоб рафта, вобаста ба проблемаӽои ӽаёти иҷтимоӣ доираи мавзуоти публитсистӣ ниӽоят васеъ мебошад».
Воⱪеан ӽам, публитсист барои тарбияи маънавии одамон ва баӽри дар амал татбиⱪ намудани арзишӽои фарӽангиву миллӣ мусоидат менамояд. Доираи мавзуъӽои публитсистӣ васеъ буда, он аксаран бозтоби воⱪеиёти иҷтимоиро дар бар мегирад.
Яке аз мавзуъӽои муӽимме, ки имрӯз дар публитсистика ҷойгоӽи махсус дорад, масъалаи бунёди Неругоӽи барⱪии обии Роғун мебошад. Дар бораи НБО-и Роғун аз ҷониби нависандагону публитсистон асарӽо, очеркӽо ва маⱪолаӽои зиёд ба табъ расидаанд. Дар зимн оид ба ин сохтмони бузурги аср осори назмӣ низ мушоӽида мерасад, ки «Достони Роғун»-и Ш. Мусо, «Достони Роғун» Д. Сафар аз ҷумлаи маъруфтарини онӽо мебошанд. Дар ин радиф аз миёни осори мансури публитсистиву бадеӣ китоби Равшани Махсумзодро, ки бо номи «Кафшергар» соли 2023 аз ҷониби нашриёти «Истеъдод» дар ӽаҷми 232 саӽифа чоп шудааст, махсус ⱪайд бояд кард. Китоби мазкур аз ⱪиссаву ӽикояӽо иборат буда, дар аксари онӽо симои бинокорон ва диловариӽои онӽо дар НБО-и Роғун тасвир шудааст. «Кафшергар» ном гирифтани китоби мазкур аз рӯи яке аз ⱪиссаӽои таркиби он буда, бар он далолат менамояд, ки симо ва ⱪаӽрамонони асар бештар аз миёни синфи коргар интихоб гардидаанд.
Ⱪаӽрамони марказии ⱪиссаи «Кафшергар» Баӽром Рустам аст, ки дар симои ӯ тамоми фаъолоияти бинокорони неругоӽ ба риштаи тасвир кашида шудааст. Баӽром аз оғози кор дар НБО-и Роғун ба ӽайси кафшергар фаъолият мекунад. Нависанда дар аввали фасли китоб манзили истиⱪоматии ⱪаӽрамонашро васеъ тасвир намуда, хонандаро бо ӽолати руӽӣ ва сарнавишти ӯ шинос мекунад. Равшани Махсумзод хонаро батафсил ба ⱪалам додааст: «Марде дар ⱪабати чоруми бинои баландошёна назди бухории чӯянӣ нишаста, оташ дар медод. Бухориро ба тиреза ⱪариб гузошта, дудукашро аз чашми он ба берун бародарда буданд. Хона сарду нимторик буд. Коғаздевору дару тирезаӽои рангбохта ва шифти тирарангу ⱪандили куӽнаи он аз хеле боз рӯи таъмирро надидани ин манзил мегуфт. Ҷиӽози хона, аз ⱪабили ⱪолин, ҷевону дивану роӽаткурсӣ, телевизор ва ашёи дигари рӯзгор низ фасурда ба назар мерасиданд».
Хонанда бо ин гуна тасвир, ки аз шароити танг, сахтӣ ва мушкилии зиндагии ⱪаӽрамони асар дарак медиӽад, шинос шуда, нисбати ӯ эӽсоси таваҷҷуӽ мекунад. Тадриҷан маълум мегардад, ки ⱪаӽрамони асар аз ин мушкилиӽо наӽаросида, ӽамеша бо умед, ба зиндагӣ некбинона назар мекунад. Ӯ пайваста барои ободии кишвар саъй намуда, барои бунёди НБО-и Роғун, ки баъди пош хӯрдани Иттиӽоди Шуравӣ масъалаи сохтмони он ба таъхир монда буд, тасмим мегирад, ки дар ин сохтмон иштирок намояд. Дар баробари худ ӯ дигар ӽунармандон ва мардумро барои бунёди ин иншооти бузургу муӽим даъват менамояд.
Бояд ⱪайд кард, ки бунёди НБО-и Роғун маӽз ба шарофати Истиⱪлолияти давлатӣ ва ташаббусӽои созандаи Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон, муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон мебошад. Сарвари давлат дар ин бора чунин гуфтаанд: «Сунату армонӽои миллиамонро эӽё созем ва армонӽои халⱪамронро амалӣ гардонида, зиндагии озодонаи мардумонро барпо намоем. Ва чунин як армони деринаи мардуми мо тавассути истифодаи захираӽои ғании гидроэнергетикӣ бахусус бунёди Неругоӽи барⱪии обии Роғун роӽи асосии расидан ба истиⱪлолияти энергетикии Тоҷикистон аст».
Воⱪеан ӽам, бунёди ин иншооти бузурги аср оянади дурахшони Тоҷикистон мебошад. Ӽамчунин, адиб дар ҷойи дигари асар чунин тасвир намудааст, ки Баӽром Рустам аз тирезаи хонаи худ менигаристу ғарⱪи хотироти рӯзӽои гузашта ва дӯсти русаш Виктор Агаев мешуд. Ӽамроӽи ӯ дар ин сохтмони бузург кор мекард. На аз дӯсташ хабаре ӽасту на аз ободии хонаи ӯ, ки баъди кӯч бастанаш манзили ӯ ба вайронӣ рӯ овардааст. Ӽатто кӯдакон дар пешайвони хонаи ӯ чӯбу хасро ҷамъ оварда, алав даргиронда, бозию дилхушӣ мекарданд. Баӽром Рустам ин манзараи дилгиркунандаро тамошо мекарду рӯзӽои бо дӯсташ якҷо буданро ба ёд оварда, аз он замони беғамӣ ва сериву пурӣ нидои ӽасрат мебаровард. Нависанда шиносоии Баӽрому Викторро чунин ба ⱪалам додааст: «Бо Виктор дар сохтмони неругоӽ ӽамроӽ кор мекарданд. Ӯ кафшергар, Виктор ронанда».
Онӽо дар иншооти мазкур софдилона меӽнат мекарданд. Виктор мошини бузургро идора мекард. Ӽангоми наⱪб кандани зеризаминӣ рӯзе мошинаш мешиканаду Баӽром Рустам онро кафшерӣ мекунад. Аз ӽамон ҷо дӯстии онӽо пайдо шуда, бо ӽамдигар унс мегиранд. Берун аз кор низ рафтуо доштанд, ки баъди соӽиби мазили истиⱪоматӣ гардиданашон низ дар ӽамсоягӣ мезистанд. Аммо дар оғози ҷанги шаӽрвандӣ Виктор Агаев Тоҷикистонро тарк намуда, бо зану фарзандонаш ба ватани аслиаш бармегардад.
Нависанда дар мисоли ин ду образ муносибати дӯстонаи инсонӽо ва робитаи меӽнатии онӽо, ғамхории ду ⱪаӽрамонро нишон додааст. Инъикоси бунёди Роғун дар ⱪиссаи мазкур дӯстиву бародарӣ ва сулӽу ваӽдати миллиро низ ифода мекунад, ки инро дар симои Баӽром Рустам ва Виктор Агаев дидан мумкин аст. Ӽангоми мутолиаи ⱪисса беихтиёр маⱪоли тоҷиконаи «Ӽамдилӣ аз ӽамзабонӣ беӽтар аст» ба ёди хонанда мерасад. Дар асари мазкур воⱪеаӽои иҷтимоӣ ба таври воⱪеӣ бо факту далелӽои даⱪиⱪи таърихӣ дарҷ гардидааст.
Бояд гуфт, ки писари ⱪаӽрамони марказӣ Фарӽод ном дошта, ӽангоми ба пойтахт ба хонаи бародараш рафтан хабари оғоз ёфтани сохтмонро мешунавад ва ба падараш муждаро мерасонад: «-Воⱪеан, дар Душанбе гап гапи аз нав оғоз ёфтани кори сохтмон аст.
– Кошки зудтар оғоз меёфт, – гуфт Баӽром Рустам …… Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем. Аз кӣ шунидӣ ин хабари хушро?
– Аз як нафар шарикдарси акаам, ки дар хонааш меӽмон буд. Ба ⱪарибӣ оғоз меёфтааст, корӽо.
– Чӣ хубе!- изӽори хушнудӣ кард, Баӽром Рустам…» [6.с, 13]. Аз иⱪтибоси боло чунин истинбот мешавад, ки симои Баӽром Рустам чун марди баномусу ватандӯст тасвир шудааст. Ӯ дар баробари зиндагии душвор ӽеҷ гоӽ ватани аждодиашро тарк намекунад. Ӽунари хуби кафшерӣ, ки дошт, берӯзӣ намемонд. Бо ризⱪи худ ⱪаноат мекард ва аз ӽеҷ кас чизе талаб намекард.
Муаллифи асар рӯзӽои ҷанги хонумонсӯзро чунин тасвир мекунад, ки садои тир умеди ӽамаро барбод дода, мутахассисону коргарон бо дили ӽасрат Роғунро тарк карда, ба дигар кишварӽо мерафтанд. Сохтмони нимкора, ки бо дандоншиканиӽои зиёд ба он саӽм гузошта буданд, ӽайрон монд.
Дар ҷойи дигари повест Махсумзод ба аёдати муаллими калонсол Ёдгор Ⱪудратов рафтани Баӽром Рустамро оид ба шуста бурдани сарбанди неругоӽ, ки аз бориши зиёди сел ва валангор гардидани он дар давоми понздаӽ -бист сол бо заӽмати коргарон обод шуда буд, тасвир намудааст. Иⱪтибоси зайл гуфтаӽои моро тасдиⱪ мекунад. Чунончи: «-Ниёгонамон беӽуда нагуфтаанд, ки нисфи умратро бидеӽу рӯшноӣ бихар, ба нисфи дигараш ҷӯшоӣ, – ба суӽбат ӽамроӽ шуд муаллим.- Магар касе мисли мардуми мо теша ба решаи хеш мезаданд, аз чизи обод рӯй мегардонад?».
Фасли дувуми повест аз оғози сохтмон дар Роғун шуруъ мешавад, ки чунин омадааст: «Ҷон доштааст, гапи Фарӽод, зеро соли дигар тадриҷан ба майдони сохтмон рафтуомад оғоз ёфт. Пайи ӽам коргарону мутахассисон омаданд, мошинолоту таҷӽизот оварданд, масолеӽи гуногун кашонданд. Аввалдаст вайронкориӽои он сели ваӽшатзоро бартараф карданд. Ба андешаи Баӽром «…кор тадриҷан дар ӽама минтаⱪаӽо ба ҷунбиш омаду гуё дар рангу пайванди Роғун хуни гарм давид».
Воⱪеан ӽам, ⱪисматӽои асар таърихӣ буда, зимни мутолиа, хонанда эӽсос мекунад, ки Баӽром барин коргарон ба кор даромадани иншоотро дер боз интизор буданд. Бо вуҷуде, ки ҷанги хонумонсӯз хеле ⱪашшоⱪиӽоро ба бор овард, вазъи иҷтимоии мардум танг гашт, вале Баӽром пайваста дар дил умеди бунёди иншоотро мепарварид. Рӯзе ба писараш мегӯяд: «Ту дигар ба Русия намеравӣ, бас барои дигарон ⱪомат дуто кардану зӯри бозую нури чашм сарф намудан. Ба неругоӽ ба кор медароӣ. Аз мардикорӣ фоидаи дидаат ин ки ронандагиро нағз ёд гирифтӣ. Ин касб дар сохтмон мисли обу ӽаво зарур, ҷон -ҷон гӯён туро ⱪабул мекунанд» [6. с,19]. Яъне, ин маслиӽати падаронаи Баӽром оӽанги баланди ватандӯстӣ дорад. Нависанда муносибати ⱪаӽрамонро ба сохтмони неругоӽ барои ҷалби мардум, ки дар ибтидои сохтмони Роғун майлу хоӽиши кор кардан надоштанд, истифода намудааст. Инро дар суӽбати масъули сохтмон дидан мумкин аст: «Ваⱪте ки муовини раиси сохтмон арзи Баӽром Рустамро шунид, чеӽрааш шукуфта, гуфт: – Мо шумо барин одамони кордидаро мекобем, амак. Ният дорем, то ӽадди имкон ӽама коргарани собиⱪи неругоӽро пайдо карда, ба кор ҷалб намоем. Як гурӯӽи ташвиⱪотӣ ташкил кардем, агар хоӽед шуморо низ ба он ӽамроӽ мекунем. То ӽадди имкон аз деӽоти гирду атроф мутахассисону коргарон, хусусан ҷавононро ҷалб кардан лозим ба сохтмон. Шояд хабар доред дигар ба умеди дигарон нашуда, худамон бунёд мекунем неругоӽро. Ин азми сарвари давлатамонро халⱪ тарафдор аст».
Баӽром дар бораи интихоби касби кафшергарӣ таърихи аҷиб доштани он ба кафшергари ҷавон Нусрат наⱪл карда, масъулият доштанро таъкид мекунад: «Он рӯз 27 сентябри соли 1976 оғози расмии кор дар сохтмони неругоӽи Роғун буд. Хулласи калом Ӽабиб Ёрмуӽаммад дод ӽамаро ӽамчун шогир дар бригадаи кафшергарон ба кор ⱪабул кард, нозукию душвориӽои ин касби басо мушкилро ёд дод».
Муӽаⱪⱪиⱪи тоҷик Охунзода Насруддин дар боби ин ⱪиссаи Махсумзод навиштааст: «Нависанда, ба тасвири зоӽирии воⱪеоти иншоот иктифо намекунад, балки ба паӽлуӽои мураккаби ӽаёти ⱪаӽрамонаш низ эътибор медиӽад. Ин омил ба нависанда имкон додааст, ки ⱪаӽрамонашро ӽам дар майдони ӽарбу зарб ва ӽам дар оила ба риштаи тасвир кашад, то хонанда дарк намояд, ки ⱪаӽрамони асар на танӽо дар корӽои сохтмонӣ масъулияти баланд дорад, балки дар оила низ бо ахлоⱪу фазилати воло соӽиби обрую эътибори баланд мебошад». Инчунин, Ато Мирхоҷа дар таⱪризаш «Ⱪиссаи марди решапайванд бо Роғун» аз ӽаёти ⱪаӽрамон лаӽзаи муаассиреро чунин таӽлил кардааст: «Ба духтари қаҳрамони марказӣ Баҳром Рустам пайдо шудани хостгор низ қиссаро рангу бори тоза медиҳад ва ба сифати беҳтарин бозёфт хидмат менамояд. Ин хостгор Шарифхӯҷа ном шахсест, ки дар айёми ҷанг силоҳ ба даст гирифта, мардумозорӣ мекард. Аз ҷумла, ҳангоме ки духтарчаи Баҳром бемор мешаваду падар мехоҳад ӯро бо мошини шахсии худ ба Душанбе бурда, дар шифохона хобонад, ҳамин Шарифхӯҷа бо чанд рафиқаш мошини ӯро аз дасташ зада, савор шуда мераванд. Баҳром ҳарчанд зорӣ мекунад, ки ба ҷони духтараки бемораш раҳм кунанд, Шарифхӯҷа на танҳо ба духтар раҳм намекунад, балки худи Баҳромро базӯр ба мошин шинонда, барои куштан ба ӯрдугоҳи худ мебарад. Танҳо шинос баромадани сардори дастаи силоҳбадастон бо муаллим Ёдгор Қудрат Баҳромро аз марги яқин халос мекунад. Аммо Баҳром Рустам аз табори Шарифхӯҷа нест. Домодшаванда дӯсти писари ӯст ва ба духтараш дил бастааст. Баҳром ба хотири муҳаббати самимии ҷавонон ба ҳамдигар ҷавонмардона аз гуноҳи Шарифхӯҷа мегузарад ва ба ин хонадорӣ ризоият медиҳад. Ин аст хислати инсони коргар, инсони созанда, инсони бунёдкор!.
Пажӯӽишгари дигар Боймурод Шарифзода дар маⱪолаи худ «Симои нави коргари тоҷик» ба ⱪиссаи мазкур чунин баӽо додааст: «Дар бораи неругоҳи азиме чун Роғун эҷод кардани асари бадеӣ кори саҳл нест, зеро ҳанӯз дар ин неругоҳ корҳо идома доранд. Ва асари бадеӣ ҳамон вақт комил мешавад, ки агар ҳамаи агрегатҳои ин неругоҳ ба кор дароянд. Аммо дар як асари ҳаҷман на чандон бузург Равшан Махсумзод тавонистааст муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии замонро инъикос намояд. Хонанда пас аз мутолиаи асар ҳамаи манзараҳои сохтмони ин неругоҳро пеши назар меорад. Муҷазбаёнӣ, маҳорати баланди тасвиргарӣ, забони сода ва салиси нависанда боис гаштааст, ки ҳодисаю воқеаҳо хотирмон гарданд.
Дар воⱪеъ, ⱪиссаи «Кафшергар» инъикоскунандаи сохтмони муӽимми Тоҷикистон буда, масъалаӽои зиёди иҷтимоию ахлоⱪиро фаро гирифта, барои тарбияи меӽнатдӯстӣ ва ватанпарастии хонанда хизмат мекунанд.
М. Шарипова,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»